Home Blog Page 18

Аз ҳамла ба киштии “Дена”-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико

0

Ҳамакнун ҳамлаи Амрикову Исроил ба рӯзи шашум ворид мешавад. Аз дирӯз низ ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон идома доштааст ва Ҷумҳурии Исломӣ ҳам Исроил ва пойгоҳҳои ҳарбӣ ва зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёнаро ҳадаф қарор додааст.

Ҳамчунин, Тоҷикистон барои баргардонидани шаҳрвандонаш аз кишварҳои Халиҷи Форс парвозҳои чартерӣ созмон дода, сарвазири Тоҷикистон дар сафорати Эрон ба мардуми Эрон ҳамдардӣ баён кардааст. Муҳимтарин таҳаввулотро дар Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна ва таъсири ин ҳаводисро ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин маводи мо хонед.

 

Ҳамдарди сарвазири Тоҷикистон ба мардуми Эрон

Имрӯз, 5-уми март, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ба Сафорати Эрон дар Душанбе рафта, аз номи ҳукумат ва мардуми кишвар ба эрониён ҳамдардӣ кард.

Дар пайи кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ва ҷамъе аз мақомдорону шаҳрвандони ин кишвар дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил, имрӯз дар Сафорати Эрон дар Душанбе "Дафтари ёдбуд" боз шудааст.

 

Ҳамла ба киштии Эрон дар соҳилҳои Шри-Ланка

Рӯзи гузашта, 4-уми март як киштии зериобии низомии Амрико дар уқёнуси Ҳинд, киштии “Дена”-и Эронро  зарба зада, ғарқ кардааст. Хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба мақомоти Шри-Ланка хабар додааст, ки рӯзи гузашта мақомоти ин кишвар ҷасади 87 танро, ки дар ин киштӣ буданд, пайдо карда, 32 нафарри дигарро ба беморхона интиқол додаанд.

Ҳамчунин, ба навиштаи ин расона, мақомоти Шри-Ланка ҷасади беш аз 60 тани дигарро ҷустуҷӯ мекунанд. Гуфта мешавад, дар дохили ин киштӣ тақрибан 180 нафар қарор доштанд.

Амрико ғарқ кардани ин киштиро тасдиқ кардааст.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, киштии “Дена”, ки меҳмони нерӯҳои дарёии Ҳиндустон буд, “бидуни огоҳӣ ҳадаф қарор гирифт”. Ӯ зикр кардааст, ки дохили он 130 нафар қарор доштанд.

Дар ҳамин ҳол, Сипоҳи посдорони Эрон нисфирӯзии имрӯз, 5-уми март аз зарба ба як нафткаши амрикоӣ дар Халиҷи Форс хабар дод. Гуфта мешавад, ҳамла субҳи имрӯз аз тарафи нерӯҳои дарёии Сипоҳ сурат гирифтааст. То ҳол ин ҳамаларо Амрико тасдиқ ё рад накардааст.

 

Таркишҳо дар Эрон ва Исроил

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон

Шаби гузашта ҳам Исроил аз ҳамла ба Эрон хабар дод. Артиши ин кишвар гуфтааст, ки дар ҳамлаҳои худ чанд нуқтаеро дар Теҳрон ҳадаф қарор додааст.

Хабаргузории нимарасмии “Тасним” низ субҳи имрӯз аз шунида шудани чанд таркиш дар Теҳрон хабар дод.

Қароргоҳи “Хотам-ул-анбиё”-и Эрон низ субҳи имрӯз аз ҳамлаи мушакӣ ва паҳподӣ ба Исроил ва зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёна хабар дод.

“The Times Of Israel” низ хабар дод, ки шаби гузашта ва имрӯз низ дар Исроил бонки хатар ба садо даромад.

 

Афзоиши теъдоди қурбониён дар Эрон

Дар ҳамин ҳол, теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои Амрикову Исроил дар Эрон ба беш аз ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Бунёди шаҳиди Эрон 4-уми март, эълон кард, теъдоди онҳое, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон кушта шудаанд, ба 1 ҳазору 45 тан расидааст.

Субҳи имрӯз, 5-уми март як намояндаи Вазорати беҳдошти Эрон ба хабаргузории “Тасним” хабар додааст, ки теъдоди захмиён аз 6 ҳазор тан убур карда, беш аз 2 ҳазору 500 тан дар бемористонҳо бистарӣ ҳастанд.

Ба иттилои хабаргузории “Тасним” аз аввали ҳамлаҳои Амрикову Исроил, танҳо дар вилояти Озарбойҷони ғарбӣ 49 нафар кушта шуда ва 275 тани дигар маҷрӯҳ шуда, бештари қурбониён ғарнизомиёнанд.

Ҳилоли Аҳмари Эрон эълон кардааст, ки аз оғози ҳамлаи Амрикову Исроил ба 174 шаҳристон ва 636 макон 1332 зарба сабт шудааст, ки 105 макони он марказҳои ғайринизомӣ ҳастанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Исроил чанде пеш эълон кард, ки давоми 24 соати гузашта дар натиҷаи ҳамлаҳои Эрон ба ин кишвар 199 нафар маҷрӯҳ шудааст.

Расонаи ибрии “The Times Of Israel” менависад, ки дар аз оғози ҳамлаҳои Эрон ба ин кишвар 1 ҳазору 473 исроилӣ захмӣ ва ба бемористонҳо интиқол ёфтаанд.

Мақомоти Исроил охирин маротиба аз кушта шудани 11 тан хабар дода буданд.

 

Маҳдуд кардани ваколатҳои низомии Трамп дар Сенати Амрико рад шудааст

Давоми шабонарӯзи гузашта гуфтугузор атрофи номи Доналд Тармп, расиҷумҳури Амрико ҳам зиёд буд. Аз ҷумла, тарҳи қонуни маҳдуд кардани ваколатҳои низомии ӯ дар Сенати Амрико раъйи заруриро ба даст наоварда, рад шудааст.

Ин тарҳ дар Сенат, ки аксарият аз ҳизби Ҷумҳурихоҳон ҳастанд, 52 раъйи мухолиф ва 47 раъйи мувофиқ ба даст овардааст. Тарҳи мазкур аз ҷониби демократҳо пешниҳод шуда буд ва дар сурати қабул шудани он, Доналд Трамп бе тасдиқи Конресс наметавонист барои амалиёти минбаъдаи низомӣ фармон диҳад.

Дар ҳамин ҳол, Амрико гуфтааст, ки Испания барои ҳамкорӣ дар ҳамла ба Эрон мувофиқат кардааст.

Вале, Испания изҳороти Кохи Сафед дар мавриди мувофиқати ин кишвар барои ҳамкории низомӣ бо Амрико дар ҳамла ба Эронро рад кард. 

Пас аз он ки Испания ба Амрико иҷозаи истифода аз пойгоҳҳояш дар Ховари Миёнаро барои ҳамла ба Эрон надод, Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида таҳдид карда буд, ки ҳама гуна муносибатҳои тиҷоратиро бо Испания қатъ мекунад.

Ҳамзамон, дар пайи ҳаводиси ахири дар Ховари Миёна Вазорати корҳои хориҷии Амрико эълон кард, ки беш аз 17 ҳазору 500 нафар аз кишварҳои ин минтақа ба Иёлоти Муттаҳида баргаштаанд.

 

Ҳаводиси ахири Ховари Миёна

Рӯзи гузашта Туркия хабар дод, дар осмони кишвараш як мушаки  балистикиро, ки аз самти Эрон партоб шуда буд, раҳгирӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин мушак тавассути системаи дифоъии НАТО сарнагун карда шудааст. Дар пайи ин сафири Эрон дар Анқара ба Вазорати корҳои хориҷии Туркия эҳзор шудааст.

Вале, Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳамла мушакӣ ба Туркияро рад кардааст.

