Home Blog Page 21

Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон 20-уми март фаро мерасад

0

Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20-уми март, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад. Дар ин бора Анвар Бӯризода, директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳо хабар дода, гуфт, ки дар таърихи мо номи ин ҳодисаро “таҳвили сол” меномиданд.

“Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд”, – изҳор дошт ӯ.

Бӯризода бо пешниҳоди акси поин ба "Азия-Плюс" гуфт, ки он “тавассути барномаи Stellarium сохта ва дар он мавқеи Офтоб ба ҳолати лаҳзаи фарорасии Наврӯз нишон дода шудааст. Дар акс дида мешавад, ки Офтоб дар нуқтаи эътидол ва нуқтаи буриши хати истивои осмон ва доират-у-лбуруҷ қарор дорад”.

Ҳоло дар кишвар моҳи Рамазон идома дорад, ки то 20-уми март давом мекунад. Маъмулан баъди тамом шудани ин моҳ, Иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад, ки имсол ба 21-уми март рост меояд.  

Бояд гуфт, соли 2025 дар Тоҷикистон Наврӯз 20-уми март, соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро расида буд.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик буда, ҳамасола дар Тоҷикистон ва кишварҳои зиёди дигар, аз ҷумла Эрон, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба таври густурда таҷлил мешавад. Ба ифтихори он дар ҳама шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо иштироки сокинону мансабдорон чарабиниҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор мешавад.

Бо вуҷуди он ки Наврӯз ҳар сол дар вақтҳои гуногун-асосан аз 19 то 21-уми март фаро мерасад, он дар кишвар расман рӯзи 21-уми март ҷашн гирифта мешавад ва таҷлили он чандин рӯз давом мекунад. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд

Бодя гуфт, ки Наврӯз илмитарин, дақиқтарин ва мардумитарин ҷашни мардуми тоҷик , ки аз замони пайдоиш то кунун дар қолаби ҳеч идеологияе, аз ҷумла ғояҳои диниву сиёсӣ нагунҷид. Ин ҷашни навшавии ҳаёти табиӣ аз рӯйи гардиши нуҷумӣ аст ва баёнгари он аст, ки ниёгони мо аз оғози таърих мардумони мутамаддин ва илмдоре буданд, ки илмитарин ҷашни дунёро асос гузоштанд.

Ҷашни наврӯз анъанаву русуми худро дошта, мувофиқи ривоятҳо таърихи аз се то шашҳазорсола дорад. Он нахустин рӯзи солшумории офтобӣ, ҷашни сари сол ва Соли нави мардуми эронитабор аст. Дар қадим он дар рӯзи якуми Фарвардинмоҳ, ки ба 20-21 март мувофиқ меояд, таҷлил мегардид. Худи Наврӯз баробарии шабу рӯзи баҳорӣ буда, ифодагари оғози баҳор ва кишту кор аст.

Ин ҷашн ба Мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО дохил шудааст. Дар моҳи феврали соли 2010, бо ташаббуси Тоҷикистон, иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии СММ 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард.

Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шуд ва чӣ тавр то имрӯз миёни мардум зинда мондааст, дар ин маводи мо бинед: Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 38

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми сию ҳаштуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе–Дубай муваққатан боздошт

0

Дар пайи нооромиҳо дар Ховари Миёна, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" эълом кард, ки парвозҳояш дар масири Душанбе–Дубай–Душанберо то 6 марти соли 2026 боздоштааст.

Ин ширкат рӯзи 2-юми март гуфтааст, ки ин тасмимро ба дар пайи маҳдудияти ҷоришуда барои истифода аз ҳарими ҳавоӣ дар Ховари Миёна гирифтааст.

"Сомон Эйр" ба мусофироне, ки дар давраи зикршуда билет доранд, тавсия додааст, ки аз қабл вазъи парвозҳоро дар сомонаи расмии ин ширкат санҷанд ва барои дарёфти иттилои бештар тариқи рақамҳои зерин бо масъулини ширкат тамос гиранд:

+992 44 640 40 49,

+992 44 640 40 50,

WhatsApp: +992 93 777 74 59.

Қаблан, дар рӯзи якуми ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон як манбаъ аз бахши ҳавонавардии кишвар ба "Азия-Плюс" хабар дода буд, ки дар пайи бастани ҳарими ҳавоии Эрон, ҳамаи парвозҳо ба ин кишвар лағв шудаааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, як ҳавопаймо, ки аз Душанбе ба Дубай парвоз мекард, дар пайи ин ҳаводис ва маҳдуд шудани фазои ҳавоии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз марзи Туркманистон аз роҳ баргашт ва тавассути Покистон дубора ба Душанбе омад..

Шаби гузашта, тибқи гузоришҳои расонаҳо, аввалин ҳавопаймои мусофирбар аз фурудгоҳи байналмилалии Дубай пас аз оғози ҷанг дар Ховари Миёна ба самти Самарқанд парвоз кард.

Дар пайи ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон ва ҳамлаи ҷавобии Ҷумҳурии Исломӣ ба пойгоҳҳои Амрико дар минтақа, ҳазорон мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи кишварҳои Халиҷи Форс, аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Араб дармондаанд. Ҳамлаҳои ҳавоии ду тараф аз 28-уми феврал инҷониб идома дорад. Дар ин замина, ширкатҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ парвозҳоро ба ин кишварҳо ва аз онҳо лағв ё ба вақти дигар мегузаронанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як баёния ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки "то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои ин минтақа худдорӣ намоянд".

