Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи садҳо баробар зиёд кардани ҳақи истифода аз басомадҳои радиоӣ барои ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон “танзим ва таъмини рақобати солим байни операторон” аст ва ин тасмим ба иддаои онҳо, “ба нарх ва сифати интернет дар кишвар таъсир намерсонад”.
Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳадафи ин тасмим, танзими истифодаи радиобасомадҳо ҳамчун захираи маҳдуди давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
“Ҳангоми таҳияи тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ, нархи истифодаи захираҳои давлатӣ (радиобасомадҳо, аз идора) ҳатман ба назар гирифта мешавад. Вобаста ба баланд шудани нархи радиобасомадҳо афзоиши нархи хидматрасониҳоро дар назар надорем. Ин танҳо барои танзим ва шароити мусоид фароҳам овардан барои рақобати солим роҳандозӣ гардидааст”, – гуфт сардори Хадамот.
Ба таъкиди номбурда, бархе ширкатҳо аз арзон будани нархи радиобасомадҳо истифода карда, онҳоро пурра харидорӣ мекарданд, вале дигар истифода намебурданд, ки ба рушди соҳа монеъ мешуд ва ҳамчунин, рушди дигар ширкатҳоро безмедошт. Ба гуфтаи ӯ, “вақте нархҳо ба танзим дароварда мешаванд, ширкатҳо метавонанд, ки рақобати солим дошта бошанд ва басомадҳоро банд накарда, барои рушди соҳа истифода кунанд”.
Исфандиёри Саъдулло шарҳ дод, ки нархи басомадҳо вобаста ба минтақа ва ҳаҷми муштариён фарқ мекунад.
“Масалан, аз рӯи ҳисоби мо, агар операторон басомадро самаранок истифода карда, интернети 4G- ро пурра дар ҳудуди кишвар таъмин кунанд, ин маблағ ночиз аст. Ин бениҳоят маблағи кам аст. Ин ба тарофаҳо умуман дахл надорад ва ширкатҳо ҳам маблағи хариди басомадро болои тарофаҳои худ зам намекунанд”, – гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори ҳукумати кишвар аз моҳи сентябри соли гузашта, ҳақи истифодаи басомадҳои радио барои 2G ва 3G тақрибан 400 маротиба ва барои 4G ва 5G беш аз 560 маротиба афзоиш ёфт.
Аз ҷумла, барои шаҳри Душанбе арзиши як басомади радио чунин аст:
– 14 040 сомонӣ барои 2G–3G;
– аз 16380 то 19 890 сомонӣ барои 4G–5G дар як сол.
Қаблан маблағи пардохт барои як басомади радио 35 сомонӣ дар як солро ташкил медод ва ба стандарти алоқа вобаста набуд.
Ширкатҳои мобилӣ аз шарҳ расман худдорӣ мекунанд. Аммо намояндагони соҳа бо шарти ифшо нагардидани ному насабашон зикр мекунанд, ки ин ҷо сари даҳҳо миллион сомонӣ хароҷоти иловагӣ метавонад сухан равад.
“Агар пештар барои 100 басомади шартии радио ширкати мобилӣ тақрибан 3 500 сомонӣ дар як сол пардохт мекард, акнун мувофиқи қоидаҳои нав, зимни ҳисобу китоб дар шаҳри Душанбе ин маблағ барои 2G–3G метавонад то 1,4 млн сомонӣ ва барои 4G–5G – қариб то 2 млн сомонӣ зиёд шавад”, – мегӯяд намояндаи яке аз ширкатҳо.
Ба гуфтаи коршиносон, шумори басомадҳои истифодашаванда дар ширкатҳо метавонад 200, 300 ва зиёдтар аз он бошад, ки сарборӣ ба операторонро бамаротиб меафзояд.
Ба ҷуз алоқаи мобилӣ, меъёрҳои нав барои дигар навъҳои истифодаи басомадҳои радио низ афзоиш ёфт, ки бо онҳо метавонед дар ин маводи “Азия-Плюс” шинос шавед: Ҳақи истифода аз басомадҳои радио барои ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон садҳо баробар зиёд шуд.




