Дар Русия мехоҳанд, насби замимаи “Мax”-ро барои муҳоҷирон ҳатмӣ кунанд

Вакилони аз фраксияи “Одамони нав” (Новые люди) Владислав Даванков, Георгий Арапов ва Амир Хамитов ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд, ки муҳоҷирон барои насб ва истифодаи замима ё худ мессенҷери "Мax" уҳдадор шаванд. Онҳо пешниҳоди худро ба Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия ирсол кардаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад. "Аз лиҳози қонунӣ уҳдадор намудани […]

Asia-Plus

Вакилони аз фраксияи “Одамони нав” (Новые люди) Владислав Даванков, Георгий Арапов ва Амир Хамитов ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд, ки муҳоҷирон барои насб ва истифодаи замима ё худ мессенҷери "Мax" уҳдадор шаванд. Онҳо пешниҳоди худро ба Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия ирсол кардаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

"Аз лиҳози қонунӣ уҳдадор намудани шаҳрвандони хориҷиии муқими Русияро барои насб ва истифодаи мессенҷери "Max" дар давоми будубоши онҳо дар кишвар зарур мешуморем”, – гуфта мешавад дар матни нома.

Ба гуфтаи вакилон, муҳоҷирон паёмрасону замимаҳои хориҷиеро, ки на ҳама вақт ба талаботи амният ҷавобгӯ мебошад, истифода мебаранд, ки хатарнок аст. Ғайр аз ин, истифодаи мессенҷерҳои хориҷӣ имконоти давлатро “дар мавриди пайгирии ҳамкории мутақобилаи иттилоотӣ дар муҳити муҳоҷирон” маҳдуд мекунад.

Дар мактуб зикр мегардад, ки насби "Мax" ба “баланд бардоштани самаранокии назорат аз болои  муҳоҷират, таъсиси шабакаи ягонаи бехатари рақамӣ барои ҳамкории муҳоҷирон бо мақомоти давлатӣ ва корфаромҳо, инчунин коҳиши имконпазирии истифодаи паёмрасонҳи хориҷӣ бо мақсадҳои қонуншиканӣ” имкон медиҳад.  

 

Гуфтугӯ танҳо дар "Max"

Моҳи июли соли равон Владимир Путин, президенти Русия ба ҳукумат супориш дод, ки ҷиҳати маҳдуд кардани кори паёмрасонҳои хориҷӣ тадбирҳо рӯйи даст гиранд. Ҳамзамон, мақомоти дастур доданд, ки аз 15-уми август паёмрасони миллии "Max" роҳандозӣ шавад.

Он замон коршиносон пешгӯӣ карда буданд, ки кори паёмраоснҳои "WhatsApp" ва "Telegram" метавонад қатъ карда шавад. Дарвоқеъ аз аввали моҳи август Роскомнадзор, як ниҳоди назорати кори инетрнет ба маҳдуд сохтани зангҳои овозӣ дар мессенҷерҳои "WhatsApp" ва "Telegram" оғоз кард. Ҳамчунин, дар хадамоти "Zoom" ва "Google Meet" мушкилот ба вуҷуд омад.

Ба ин тариқ, мақомоти Русия шаҳрвандонро ба насби "Max" ва дар муасисаҳои таълимӣ ва давлатӣ гузаронидани муошират дар паёмрасони миллиро ҳатмӣ карданд. Ғайр аз ин, фурӯшандагон ба насби "Мax" дар ҳамаи телефон ва планшетҳои нав уҳдадор мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба бехатарии худи замима дар таҳиягарони барномаҳо саволҳо ба миён омадааст. Бархе аз таҳиягарони барнома зикр мекунанд, ки "Max" дар асл "барои ҷамъоварии ҷиддӣ ва доимии маълумот дар бораи корбарон” воситаи пуриқтидор аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.