Давоми шабонарӯзи гузашта Исроил ба Лубнон чанд маротиба зарба зада, “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон низ, ба зерсохтҳои Исроил ҳамла кардааст.

“ББС” рӯзи гузашта иттилоъ дод, ки танҳо дар се рӯзи ахири ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Лубнон 72 нафар кушта шуда, беш аз 83 ҳазор нафар овора шудаанд.

Хабаргузории “Ал-Ҷазира” субҳи имрӯз аз чанд ҳамлаи Исроил ба Бейрут, пойтахти Лубнон хабар дод. Талафоти ин ҳамлаҳои маълум нест. Қаблан Исроил ба сокинон даҳҳо деҳа дар Лубнон хабар дода буд, ки хонаҳои худро тарк кунанд.

Ҳамзамон, ба иттилои ин расона “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ба чанд зерсохтҳои Исроил зарба задааст.  

Ҳамлаҳои пайдарпай ба хатҳои интиқоли барқ ва камбуди интиқоли газ ба нерӯгоҳҳо дар Ироқ сабаби қатъи пурраи барқ дар ин кишвар шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон вориди рӯзи чорум мешавад. Охирин таҳаввулот дар Ховари Миёна

Қаблан Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Амрико дар шаҳри Ирбил зарба зада буд. Шаби гузашта низ Эрон ба маркази Курдистони Ироқ ҳамла кардааст.

Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта расонаҳо гузориш дода буданд, ки гурӯҳҳои ҷудоиталаби курдҳои Ироқ дар хусуси эҳтимоли амалиёти заминӣ дар Эрон машварат мекунанд. 

Каролин Левит, сухангӯи Кохи Сафед 4-уми март гузоришҳо дар бораи тасмими Доналд Трамп барои мусаллаҳ кардани курдҳои ҷудоиталаби Ироқро рад кардааст.

Мақомоти Эрон ҳам хабарҳо дар бораи дохили Эрон шудани гурӯҳҳои ҷудоиталабро рад карданд. Ироқ низ гуфтааст, иҷоза намедиҳанд, гурӯҳҳои алоҳида дар марзи Эрон мустақар шаванд.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо, дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад

0

Интизор меравад, ки ҳукми гумонбарони ҳамла ба толори консертии “Крокус”-и Маскав рӯзи 12-уми марти имсол дар ҳузури расонаҳо ва мардум эълон шавад. Дар ин бора Даниел Готйе, вакили дифоъи ҷабрдидагон ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.

Манбаъ менависад, муҳокимаи додгоҳӣ дар бинои Додгоҳи шаҳри Маскав доир шуда, соати 11:00 оғоз ва ҳукм ба шакли кушода эълон мешавад.

Ба иттилои манбаъ, намояндаи Додситонии кулли Русия нисбати 15 гумонбар ҳабси абад ва 4 тани дигар аз 19 солу 11 моҳ то 22 сол ҷазои зиндон талаб кардааст.

Ҳамчунин, айбдоркунандаи давлатӣ хостааст, хешовандони Фаридуни Шамсидин, яке аз гумонбарон аз Тоҷикистон, ки аз гумонбарони асосӣ аст, аз шаҳрвандии Русия маҳрум шаванд.

Ба қавли манбаъ, Додситонӣ инчунин талаб кардааст, ки Алишер Қосимов, соҳиби манзиле, ки чор гумонбари асосии ҳамла пеш аз ҳодиса онҷо зиндагӣ мекарданд, аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва худи манзил ба фоидаи давлат мусодира шавад.

Манбаъ менависад, номи ҳамаи 19 гумонбар ба рӯйхати террористон дар Русия ворид карда шудааст. Аксари гумонбарон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 сурат гирифта, бар асари он 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб диданд. Гумонбарони асосии парванда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд: Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?

Тафтишоти ин ҳодиса 4 августи соли 2025 оғоз шуда, қариб ду сол инҷониб аз ҷониби Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ғарбии №2 ҳафтае се навбат пушти дарҳои баста ҷараён дорад. Моҳи гузашта Людмила Айвар, вакили дифои ҷабрдидагони ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар канораи Маскав гуфта буд, барои гумонбарони ин ҳамла ҷазои сахттарин ва ҳабси абад талаб мекунад.

Ӯ афзуда буд, “дар ҷараёни музокироти додгоҳӣ дар доираи муҷозоте, ки қонун пешбинӣ мекунад, ба ҳамлагарони мустақим, инчунин дигар афроди марбут ба ин амали террористӣ ба таъини ҷазои ҳарчи сахттар ва одилона – то ҳабси якумрӣ пофишорӣ хоҳем кард”.

Пештар хабаргузории ТАСС аз қавли вакили дифои ҷабрдидагон гуфта буд, ки Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода дар мурофиаи аввали додгоҳӣ "ба гуноҳашон иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд".

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?

0

Соли 2025 аз сӯи корхонаҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон ба маблағи 687 млн сомонӣ (наздики 69 млн доллар) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 30,6% (161 млн сомонӣ) зиёдтар аст. Дар ин бора Оҷонсии омори кишвар хабар медиҳад.

Ин ниҳод мегӯяд, соли гузашта дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ 35 корхона, аз ҷумла 21 корхона дар МОИ “Суғд”, 12 корхона дар МОИ “Данғара”, 1 корхона дар МОИ “Кӯлоб” ва 1 корхона дар МОИ “Панҷ” фаъолият каврд. Соли 2024 дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 30 корхона амал мекард.

МОИ – қитъаи ҷудогона (маҳдуд)-и қаламрави Тоҷикистон бо сарҳадҳои дақиқан зикршуда мебошад, ки дар он барои амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароитҳои имтиёзноки иқтисодӣ ва реҷаи махсуси ҳуқуқӣ фароҳам оварда мешавад.

 

МОИ “Суғд”

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон. Кадоме воқеан кор мекунанд ва кадоме танҳо дар коғаз "фаъолият доранд"?

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд воқеъ буда, яке аз марказҳои асосии иқтисодии кишвар боқӣ мемонад. Соли 2025 дар ин ҷо 21 корхонаи саноатӣ фаъолият дошт, ки 26,2% зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 557,7 млн сомониро ташкил дод. Ин қариб ба 82% аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда дар ҳама МОИ баробар аст.

Истеҳсоли маҳсулот асосан аз ҷониби ҶДММ “Тоҷпроф” (365 млн сомонӣ) ва ҶДММ “Афрранг пластик” (82 млн сомонӣ) таъмин карда шуд. Дар ин минтақа маҳсулоти серталаб, аз ҷумла гелиоколлекторҳо, қубурҳои пластикӣ, маҳсулоти гӯштӣ ва борхалта барои меваҳо истеҳсол мешавад.

Ғайр аз ин, дар МОИ ба маблағи 4,6 млн сомонӣ хидматрасониҳо анҷом дода шуда, ба маблағи 757,1 млн сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро карда шудааст

 

МОИ “Данғара”

Соли 2025 дар МОИ “Данғара” дар вилояти Хатлон 12 корхонаи саноатӣ фаъолият дошт. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти ин корхонаҳо ҳудуди 112 млн сомониро ташкил дод. Саҳми корхонаҳои “Тоҷикистон Петролиум” бо ҳаҷми истеҳсоли 26,5 млн сомонӣ ва ҶДММ “Ауфен” бо ҳаҷми истеҳсоли 46,0 млн сомонӣ бузургтар аст.

