Натиҷаҳои ҳамоиши “Dushanbe Invest – 2025”. Тоҷикистон ба маблағи $4,1 млрд беш аз 50 шартнома ба имзо расонид

Дар доираи кори ҳамоиши байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest – 2025" 52 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумиии 4,1 млрд доллар ба имзо расонида шуд. Дар ин бора дирӯз, 15-рӯзи октябр Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои ин чорабинӣ хабар дод. Ӯ зикр кард, ки аз ҷумла 17 созишнома ба маблағи 501 млн доллар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар доираи кори ҳамоиши байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest – 2025" 52 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумиии 4,1 млрд доллар ба имзо расонида шуд. Дар ин бора дирӯз, 15-рӯзи октябр Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои ин чорабинӣ хабар дод.

Ӯ зикр кард, ки аз ҷумла 17 созишнома ба маблағи 501 млн доллар бевосита ба рушди шаҳри Душанбе дахл дорад.

Ба гуфтаи Раҳимзода, дар кори форум 1,5 ҳазор намояндаи 50 кишвари ҷаҳон – кормандони ҳукуматҳо, роҳбарони ширкатҳои маъруф, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои тиҷоратӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ширкат карданд.

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ, изҳор дошт, ки дар доираи форум се ҷаласаи соҳавӣ, аз ҷумла ҷаласаи махсус бахшида ба имконоти сармоягузории пойтахт доир гардид,

Ҳамчунин, дар мавзӯъҳои сармоягузории сабз, рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ, рушди шаҳрҳо, саноат, бахши кишоварзӣ, сайёҳӣ, молия ва шарикии давлату бахши хусусӣ 12 чорабинии соҳавӣ баргузор шуд.

Ғайр аз ин, дар доираи кори форум зиёда аз 20 чорабинии дигари гуногун, ки дар онҳо масоили соҳибкорӣ, технологияҳои сабз, нақши занон дар иқтисод, ҳамкории дуҷониба (франчайзинг), бозори суғурта ва рушди минтақавӣ баррасӣ шуданд, доир гардиданд.

Султон Раҳимзода таъкид дошт, ки дар намоишгоҳи байнулмилалӣ, ки дар доираи кори форум баргузор шуд, молу маҳсулот ва технологияҳои 42 ширкати ватанӣ ва хориҷӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.  

"Dushanbe Invest – 2025" ба мавқеи Тоҷикистон ба сифати шарики боэътимод ва шаффоф дар самти ҳамкории дарозмуҳлат дар сатҳи байнулмилалӣ таҳким бахшид”, – илова намуд Раҳимзода.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.