Ин ниҳод ба шаҳрвандоне, ки айни ҳол дар давлатҳои Ховари Миёна қарор доранд, чунин тавсияҳо додааст:

– қоидаҳои амниятӣ ва дастурҳои мақомоти маҳаллиро қатъиян риоя намоянд;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз тавсияи ВКХ барои тоҷикистониҳо то омори кушташудаҳо дар Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон

– аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва минтақаҳои эҳтимолан хатарнок худдорӣ кунанд;

– ҳуҷҷатҳои шахсият ва воситаҳои алоқаи худро ҳамеша омода нигоҳ доранд;

 – пайваста аз ахбори расмӣ ва иттилооти намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.

"Дар ҳолати ба миён омадани вазъияти фавқулода ё зарурати дарёфти кумак, шаҳрвандон метавонанд ба намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд", – гуфтааст ин ниҳод ва дар идома телефонҳо барои тамос дар сафорату консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Ховари Миёнаро нашр кардааст, ки дар ин пайванд бо онҳо метавонед шинос шавед.

Қаблан, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфт, ки дар пайи ҷанг ҳеҷ шаҳрванди кишвар дар Эрон осеб надида, беш аз 200 тан ба Сафорат барои берун рафтан аз ин кишвар дархост додаанд.

“Мо рӯйхати заруриро омода кардем ва ба воситаи сафоратҳои Туркманистон ва Озарбойҷон дар Эрон ҳамоҳангиҳоро анҷом додем…Мо кӯшиш мекунем, ки ҳамаи онҳо дар фурсатҳои наздик ба ватан баргарданд”, – гуфтааст ӯ рӯзи 2-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи сафир ҳоло дар Эрон 300 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки бо мақсади тиҷорату табобат ва саёҳат рафтаанд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 28-уми феврали соли 2026 Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳоротҳои худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло ҳамлаҳои тарафҳо идома доранд. Вазъият печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 марти соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1938 – Ҳукумати Тоҷикистон аввалин нақшаи генералии сохтмони шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе)-ро тасдиқ кард.

Соли 1992 – Байни Тоҷикистон ва Фаронса муносибати дипломатӣ барқарор гардид.

Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон фармони ба номи Имоми Аъзам гузоштани Донишкадаи исломии Тоҷикистонро имзо кард

Соли 2010 – Дар ноҳияи Ёвон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба фаъолият оғоз намуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта истеҳсол кунад.

Соли 2011 – Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон “Кодекси одоби касбии кормандони милитсия”-ро тасдиқ кард.

Соли 2016 – Дар Тоҷикистон гузоштани номҳои таҳқиромез ба кӯдакони тоҷик, издивоҷ байни хешовандон, бастани ақди никоҳ бе муоинаи тиббӣ манъ карда шуд.

Соли 2016 – Як деҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шарафи президент Раҳмонобод номгузорӣ шуд.

Соли 2019 – Дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузаргоҳи нави “Боботоғ” боз шуд, ки шаҳри Ҳисори Тоҷикистонро бо ноҳияи Узуни Ӯзбекистон пайваст мекунад.

Соли 2020 – Сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон эълом кард, ки Ҳусейн Абдумасадов, ташкилкунандаи ҳамлаи мусаллаҳона ба велотуристон дар Данғара, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда буд, дар зиндон вафот кард.

Соли 2021 – Тоҷикистон бо давлатҳои Тринидад ва Тобаго муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.

Соли 2022 – Душанбе ва Боку муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор карданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1896 – Мавлуди Акашариф Ҷӯраев, овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Акашариф Ҷӯраев солҳои 1925-1935 мудири “Чойхонаи сурх”-и Ғарм буд ва ҳамчун ҳофизи хушсалиқа машҳур гардид. Соли 1935 ӯро ба радиои пойтахт ҳамчун ҳофиз ба кор даъват намуданд. Дар ин ҷо санъати ӯ рушд кард ва яке аз давомдиҳандаи анъанаҳои мусиқии халқии тоҷик гардид.

Ӯ ҳамчунин яке аз сарояндагони маъруфи “Шашмақом” буд. Таронаҳои “Қалъабандӣ”, “Ҷони ман”, “Анора овардам”, “Ҷӯраҷон”, “Булбулон”, “Интихоб мекунам” аз маъмултарин таронаҳои ӯ ба шумор мераванд. Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев гузошта шудааст.

Номбурда 2-юми октябри соли 1966 аз дунё даргузаштанд.

Соли 1916 – Тошхуҷа Асирӣ, шоир ва рӯшанфикри тоҷик дар 52-солагӣ даргузашт.

Тошхӯҷа Асирӣ маорифпарвар ва рӯшанфикри тоҷик буда, яке аз тарғибкунандагони илмҳои дунявӣ буд.

Ӯ дар оилаи сангтарош дар Хуҷанд зода шуда, дар мадрасаи Хӯқанд таҳсил ва баъди ба зодгоҳаш баргаштан ба сангиосиётарошӣ машғул шудааст.

Асирӣ, ки ҳангоми таҳсил дар мадраса забони русиро омӯхта ва аз матбуоти даврии русию туркзабон огоҳ гардида буд, ҷаҳонбиниаш васеъ ва ауидаҳои маорифпарварӣ дар ӯ шакл гирифтанд.

Ӯ ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ривоҷи илмҳои дунявӣ, тарақкиёти техникӣ, таълиму маориф аҳамияти ҷиддӣ медод.

Ҳамзамон, Асирӣ аз шоирони забардасти давр буда, як силсила шехрҳои ҳаҷвӣ дорад, ки муллоҳои ҷоҳил ва боёни ситампешаро бо танз зери тозиёнаи танқид гирифтааст.

Ашъои Асирӣ ба тазкираю баёзҳои замонаш дохил шуда бошад ҳам, то Инқилоби Октябр ба таври маҷмуаи алоҳида ба табъ нарасида буд. Ду маҷмӯаи дастнависи шеърҳои Асирӣ дар китобхонаи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон маҳфуз аст. 

Соли 1938 – Мавлуди Инъом Асроров, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод.

