Хонаводае, ки дар Спитамен аз “консерва” заҳролуд гардида буданд, аз бемористон рухсат шудаанд

Панҷ узви як оила, ки дар ноҳияи Спитамен аз “консерва” заҳролуд гардида буданд, аз бемористон рухсат шудаанд. Дар ин бора Ҷамшед Ҷӯразода, раиси ин ноҳия рӯзи 30-юми январ дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон итилоъ дод ва илова кард, ки “ҳоло ҳамаи онҳо сиҳату саломатанд”. Ӯ гуфт, ки охирин заҳролудшуда рӯзи 27-уми январ аз Бемористони марказии […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Панҷ узви як оила, ки дар ноҳияи Спитамен аз “консерва” заҳролуд гардида буданд, аз бемористон рухсат шудаанд. Дар ин бора Ҷамшед Ҷӯразода, раиси ин ноҳия рӯзи 30-юми январ дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон итилоъ дод ва илова кард, ки “ҳоло ҳамаи онҳо сиҳату саломатанд”.

Ӯ гуфт, ки охирин заҳролудшуда рӯзи 27-уми январ аз Бемористони марказии ноҳия рухсат шуд. Ҷӯразода илова кард, ки рӯзи ҳодиса беморонро хабар гирифтааст ва табибон ба раиси ноҳия гуфтаанд, ки ба ҳаёти онҳо хатар таҳдид намекунад.

Қаблан, аз Маркази назорати давлатию санитарӣ (МНДСЭ) дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода буданд, ки дар деҳаи Хавотаги ноҳияи Спитамен 5 узви як оила пас аз истеъмоли “консерва”-и хонагӣ заҳролуд ва дар бемористон бо бемории ботулизм бистарӣ шудаанд. Ҳамчунин, 9 узви дигари ин оила, ки ин хуришро истеъмол карда будаанд, бо гумони заҳролудшавӣ аз ташхис гузаштаанд.

Ғайр аз ин, аз хонаи ин оила 30 банка “консервахӯришро барои ташхис бурдаанд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар ин вилоят 4 ҳодисаи заҳролудшавӣ сабт шуда, дар пайи он 14 нафар заҳролуд гардидаанд. Дар соли 2026 ин якумин ҳодисаи заҳролудшавӣ дар Суғд будааст.

Соле чандин нафар дар беморхонаҳои кишвар бо заҳролудшавӣ бистарӣ мегарданд, ки сабаби он истеъмоли консерваҳои сабзавотӣ, хусусан боимҷон, бодиринг, занбӯруғ, сир, қаламфур ва карам гуфта мешавад. Мутаассифона ҳолатҳои марг ҳам ба қайд гирифта мешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.