Мақомоти Қазоқистон 53 мусофири тоҷикро аз сардӣ наҷот додаанд

Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон як гурӯҳ мусофирони тоҷикро, ки автобусашон ҳангоми бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон вайрон шудааст, аз сардӣ наҷот додаанд. Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, ин автобус, ки дар он 53 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла, 8 кӯдак қарор доштаанд, рӯзи 7-уми ноябр дар ҳудуди деҳаи Жибек Жолии вилояти Оқмолаи Қазоқистон аз кор мондааст. […]

Asia-Plus

Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон як гурӯҳ мусофирони тоҷикро, ки автобусашон ҳангоми бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон вайрон шудааст, аз сардӣ наҷот додаанд.

Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, ин автобус, ки дар он 53 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла, 8 кӯдак қарор доштаанд, рӯзи 7-уми ноябр дар ҳудуди деҳаи Жибек Жолии вилояти Оқмолаи Қазоқистон аз кор мондааст.

Наҷотдиҳандагони қазоқ ҳамаи мусофирони тоҷикро ба нуқтаи гарме дар деҳаи Аршалии Қазоқистон бурда, ба онҳо ёрии тиббӣ расондаанд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, ки пас аз таъмири нақлиёташон, мусофирон сафари худро ба сӯи Тоҷикистон идома медиҳанд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон ҳушдор додааст, ки ронандагон дар сармои шадид ва ҳангоми барфрезӣ дар роҳ эҳтиёт кунанд.

Ҳодисаи аз сардӣ наҷот додани муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Қазоқистон нав нест. Қаблан, низ мақомоти ин кишвар чанд нафарро, ки аз Русия тариқи ин кишвар ба Тоҷикистон бермегаштанду автобусашон дар роҳ вайрон шуд, наҷот дода буданд.

Бояд гуфт, ки бо далели гарон будани чиптаҳои ҳавопаймои Русия ва Тоҷикистон аксари муҳоҷирон тавассути автобус ба ватан бармегарданд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.