Намояндагони Омбудсмен дар зиндони Хуҷанд бо Чоршанбе Чоршанбиев суҳбат кардаанд

Намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон зимни боздид аз ду зиндони шаҳри Хуҷанд – муассисаҳои ислоҳии ЯС3/5 ва ЯС 3/3 бо чанде аз зиндониён, аз ҷумла Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари маъруфи муҳорибаҳои омехта (ММА) суҳбат кардаанд. Дар ин бора Ҳусниддин Нидоев, намояндаи ин ниҳод ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, Чоршанбе Чоршанбиев аз шароити […]

Asia-Plus

Намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон зимни боздид аз ду зиндони шаҳри Хуҷанд – муассисаҳои ислоҳии ЯС3/5 ва ЯС 3/3 бо чанде аз зиндониён, аз ҷумла Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари маъруфи муҳорибаҳои омехта (ММА) суҳбат кардаанд.

Дар ин бора Ҳусниддин Нидоев, намояндаи ин ниҳод ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, Чоршанбе Чоршанбиев аз шароити нигоҳдорӣ дар зиндон изҳори қаноатмандӣ кардааст.

“Гуфт, ки шароит хуб аст, наздиконаш хабар мегиранд ва ҳар чизе ки дар доираи қонун бояд иҷро шавад, муҳайё будааст”, – гуфт манбаъ.

Чоршанбе Чоршанбиев моҳи майи соли 2022 бо иттиҳоми “даъват ба сарнагунии ҳокимият” ба 8,5 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ ва вакилони мудофеаш ҳукмро “беасос ва ғайриқонунӣ” хонда буданд.

Моҳи ноябри соли 2024 Радио Озодӣ бо такя ба манобеаш навишта буд, ки Чоршанбе Чоршанбиев барои вайрон кардани низоми зиндон боз ба 4 соли дигари ҳабс маҳкум шудааст.

Ба қавли Нидоев, Чоршанбе Чоршанбиев ҳамчунин гуфтааст, “худро аз баъзе категорияи маҳбусон дуртар мегирам, чунки ман ҷинояткор нестам”.

Назари худи Чоршанбе Чоршанбиев ва наздикону пайвандонаш дар робита ба гуфтаҳои намояндаи Омбудсмен маълум нест.  

 

“Оё шуморо латукӯб мекунанд?” Ин саволро Омбудсен аз зиндониён пурсид

Масъулини ин ниҳод бо чанде аз зиндониёни дигари ин ду маҳбас ҳам вохӯрда, бо истифода саволнома, ки тақрибан аз 50 савол иборат буд, шароити нигоҳдориашонро пурсидаанд.

“Оё шуморо латукӯб мекунанд?”, “Оё шиканҷа мешавед?”, “Ҷойи хоб чӣ гуна аст?”, “Шароити ҳаммом чихел аст?”, “Ба гуфтугӯи телефонӣ иҷоза доред?”, “Барои дидани хешу табор монеъ нест?” аз ҷумлаи саволҳои ин пурсишнома будаанд.

Ба қавли манбаъ, аксари зиндониён ба ин суолҳо ҷавоби мусбӣ дода, “шароити зисту нигоҳдориашонро хуб арзёбӣ кардаанд”.

Масъулин аз 30-юми сентябр то 2-юми октябр аз зиндонҳои Хуҷанд боздид кардаанд.

Чанде пеш Умед Бобозода, Омбудсмен аз зиндони маъруф ба “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат (муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 дар шаҳри Ваҳдат) боздид карда, бо чанде аз маҳбуони хориҷӣ мулоқот карда буд.

Дар ҳоле ки масъулин вазъи нигоҳдории маҳбусонро дар зиндонҳо хуб арзёбӣ мекунанд, ҳомиёни дифои байналмилалӣ борҳо аз шароити нигоҳдошти зиндониён изҳори нигаронӣ кардаанд.

Қаблан аз ҷумла, худи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шароити нигаҳдории маҳбусонро мавриди интиқод қарор дода, дар гузориш оид ба ҳолати зиндонҳо дар соли 2023 ва солҳои пешин ба мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла беҳад зиёд пур будани зиндонҳо, инчунин нишондиҳандаҳои баланди гирифторӣ ба бемориҳо ва маргу мир миёни маҳкумшудагон ишора карда буд.

Яке аз мушкили асосӣ риоя нашудани шароити санитарӣ зикр гардида буд. Санҷиши Омбудсмен дар соли 2023 маълум карда буд, ки аз ҷумла даря ке аз зиндонҳое, ки чанд пеш боздид краданд – муассисаи ислоҳии ЯС 3/3-уми 136 маҳкумшуда аз меъëр зиëд нигоҳ дошта мешаванд.

Ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 дар зиндону боздоштгоҳи кишвар 13  ҳазору 556 маҳкумшуда ва 1 ҳазору 355 гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда нигоҳ дошта мешуданд. Аз ин, 14 ҳазору 466 мард, 455 зан, 134 ноболиғ ва 244  шаҳрванди хориҷӣ буданд.

Соли гузашта 53 нафар дар зиндонҳо фавтида буданд, ки ин нисбат ба соли 2022 8 кас камтар аст. Сабаби асосии фавти онҳо бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард, диабети қанд ва саратон номбар шуда буданд.

Ин делелҳо боиси нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.