Соли 1940 – Мавлуди Баҳром Сироҷов, энергетик, собиқ роҳбари “Барқи тоҷик”.

Аз Баҳром Сироҷов ҳамчун асосгузори энергетикаи тоҷик ном мебаранд. Ӯ фаъолияти худро дар Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз намудааст. Сипас ба кори истеҳсолӣ гузашта, солҳои 1963-1965 ҳамчун сармуҳандиси Корхонаи ҷанубии шабакаҳои барқӣ фаъолият кардааст.

Аз соли 1965 то 1981 ӯ муовини роҳбари Саридораи энергетикаи Тоҷикистон буда, ҳамзамон ба корҳои илмӣ машғул буд. Баъдан чанд муддат роҳбарии ҶСК “Барқи Тоҷик”-ро ба уҳда дошт.

Ӯ ҳамчунин муаллифи мақолаи илмӣ-амалӣ аст. Баҳром Сироҷов узви Академияи байналмилалии муҳандисӣ ва Академияи муҳандисии Тоҷикистон аст.

Соли 1947 – Мавлуди Сафарбегим Тошхӯҷаева, овозхон ва ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Сафарбегим Тошхӯҷаева нозукиҳои сарояндагиро аз устодони маҳаллӣ омӯхта, дар овозхони маҳорат касб кардааст. Солҳои 1964-1991 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ ба ҳайси сароянда фаъолият доштааст. “Сулҳ мехоҳам”, “Навои дил”, “Бадахшон”, “Кабӯтари сафеди ман”, “Дӯстонро гум макун”, “Дилбари Бадахшон” барин суруду таронаҳояш аз намунаҳои беҳтарини эҷоди ин овозхон дониста мешаванд. Ӯ инчунин дар якчанд намоишномаҳо дар саҳнаи театр нақш офаридааст.

Соли 1956 – Зодрӯзи Сайдалӣ Муҳиддинов, таърихнигор ва санъатшиноси тоҷик.

Соли 1964 – Зодрӯзи Абдуқодир Вализода, узви Маҷлиси миллӣ, раиси пешини шаҳри Кӯлоб.

Соли 1972 – Зодрӯзи Аюб Усмонзода, ректори пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки соле пеш зиндонӣ шуд.

Аюб  Усмонзода, ки соли 2022 ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин гардида буд, баъди 3 соли сари мансаб буданаш, моҳи июни соли 2025 барои гирифтани пора гунаҳкор ва ба 7 соли зиндон маҳкум гардид.

Ӯ худ хатмкардаи факултети таърихи Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод буда, солҳо дар мактаб ва сипас дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст.

Аюзода пеш аз ректор таъин гардиданаш 3 сол муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии табиати ёбоӣ таҷлил мешавад. Ҳадафи ин рӯз баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи муҳити зист, ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот мебошад. Инчунин, он зарурати мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба табиатро, ки таъсири иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ доранд, хотиррасон мекунад.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳифзи солимии гӯш ва шунавоӣ аст. Дар ин рӯз созмонҳои тиббӣ ва хайриявӣ дар саросари ҷаҳон чорабиниҳо баргузор мекунанд, то аҳолиро аз мушкилоти эҳтимолии гӯш ва шунавоӣ огоҳ созанд. Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, то соли 2050 тақрибан 2,5 миллиард нафар (ҳар чорумин шахс) бо дараҷаи муайяни норасоии шунавоӣ зиндагӣ хоҳанд кард.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии нависанда таҷлил мешавад. Ин рӯз соли 1986 аз ҷониби PEN-клуб таъсис ёфтааст ва ҳадафи он дифоъ аз озодии баён дар саросари ҷаҳон аст. Аъзоёни PEN-клуб уҳдадор шуда буданд, ки алайҳи сензура, таҳрифи воқеият ва истифодаи иттилооти бардурӯғ мубориза баранд.

3 марти соли 1585 Театри “Олимпико” дар Виченса (Италия) ифтитоҳ гардид. Ин аввалин театри пӯшидаи Аврупо барои 1000 тамошобин буд ва намунаи ибтидоии бисёр театрҳои минбаъда гардид. Бо вуҷуди қадимӣ будан ва бомбборонҳо дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, он то ҳол хуб нигоҳ дошта шудааст. Театри “Олимпико” ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шудааст.

3 марти соли 1923 аввалин шумораи маҷаллаи амрикоии “Time” нашр шудааст. Ин маҷалла аз ҷониби Бритон Ҳейден ва Ҳенри Лус таъсис ёфтааст. Идеяи таъсиси он дар нишасти махфии ҷамъияти донишҷӯёни Донишгоҳи Йел бо номи “Харсанг ва устухон” ба миён омадааст.

“Time” аввалин ҳафтаномаи хабарии ҷаҳон буд, ки муҳимтарин рӯйдодҳои ҳафтаи гузашта дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, маориф, илм, тиб, ҳуқуқ, дин, варзиш, адабиёт ва санъатро ба таври ҷамъбастӣ фаро мегирифт.

Барои шахсиятҳои бонуфуз дар саҳифаи аввали “Time” нашр шудани матлаб дар бораи онҳо нишонаи авҷи касбият маҳсуб мешуд. Маҷмӯи муқоваҳои ин ҳафтанома таърихи тасвирии асри XX номида мешавад.

Дар шумораи охирини рӯзнома дар моҳи декабр ин маҷалла “Шахси сол”-ро эълон мекунад. Ин анъана соли 1927 оғоз ёфта, аввалин ҷоизадор Чарлз Линдберг буд, ки ҳамчун нахустин шахс дар таърих уқёнуси Атлантикро танҳо парвоз кард.