Ғайр аз ин, дар ин МОИ ба маблағи 2,3 млн сомонӣ хидматрасониҳо анҷом дода шуда, аз хидматрасонӣ бо нақлиёт низ ба маблағи 6 млн сомонӣ даромад гирифта шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" маркази логистикӣ бунёд мешавад

 

МОИ “Кӯлоб”

Ин минтақа дар қаламрави шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон воқеъ буда, дар он 2 корхонаи саноатӣ (ҶДММ “Тоҷик Алмос” ва ҶДММ “Кӯлоб Агросаноат”) ба қайд гирифта шудааст,  вале 1 корхона фаъолият карда, дар он ба маблағи ҳудуди 463 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Соли 2025 дар қаламрави ин минтақа дар ҳаҷми 17,6 млн сомонӣ корҳои сохтмону паймонкорӣ анҷом дода шудааст.

 

МОИ “Панҷ”

Дар МОИ “Панҷ”дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 1 корхона – ҶСП “Фон Дарё” фаъолият мекунад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона ҳудуди 17 млн сомониро ташкил додааст.

 

МОИ “Ишкошим”

Минтақаи мазкур дар қаламрави ноҳияҳои ҳамном дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шудааст. Соли 2025 истеҳсоли маҳсулот дар ин минтақа ба қайд гирифта нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?

0

Моҳи март сокинони Тоҷикистон бо назардошти Рӯзи модар, ҷашни Наврӯз, иди Рамазон ва рӯзҳои ғайрикорӣ, 15 рӯз истироҳат мекунанд. Аз ҷумла, дар ҷашни Наврӯз шаҳрвандони кишвар пайиҳам 9 рӯз истироҳат хоҳанд кард.

Мувофиқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар ҷашнҳои расмии давлатӣ ба рӯзи истироҳат рост ояд, рӯзи баъдии корӣ, истироҳат эълон мешавад.

Бо ин тартиб, имсол, ки 8-уми март ба рӯзи якшанбе рост меояд, рӯзи душанбеи 9-уми март низ истироҳатӣ аст. Ҳамин тариқ, сокиноне, ки 5 рӯзи корӣ дар як ҳафта доранд, пайиҳам се рӯз – 7, 8, 9-уми март истироҳат мекунанд. Онҳое, ки 6 рӯзи корӣ дар як ҳафта доранд, танҳо 8 ва 9-уми март истироҳат хоҳанд кард.

Ин тартиб ба хонандагони мактаб ва донишҷӯён низ дахл дорад. Яъне хонандагони синфҳои болоӣ (аз 5 то 11) ва донишҷӯён рӯзи шанбеи 7-уми март дарс мехонанд ва танҳо рӯзи 8 ва 9-уми март истироҳат мекунанд.

Ҳамчунин, мувофиқи қарори ҳукумати кишвар, ки моҳи декабр қабул гардида буд, сокинони кишвар дар ҷашни Наврӯз 9 рӯз пайиҳам, аз 21 то 29-уми март истироҳат мекунанд. Тибқи қарори ҳукумат, рӯзи истироҳатии шанбеи 14-уми март (барои онҳое, ки 5 рӯзӣ корӣ дар як ҳафта доранд) ба рӯзи ҷумъаи кории 27-уми март гузаронида шуд. Ҳамин тариқ, сокинон рӯзи 14-уми март кор ва ба ҷои он 27-уми март истироҳат мекунанд. Рӯзҳои истироҳатии ҷашни Наврӯз чунин аст:

– аз 21 то 24-уми март рӯзҳои истироҳатии расмӣ барои ҷашни Наврӯз;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сокинони Тоҷикистон дар Соли нав 4 рӯз ва дар ҷашни Наврӯз 9 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд

– бо назардошти он ки рӯзҳои 21 ва 22-юми март ба рӯзҳои шанбе ва якшанбе рост мегирад, рӯзҳои 25 ва 26-уми март низ истироҳатӣ аст;

– бо сабаби интиқоли рӯзи кории 27-уми март ба рӯзи ғайрикории 14-уми март, рӯзи 27-уми март низ истироҳатӣ аст;

– рӯзҳои 28 ва 29-уми март шанбе ва якшанбе буда, ғайрикорӣ мебошанд.

Дар ин баробар, аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим гуфтанд, ба эҳтимоли зиёд, имсол моҳи Рамазон 29 рӯз идома карда, иди Рамазон рӯзи 20-уми март таҷлил мешавад. Тибқи қонун, рӯзи таҷлили иди Рамазон истироҳатӣ аст. Агар чунин иттифоқ афтад, сокинони Тоҷикистон аз 20 то 29-уми март истироҳат мекунанд ва аз рӯзи 30-юми март ба кор оғоз мекунанд.

Ҳамин тавр, рӯзҳои ғайрикорӣ барои сокинони кишвар дар моҳи март инҳоянд: 1, 7, 8, 9, 15, 20 (агар иди Рамазон ба ин рӯз рост ояд), 21, 22, 23, 24, 25, 26, 27, 28, 29.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта низ сокинони Тоҷикистон дар моҳи март 15 рӯз истироҳат доштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад

0

Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон, 219 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар ба Ватан баргаштаанд. Ҳамчунин, Тоҷикистон 115 шаҳрванди худро тариқи хатсайри чартерӣ аз шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба кишвар баргардонидааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба "Азия-Плюс" хабар додаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, 118 нафар тавассути марзи Туркманистон ва 101 тани дигар тариқи марзи Озарбойҷон аз Эрон берун шуда, ба Тоҷикистон омадаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ситоди доимоамалкунанда таъсис ёфта, намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Ховари Миёна вазифадор шудаанд, то тамоми маълумот дар бораи шаҳрвандони кишварро ҳамарӯза ба ин ситод пешниҳод кунанд.

Ду рӯз пеш Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфта буд, ки дар Эрон ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон қарор дошта, онҳо асосан барои тиҷорат ва табобату сайёҳат ба ин кишвар омада буданд. Ӯ гуфта буд, то он замон 200 кас дархости ба кишвар баргаштанро карданд.

 

Беш аз 100 шаҳрванд тариқи парвози чартерӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Аз ВКХ хабар доданд, шаби гузашта, 4 ба 5-уми март Тоҷикистон 115 шаҳрванди худро тариқи хатсайри чартерии ҳавопаймои “Сомон Эйр” аз шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба кишвар баргардонидааст.

Ин ниҳод, шоми дирӯз, 4-уми март эълон кард, ки ҳукумати кишвар барои баргардонидани шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ созмон медиҳад. Ин ниҳод изҳор дошт,  ки тибқи дастури ҳукумати ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” вазифадор шудааст, то дар ҳолати зарурӣ парвозҳои чартериро барои баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ноором, ба нақша гирад.

Вазорат илова кардааст, ки шаҳрвандоне, ки нияти ба Ватан баргаштанро тавассути ин парвозҳо доранд, метавонанд барои сабти ном ба Сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои дахлдор муроҷиат кунанд. Бо рақами телефони ширкати “Сомон Эйр” ва сафаорату консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Ховари Миёна дар ин пайванд шинос шавед.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон барои баргардони шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад

Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи ин кишвар ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна, вазъ дар минтақа вахим шуда, даҳҳо ширкати ҳавопаймои парвозҳои худро ё бекор карданд ва ё ба рузи номаълумр гузоштанд. Ин сабаб шуд, ки садҳо мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон натавонистанд ба кишварҳои худ баргарданд ва ҳоло дар меҳмонхонаҳо ва ё фурудугоҳҳои ин кишварҳо банд мондаанд.

Ҳоло маълум нест, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин минтақаҳо банд мондаанд ва талаби ба Тоҷикистон баргаштанро кардаанд.

Қаблан, ВКХ аз шаҳрвандон хоста буд, ки "то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ намоянд".

Ҳамчунин, ба шаҳрвандоне, ки айни ҳол дар давлатҳои Ховари Миёна қарор доранд, тавсияҳо дода буд, ки қоидаҳои амниятӣ ва дастурҳои мақомоти маҳаллиро қатъиян риоя намоянд, аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва минтақаҳои эҳтимолан хатарнок худдорӣ кунанд, ҳуҷҷатҳои шахсият ва воситаҳои алоқаи худро ҳамеша омода нигоҳ доранд.

