Хадамоти алоқа: Акнун таҷҳизоти Starlink-ро метавон дар сомонаи ин ширкат сабтином кард

Таҷҳизоти Starlink акнун дар сомонаи расмии ин ширкат сабтином карда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Дар ин ниҳод тартиби сабтиноми таҷҳизоти интернети моҳвораии Starlink-ро тавзеҳ доданд: акнун корбарон худ метавонанд таҷҳизотро дар сомонаи расмии ширкат –  starlink.com/tj фармоиш диҳанд ва сабтином кунанд. "Ширкати Starlink корбарон […]

Таҷҳизоти Starlink акнун дар сомонаи расмии ин ширкат сабтином карда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин ниҳод тартиби сабтиноми таҷҳизоти интернети моҳвораии Starlink-ро тавзеҳ доданд: акнун корбарон худ метавонанд таҷҳизотро дар сомонаи расмии ширкат –  starlink.com/tj фармоиш диҳанд ва сабтином кунанд.

"Ширкати Starlink корбарон ва таҷҳизотро сабтином ва дар доираи қонунгузории Тоҷикистон, маълумоти заруриро ба ниҳоди ваколатдори давлатӣ ироа мекунад”, – гуфтанд дар Хадамоти алоқа.

Пештар хабар дода мешуд, ки барои сабтиноми таҷҳизот бояд ба дафтари таҳвилдиҳандаи миллии “Тоҷиктелеком” муроҷиат кард.

Барои сабтином ва фаъолсозии таҷҳизот корбар бояд нусхаи шиноснома (силсила ва рақам), рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), рақами телефон ва ҳамчунин маълумоти корти бонкӣ барои пардохти хадамот пешниҳод кунад.

Дар Хадамоти алоқа гуфтанд, ки Starlink дар Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2026 ба таври расмӣ фаъолият мебарад ва шаҳрвандону ширкатҳо метавонанд аз хадамоти ин ширкат ба таври қонунӣ истифода кунанд.

Ба корбароне, ки таҷҳизотро то оғози фаъолияти расмии ин ширкат дар Тоҷикистон дастрас ва истифода мекарданд, тавсия дода мешавад, ки онро тибқи тартиби муқарраршуда сабтином кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.