Имрӯз маҷаллаи “Time” яке аз машҳуртарин нашрияҳои ИМА аст. Дафтари он дар Ню-Йорк ҷойгир аст ва зиёда аз 2 миллион нусха чоп мешавад. Ғайр аз нашри амрикоӣ, он ҳамчунин дар Лондон (Аврупо), Ҳонконг (Осиё) ва Сидней (Австралия) ба табъ мерасад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо рӯзона борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф ва дар баъзе минтақаҳои шарқи вилоят барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 1-3º сард, дар ғарби вилоят шабона -3+2º,  дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона 1+3º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 3 ба 4-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз тавсияи ВКХ барои тоҷикистониҳо то омори кушташудаҳо дар Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон

0

Доираи низоъ дар Ховари Миёна васеътар мешавад ва ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва зарбаҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва пойгоҳҳои ИМА дар кишварҳои Ховари Миёна идома доранд.

Аз ҷумла чанде пеш “BBC форсӣ” аз мавҷи нави ҳамлаҳо ба Теҳрон хабар дода навишт, ки садои таркишҳо аз қисматҳои гуногуни шаҳр ба гӯш мерасад. Эрон ҳам аз мавҷи ҳамлаҳои нав ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна хабар медиҳад.

Нисфирӯзии 2-юми март хабаргузории “ИРНА” бо такя ба Ҳилоли аҳмари Эрон навишт, ки шумораи кушташудаҳои ҳамлаи Амрико ва Исроил дар Эрон ба 555 нафар расидааст. Теъдоди маҷруҳон маълум нест. Дар рӯзи аввали ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон, Ҳилоли аҳмар теъдоди захмиёнро 747 нафари гуфта буд.

Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки то ҳол дар 131 шаҳристони Эрон ҳамлаҳо сабт шудаанд.

 

Дархости беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон барои берун рафтан аз Эрон

Дар ҳамин ҳол, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфтааст, ки ҳеҷ шарванди кишвар дар Эрон осеб надида, беш аз 200 тан ба Сафорат барои берун рафтан аз ин кишвар дархост додаанд.

Ӯ рӯзи 2-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, то кунун 15 нафарро ба воситаи Озарбойҷон ба ватан фиристодаанд ва имрӯз гузаштани тахминан 50 шаҳрванди дигар аз тариқи гузаргоҳи “Сарахс” дар сарҳади Эрону Туркманистон оғоз мешавад.

“Мо рӯйхати заруриро омода кардем ва ба воситаи сафоратҳои Туркманистон ва Озарбойҷон дар Эрон ҳамоҳангиҳоро анҷом додем… Дар умум беш аз дусад нафар сабтином карданд. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳамаи онҳо дар фурсатҳои наздик ба ватан баргарданд”.

Ба гуфтаи сафир ҳоло дар Эрон 300 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки бо мақсади тиҷорату табобат ва саёҳат рафтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як баёния ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки "то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои ин минтақа худдорӣ намоянд".

Ин ниҳод ба шаҳрвандоне, ки айни ҳол дар давлатҳои Ховари Миёна қарор доранд, чунин тавсияҳо додааст:

– қоидаҳои амниятӣ ва дастурҳои мақомоти маҳаллиро қатъиян риоя намоянд;

– аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва минтақаҳои эҳтимолан хатарнок худдорӣ кунанд;

– ҳуҷҷатҳои шахсият ва воситаҳои алоқаи худро ҳамеша омода нигоҳ доранд;

 – пайваста аз ахбори расмӣ ва иттилооти намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.

"Дар ҳолати ба миён омадани вазъияти фавқулода ё зарурати дарёфти кумак, шаҳрвандон метавонанд ба намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд", – гуфтааст ин ниҳод ва дар идома телефонҳо барои тамос дар сафорату консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Ховари Миёнаро нашр кардааст:

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Мобилӣ: +989363253147

WhatsApp: +992918818889

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Подшоҳии Баҳрайн

Тел: (+966 11) 5120333

WhatsApp: +966563417592

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ

Тел: +(971)24417950

WhatsApp: +971581531574

 

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай

Тел: +(971)43945814

WhatsApp: +971585081221

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва Салтанати Умон

Тел: (+965) 25329896

WhatsApp: +96565762307

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар

Тел: +974 44 12 39 06

WhatsApp: +97439902438

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Тел: +99391827271

WhatsApp: +9269738322

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Тел: +994513484032

WhatsApp: +9943484032

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон

Тел: (+92518900222)

WhatsApp: +923328686050

 

Иддаои Сипоҳ: “Ба қароргоҳи дафтари Натаняҳу ҳамла кардем”

Чанде пеш, Сипоҳи посдорони Эрон эълон кард, ки дар мавҷи нави ҳамлаҳои худ ба Исрои, дафтари Бенямин Натаняҳу, сарвазири Исроил ва макони истиқрори фармондеҳи Нерӯҳои ҳавоии ин кишварро ҳадаф қарор додааст.

Гуфта мешавад, дар ин ҳамла аз мушакҳои дурпарвози “Хайбар” истифода шудааст.

Ҳамчунин, ББС хабар медиҳад, ки Ризо Наҷафӣ намояндаи Эрон дар Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) имрӯз, 2-юми март зимни нишасти ҷаласаи ин созмон гуфтааст, ки Амрико ва Исроил ба иншооти ҳастаии “Натанз” ҳамла кардаанд.

Ба навиштаи ин расона, Рафаэл Гроссӣ, мудири кулли Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ дар нишаст гуфтааст, “созмон ҳанӯз ягон нишонаеро надидааст, ки иншооти ҳастаии Эрон (аз ҷумла нерӯгоҳи ҳастаии Бушаҳр ва реактори тадқиқотии Теҳрон) дар ҳамлаҳо осеб дида бошанд”.

