“Охир маро гунаҳкор карданд”. Омӯзгори латукӯбшуда дар Нуробод баъди ҷарима шудан мехоҳад, тарки соҳа кунад

Додгоҳ шахсе, ки омӯзгор аз болояш даъво дошт, 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.

Додгоҳ Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгоре, ки аз латукӯб шуданаш аз сӯи бародари яке аз хонандаҳояш шикоят дошт, 1560 сомонӣ (20 нишодиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима кардааст. Миралӣ Орзуев, шахсе, ки омӯзгор аз болояш даъво дошт, 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шудааст. Омӯзгор аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва мегӯяд, “тарки соҳа мекунад”.

Муҳимҷон Раҳмонов имрӯз, 4-уми июн дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳукми Додгоҳи ноҳияи Нуробод нисбати ӯ ва Орзуев дирӯз, 3-юми июн содир шудааст. Мақомот дар бораи судури ҳукм расман хабар надодаанд.

Ӯ гуфт, додгоҳ ӯро барои “иҷро накардани ӯҳдадорӣ дар таълиму тарбияи кӯдак” гунаҳор кардааст. Вале ӯ аз ҳукми додгоҳ норозӣ аст ва мегӯяд, аз болои он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мекунад.

Раҳмонов ҳамчунин, аз ҳукми додгоҳ нисбати Орзуев розӣ нест ва мегӯяд, ки “ҳукм сабук аст ва бояд ӯ барои ман ҷуброни зарар пардохт мекард”.

“Додситонӣ дар хулосааш гуфтааст, ки дар кирдори Миралӣ Орзуев аломатҳои ҷиноят дида намешавад. Ӯро барои “майдаавбошӣ” – моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор карданд. Дар мурофиа вай гуфт, ки танҳо як шапалоқ задам, дигар ҳамаро рад кард. Дар додгоҳ на мудири шуъбаи маорифи ноҳия ва на намояндагони Вазорати маориф ширкат накарданд”, – таъкид кард омӯзгор.

Назари Орзуев нисбат ба ҳукми додгоҳ ва ҳамин тариқ мавқеи наздикони хонанда дар бораи ин қазия маълум нест. Талоши мо барои маълум кардани назари онҳо натиҷа надод.

Аёдати омӯзгор аз сӯи масъулини Вазорати маориф ва илм, Акс аз Шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод

Омӯзгор бо таъкид ба вазъи молиаш гуфт, ки ҳоло имкони супоридани ҷаримаро надорад ва аз додгоҳ хостааст, ки то гирифтани маош барояш муҳлат диҳанд. Вале аз додгоҳ гуфтаанд, ки 10 рӯз фурсат дорад, то ҷаримаро супорад, вагарна бо гузашти ин муҳлат барои ҳар рӯзи таъхир маблағ зиёд мешавад.

Омӯзгор пештар гуфта буд, ки рӯзи 2-юми июн, ба кор дар мактаб оғоз кардааст, аммо барои 15 рӯзе, ки дар пайи табобат набуд, барояш маош пардохт накардаанд.

Муҳимҷон Раҳмонов мегӯяд, баъди ҳукми додгоҳ “дилам аз касби омӯзгорӣ сард шуд, мехоҳам моҳи оянда аз кор истеъфо диҳам ва ҳамин тариқ, тарки соҳа кунам”.

“Вақте дар курс панҷум мехондам ва ба мактаб таҷрибаомӯзӣ омадам, дастамро рӯйи Конститутсияи Тоҷикистон гузошта қасам ёд карда будам, ки содиқона хидмат мекунам. Вале дилам монд, мехоҳам комилан тарки омӯзгорӣ кунам. Тавре мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд “дар охир омӯзгорро гунаҳкор мекунанд” воқеан дуруст баромад”,-таъкид кард омӯзгор.

Номбурда нигаронӣ кард, ки Вазорати маориф ва илми кишвар, ки қаблан мегуфтанд, ӯро танҳо намегузоранд, дар рафти ин қазия вайро умуман дастгирӣ накарданд.

Қазияи латукӯби омӯзгор замоне расонаӣ шуд, ки ӯ бо нашри як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ кард, ки шаби 8-уми май бародари яке шогирдонаш дар пайи эродгирӣ аз таҳсили хоҳараш ӯро латукӯб ва таҳдиди куштан кардааст. Аз шахси латукӯбкарда Миралӣ Орзуев ном бурд. Вале Орзуев гуфт, омӯзгорро назадааст, балки танҳо суҳбат карданд. Ин қазия боиси баҳс дар ҷомеаву хостори муҷозоти муштзӯр дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Вале ду рӯз пеш омӯзгор гуфт, мақомот дар пайи шикояти Маҳмадризо Орзуев, падари хонандае, ки омӯзгор аз таҳсили ӯ ба бародараш шикоят карда буд, алайҳи худи ӯ парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ кардаанд. Ҳамчунин, омӯзгор гуфт, аз ӯ волидайни як хонандаи дигар низ шикоят кардааст. Омӯзгор эътироф кард, ки дарвоқеъ ба духтари Орзуев “танҳо як сухани қабеҳ гуфтам”, вале  шикояти волидайни хонандаи дигарро рад мекунад.

Ҷузъиёти бештари ин қазияро дар матлаби “Қабурғаам месӯзад”. Омӯзгоре, ки мегӯяд, аз сӯйи бародари як хонанда латукӯб шудааст, ҷузъиёти қазияро нақл кард” мутолиа кунед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Амрико эълон кард, ки Исроилу Лубнон бар сари иҷрои оташбас ба созиш расидаанд

Ин дар ҳолест, ки дар ду рӯзи гузашта ҳамлаҳои маргбори Исроил ба Лубнон ва партоби мушаку паҳподи “Ҳизбуллоҳ” ба Исроил идома дошт.

Тоҷикистон дар чаҳор моҳ дар ҳаҷми қариб $10 млн кумаки башардӯстона гирифтааст

Бештар ИМА, Чин ва Корея ба Тоҷикистон ёрии башардустона фиристодаанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 7

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия содироти маводи сӯхти ҳавопаймоҳоро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Ҳукумат аллакай, барои хариди ин навъи сӯзишворӣ ҷойгузин меҷӯяд, ки ин пеш аз ҳама Эрон аст.

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.