Зимнан, дар пайи нооромиҳо дар Ховари Миёна, чанд рӯз пеш, “Сомон Эйр” эълон карда буд, ки маҷбур аст, аз сабаби маҳдудиятҳои фазои ҳавоӣ дар ин минтақа парвозҳои худро дар масири Душанбе-Теҳрон то 31-уми март боздорад.Аз ин пештар гуфта бд, ки парвозҳояшро дар масири Душанбе-Дубай то 6-уми март бозмедорад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст

0

Дар пайи як садами нақлиётӣ, ки рӯзи 2-юми март дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух додааст, се ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Варзоб ҷон бохтанд. Як тани дигар захмӣ шуда, дар беморхона бистарӣ шудааст. 

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) рӯзи 4-уми март хабар дода гуфтааст, Фурқат Хоҷаев, ронандаи автомашинаи “Lexus RX 350” “ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе дар рӯ ба рӯи бинои корхонаи “Сементи тоҷик” аз уҳдаи идораи мошин набаромада ба девори бетонии канори рости роҳ бархӯрдааст”.

Мақомот гуфтаанд, дар натиҷаи садама ронанда ва ду мусофири дигари ӯ Абдукарим Шарипов ва Нодир Раҷабов дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, як ҷавони дигар бо номи Шафиҷон Исматзода бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст.

ВКД гуфтааст дар робита ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. 

Навори садама ва маросими хоксупории ин ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, вокуниши зиёди корбаронро ба бор овардааст. Ба гуфтаи истифодабарандаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, ин ҷавонон барои ифтор ба Душанбе омада, дар роҳи баргашт ба садама дучор шудаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар пайи садамае дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 узви ду хонадон ҷон бохтаанд

Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Аз ҷумла, рӯзи 24-уми феврал дар пайи як садама дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, 5 узви ду хонавода ҷони худро аз даст доданд.

Тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта дар кишвар 1 ҳазору 373 садамаи нақлиётӣ сабт шуда, дар пайи он, 643 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин, дар ин ҳодисаҳо 1 ҳазору 542 тан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ин дар ҳолест, ки соли 2024-ум дар Тоҷикистон 1 ҳазору 233 сонеҳа рух дода, дар натиҷа 552 тан ҷон бохта буд. Соли 2023 бошад, мақомот аз марги 519 кас дар дар пайи 1 ҳазору 111 садама хабар дода буданд.

Мақомот дар бештари маврид ронандагонро айбдор мекунад, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми чилуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон

0

Ҷанг дар Эрон ҳатто агар он ба берун аз ҳудуди кишвар паҳн нашавад ҳам,  метавонад ба вазъ дар Осиёи Марказӣ таъсир расонад. Зеро Эрон шарики муҳими тиҷоратии минтақа, долони калидии нақлиётӣ ва бозигари сиёсӣ мебошад.

Чӣ гуна ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва зарбаи ҷавобии ин кишвар ба Исроил ва пойгоҳҳои ҳарбии Амрико дар кишварҳои Халиҷи Форс вобаста ва рушди минбаъдаи он метавонад ба Тоҷикистон таъсир гузорад. Талош кардем, ба ин масъала рӯшанӣ андозем.

 

Гузинаи №1: Низои маҳдуд

Агар муноқиша маҳдуд шаваду ба ҷанги минтақавӣ табдил наёбад, барои Осиёи Марказӣ таҳдидҳои мустақим надорад. Вале Тоҷикистон метавонад бо оқибатҳои ғайримустақим, бахусус паёмади макроиқтисодӣ рӯбарӯ шавад, ки асосан дар се самт ба назар мерасанд.

Самти энергетикӣ 

Тоҷикистон қариб пурра ба воридоти маҳсулоти нафтӣ вобаста аст, зеро дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсоли ин маҳсулот хеле ночиз аст. Ҳарчанд кишвар аз Эрон маҳсулоти нафтӣ ворид накунад ҳам, болоравии нархҳо дар ҷаҳон ба гароншавии сӯзишворӣ дар ҳамаи кишварҳои содиркунанда, аз ҷумла Русия, ки таҳвилгари асосии ин навъи маҳсулот ба Тоҷикистон аст, боис мегардад.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар соли 2025 ҳудуди 85%-и маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ба Тоҷикистон аз Русия оварда шудааст. Ҳаҷмҳои боқимонда аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Беларус ворид карда шудаанд.

Ҳарчанд пешгӯии нархҳо ба нафт метавонанд ба таври назаррас фарқият дошта бошанд, вале нархҳо дар ҷаҳон ба рӯйдодҳои ҷаҳонӣ хеле ҳассосанд ва гузашта аз ин, ҳудуди 20%-и “тиллои сиёҳ” ба бозори ҷаҳонӣ аз Халиҷи Форс ворид мегардад.

Тавре ки хабаргузории AP News иттилоъ медиҳад, пас аз шиддат гирифтани низоъ дар Ховари Миёна ва ҳамлаҳо назди гулӯгоҳи "Ҳурмуз", нархи нафти навъи "Brent" ба андозаи 8%  (то зиёда аз 8 доллар) ва "WTI"-и амрикоӣ – тақрибан 7,3% боло рафт. Зеро дар пайи ин ҳаводис бозорҳо аз бад шудани вазъи таҳвили нафти хом нигаронӣ доранд.

 

Нашрияи The Guardian менависад, ки бар асари хавфи баста шудани гулӯгоҳи "Ҳурмуз" таҳвили ҳудуди 20% аз нафти ҷаҳон халалдор мешавад, ки ин дар навбати худ, метавонад эҳтимоли болоравии нархҳо ва хавфҳои камбуд дар бозори ҷаҳониро дар пай дошта бошад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз лағви парвозҳо ба Теҳрон то гарон шудани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ. Охирин хабарҳои марбут ба Ховари Миёна

Таҳлилгарон огоҳ мекунанд, ки дар сурати баста шудани хатсайри калидии таҳвил, нархҳо метавонанд ба зиёда аз 100 доллар барои 1 баррел расанд.

Болоравии нархҳо ба маводи сӯзишворӣ (ҳомили энергия) ногузир ба афзоиши хароҷоти нақлиёт ва логистика оварда расонида, арзиши интиқоли маҳсулотро дар дохили Тоҷикистон зиёд мекунад.

Ғайр аз ин, ин омил ба болоравии нархҳо ба молу хидматрасонӣ боис мегардад, зеро хароҷот ба энергеика қисмати муҳими арзиши аслӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин ин фишори таваррум ба истеъмолгарон ва тиҷорат аст, ки метавонад қобилияти харидории аҳолиро паст кунад.

Илова бар ин, ин метавонад ба тақвияти касри савдои кишвар боис гардад, чунки ҳаҷми асъор ба пардохти воридоти маводи ҳомили энергия (сӯзишворӣ) зиёд мешавад.

 

Долони логистикӣ

Эрон занҷираи калидии самти ҷанубӣ ва долони “Шимол – Ҷануб” боқӣ мемонад, ки Тоҷикистон тариқи он қисмате аз молҳои воридотио гирифта, ба бандарҳои Халиҷи Форс дастрасии имконпазир пайдо мекунад.

Ҳатто бидуни тахриби зерсохтор, ташдиди бесуботӣ дар минтақа метавонад ба болоравии арзиши ҳамлу нақл ва муҳлати расонидани борҳо оварда расонад.

Ҳамчунин, метавонад зарурати дарёфти хатсайрҳо гузаштан аз ин омил ба миён ояд, ки барои таҳвилгарон хароҷоти иловагӣ талаб мекунад.