 

Идомаи ҳамлаҳо

Хабаргузории нимарасии эронии “Тасним” навишт, ки имрӯз, Амрико ва Исроил ба шаҳристони Хурамобод зарба задаанд, ки дар натиҷаи 5 сарбози артиши Эрон кушта шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

“The Times of Israel” навиштааст, ки дар натиҷаи зарбаи мушакии Эрон ба Беэр-Шевеи Исроил, ду нафар ҷароҳат бардошта, вазъи яке аз онҳо вазнин гуфта мешавад.

Хабаргузории давлатии Уммон хабар додааст, ки як бесарнишин ба як нафткаш дар халиҷи Уммон, наздикии шаҳри Маскат, пойтахти ин кишвар ҳамла кардааст.

Гуфта мешавад, яке аз маллоҳон кушта шудааст. Уммон гуфтааст кушташуда аз Ҳиндустон аст.

Дар Арабистони Саудӣ, корхонаи коркарди нафти “Рас-Таннура”, ки яке аз бузургтарин корхонаҳо дар ҷаҳон аст, пас аз ҳамлаи бесарнишинҳо фаъолияти худро муваққатан қатъ кардааст.

Мақомоти Қибрис ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи низомии Бритониё дар ин кишварро тасдиқ кардааст. Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки ду бесарнишин раҳгирӣ шудааст.

Вазорати дифоъи Қатар аз ҳамлаи бесарнишинҳои Эрон ба иншооти энержии ин кишвар хабар додааст. Гуфта мешавад, талафот нест.

 

Суқути ҳавопаймоҳои чангии Армико дар Кувайт

Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Кувайт эълон кард, ки имрӯз, 2-юми март, чандин ҷангандаи Амрико дар ин кишвар суқут кардаанд. Ин ниҳод гуфтааст, ки “ҳамаи халабонҳо солим” аз ҳавопаймоҳо берун шудаанд.

Ин ниҳод сабаби суқути ҳавопаймоҳои ҷангии Амрикоро шарҳ надодааст, вале расонаҳо навиштаанд, ки ин ҳодиса дар замони ҳамлаҳои шадиди Эрон ба пойгоҳои Амрико ба Кувайт рух додааст.

Дар як наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, суқути ҷангандаи “F-15”-и Амрикоро дида мешавад. Ба навиштаи расонаҳо, сарнишини ин ҳавопаймои ҷангӣ аз он берун шуда, тариқи чатри наҷот (парашут) ба замин фуруд омадааст.

Қароргоҳи “Хотамуланбиё”-и Эрон низ эълон кард, ки ҷангандаи “F-15”-и Амрико, ки қасди ҳамла ба Эронро доштанд, бо падофанди ҳавоии Ҷумҳурии исломӣ ҳадаф қарор гирифта, суқут кардааст.

Дар ҳамин ҳол, фармондеҳии марказии Амрико хабар дод, ки дар Кувайт се ҳавопаймоии ҷангии F-15-и Нерӯҳои ҳавоии ин кишвар сарнагун шудааст.

Вале, ба гуфтаи ин ниҳоди амрикоӣ, ин ҷангадаҳои ҳангоми муқобила бо мушакҳо ва паҳподҳои Эрон аз ҷониби системаҳои дифоъи ҳавоии Кувайт хато сарнагун карда шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Охирин аксе, ки бурд ӯ – акси шуми қотилаш буд”. Ёддошти дӯстии Муҳиддин Олимпур бо Лоиқ Шералӣ

0

Имрӯз рӯзи мавлуди Муҳиддин Олимпур аст. Дар ҳуҷҷатҳояш 2-юми марти соли 1946 сабт шудааст, вале ба қавли худаш мутаваллиди як соли пеш (1945) аст. Тибқи аснод, ин аккоси машҳури тоҷик, агар ба таври фоҷеавӣ кушта намешуд, имрӯз 80-солагиашро таҷлил мекард.

Дар таърихи адабиёт дӯстиҳое ҳастанд, ки аз муносибати одӣ фаротар мераванд ва ба ҳамкории эҷодӣ табдил меёбанд. Ин гуна дӯстӣ дар адабиёти классики форсу тоҷик хеле зиёд ба чашм мерасанд, ки мисоли равшанаш дӯстии Абдураҳмони Ҷомиву Камолиддин Беҳзод аст.

Ҳамин анъанаи рафиқи шафиқ буданро Муҳиддин Олимпур – рӯзноманигору аксбардони машҳур ва Лоиқ Шералӣ – шоири тавонои тоҷик идома додаанд: дӯстие, ки дар хотираҳои сиёҳу сафед сабт шуда, боиси таваллуди ашъори пуралам ва аксу наворҳои таърихсоз гаштааст.

 

Дебоча

Дар яке аз рӯзҳои гарми баҳорӣ, 20-уми апрели соли 2020, ба суроғи Зебуннисо Қутбиддинова, ҳамсари устод Лоиқ, ба мактаби ҳамноми шоир дар шаҳри Душанбе рафтам. Дар ин дидори мо, ки дар Осорхонаи мактабии Лоиқ Шералӣ гузашт, натанҳо перомуни шахсияти шоир ва муҳаббати ӯ ба модари ҷонфидову заҳматкашаш гуфтугӯ кардем, ҳамчунин, муаллима Зебуннисо таърихи аксҳои дар осорхона гирдомадаро ҳам қисса карданд, ки чандеашро Муҳиддин Олимпур бардоштааст. Ва ин ёддошт асосан бо такя ба ҳамон гуфтугӯ нигошта шуд…

 

ФАСЛИ ЯКУМ. Олимпур – сайёди лаҳзаҳои зебо

Ба қавли Зебуннисо Қутбиддинова, қариб рӯзе набуд, ки хонаи Лоиқ Шералӣ бемеҳмон бошад, вале чанд тан дӯстони қарини шоир нишотовари он хонавода буданд, аз ҷумла Сорбон ва Олимпур.

