Умри якасра. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар одамони аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд?

Бино ба маълумоти Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, то моҳи июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 415  касе зиндагӣ мекунанд, ки синнашон аз 100-сола боло мебошад. Коршиносон бар ин назаранд, ки зиёдшавии давомнокии умр, ба рушди иқтисодӣ, коҳиши маргумир байни кӯдакон ва муборизаи муваффақона бо беморҳои дилу раг марбут аст.   Дар кишварҳои ҳамсоя дарозумрон чӣ қадаранд? […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Бино ба маълумоти Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, то моҳи июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 415  касе зиндагӣ мекунанд, ки синнашон аз 100-сола боло мебошад. Коршиносон бар ин назаранд, ки зиёдшавии давомнокии умр, ба рушди иқтисодӣ, коҳиши маргумир байни кӯдакон ва муборизаи муваффақона бо беморҳои дилу раг марбут аст.

 

Дар кишварҳои ҳамсоя дарозумрон чӣ қадаранд?

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар соли 2025 давомнокии миёнаи умр дар Тоҷикистон 76,6 солро ташкил медиҳад. Калонсолтарин сокинони кишвар Марзиямоҳ Ибодоваи 120-сола аз Дарвоз ва Гулракат Назароваи 117-сола аз Данғара мебошанд.

Дар аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 306 одами синнашон аз 100-сола зиндагӣ мекард, ки 169 тани онҳо мард ва 137 кас зан мебошанд.

Агар бо кишварҳои ҳамсоя муқоиса кунем, мо дар зинаи сеюм қарор дорем.

Калонсолтарин сокини Қазоқистон зани 115-сола аз вилояти Улитау мебошад. Дар ин бора "Tengrinews.kz" бо истинод ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ин кишвар хабар медиҳад.

Шумораи зиёди дарозумрон дар ин кишвар дар шаҳри Алмато ба қайд гирифта шудааст: – 58 нафар.

Дар мақоми дуюм вилояти Туркистон – 53 нафар ва дар зинаи сеюм – вилояти Алмато – 37 нафар.

Ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар Ӯзбекистон 514 шаҳрванди синнашон 100-сола ва аз он боло иқомат мекунанд, ки 110 нафарашон мард ва 404 танашонн зан мебошанд.

Бештари онҳо дар вилояти Қашқадарё зиндагӣ мекунанд – 92 нафар. Маълумоти дигар дар бораи онҳо дарёфт нашуд.

Моҳи сентябри соли равон маълум шуд, ки дар маҳаллаи Қарақуми ноҳияи Бувайдин калонсолтарин одам дар Ӯзбекистон бо номи Ҳувайдо Умарова (Тошматова) зиндагӣ мекунад.

Тавре Вазорати адлияи Ӯзбекистон хабар дод, синни ин зан ба 130 сол расидааст. Синну соли Ҳувайдо Умарова дар ҷараёни иқдоми “Ягон кас бе ҳуҷҷат намемонад” тасдиқ шуд. Маълум шудааст, ки ин зан 1-уми январи соли 1895 таваллуд шудааст. То ин замон дигар далели таваллуди ӯ сабт нашудааст. Пас аз муроҷиати шуъбаи адлияи ноҳия ба додгоҳ, ин иштибоҳ ислоҳ карда шудааст.

Ҳамчунин ин зан метавонад ҳамчун калонсолтарин одам дар ҷаҳон дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт шавад.

Дар Қирғизистон ба гуфтаи муовини вазири тандурустӣ Бубужан Арикбоева, 300 нафари синнашон аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд.

 

Дар ҷаҳон чӣ гуна аст?

Мувофиқи маълумоти ахири СММ, дар саросари дунё ҳудуди 630 ҳазор нафар дарозумрони синнашон аз 100-сола боло ба сар мебаранд.

Аксарияти дарозумрон дар Ҷопон зиндагӣ мекунанд – ҳар кадом нафақахӯри 5-ум маҳз дар ҳамин кишвар иқомат дорад. Давомнокии умр миёни занон дар ин кишвар 88 сол ва мардон – 82 солро ташкил медиҳад. Дар идома ИМА, Чин ва Ҳиндустон қарор доранд.

 

Сирри дарозумрӣ дар чист?

Ба гуфтаи табибон, сирри дарозумурӣ хеле оддӣ аст. Ин пеш аз ҳама, кӯшишу талошҳои ҷисмонии бомарому муътадил, масалан пиёдагардӣ, ки хавфи гирифторӣ ба бисёр бемориҳоро коҳиш медиҳанд, хоби комил ва мунтазам гузаштан аз муоинаи тиббӣ. Ҳамчунин, сабаби дигар даст кашидан аз тамокукашӣ ва истеъмоли машрубот аст.

Омили генетикӣ ҳам нақш дорад: агар дар оила қаблан дарозумрон буданд, пас насли баъдинаи онҳо ба дарозумрӣ имкон доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.