Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ИДМ-2025 дар Боку 22 медал ба даст оварданд

Варзишгарони тоҷик дар бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Озарбойҷон аз 6 намуди варзиш 22 медал ба даст оварданд. Дар ин бора ТВ “Варзиш” хабар дода, менависад, ки дар намуди бокс муштзанҳои навраси кишвар сазовори 1 медали тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ гаштанд: Беҳрӯз Умаров (50 кг) – медали тилло; Аъзамҷон Ҳасанов (48 кг) – […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Варзишгарони тоҷик дар бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Озарбойҷон аз 6 намуди варзиш 22 медал ба даст оварданд.

Дар ин бора ТВ “Варзиш” хабар дода, менависад, ки дар намуди бокс муштзанҳои навраси кишвар сазовори 1 медали тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ гаштанд:

Беҳрӯз Умаров (50 кг) – медали тилло;

Аъзамҷон Ҳасанов (48 кг) – медали нуқра;

Акбарҷон Абдуллоев (57 кг) – медали нуқра;

Фурӯғ Сарҳадзода (-60 кг) – медали биринҷӣ (миёни духтарон);

Дамир Назаров (46 кг) – медали биринҷӣ;

Умарҷон Асроров (66 кг) – медали биринҷӣ;

Амир Нозимов (75 кг) – медали биринҷӣ.

Дар намуди ҷудо варзишгарони тоҷик се медал ба даст оварданд:

Юсуф Замонов (50 кг) – медали нуқра;

Абӯбакр Худоиев (55 кг) – медали биринҷӣ;

Лоиқ Қутбиддинов (60 кг) – медали биринҷӣ.

Тоҷикистон дар навъи гуногуни куштӣ 9 медал ба даст овард.

Дар куштии юнонӣ-румӣ:

Алишер Рӯзимадов (71 кг) – медали нуқра;

Муҳаммадёсин Ибодуллоев (45 кг) – медали биринҷӣ;

Маҳдӣ Баротов (60 кг) – медали биринҷӣ.

Дар куштии тарзи озод:

Идрис Баҳромов (-71 кг) – медали биринҷӣ;

Алиризо Баҳромов (-80 кг) – медали биринҷӣ.

Дар самбо:

Назаралӣ Холов (64 кг) – медали биринҷӣ;

Ёсин Ҳукуматов (71 кг) – медали биринҷӣ.

Дар таеквондо:

Абдуҷаъфари Баҳодур (54 кг) – медали биринҷӣ;

Нурулло Муродов (74 кг) – медали биринҷӣ.

Дар варзиши қаиқронӣ ду варзишгари мо 3 медал ба даст оварданд:

Муҳаммадӣ Раҷабов (каноэи якнафарӣ, 500 метр) – медали нуқра;

Муҳаммадӣ Раҷабов (каноэи якнафарӣ, 200 метр) – медали биринҷӣ;

Ислом Носиров ва Далер Носиров (К-2, 200 метр) – медали биринҷӣ.

Бозиҳои сеюми кишварҳои ИДМ-2025 рӯзи 28-уми сентябр дар Озарбойҷон оғоз гардид ва то 8-уми октябр идома кард. Дар ин мусобиқа 1 ҳазору 605 варзишгар аз 10 кишвар, ширкат карданд, ки 144 варзишгар намояндаи ҳайати Тоҷикистон буданд.  

Бояд гуфт, ки ин сеюмин ширкати варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои ИДМ аст. Соли 2021 дар Қазон варзишгарони тоҷик 14 медал ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми 7-умро касб намуданд. Соли 202-юм дар Минск 13 медалро соҳиб шуда дар байни 22 кишвар дар ҷои 8-ум қарор гирифтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.