Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев соҳиби унвони Устоди байналмилалии шатранҷ шуд

Раҳбарияти Федератсияи шоҳмот (шатранҷ)-и Тоҷикистон Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев, яке аз шатранҷбозони болаёқати кишварро бо дарёфти унвони “Устоди байнулмилалӣ” (IM, International Master)  дар ин соҳаро табрик кардааст. Дар хабари Федератсия зикр мешавад, ки ин дастоварди муҳим, "ба туфайли ҳунарнамоии муваффақонаи Ҳусейнхоҷаев дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки дар онҳо ӯ ба дарёфти натиҷаҳои устувор ноил гардида, радабандии худро аз 2343 имтиёз то 2407 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Раҳбарияти Федератсияи шоҳмот (шатранҷ)-и Тоҷикистон Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев, яке аз шатранҷбозони болаёқати кишварро бо дарёфти унвони “Устоди байнулмилалӣ” (IM, International Master)  дар ин соҳаро табрик кардааст.

Дар хабари Федератсия зикр мешавад, ки ин дастоварди муҳим, "ба туфайли ҳунарнамоии муваффақонаи Ҳусейнхоҷаев дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки дар онҳо ӯ ба дарёфти натиҷаҳои устувор ноил гардида, радабандии худро аз 2343 имтиёз то 2407 имтиёз боло бардошт", муяссар шуд.

Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев ҳамаи шартҳои заруриро барои гирифтани унвон иҷро карда, дар як силсила мусобиқаҳо дар Аврупо ширкат варзид ва бо ҳарифони пурқувват рақобат кард.

"Дастоварди мазкур қадами муҳимест дар рушди шоҳмоти Тоҷикистон, ки насли нави бозингаронро руҳбаланд месозаду илҳом мебахшад",- гуфтааст федератсия.

Қобили зикр аст, ки чунин натиҷа дар кишвар 12 сол пеш ба даст оврада шуда буд, замоне, ки бародари Мустафохӯҷа – Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ба унвони устоди байналмилалӣ соҳиб гардид.

Гуфта мешавад, ки Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон изҳори итминон мекунад, ки дарёфти унвони устоди байнулмилалӣ аз ҷониби Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев барои рушди шатранҷ дар Тоҷикистон дурнамои нав боз намуда, ӯро ба фатҳи қуллаи нав – унвони гроссмейстер наздик месозад.

Ҳамчунин, ин созмони варзишӣ, Ҷамшед Исоев, котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистонро  низ барои дарёфти унвони “Довари ФИДЕ” табрик кардааст.

 

Мусобиқаи байналмилалии шатранҷ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки ҳоло дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии шатранҷ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон ҷараён дорад. Он рӯзи 9-уми ноябр, дар пойтахти Тоҷикистон оғоз ёфта, то 16-уми ноябри соли ҷорӣ давом мекунад. Дар он 230 шатранҷбоз аз 16 кишвар ширкат доранд.

Маросими расмии ифтитоҳи мусобиқа бошад, рӯзи 10-уми ноябр дар меҳмонхонаи "Ҳаёт реҷенсӣ" (Hyatt Regency)-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Даври аввали он рӯзи 10-уми ноябр дар меҳмонхонаи "Истиқлол" баргузор шуд. Ҳаҷми умумии ҷоизаҳо 50 ҳазор доллар буда, дар мусобиқа 15 устоди варзидаи шатранҷ ва 30 устоди байналмилалӣ ширкат доранд.

Даври дуюми мусобиқот имрӯз, 11-уми ноябр, соати 16:00 баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.