Тавассути роҳи оҳан байни Тоҷикистону Қазоқистон қариб 6 млн тонна бор кашонида шудааст

Раҳбарияти ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ва рушди долонҳои нақлиётие, ки минтақаи Осиёи Марказиро бо бозорҳои ҷаҳонӣ пайваст месозад, тавофуқ ҳосил карданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Роҳи оҳани Қазоқистон хабар медиҳад. Зимни дидору гуфтушуниди Комил Мирзоалӣ ва Талгат Алдибергенов, роҳбарони роҳи оҳани ду кишвар таъкид шудааст, ки ҳаҷми ҳамлу нақли молу […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раҳбарияти ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ва рушди долонҳои нақлиётие, ки минтақаи Осиёи Марказиро бо бозорҳои ҷаҳонӣ пайваст месозад, тавофуқ ҳосил карданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Роҳи оҳани Қазоқистон хабар медиҳад.

Зимни дидору гуфтушуниди Комил Мирзоалӣ ва Талгат Алдибергенов, роҳбарони роҳи оҳани ду кишвар таъкид шудааст, ки ҳаҷми ҳамлу нақли молу маҳсулот ва бор байни Тоҷикистону Қазоқистон 15,1% афзуда, ҳаҷмии умумии он ба 5,9 млн тонна расидааст.

"Содирот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ба андозаи 7,6% – то 2,6 млн тонна зиёд шудааст. Асоси содиротро зироати ғалладона, орд, маҳсулоти нафтӣ, фулузот (металлҳо)-и сиёҳ, маъдани ранга ва равғани растанӣ ташкил додаанд", – навиштааст манбаъ.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ҷиҳати идомаи кори муштарак дар робита ба баланд бардоштани рақобатпазирии хатсайрҳои роҳи оҳан, таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамгироии равандҳои логистикӣ ва рақамисозии ҳуҷҷатҳо тавофуқ ҳосил кардаанд.

Илова бар ин, ба тавофуқ расидаанд, ки ба рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, ки ба тақвияти имконоти транзитии минтақа муосидат мекунанд, таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.

Дар хабар таъкид мшавад, ки ҳамкорӣ байни ширкатҳои "Қазақстан темір жолы" ва "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба шарикии чандинсола асос ёфта, ба таъмини робитаи устувор ва мунтазам байни Тоҷикистон ва Қазоқистон равона шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Содироти мева аз Тоҷикистон ба Қазоқистон кам шудааст

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ протокол дар бораи натиҷаҳои кор дар соли 2025 ва нақшаҳо барои соли 2026 ба имзо расидааст.

Ғайр аз ин, дар доираи сафар дидору гуфтушуниди Талгат Алдибергенов бо муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ доир гардидааст.

Дар ҷараёни гуфтушуниди ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкории байнулмилалӣ баррасӣ шуда, самтҳои стратегии рушди имконоти транзитиву логисткиии ду кишвар муайян карда шудаанд.

Дар назар аст, ки афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва бунёди хатсайрҳои самараноки нақлиётӣ ба ҳамкории мутақобила байни кишварҳо такони иловагӣ мебахшанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз ҳамла ба Иморот то ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.