 

Ғайр аз ин, пайдошавии мушкилиҳо дар таҳвили молҳои бахусус муҳим, фишор ба нархҳо дар дохили кишвар, коҳиши пешгӯинашавандагии савдои хориҷӣ низ истисно нест.

 

Самти молиявӣ

Маъмулан вақте ки вазъият дар ҷаҳон ноором шуд, дар бозорҳои молиявӣ ноҷӯриҳо оғоз мешавад, сармоягузорон эҳтиёткор шуда, пулҳоро ба дороиҳои бештар боэътимод ва аксаран ба доллар мегузаронанд. Бо ҳамин сабаб доллар қавӣ шуда, асъори кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта, аз ҷумла сомонӣ, зери фишор қарор мегиранд.

Барои Тоҷикистон ин ба он маъно аст, ки сомонӣ метавонад заъиф шавад. Агар асъори миллӣ арзон шавад, молҳои воридоти гаронтар мешаванд. Чунки кишвар ба воридот сахт вобаста аст, ин ба нархҳо дар дохили кишвар бевосита таъсир мекунад.

Дар натиҷа, таваррум метавонад суръат гирад (болоравии нархҳо). Дар навбати аввал, сӯзишворӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввал гарон мешаванд. Дар ҳамин ҳол, даромади аҳолӣ маъмулан аз болоравии нархҳо қафо мемонад, аз ин рӯ, харидани молҳои маъмулӣ ба одамон душвортар шуда, қобилияти харидорӣ поин меравад.

Барои буҷети давлатӣ низ хавфҳо вуҷуд доранд. Қисмате аз қарзи хориҷии кишвар бо асъори хориҷӣ гирифта шудааст. Агар сомонӣ заиф шавад, пардохти ин қарз гаронтар мешавад. Ин сарборӣ ба буҷетро зиёд мекунад, бахусус агар ба давлат лозим ояд, ки пардохтҳои иҷтимоиро дастгирӣ намояд ва ба аҳолӣ кумак кунад. Ғайр аз ин, дар давраҳои бесуботӣ сармоягузорони хориҷӣ бештар эҳтиёткор мешаванд.

Онҳо метавонанд сармоягузорӣ ба иқтисоди кишварро ба таъхир гузоранд. Ин дар навбати худ, воридшавии сармояро суст мекунад.        

 

Гузинаи №2: Шиддатгирӣ ва ба ҷанг кашида шудани кишварҳои бузург

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эмомалӣ Раҳмон 47-умин солгарди Инқилоби исломии Эронро ба Масъуд Пизишкиён ва эрониён табрик гуфтааст

Агар даргириҳо дар Эрон тақвият ёфта, ҳарчи бештар кишварҳои бузург ба он кашида шаванд, оқибатҳо тибқи арзёбии коршиносон, метавонанд на танҳо низомӣ, балки иқтисодӣ низ шаванд.

Одатан ҳамааш мисли занҷираест: шиддатгирии вазъ ба осеби зерсохтор ва логистика, гароншавии нафту афзоиши хароҷот ба боркашонӣ – ба дувшор шудани ҳисоббаробариҳо ва он дар навбати худ, ба афзоши сарборӣ ба буҷети кишварҳои ҳамсоя боис мегардад.

Иқтисоди Тоҷикистон ба бозорҳои беруна, хатсайрҳои нақлиётӣ ва омилҳои молиявӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳама гуна бесуботӣ дар хориҷа хеле зуд дар дохили кишвар маълум мешавад: таъсир ба қурби асъори миллӣ, нарх ва татбиқи лоиҳаҳо.

Тибқи маълумот расмӣ, ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2025 ҳудуди 60% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки  иқтисод ба ташдиди вазъи беруна ва ноқисиҳо дар таҳвил ҳассос аст.

 

Осебпазирии логистикӣ

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қариб ним миллиард доллар гардиши мол. Эрон ба панҷгонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил шуд

Гулӯгоҳ ё худ тангаии "Ҳурмуз" яке аз занҷираҳои калидии савдои захираҳои энергетикӣ буда, тариқи он ҳудуди аз панҷ як ҳиссаи таҳвили нафт дар ҷаҳон ва ҳиссаи назарраси савдои баҳрии газ мегузарад.

Пурра баста шудани хатсайр сенарияи охир ё худ ноилоҷӣ аст, лекин барои бозорҳо маҳдудиятҳои ҳатто қисман, аз ҷумла болоравии имтиёзҳои суғуртавӣ, дароз шудани хатсайрҳо ва болоравии таърифаҳо (тарифҳо) ба нақлиёт кофист.

Барои Тоҷикистон, ки роҳи баромад ба баҳр надорад ва ба долонҳои транзитӣ тариқи кишварҳои ҳамсоя вобаста аст, чунин тағйирот маънои ба таври худкор гароншавии воридотро дорад. Дар ҳоле, ки ҳаҷми савдои хориҷӣ ба 60%-и ММД баробар аст, ҳама гуна душвориҳои логистикӣ хеле зуд ба таъсир дар дохил – аз болоравии нархҳо то фишор ба қурби асъор табдил меёбанд.

Бахусус воридоти сӯзишворӣ, таҷҳизоти саноатӣ ва масолеҳи сохтмон осебпазиранд. Гароншавии онҳо ба арзиши аслии лоиҳаҳо ва нархҳои истеъмолӣ дар дхили кишвар бевосита таъсир мерасонанд.

 

Хавфи тиҷоратӣ

Савдо байни Тоҷикистон ва Эрон тайи панҷ сол фаъолона ривоҷ меёбад. Ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо аз 377,7 млн доллар дар соли 2024 то ба тақрибан 484 млн доллар дар соли 2025 (28,1%) афзуд. Содирот аз Тоҷикистон ҳудуди 113 млн доллар ва воридот аз Эрон – зиёда аз 371 млн долларро ташкил дод. Ҳиссаи Эрон дар гардиши моли хориҷии Тоҷикистон 4,5%-ро ташкил медиҳад.

Содироти Тоҷикистон ба Эрон асосан ба маҳсулоти ашёи хом: нахи пахта, калобаи пахтагин, алюминии аввалия ва дигар ашёи хом рост меояд.

Аз Эрон аксаран маҳсулоти нафту кимиё, масолеҳи сохтмон, ғизо, полимерҳо бо шумули полиэтилени навъҳои гуногун, инчунин портландсемент ва клинкер ворид мешавад.

 

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки дар сурати ташаннуҷи вазъият дар атрофи Эрон, хавфҳо якбора дар якчанд самт, аз ҷумла душвор шудани ҳисоббаробариҳои бонкӣ, тақвияти назорати транзаксияҳо, эҳтимоли хавфҳои дуюмдараҷаи таҳримотӣ барои шарикон ва гароншавии логистика зиёд мешаванд.

Ҳатто бидуни расман сангинтар кардани реҷаи таҳримотӣ, тиҷорат метавонад бо самараи “худмаҳдудият” дучор шавад: бонкҳо ва паймонкорон самтҳои хавфнокро то ҳадди камтарин поин бурда, дар натиҷа савдо метавонад на аз манъкуниҳо, балки номуайянии баланд осеб бинад.

 

Оқибатҳои иқтисодӣ

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Соли гузашта тиҷорат байни Тоҷикистону Эрон 28% афзудааст

Агар нархҳои ҷаҳонӣ ба нафт ба таври назаррас боло раванд, Тоҷикистон бо болоравии нархҳо дар дохили кишвар дучор мешавад. Ин фишор ба сомонӣ ва буҷетро тақвият медиҳад.

Хавфи ғайримустақим ҳам вуҷуд дорад: агар бар асари муноқиша рушди иқтисоди Русия, Чин ё дигар шарикон суст шавад, ин ба Тоҷикистон тариқи савдо, сармоягузорӣ ва интиқоли маблағ таъсир мерасонад.

