Мақоми ЮНЕСКО ба мамнуъгоҳи “Ромит” чӣ медиҳад?

Дар ҷаласаи 37-уми Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии Барномаи “Инсон ва биосфера”, ки рӯзи 27 сентябри соли 2025 дар шаҳри Ҳанчжоуи Чин гузашт, мамнуъгоҳи биосферии “Ромит” ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО шомил гардид. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон навишт, ки воридшавии “Ромит” ба ин шабака инъикоси уҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувор, ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳамзистии мутаносиби инсон […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар ҷаласаи 37-уми Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии Барномаи “Инсон ва биосфера”, ки рӯзи 27 сентябри соли 2025 дар шаҳри Ҳанчжоуи Чин гузашт, мамнуъгоҳи биосферии “Ромит” ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО шомил гардид.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон навишт, ки воридшавии “Ромит” ба ин шабака инъикоси уҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувор, ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳамзистии мутаносиби инсон бо табиат мебошад.

То шомил гардидани "Ромит", Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ буд, ки мавзеаш ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферӣ ворид нашуда буд.

Аз ҷумла, дар Қазоқистон, Мамнуъгоҳи биосферии "Коргалжин", дар Қирғизистон "Сари Челек", дар Туркманисон "Репетек" ва дар Ӯзбекистон  мамнуъгоҳи "Чатқал" ба ин шабака шҳомил шудаанд. 

Дар Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии Барномаи “Инсон ва биосфера" дар шаҳри Ҳанчжоуи Чин дар маҷмуъ, 26 мамнуъгоҳи бисоферӣ ба феҳрист шомил шуд. Аз ҷумла, мамнуъгоҳҳоии "Саҳрои сард" дар водиии Спити (Ҳиндустон), "Дасиншан"- мамнуъгоҳи миллӣ дар Муғулистони Дохилӣ (Чин), мамнуъгоҳи “Хомин Тал” (Муғулистон) ва ғайра.

 

Мамнуъгоҳи "Ромит" дар куҷост ва чӣ аҳамият дорад?

Мамнуъгоҳи давлатии табиати “Ромит”ҳудуди 16,2 ҳазор гектар масоҳат дошта, соли 1959 таъсис дода шудааст. Мамнуъгоҳ дар дараи земоманзари Ромит, каме дуртар аз шаҳри Ваҳдат, дар болооби дарёи Кофарниҳон дар баландии аз 1 то 3 ҳазору 195 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.

Дар ин ҷо растаниву гиёҳҳои зиёди доруворӣ ва ҳайвоноти гуногун ҳифз шудаанд: бузҳои кӯҳӣ, хукҳои ваҳшӣ ва дигар навъҳои парандаву ҳайвонот. Дар дарёи Кофарниҳон гулмоҳӣ низ ҳаст.

Яке аз дастовардҳои муҳими мамнӯъгоҳ парвариши навъии сунъии оҳуи бухорӣ мебошад, ки бо мақсади ҳифзи ин навъи оҳу амалӣ шудааст.

Дараи Ромит минтақаи сайёҳӣ эълон гардидааст. Дар гирду атрофи он, осоишгоҳҳо, лагерҳои кӯдакона, ҷойҳои истироҳат ва чашмаи гарми "Калтуч" ҷойгир аст, ки дар он меҳмонхонаниз фаъолият мекунад.

 

Мақоми ЮНЕСКО ба “Ромит” чӣ медиҳад?

Мақоми ЮНЕСКО на танҳо нуфуз ва обрӯву эътибор аст, инчунин, барои осонтар пайдо намудани шарикон ва дарёфти грантҳо ба лоиҳаҳои марбут ба табиату одамон кумак мекунад.

“Ромит” маконе мешавад, ки дар он озмоишҳо мегузаронанд. Аз ҷумла, чӣ гуна ҷангал ва ҳайвоноти нодирро нигаҳ дорем, кишоварзиро рушд диҳем ва ба муҳити экологӣ зарар нарасонем.

Иштирок дар шабакаи ЮНЕСКО ҷиҳати дастрасӣ ба таҷрибаи андӯхтаи мутахассон аз саросари дунё, таълиму омӯзиши кормандон, баргузории таҳқиқоти муштарак, кумак дар мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим имкон медиҳад.

Барои сокинони маҳаллӣ ин як имконест ҷиҳати муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ – аз сайёҳии экологӣ то истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ.

Ҳудуди он тибқи низоми возеҳ идора карда мешавад. Ин тартиб имкон медиҳад, ки аз табиат бо эҳтиёт истифода бурда шуда, ҳамзамон ҳолати он зери назорат нигоҳ дошта шавад.

Бодя гуфт, ки тобистон дараи Алмосӣ ба иншооти мероси кишоварзии ФАО соҳиб шуд. Ин маънои онро дорад, ки анъанаҳои кишоварзӣ ва сайёҳии экологиро метавон ба як барнома пайваст карда, барои минтақа манфиати зиёдтар ба даст овард.

 

Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферӣ. "Майдонҳои омӯзишӣ"-и ЮНЕСКО барои тавозуни табиат ва инсон

Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферӣ (WNBR) системаи глобалии қаламравҳои ЮНЕСКО дар доираи барномаи “Инсон ва биосфера” аст, ки дар он ҳамоҳангии байни табиат ва ҷомеа таҷриба карда мешавад.

Ҳар як мамнуъгоҳ се вазифаро иҷро мекунад: экосистемаҳо ва навъҳои нодирро ҳифз менамояд, тарзи устувори зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии ҷомеаҳои маҳаллиро дастгирӣ ва мониторинги илмӣ бо мубодилаи донишҳоро ба роҳ мемонад.

Идоракунӣ тибқи модели сесатҳа сурат мегирад: "ядро"-и қатъӣ, минтақаи буферӣ барои маърифат ва туризми экологӣ ва лоиҳаҳои амалӣ, инчунин минтақаи берунии гузариш бо истифодаи устувори замин.

Мақоми биосферӣ бо пешниҳоди давлат ва қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии барномаи “Инсон ва бисофера” дода шуда, тақрибан ҳар даҳ сол як маротиба мувофиқи гузориши кишвар бознигарӣ мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.