Имзои протоколи нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатӣ аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон Протоколи табодули санад дар бораи тасдиқи Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатиро ба имзо расониданд. Санад рӯзи 15 ноябр аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Ӯзбекистон – Бахтиёр Саидов ва Қирғизистон – Жээнбек Кулубаев ба тасвиб расонида шуд. Дар Вазоратҳои корҳои хориҷии се кишвар таъкид кардаанд, ки […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон Протоколи табодули санад дар бораи тасдиқи Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатиро ба имзо расониданд.

Санад рӯзи 15 ноябр аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Ӯзбекистон – Бахтиёр Саидов ва Қирғизистон – Жээнбек Кулубаев ба тасвиб расонида шуд.

Дар Вазоратҳои корҳои хориҷии се кишвар таъкид кардаанд, ки ин иқдом натиҷаи муколамаи созанда, эътимоди тарафайн ва ҷонибдории умумии давлатҳо ба таҳкими сулҳу субот ва ҳамраъйӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Гуфта мешавад, анҷоми ҷараёни тасдиқ омодагии дастаҷамъона ба ҳаллу фасли масоил тариқи роҳу усулҳои дипломатӣ бар асоси эҳтиром, равиши стратегӣ ва сиёсати дурандешонаро таҷассум месозад.

Ёдрас мекунем, ки Шартнома миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар рӯзи 31 март дар вохӯрии сарони ҳар се кишвар имзо шуда буд.

Дар он хат ва мавқеъҳои мушаххасе, ки дар он сарҳади давлатҳо ба ҳам меоянд, муайян карда шудаанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки Қирғизистон дар мувофиқа бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ба хориҷ кардани силоҳи вазнин аз ноҳияҳои наздимарзӣ оғоз кард.

Раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳамчунин изҳор дошта буд, ки қоидаҳои истифодаи силоҳи оташфишон дар сарҳад бозбинӣ мешаванд, зеро “дигар масоили баҳсӣ намонда, набояд задухӯрдҳо рух диҳанд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.