Раиси Кумитаи андоз: “Дар Тоҷикистон сарбории андоз баланд нест”

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон иддаои баланд будани сарбории андоз дар кишварро рад кард ва гуфт, "бо мақсади беҳтар кардани вазъи иқисодӣ ва ҷалби сармоя, такмилу таҷдиди низоми андози Тоҷикистон идома дорад". "Тоҷикистон, чуноне ки аксар вақт иддаъо мешавад, сарбории баланди андоз надорад. Мо пайваста барои коҳиш додани сарбории андоз кор мебарем, то фазои соҳибкориро беҳтар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон иддаои баланд будани сарбории андоз дар кишварро рад кард ва гуфт, "бо мақсади беҳтар кардани вазъи иқисодӣ ва ҷалби сармоя, такмилу таҷдиди низоми андози Тоҷикистон идома дорад".

"Тоҷикистон, чуноне ки аксар вақт иддаъо мешавад, сарбории баланди андоз надорад. Мо пайваста барои коҳиш додани сарбории андоз кор мебарем, то фазои соҳибкориро беҳтар карда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ бошем", – изҳор дошт Давлатзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷазо барои “гурез” аз пардохти андоз ва чанд қоидавайронкунии дигари андоз сангинтар шуд

Ӯ илова кард, ки кам кардани шумори андоз ва меъёри онҳо идома дошта, "ба ин васила барои соҳибкорон шароити бештар судманд фароҳам мешавад".

Раиси Кумитаи андоз мисол овард, ки дар пайи ислоҳоти соҳа, соли 2022 теъдоди андозҳо аз 10 то 7 адад кам шуд, ки низоми андозситониро барои тоҷирон содаву осонтар кард.

Ба гуфтаи Нусрутулло Давлатзода, сарбории андоз дар Тоҷикистон аз давлатҳои ҳамсоя баландтар нест. Ҳоло дар Ӯзбекистон — 9 навъии андоз, дар Қазоқистон — 11, дар Қирғизистон — 8, дар Арманистон — 10, дар Озарбойҷон — 13, дар Беларус — 9 ва дар Русия — 15 навъи андоз мавҷуд аст.

 

Бартарият барои тиҷорат

Номбурда афзуд, тағйирот дар қонунгузории андоз ба коҳиши сарборӣ ва осону соддатар кардаи низоми андозситонӣ ва он дар навбат худ, ба беҳбуди шароит барои роҳандозии тиҷорат дар кишвар  мусоидат мекунад.

Ба таъкиди Давлатзода, Тоҷикистон барои беҳтар кардани мавқеъи худ дар радабандиҳои байналмилалӣ кор бурда,  ба ҷалби ҳарчи бештар сармоягузориҳои хориҷӣ идома медиҳад.

“Поин бурдани меъёри андозҳо ва соддаву осонтар кардани пешниҳоди ҳисобот, инчунин баланд бардоштани сатҳи шаффофияти тиҷорат ба мустаҳкам намудани иқтисоди кишвар ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ кумак мекунад”, – илова кард раиси Кумитаи андоз.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.