“Олимпур бо Лоиқ дӯсти хуб буданд. Ҳар вақт омада меистоданд ва дар ҳар омадан, албатта, чанд акс гирифта мерафтанд”, – мегуфт муаллима Зебуннисо.

Муҳиддин Олимпур, ба таъбири ҳамовардонаш, аксбардори маъмул не, балки сайёди лаҳзаҳои зебо буд. Ӯ нигоҳи зебоипараст дошт ва ҳамеша мекӯшид, ки лаҳзаҳои зеборо дар тасвирҳои гӯё ҷовидона созад.

Ҳамсари устод Лоиқ ҳам мегуфт, аксбардории Олимпур дар хонадони шоири тавонои тоҷик то ҷое амали маъмулӣ шуда буд, вале маҳз “ҳамин амали маъмулӣ лаҳзаҳои зебои зиндагии онҳоро дар таърих сабт кард”.

Олимпур медонист, ки лаҳзаҳо мегурезанд ва танҳо объективи дурбин метавонад онҳоро ҷовидона гардонад. Дар хонаи устод Лоиқ, ба гуфтаи ҳамсари шоир, вай меҳмон на, балки ҷузъи оила буд. Бо духтарони шоир шӯхиву мазоқу ҳазл мекард, аз онҳо аксҳо мебардошт ва бо ҳамин лаҳзаҳои маъмулӣ зиндагии шоирро дар таърих сабт мекард.

Дӯстии ин ду эҷодкор қаробате ҳам дошт: устод Лоиқ бо ашъораш ва Олимпур бо аксҳояш набзи замонро тасвир мекарданд. Ва ҳарду “дарди муштарак” доштанд, ҳарду ба ҳамдигар илҳом мебахшиданд…

 

ФАСЛИ ДУЮМ. Муаллифи аксҳои манбаъи ашъор

Яке аз ҷолибтарин хотираҳое, ки муаллима Зебуннисо нақл кард, дар бораи охирин акси Бибизаҳро – модари устод Лоиқ аст. Он аксро ман борҳо дида будам, вале дар осорхонаи шоир нисбатан бузургҳаҷм ва чашмрас буд: модари шоири тавонои тоҷик даст пеши бар дами дарвоза бо нигоҳи меҳрубон, табассуми маҳзун меҳмон мегуселонад.

“Модари чашминтизор… Онро вақте шодравон Муҳиддин Олимпур ба аёдати модари шоир мераванд, ҳангоми гусел аксбардорӣ мекунанд”, – чунин қисса кард муаллима Зебуннисо.

Ва дар идома афзуд, баъди чанд вақт Бибизаҳро даргузашт, Олимпур аксро чоп карда, ба устод Лоиқ дод. Ва он вопасин акси модар шуд. Акси хубе, ки манбаъи илҳоми шоир гашт. Ҳар вақт ки устод Лоиқ ба он акс менигарист, беихтиёр ашкаш сарозер мешуд.

“Агар Олимпур он рӯз ба деҳа нарафта буд, агар вай дурбинашро намегирифт, он лаҳза Бибизаҳрои дастҳо дар пеши барро сабт намекард, шояд шеъри “Катиба…” ва даҳҳои ашъори пурдару алами Лоиқ таваллуд намешуд”, – пас аз қироати ин пора мегӯяд Зебуннисо Қутбиддинова.

Дар “Катиба…” устод Лоиқ қолабшиканӣ карда, модарро “қиблагоҳ” мехонад. Унвоне, ки одатан ба падарон нисбат медиҳанд. Ҳамсари устод инро ҳам ба мо тавзеҳ медиҳад: “ин қолабшиканӣ аз меҳру муҳаббати зиёди шоир аст. Ҳамин модар буд, ки аз падар беш ба Лоиқ хидмат кард, калон кард, хононд, оиладор намуд, ба зиндагии мустақил равона сохт”.

Худи шоир низ дар як сӯҳбати наворӣ ҳамин акси модарро дар даст гирифта, бо андӯҳи гарон мегӯяд, “ин охирин акси модарам ҳаст, ки суратгири машҳурамон Олимпур гирифтааст ва охирин ёдгории ман аз модар ҳамин акс аст…”.

Ва дар пасманзари ин эътироф, дар пасманзари ин қолабшиканӣ, дар пасманзари охирин ёдгории модар нақши дасти Муҳиддин Олимпур қарор дорад.

 

ФАСЛИ СЕЮМ. “Шӯхии Лоиқ боло гирифту…”

Яке дигар аз хотираҳои ҳамсари устод Лоиқ дар бораи як акси оилавӣ аст, ки баъдтар машҳур шуд. Ба гуфтаи Зебуннисо Қутбиддинова, онро ҳам Олимпур дар сафҳаҳои таърих сабт кардааст.

Дар хонаи шоир Олимпур, тибқи одати ҳамешагиаш, бо духтари хурдии онҳо ва гурбаи бӯзбаллааш шӯхиву бозӣ карда, онҳоро аксбардорӣ мекард. Баъд бо ҳаяҷони аҷиб ба ҳамсари устод рӯ оварда, гуфт: “Янга, як ҷойи устод ба шинед, як сурат гирам”.

Ҳамсари шоир рӯйи курсии мизи кории устод Лоиқ нишаст. Китобҳо дар пушту пеш, духтарони атласпӯш дар канор, шоир паси онҳо. Ва суратгир ин лаҳзаро дар хотираи дурбинаш сабт кард.

Дар акс шоир ба аҳли ҳамсараш менигарад ва чизе гуфтанӣ аст. Инро мушоҳида кардаму аз муаллима Зебуннисо Қутбиддинова тавзеҳ пурсидам:

“Ҳамакаса суратгирӣ кардем ва дар ҳамин ҳол шӯхии Лоиқ боло гирифту гуфтанд: то имрӯз муаллима будед, акнун, ки ба ҷойи устод нишастед, “устода” шудед”.