Ба ин тариқ, ҳатто агар Осиёи Марказӣ бевосита ба низоъ ҷалб нашавад ҳам, оқибатҳо метавонанд тавассути афзоиши хароҷот, мушкилот бо ҳисоббаробариҳо ва бесуботии бозорҳо эҳсос шаванд.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки бесуботӣ атрофи Эрон ҳатман ба буҳрони  фаврӣ боис намешаванд. Лекин он хавфҳоро барои иқтисоди Тоҷикистон, ки ба ҷаҳони беруна зич марбут аст, баланд мебардорад. Ва маҳз ҳамин вобастагӣ муноқишаи аз мо дурро ба омили бесуботии дохилии иқтисодӣ табдил медиҳад.

 

Гузинаи №3: Бесуботӣ дар дохили Эрон

Гузинаи нигаронкунанда бесуботӣ ё ҷанг дар дохили Эрон дониста мешавад, ки ба буҳрони амиқ дар дохили Эрон оварда мерасонад: заъиф шудани ҳукумати марказӣ, буҳрони иқтисодӣ, тақвияти рӯҳияи эътирозӣ ва ҳатто порашавии низоми сиёсӣ. Дар ин ҳолат оқибатҳо метавонанд на танҳо иқтисодӣ шаванд, балки хусусиятҳои дарозмуҳлати сиёсати ҷаҳониро касб кунанд.

Дар ин сурат, барои Тоҷикистон ин сенария маънои на танҳо хавфи мустақим, балки як силсила хавфҳои ғайримустақимро дошта метавонад.

 

Занҷираҳои муҳоҷират тавассути Афғонистон

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон ва Эрон раводидро барои ронандагони якдигар бекор мекунанд

Ҳарчанд Тоҷикистон бо Эрон ҳаммарз набошад ҳам, дар сурати бесуботии хеле шадид дар Эрон, қисмате аз аҳолӣ метавонад ба Афғонистон раҳсипор шавад. Ин дар навбати худ метавонад мавҷи нави муҳоҷиратро аллакай аз худи Афғонистон ба сарҳадҳои шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба бор орад. Барои Душанбе ин маънои сарбории иловагӣ ба ҳифзи сарҳад ва низоми таъмини амниятро дорад.

Эрон дар умури Афғонистон нақши муҳим дошта, шарики тиҷоратӣ ва миёнарави сиёсии ин кишвар аст. Заъиф шудани он метавонад тавозуни қувваҳо дар музофтоҳои ғарб ва шимоли Афғонистонро тағйир дода, рақобатпазирии бозингарони минтақавӣ ва фаъолмандии гурӯҳҳои тундагароро тақвият диҳад.

Барои Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи душвори тӯлонӣ дорад, чунин тағйирот мустақиман ба масоили амнияти миллӣ дахл доранд.

 

Поинравии фаъолмандии сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Муҳлати истифодаи НБО “Сангтӯда-2” аз сӯйи Эрон 6 соли дигар тамдид шуд

Эрон дар амалисозии як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар ташаббусҳои марбут ба зерсохтор ва энергетика иштирок мекунад.

Эрон дар дарёи “Вахш” нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”-ро бо иқтидори 220 МВт сохт. Сармоягузорони эронӣ барои татбиқи ин лоиҳа 180 млн доллар маблағгузорӣ карданд.

Бо иштироки ин кишвар анҷоми корҳои нотамоми нақби “Истиқлол” ҷараён доранд. Барои сохтмони он Эрон 31,2 млн доллар (21,2 млн доллар қарз ва 10 млн доллар грант) пешниҳод намуд.

Эрон ба соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёт ва савдои иқтисоди Тоҷикистон низ сармоягузорӣ кард. Бино ба маълумот расмӣ, ҳаҷми умумии сармоягузории Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон тӯли солҳои 2007-2025 ҳудуди 350 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар шароити буҳрони дохилӣ, Эрон метавонад ба муҳлати номуайян татбиқи ин лоиҳаҳоро боздорад. Ғайр аз ин, душвориҳо дар савдо, коҳиши хатсайрҳои логистикӣ тариқи қаламрави Эрон ва камшавии таваҷҷуҳи тоҷирони Эрон ба ташаббусҳои нав аз эҳтимол дур нест.

 

Заъифшавии ташаббусҳо дар соҳаи нақлиёт ва транзит

Эрон барои Тоҷикистон яке аз кишварҳои калидии роҳ ёфтан ба бандарҳои баҳрии Халиҷи Форс маҳсуб меёбад.

Тоҷикистон ҳамлу нақли транзитиро (баъзан бар асоси имтиёзҳо) тариқи Эрон ба/аз Ховари Миёна ва Аврупо, инчунин дигар минтақаҳои ҷаҳон (тариқи бандари баҳрии Бандар-Аббос)-и Эрон анҷом медиҳад.

Бесуботии дарозмуҳлат метавонад ба душвории рушди долонҳои нақлиётии ҷанубӣ, афзоиши хароҷоти транзит ва тақвияти вобастагии Душанбе ба хатсайрҳои ҷойгузин тавассути дигар кишварҳо боис гардад.

 

Чаро Тоҷикистон наметавонад дар канор бошад?

Иқтисоди Тоҷикистон бо ҷаҳони беруна, дар навбати аввал тариқи муҳоҷирати корӣ, савдои хориҷӣ ва вобастагӣ ба захираҳои энергетикӣ ва сӯзишворӣ робитаи зич дорад.

Ҳатто агар низоъҳои байнулмилалӣ мустақиман ба кишвар дахл надошта бошанд ҳам, оқибатҳои онҳо хоҳ нохоҳ эҳсос мешаванд. Онҳо метавонанд ба ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон, нархҳо ба сӯзишворӣ ва хӯрокворӣ, қурби асъори миллӣ, сатҳи таваррум ва фаъолмандии сармоягузорӣ таъсир расонанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
"Сомон Эйр" парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе–Дубай муваққатан боздошт

Иқтисоди Тоҷикистон бар асари вобастагии зиёд ба омилҳои беруна ва бозори начандон бузурги дохилӣ, осебпазир боқӣ мемонад. Ин маънои онро дорад, ки ҳама гуна буҳронҳои беруна (иқтисодӣ ва молиявӣ, сиёсӣ ва ҳарбӣ) тезтар дар даромади аҳолӣ ва муҳити тиҷоратӣ таҷассум ёбанд.

Барои нарму сабуксозии оқибатҳои эҳтимолӣ, мутахассисон гуногунсамт сохтани хатсайрҳои нақлиётӣ, таҳкими мустақилияи энергетикӣ ва густариши самтҳои савдои хориҷиро пешниҳод мекунанд.

Донистан муҳим аст, ки ин ҷо на сари фалокат ё фоҷеае, балки санҷиши устуворӣ  сухан меравад. То кадом андоза ҷиддӣ будани оқибатҳо ба давомнокии муҳлати бесуботӣ, нархҳо ба нафт ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, инчунин ҳолати худи иқтисод – сатҳи захираҳо, вазъи буҷет ва сиёсати Бонки миллӣ вобаста аст.

Агар вазъият зуд ба эътидол ояд, таъсир муътадил ва идоракунанда мешавад. Лекин агар бесуботӣ тӯл кашад, фишор ба асъор, буҷет ва даромади аҳолӣ метавонад ба таври назаррас афзоиш ёбад ва таҳдиди ҷиддии иқтисодӣ барои кишвар шавад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 марти соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Сафорати Эрон дар Душанбе барои ҳамдардӣ дар робита ба кушта шудани Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон ва ҷамъе аз мақомдорону шаҳрвандони ин кишвар "Дафтари ёдбуд" боз мешавад. Маросим аз соати 9:30 то 16:30 дар бинои Сафорати Эрон дар Душанбе баргузор мешавад.Дар ин рӯз хоҳишмандон метавонанд ба Сафорати Эрон рафта, ба мардуми ин кишвар расман изҳори ҳамдардӣ ва онро дар "Дафтари ёдбуд" сабт кунанд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1959 – Аввалини анҷумани рӯзноманигорони Тоҷикистон баргузор шуд.

