Расонаҳо: Як фармондеҳи тоҷикистонии ДОИШ дар Мазори Шариф кушта шуд. Муҳаммад Эҳсонӣ кист?

Расонаҳои покистонӣ ва афғонистонӣ аз кушта шудани як фармондеҳи ДОИШ-и Хуросон* дар Афғонистон хабар додаанд. Онҳо аз ӯ Муҳаммад Эҳсонӣ ном бурданд ва гуфтанд, "шаҳрванди Тоҷикистон аст". Ба иттилои манобеи расонаҳо, Муҳаммад Эҳсонӣ, ки бо номи “Анвар” маъруф буд, ахиран дар шаҳри Мазори Шариф аз сӯйи афроди номаълум ба қатл расонида шудааст. Толибон*, ки ҳукумати Афғонистонро […]

Asia-Plus

Расонаҳои покистонӣ ва афғонистонӣ аз кушта шудани як фармондеҳи ДОИШ-и Хуросон* дар Афғонистон хабар додаанд. Онҳо аз ӯ Муҳаммад Эҳсонӣ ном бурданд ва гуфтанд, "шаҳрванди Тоҷикистон аст".

Ба иттилои манобеи расонаҳо, Муҳаммад Эҳсонӣ, ки бо номи “Анвар” маъруф буд, ахиран дар шаҳри Мазори Шариф аз сӯйи афроди номаълум ба қатл расонида шудааст.

Толибон*, ки ҳукумати Афғонистонро дар даст доранд, то ҳол ин хабарро рад ё тасдиқ накардаанд. Ҷузъиёти бештаре дар бораи кушта шудани фармондеҳи ДОИШ нашр нашудааст. Маълум нест, ки ӯ кай, аз ҷониби кӣ ва дақиқан дар кадом нуқтаи шаҳр кушта шудааст.

Хабаргузориии форсии “Parstoday” менависад, ки ин фард дар сафи ДОИШ-и Хуросон “масъули ҷалби интиҳориён” ва “сохту ҷобаҷогузории бомбҳо” будааст.

Тибқи гузориши расонаҳои Покистон, Эҳсонӣ шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар амалиёте дар масҷиди Пешовари Покистон “нақши калидӣ” доштааст. Дар ин амалиёти террористӣ 67 намозгузор кушта шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба ин хабар вокуниш накардаанд.

То ҳол бо номи Муҳаммади Эҳсонӣ дар расонаҳои кишвар ҳам иттилое нашр нашудааст ва дақиқ нест, ки номбурда ҳақиқатан шаҳрванди Тоҷикистон ҳаст ва ё на.

Ба иттилои манобеи расонаҳо, Муҳаммад Эҳсонӣ дар амалиёте аз ҷониби нерӯҳои Покистон кушта шудааст ва ин дувумин амалиёти Покистон дар ҳудуди Афғонистон аст.

Хабаргузории “Shahraranews” менависад, ки нерӯҳои амниятии Покистон дар моҳи сентябри соли 2025 дар як амалиёт дар Афғонистон 3 узви бахши ДОИШ-и Хуросон, аз ҷумла як шаҳрванди Афғонистонро кушта буданд.

Дар асоси гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид, ҳудуди 2 ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ дар Афғонистон ҳузур доранд. Аммо Толибон борҳо ҳузури гурӯҳҳои террористӣ ва ҷангиёни хориҷӣ дар Афғонистонро рад карда ва гузоришҳои СММ дар ин бораро "таблиғотӣ" донистааст.

Ёдовар мешавем, ки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврали имсол гуфт, ки дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон беш аз 2 ҳазор 500 шаҳрванди Тоҷикистон ширкат варзида, аз ин теъдод, 1 ҳазор 455 тан кушта шудаанд.

То кунун даҳҳо шаҳрванди кишвар бо иттиҳоми пайвастан ба сафи гурӯҳҳои террористӣ, ба мисли ДОИШ-и Хуросон боздошт ва равонаи зиндон шудаанд.

ДОИШ-и Хуросон чӣ гуна гурӯҳ аст ва оё Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ҳарос дошта бошанд? Дар ин матлаби таҳлилӣ мутолиа кунед.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.