Дар либоси кормандони БДА Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ насб мешавад

Дастикам 24 дурбини назоратии "баданпӯш" аз сӯи дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД дода шуд, ки дар либоси кормандони БДА насб ва фаъолияту муносибати онҳо бо шаҳрвандонро сабт мекунад. Дафтари САҲА дар Душанбе гуфтааст, дурбинҳо дар доираи лоиҳаи озмоишӣ ҷиҳати шаффофият дар кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ВКД дода шуд. […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дастикам 24 дурбини назоратии "баданпӯш" аз сӯи дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД дода шуд, ки дар либоси кормандони БДА насб ва фаъолияту муносибати онҳо бо шаҳрвандонро сабт мекунад.

Дафтари САҲА дар Душанбе гуфтааст, дурбинҳо дар доираи лоиҳаи озмоишӣ ҷиҳати шаффофият дар кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ВКД дода шуд.

Манбаъ мегӯяд, аз 3 то 5-уми ноябр масъулини ин созмон ба кормандони БДА истифодаи дурбинҳои назоратиро омӯхтаанд. Тавассути дурбинҳои мазкур, ки дар либоси кормандони БДА насб мешавад, фаъолият ва муносибати онҳо бо шаҳрвандон сабт мешаванд.

“Интизор меравад,ки истифодаи камераҳои баданпӯш эътимоди мардумро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афзоиш диҳад ва шаффофиятро дар амалиёти бозрасӣ беҳтар созад. Наворҳои сабтшуда ҳамчун манбаи арзишманд барои мақсадҳои омӯзишӣ ва тафтишоти дохилӣ истифода мешаванд.”,-гуфтааст дафтари САҲА дар Душанбе.

Аз Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки ҳоло марҳилаи омӯзишӣ идома дошта ба кормандони бозрасӣ тарзи истифодаи дурбинҳои назоратиро омӯхта истодаанд.

"Баъди омӯзиши пурраи системаи назоратӣ, он ба кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ насб мегардад. Ҳоло танҳо дар шаҳри Душанбе амалӣ мегардад ва аз рӯйи натиҷаи он тасмим мегиранд, ки дар минтақаҳо низ роҳандозӢ кунанд. Ҳоло дақиқ гуфта наметавонем, ки марҳилаи омӯзишӣ чанд муддат идома мекунад"-гуфтанд аз ин ниҳод.

Бояд гуфт, ки бархе аз ронандагон аз ҷой доштани фасод дар фаъолияти кормандони БДА нигаронӣ мекунанд. Қаблан, ҷанҷоли корманди БДА бо яке аз ронандаҳо дар пайи талаби пора аз сӯи маъмури бозрасӣ низ сабт шуда буд. Инчунин аз дағалгуфториву бадрафторӣ ва муносибати сарди кормандони БДА бо ронандагон ҳам шикоятҳо мерасад.

Чанд сол пеш вақте роҳбари БДА Тоҷикистон нав шуд, “Азия-Плюс” баъди рад шудани баргузории як мусоҳиба, дар хусуси мушкилоти мубрами БДА ва роҳҳои ҳалли он як “ёддошт” навишта буд. 

Бо ин ёддошт метавонед дар ин пайванд шинос шавед: “Ёддошт”-и куҳна барои сардори нави БДА.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.