Соли 2014 – Дар Тоҷикистон додани шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳои воситаҳои нақлиёти механикӣ оғоз гардид.

Соли 2015 – Фармони Президенти  Тоҷикистон  “Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум” нашр шуд.

Соли 2018 – Дар Тоҷикистон Шурои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ таъсис дода шуд.

Соли 2019 – Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардид.

Соли 2020 – Дар брифинги матбуотӣ, Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки дар кишвар ягон ҳолати сирояти коронавирус сабт нашудааст ва ин ниҳод аз мардум даъват кард, ки ба таҳлука наафтанд. Бо вуҷуди ин, аҳолӣ дар пайи воҳимаи COVID-19 ба харидории маводи ғизоии зиёд шурӯъ карданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1870 – Мавлуди Бобоюнус Худойдодзода, шоири тоҷик.

Соли 1884 – Зодрӯзи Евгений Павловский, олими зоолог, асосгузори илми зоология дар Тоҷикистон.

Павловский Евгений Академики ифтихории Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва асосгузори Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистону Шӯравӣ аст.

Ӯ доктори илми тиб ва биология буда, мудири бахши паразитологияи шуъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС ва директори Институти зоологияи АИ ИҶШС будааст.

Соли 1927 – Мавлуди Нӯъмон Неъматов, таърихшиноси тоҷик, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Нӯъмон Неъматов муаллиф ва муҳаррири нахустин китоби дарсӣ барои мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо номи “Таърихи халқи тоҷик” аст, ки бо таҷдиди назар ва тибқи талаботи меъёрҳои мактабҳои олии муосир навишта шудааст.

Тадқиқоти ин таърихшинос ба масъалаҳои археологияи бостон ва асрҳои миёнаи сарзамини Тоҷикистон, таърихи маданияти халқи тоҷик ва Осиёи Марказӣ бахшида шудаанд.

Неъматов аввалин муҳаққиқи давлати бостонии Уструшана буда, таҳти роҳбарии ӯ ҳафриёти шаҳри Бунҷикат (Шаҳристони имрӯза), ёдгориҳои атрофи он, харобаҳои дигар шаҳрҳои Уструшана ошкор карда шудаанд. 

Ӯ солҳо дар Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистони шӯравӣ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ фаъолият карда муддате роҳбарии Мамнунгоҳи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Ҳисор ва Маркази илмӣ-таҳқиқоти гуманитарии ЮНЕСКО дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба уҳда доштааст. 

Соли 1930 – Мавлуди Раҳим Маҷидов, файласуф, доктори илми фалсафа.

Соли 1930 – Зодрӯзи Ғаффор Ашӯров, файласуфи тоҷик.

Соли 1939 – Мавлуди Убайд Зубайдов, ходими ҷамъиятӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор.

Соли 1940 – Зодрӯзи Карим Қодиров, таърихшиноси тоҷик.

Соли 1958 – Зодрӯзи Саидвализода Раҷабалӣ, меъмор, собиқ директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон.

Ӯ солҳои гуногун ба унвони муҳандис кор карда, соли 2006 пас аз муҳоҷирати дусола дар Русия, ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба кор мепардозад ва аз соли 2017 раиси ин ниҳод буд.

Раҷабалӣ Саидвализода моҳи июни соли 2021 дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1958 – Зодрӯзи Аброр Мирсаидов, иқтисоддони тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ.

Соли 1960– Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) 65-сола шуд.

Нуриддин Қаршибоев ба унвони яке аз мудофеони сарсахти ҳуқуқи рӯзноманигорони тоҷик ва озодии баён дар Тоҷикистон шинохта шудааст.  Махсусан дар чанд соли охир, ки фишор болои рӯзноманигорон бештар шуда, чандин журналисти тоҷик паси ҳамдигар зиндонӣ шуданд, фаъолияти АМВАОМТ дар самти дифоъ аз озодии сухан ва ҳуқуқи журналистон бисёр назаррас аст. Ҳар куҷое болои журналисте фишоре эҳсос мешавад, ҳар куҷое хавфу хатаре барои ба ҳампешагон ба назар мерасад, Анҷуман аз пайи ҳимояи манфиатҳои ӯст.

Ӯ хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови Маскав аст. Ҳамкории худро аз нашрияи маҳалли “Шӯҳрати Ашт” ва баъдан рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” оғоз кардааст.

Дар "Тоҷикистони советӣ" ҳамчун хабарнигор, мудири шӯъба ва муовини сардабир кор кардаву баъдан муовини директори хабаргузории "Ховар" кор мекунад. Соли 1998 хабаргузории мустақили "Интер-пресс-сервис"- ро таъсис дод. Аз ибтидои таъсисёбии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ, бо забони русӣ НАНСМИТ) аз соли 1999 роҳбарии онро ба зимма дорад.

Соли 2014 раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон ҳам интихоб шуд ва як муддат дар ин вазифаи ҷамъиятӣ низ кор кардааст.

Дар бораи роҳи тайкарда ва пур аз шебу фарози 25 соли фаъолияти АМВАОМТ дар ин маводи "Азия-Плюс" хонед: Таҳкими озодии баён ва дифоъ аз журналистон. 25 соли роҳи пур аз шебу фарози АМВАОМТ

Соли 1971 – Мавлуди Аслиддин Ҳабибуллоев, футболбоз (дарвозабон) ва мураббии тоҷик.

Аслиддин Ҳабибуллоев дар Тоҷикистон ҳамчун дарвозабони моҳир маъруф аст. Ӯ, бахусус, баъди бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Баҳрайн дар доираи мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2006 машҳур шуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 0:0 ба охир расид. Ӯ ду бор дар нимаи аввали дидор тӯби аз ҷаримаи 11-метрӣ задаи бозигарони Баҳрайнро баргардонд.

Аслиддин Ҳабибуллоев соли 2003 беҳтарин футболбози Тоҷикистон эътироф шудааст. Вай солҳои зиёд сардори дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд. Ҳабибуллоев дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии кишвар соли 2006 барандаи Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шудааст.

Ӯ ҳамчун дарвозабон низ таҷрибаи ғанӣ дошта, солҳои мухталиф дар бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе, инчунин дар дастаҳои мунтахаби наврасон, ҷавонон ва миллии Тоҷикистон ҳамчун мураббии дарвозабонҳо кор кардааст.

Соли 1975 – Зодрӯзи Сироҷиддини Эмомалӣ, доктори илмҳои филология, декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Сироҷиддини Эмомалӣ даҳ сол инҷониб декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Ӯ худ хатмкардаи ҳамин факулта буда, дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолият пардохтааст. Ӯ солҳои 2001-2005 ҷонишини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба тарбия, солҳои 2005-2009 ҷонишини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим ва солҳои 2008-2013 мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ин донишгоҳ буд.

Номбурда муддати кутоҳе ҳамчун директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума ва сипас сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси ДМТ кор карда, 26-уми марти соли 2016 декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шуд ва то имрӯз дар ин вазифа фаъолият дорад.

Сироҷиддини Эмомалӣ дар ин баробар ба эҷод низ машғул буда, дар бораи осору эҷоди Сотим Улуғзода таҳқиқот анҷом дода, китобҳо мунташир кардааст, ки “Нақши Восеъ дар адабиёти бадеӣ”, “Аз таърихи эҷоди романи “Восеъ”-и Сотим Улуғзода”, “Восеънома”, “Сотим Улуғзода ва тасвири шӯриши Восеъ дар адабиёти тоҷик”, “Таърихи эҷоди қиссаи “Ривояти суғдӣ”-и Сотим Улуғзода”, “Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ” аз ин қабиланд.

