Далер Ҷумъа: “Тоҷикистон дар таъмини кишварҳои Осиёи Марказӣ бо барқ нақши муҳим дорад”

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об гуфт, Тоҷикистон ба масоили рушди соҳаи энергетика ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Ӯ дар ҳошияи ҳамоиши "Dushanbe Invest – 2025" зикр кард, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки он "то 527 миллиард киловатт-соат барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз нигоҳи иқтисодӣ дастрасро дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об гуфт, Тоҷикистон ба масоили рушди соҳаи энергетика ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

Ӯ дар ҳошияи ҳамоиши "Dushanbe Invest – 2025" зикр кард, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки он "то 527 миллиард киловатт-соат барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз нигоҳи иқтисодӣ дастрасро дар як сол ташкил медиҳад".

Вазири энергектик аз ҷумла аз НБО "Роғун", яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар минтақа,  мисол овардааст, ки "аллакай имрӯз дар таъмин бо барқ саҳми назаррас дорад"

Ба гуфтаи вай, дар ду агрегати нерӯгоҳ, ки мавриди истифода қарор гирифтаанд, ҳудуди 10 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

"Пас аз  анҷоми сохтмони НБО-и "Роғун" бо иқтидори умумии 3 780 МВт, он на танҳо дар таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон, балки интиқоли барқи аз лиҳози экологӣ тоза ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (Афғонистон ва Покистон) нақши муҳим хоҳад дошт", — таъкид кардааст Далер Ҷумъа.

Ғайр аз ин, ӯ зикр кардааст, ки дар Тоҷикистон то 300 рӯзи офтобӣ ба қайд гирифта мешавад.

"Тибқи арзёбии пешакӣ, иқтидори энергетикии кишвар танҳо дар қисмати шимол оид ба нерӯи офтобӣ зиёда аз 4 600 МВт ва энергияи бодӣ – 580 МВт-ро ташкил медиҳад, аммо айни замон ин захираҳо то ҳол истифода нашудаанд”, – гуфтааст вазир.

Дар ҷараёни кори форум масоили марбут ба бозори энергетикии Тоҷикистон ва ҷараёни ташаккули он, ҷалби бахши хусусӣ ба соҳаи энергетика бо назардошти манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия – нерӯи барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ, рушди ҳамкорӣ дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14-уми октябр дар доираи кори ҳамоиши "Душанбе Инвест – 2025" байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва ширкатҳои гуногун якчанд санади муҳим, аз ҷумла се протокол ва ду ёддошт дар самти сохтмони нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ, инчунин лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика  ба имзо расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.