Эмомалӣ Раҳмон ҳамла ба қароргоҳи Владимир Путинро маҳкум кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия “ҳамлаи ахири ҳавопаймоҳои бесарнишин” ба қароргоҳи ҳамтои русашро маҳкум кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст. Таъкид шудааст, ки раисҷумҳурони ду кишвар имрӯз, 31-уми декабр, телефонӣ суҳбат карда, зимни он Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои русаш гуфтааст, “чунин амалҳои таҳдидкунанда […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия “ҳамлаи ахири ҳавопаймоҳои бесарнишин” ба қароргоҳи ҳамтои русашро маҳкум кардааст.

Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Таъкид шудааст, ки раисҷумҳурони ду кишвар имрӯз, 31-уми декабр, телефонӣ суҳбат карда, зимни он Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои русаш гуфтааст, “чунин амалҳои таҳдидкунанда ба иншооти давлатӣ ва амнияти роҳбарияти кишвар ғайри қобили қабул аст ва онҳо ба раванди музокирот барои ноил шудан ба сулҳу субот монеа эҷод менамоянд”.

Аммо дар изҳороти дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон аз “ҳамлавар” ном бурда нашудааст.

Кремл ин ҳамларо кори дасти нерӯҳои Украина медонад. Бори аввал дар бораи ҳамла ба қароргоҳи Владимир Путин аз сӯйи Украина Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия хабар дод. Баъди ин, Дмитрий Песков, сухангӯӣ раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки дар пайи ин ҳамла “Русия мавқеи музокиротии худто шадидтар мекунад”.

Баъдтар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳам тасдиқ кард, ки ҳамтои русаш ба ӯ дар бораи ҳамла ба қароргоҳаш хабар додааст. Ва ӯ инро кори “бад” гуфт.

Аммо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина иддаъои Русия дар мавриди ҳамлаи паҳподии Украина ба иқоматгоҳи Владимир Путинро рад кард ва Маскавро ба талош барои аз масир хориҷ кардани музокироти сулҳ муттаҳам кард.

Расонаҳои Русия менависанд, ки ҳамла ба қароргоҳи Владимир Путинро Ҳиндустон, Чин, Покистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ маҳкум кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.