Ҳамчунин ӯ беш аз 100 мақолаи илмӣ ва васоиту дастурҳои таълимӣ таълиф кардааст.

Соли 1976 – Мавлуди Бибиосия Аюбӣ, вакили парлумони Тоҷикистон.

Ӯ дар интихоботи парлумонии соли 2025  низ аз ҳавзаи якмандатии Абдураҳмони Ҷомӣ 28 вориди парлумон шуд. 

Хатмкардаи шуъбаи арабии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон бо ихтисоси шарқшинос (забони арабӣ) ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия бо ихтисоси сиёсатшинос мебошад. 

Солҳои 2003-2010 муовини раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, 2010-2014 муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти  Тоҷикистон, 2014-2022  муовини директори Агентии хизмати давлатии  Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2022 то феврали соли 2024 директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Моҳи феврали 2024  вакили парлумон интихоб шуд.

Соли 2006 – Абдуллоҳи Назрӣ, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шуравӣ дар 75-солагӣ даргузашт.

Соли 2015 –Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гурӯҳи 24” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст) дар Истанбул кушта шуд.

Соли 2022  – Рӯзӣ Аҳмад, фолклоршиноси маъруфи тоҷик, пажӯҳишгари расму ойинҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон дар 86-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

5 марти соли 1970 татбиқи шартномаи манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ ба иҷро даромад. Ин созишномаи байналмилалӣ бо ҳадафи маҳдуд кардани шумораи кишварҳои дорои силоҳи ҳастаӣ ва таъмини назорати байналмилалӣ таҳия шудааст.

Шартнома кишварҳоро уҳдадор месозад, ки силоҳи ҳастаиро паҳн накунанд, онро насозанд ва дар ихтиёри дигарон нагузоранд. Ба ин шартнома зиёда аз 170 кишвар ҳамроҳ шудаанд, аммо Исроил, Ҳиндустон, Покистон, Кореяи Шимолӣ ва Судони Ҷанубӣ узви он нестанд.

5 марти 1914 киностудияи “Ленфилм” таъсис ёфтааст. Аввал киностудия номи “Кумитаи кинематографияи Петроград”-ро дошт ва аз соли 1934 расман бо номи “Ленфилм” фаъолият мекунад.

Дар маҷмӯъ, дар “Ленфилм” тақрибан ду ҳазор филми бадеӣ, ҳуҷҷатӣ ва телевизионӣ таҳия шудаанд, ки  ҷоизаҳои гуногун ва мукофотҳои бисёр ҷашнвораҳои байналмилалиро гирифтаанд.

Имрӯз “Ленфилм” қадимтарин киностудияи Русия буда, ҳамасола даҳҳо филмҳои бадеии пурра таҳия мекунад. Илова бар филмҳои бадеӣ, дар ин ҷо сериалҳои телевизионӣ, видеоклипҳо, эълонҳои таблиғотӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ низ сабт мешаванд.

5 март ҳамчун Рӯзи ихтирои “степлер” таҷлил мешавад. Соли 1866 ихтироъкори амрикоӣ Ҷорҷ МакГилл намунаи аввалини “степлер”-ро сохт, ва як сол баъд – 5 марти 1867 ин дастгоҳи махсусро, ки барои пайваст кардани варақҳои коғаз истифода мешавад, патент кард.

Ҳамчунин, имрӯз Рӯзи хомӯш кардани гадҷетҳо мебошад. Таҷлили ин рӯз дар ИМА пайдо шуда, дар муддати кӯтоҳ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон паҳн гардидааст.

Дар ин рӯз одамоне, ки ин ҷашнро таҷлил мекунанд, телефон, планшет, ноутбук ва дигар гадҷетҳои саргармкунандаи худро барои муддате хомӯш мекунанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8 гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 10+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 3+8º гарм, дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 3+5º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 4 ба 5-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистон барои баргардони шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати кишвар барои баргардонидани шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ созмон медиҳад.  

Ин ниҳод шоми имрӯз, 4-уми март бо нашри як иттилоия гуфт,  ки “тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” муваззаф гаштааст, то дар ҳолати зарурӣ парвозҳои чартериро барои баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ноором, ба нақша гирад”.

ВКХ гуфтааст, шаҳрвандоне, ки нияти ба Ватан баргаштанро тавассути ин парвозҳо доранд, метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва сабти ном ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои дахлдор муроҷиат кунанд.

Дар идома ин ниҳод, рақамҳои телефони ширкати “Сомон Эйр” ва намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистонро нашр кардааст:

Маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"

+992446404049

+992446404050

+992937777459 (WhatsApp)

+992901115022 (WhatsApp)

+992901032000 (WhatsApp)

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ва посухи Эрон. Шаби гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?

Мобилӣ: +989363253147

WhatsApp: +992918818889

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Подшоҳии Баҳрайн

Тел: (+966 11) 5120333

WhatsApp: +966563417592

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ

Тел: +(971)24417950

WhatsApp: +971581531574

 

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай

Тел: +(971)43945814

WhatsApp: +971585081221

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва Салтанати Умон

Тел: (+965) 25329896

WhatsApp: +96565762307

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар

Тел: +974 44 12 39 06

WhatsApp: +97439902438

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Тел: +99391827271

WhatsApp: +9269738322

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Тел: +994513484032

WhatsApp: +994 51 348 40 32

Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи ин кишвар ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна, вазъ дар минтақа вахим шуда, даҳҳо ширкати ҳавопаймои парвозҳои худро ё бекор карданд ва ё ба рузи номаълумр гузоштанд. Ин сабаб шуд, ки садҳо мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон натавонистанд ба кишварҳои худ баргарданд ва ҳоло дар меҳмонхонаҳо ва ё фурудугоҳҳои ин кишварҳо банд мондаанд.

Ҳоло маълум нест, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин минтақаҳо банд мондаанд ва талаби ба Тоҷикистон баргаштанро кардаанд Қаблан, Сафорати Тоҷикистон дар Эрон гуфта буд, ки 200 кас барои баргаштан ба Тоҷикистон дархост доданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз тавсияи ВКХ барои тоҷикистониҳо то омори кушташудаҳо дар Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон

Ин ниҳоди дипломатӣ афзуда буд, ки дар пайи ҳаводиси охир касе осеб надидааст ва кӯшиш доранд, шаҳрвандони кишварро тариқи гузаргоҳи Озарбойҷон аз Эрон берун оваранд. Рӯзи 1-уми март 13 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи марзии “Астара” Эронро тарк карда, ба Озарбойҷон ворид шудаанд. 

Қаблан, ВКХ аз шаҳрвандон хоста буд, ки "то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ намоянд".

Ҳамчунин, ба шаҳрвандоне, ки айни ҳол дар давлатҳои Ховари Миёна қарор доранд, тавсияҳо дода буд, ки қоидаҳои амниятӣ ва дастурҳои мақомоти маҳаллиро қатъиян риоя намоянд, аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва минтақаҳои эҳтимолан хатарнок худдорӣ кунанд, ҳуҷҷатҳои шахсият ва воситаҳои алоқаи худро ҳамеша омода нигоҳ доранд.

Зимнан, дар пайи нооромиҳо дар Ховари Миёна, чанд рӯз пеш, “Сомон Эйр” эълон карда буд, ки маҷбур аст, аз сабаби маҳдудиятҳои фазои ҳавоӣ дар ин минтақа парвозҳои худро дар масири Душанбе-Теҳрон то 31-уми март боздорад.Аз ин пештар гуфта бд, ки парвозҳояшро дар масири Душанбе-Дубай то 6-уми март бозмедаорад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.