 

ФАСЛИ ЧОРУМ. Лоиқ дар садри маҳофили Олимпур

Бидуни шак, дар баробари он ки Олимпур “узви оилаи шоир” буд, Лоиқ ҳам дар садри маҳофили Олимпур қарор доштааст ва иззату обрӯйи ҳамдигар будаанд.

Дар солҳои пас аз истиқлол Муҳиддин Олимпур мудири бахши тоҷикистонии ВВС буду барномаи “Ситораҳои Шарқ”-ро роҳандозӣ карда, дар он беҳтарин ҳунармандони порсигӯйро ҷалб карда, барномаҳои адабии таърихӣ низ наворбардорӣ мекард.

Аз ҷумла, Олимпур ҳунарманди машҳури эронзамин Сатторро ба Тоҷикистон даъват кардаву дар шаҳри Душанбе барномаи ҳунариаашро мегузаронад. Пас аз барномаи расмӣ, Олимпур Сатторро меҳмондорӣ ҳам мекунад.

Навори таърихии он шоми “сағерабазм” (истилоҳи устод Лоиқ) имрӯз дастраси омма асту Саттор меҳмону Лоиқ садри маҳфил. Олимпур ҳам устод Лоиқро бо шеваи ба худаш хос ба меҳмонон муаррифӣ карда, мегӯяд, эшон аз шоирони тавони имрӯзи порсигӯён ҳастанд…

Дар он маҳфил устод Лоиқ чандин шеърҳо ҳам мехонанду Саттор бо эътироф Лоиқро “устод” хонда, афсӯс мехӯрад, ки “то ин дам аз ашъори Шумо бенасиб будам”. Ва ҳамон лаҳза шеъри “Ба ҳама нағмаи ноҷӯр дилам месӯзад”-и шоирро оҳанг мебандад.

Мурод аз ин қиссаҳо ҳам ин аст, ки дар кӯлвори дӯстии устод Лоиқу Олимпур фақат шеъру сурат набудаву онҳо “обрӯю иззату икром” (таъбири пайдарпайи шоир)-и ҳамдигар будаанд.

 

ФАСЛИ ПАНҶУМ. “Чу як ҳамсоли ман мирад…”

Соли 1985 модари устод Лоиқ – Бибизаҳро даргузашт. Ҳамсари шоир ёдовар мешавад, ки шаби даррасии хабари марг устод Лоиқ чунон нола кард, ки “ҳеҷ зан он гуна нолиш карда наметавонад”.

“Аз Душанбе то Колхозчиён дар мошин қариб беист гиристанд. Бо вуҷуди ин, боз бар болои мурдаи модар бо як қувваи тоза чунон нола карданд, ки ҳамаро ба гиря водор сохт. Баъди видоъ бениҳоят афсурдаву болупаршикаста шуданд. Марги модар марги аввали Лоиқ буд…”, – мегуфт Зебуннисо Қутбиддинова.

Аммо пасон борҳо бо марги дӯстони қаринаш Лоиқ мурду зинда шуд, шеър гуфт, эътироз кард, “гӯши фалак зи наъраи мастона кар кард”. Аз ҷумла, дар марги дӯсти аксбардораш Олимпур.

Охири соли 1995 Муҳиддин Олимпур ба таври фоҷиавӣ кушта шуд. Ин хабар на танҳо барои устод Лоиқ, балки барои тамоми ҷомеаи эҷодии тоҷик зарбаи сахт буд. Дар шаҳри Душанбе, ки рӯзҳои ҷанги шаҳрвандиро мегузаронд, Олимпур бо “тири тапончаҳо ва мусалсал ва хумпораандоз” кушта шуд.

Марги ҳамсолҳову ҳамовардҳо бори дӯши шоирро, ба гуфтаи худаш, гаронтар мекард. Барои шоир, Олимпуру ҳамсонҳои варо не, балки “ихлос”, “имон” ва “эътиқод”-ро куштанд.

 

ФАСЛИ ШАШУМ. “Боз ҳам уммедворам…”

Бо диди устод Лоиқ, Олимпур дар чашмони дурбинаш на танҳо тасвирҳо, балки замонаро бо ҳамаи ҳусну қубҳаш гунҷонида буд. Вай “лаккаҳои шармовар, доғҳои зишту нангини замона”-ро медид. Ва ин хислати аксбардори ҳақиқӣ буд: дидани зебоӣ дар миёни зиштӣ, сабт кардани инсоният дар замонаи беинсонӣ…

Устод Лоиқ медонист, ки дар чашмони Олимпур дунёи дигар ҳаст ва ин  нуктаро дар шеъри “Чашмони Олимпур”, ки баъди марги фоҷиавии дӯсташ эҷод кард, ҳам пуралам менависанд:

Дошт дар оинаи чашмони худ

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қотили Олимпур иқрор шудааст, ки рӯзноманигорро паррондааст

Аксҳои гунагуни гунаи мову шуморо.

Аксҳои зиндагии рӯсиёро,

К-андар ӯ мезист навъе бо мудоро.

 

Дошт андар дурбини дидагонаш

Аксҳои нағзу рангини замона,

Гарчи ҳам медид, он андоза гӯӣ ҳам намедид,

Лаккаҳои шармовар, доғҳои зишту нангини замона.

 

Дошт, оре, дар булӯри дидагонаш акси моро,

Бурд ҳам андар булӯри дидагонаш акси морову шуморо,

Акси авзои замона, акси ёрони дилашро,

Акси фарёди дарунаш, акси исёни дилашро…

 

Лек аз ин дунёи баттолу аз ин айёми қаттол,

Дар булӯри дидагонаш

Охирин аксе, ки бурд ӯ –

Акси шуми қотилаш буд…

(Таъну лаъни ҷовидонӣ бод бар ӯ!!!

