Заҳролудшавии 5 узви як оила пас аз истеъмоли “консерва” дар Спитамен

Дар ноҳияи Спитамен 5 узви як оила пас аз истеъмоли “консерва”-и хонагӣ заҳролуд ва дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ҳамчунин, 9 узви дигари ин оила, ки ин хуришро истеъмол карда будаанд, бо гумони заҳролудшавӣ аз ташхис гузаштаанд. Дар ин бора Султон Раҳмонзода, директори Маркази назорати давлатию санитарӣ (МНДСЭ) дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар ноҳияи Спитамен 5 узви як оила пас аз истеъмоли “консерва”-и хонагӣ заҳролуд ва дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ҳамчунин, 9 узви дигари ин оила, ки ин хуришро истеъмол карда будаанд, бо гумони заҳролудшавӣ аз ташхис гузаштаанд.

Дар ин бора Султон Раҳмонзода, директори Маркази назорати давлатию санитарӣ (МНДСЭ) дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, ин ҳодиса рӯзи 14-уми январ дар деҳаи Хавотаги Спитамен рух дода, онҳо дар пайи истеъмоли хӯриш ё “консерва”-ҳое, ки дар шароити хона тайёр шудаанд, заҳролуд гардидаанд.

“Баъди ташхиси 14 узви оила, 5 нафари онҳо дар шуъбаи эҳё бо ҳолати миёнавазнин бистарӣ ва 9 нафари дигар рухсат шуданд, аммо таҳти назорати тиббӣ қарор доранд”, – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар Беморхонаи маказии ин ноҳия падари хонадон – Адҳам Исмадиярови 54-сола, писараш – Шаҳбоз Исмадиярови 31-сола, келинаш – Шалола Пиримқуловаи 30-сола ва ду наберааш –  Билол Шоҳрухзодаи 10-сола ва Ҷавҳарбону Отахонзодаи 7-сола аз бемории ботулизм табобат мегиранд. 

Раҳмонзода илова кард, ки ҳоло “вазъи саломатии онҳо  хуб буда, рӯзҳои наздик рухсат мешаванд”.

Аз манзили беморон 30 адад “консерва” барои ташхис ба озмоишгоҳи Маркази назорати давлатию санитарии вилояти Суғд дастрас гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, соли 2025 дар ин вилоят 4 ҳодисаи заҳролудшавӣ сабт шуда, дар пайи он 14 нафар заҳролуд гардидаанд. Дар соли 2026 ин якумин ҳодисаи заҳролудшавӣ дар Суғд будааст.

Соле чандин нафар дар беморхонаҳои кишвар бо заҳролудшавӣ бистарӣ мегарданд, ки сабаби он истеъмоли консерваҳои сабзавотӣ, хусусан боимҷон, бодиринг, занбӯруғ, сир, қаламфур ва карам гуфта мешавад.

Мутаассифона ҳолатҳои маргт ҳам ба қайд гирифта мешавад. Аз ҷумла, соли 2023 ду кӯдаки 9 ва 12-сола ҳамроҳи модарашон дар шаҳри Панҷакент, баъди хӯрдани "консерва" заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд. Онҳо узви як оила буда, аз ин оила танҳо як кӯдаки 13-сола зинда монд.

Аз ин пештар,  дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 узви як хонавода аз хӯриши “икра” (хӯриш) заҳролуд шуда, се аъзои оила ба ҳалокат расида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.