Нафрати ҳардуҷаҳонӣ бод бар ӯ!!!)

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Додгоҳи олии Тоҷикистон гумонбаршудаи охирин дар қатли Олимпурро ба 15 соли зиндон маҳкум кард

 

Баски ӯ андар миёни ормонҳои бузурги хеш оламгир буд,

Дар хилоли аксҳои безаволаш

Ханда буду гиря буду тифл буду пир буд –

Алғараз, дар мардуми чашмони ӯ акси мардум буд.

 

Кош мардум акси ӯро низ

Андар мардуми чашмони худ поянда доранд.

Гарчи ман аз мардуми мо интизори ин шаҳоматро надорам,

Боз ҳам уммедворам…

 

ГАЛЛЕРЕЯ Аксҳои Лоиқ Шералӣ аз бойгонии Муҳиддин Олимпур (10)










ФАСЛИ ҲАФТУМ. Хотимаи идомадор…

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шаҳиди роҳи зебоӣ, ки 27 сол боз ангезаи қатлаш номаълум аст. Ёде аз Муҳиддин Олимпур

Муҳиддин Олимпур барои Лоиқ Шералӣ на танҳо дӯст, балки шарики эҷодӣ буд, касе ки бе вуҷудаш чандин шеърҳои пурдарду алами шоир ҳеҷ гоҳ таваллуд намешуданд. Вақте Олимпур ба хонаи шоир меомад ва “албатта, чанд акс гирифта мерафт”, вай натанҳо сурат мегирифт, вай таърих месохт. Муаллифи хубтарин аксҳои аз Лоиқ Шералӣ боқимонда Олимпур мебошад.

Марги Олимпур барои устод Лоиқ марги лаҳзаҳои зебо буд. Дурбини Олимпур монд, чашми зебобини Олимпур рафт. Ва он чизе ки шоирро ранҷ медод, ин буд, ки “охирин аксе, ки бурд ӯ – акси шуми қотилаш буд”…

Акнун, вақте мо ба аксҳои Олимпур менигарем, медонем, ки инҳо натанҳо тасвирҳоянд – инҳо шаҳодатҳои ҳамон дӯстие ҳастанд, ки дар ашъори Лоиқ ва аксҳои Олимпур ҷовидона шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Фонди Абу-Забӣ барои сохтмони НБО “Роғун” $100 млн медиҳад. Шарту шароити қарз маълум шуд

0

Фонди Абу-Забӣ оид ба рушди Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” ба Тоҷикистон 100 млн доллар қарз медиҳад. Тибқи созишнома, фоизи солонаи қарзи ҷалбшуда 2,5%  буда, дар 17 сол бояд баргардонида шавад.

Вакилони парлумони Тоҷикистон созишномаи мазкурро рӯзи 25-уми феврал дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул кардаанд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар зимни муаррифии созишнома гуфтааст, ки ҳаҷми умумии қарз 376,3 млн дирҳам, баробар ба 100 млн доллар буда, “он ба муҳлати 17 сол, бо чор соли давраи имтиёзӣ ва бо меъёри 2,5% солона ҷалб карда мешавад”.

“Созишномаи қарзӣ бо тартиби муқарраргардида 4-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Дубайи Аморот (Иморот)-и Муттаҳидаи Араб ба имзо расонида шуд ва он барои маблағгузории лоти 2-и Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” равона карда мешавад”-, гуфтааст вазир.

Қаблан, Созишномаи молиявӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва бонки мазкурро рӯзи 4-уми феврал Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Муҳаммад Сайф, раҳбари Фонди Абу-Забӣ дар шаҳри Дубай имзо кардаанд. 

Чанде пеш Қаҳҳорзода дар нишасти матбуотии 14-уми феврал гуфта буд, ҷиҳати таъмини молиявии бунёди НБО “Роғун” бо чандин донорҳои байналмилалӣ ба маблағи умумии 812 млн доллар созишномаҳо имзо шудаанд, ки 462 млн доллари он қарз ва 350 миллион доллар грант мебошад.

Вазир гуфт, фоизи қарзҳои ҷалбшуда паст ва он дарозмуддат, аз 25 то 30 сол, мебошанд, ки “пас аз амалӣ кардани лоиҳаи “Роғун” ин маблағҳо ба қарздиҳандагон дар вақташ баргардонида мешаванд”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?

Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни ироаи паём ба парлумони кишвар гуфта буд, ки ҳукумат барои таъмини маблағгузории саривақтии НБО “Роғун”, тадбирҳои доимӣ андешада аз тамоми манбаъҳо истифода намояд.

“Дар ин робита ҳамкорӣ бо як қатор ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва шарикони рушди мо барои ҷалби маблағҳои фоизӣ ба ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ ё 3 миллиард доллар, ки аз ин миқдор 12,5 миллиард сомонӣ ё 1 миллиард 150 миллион доллар грант мебошад, ба роҳ монда шудааст”, – таъкид гардид дар паём.

Дар умум, барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” беш аз 40 млрд сомонӣ (4 млрд доллар) ҷудо гардидааст. Барои анҷоми комили лоиҳаи НБО “Роғун” то соли 2035 дар умум 6,4 миллиард доллар зарур аст.

НБО “Роғун” аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. То ин лаҳза ду чархаи НБО “Роғун” ба кор андохта шудааст ва чархаи сеюми он соли ҷорӣ бояд ба кор дарояд. Дар умум, ин нерӯгоҳ 6 чарха дорад ва иқтидори умумии он 3600 МВт мебошад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Соли гузашта беш аз 62% даромади буҷети давлатиро андозҳо ташкил додаанд

0

Соли 2025-ум 62,1% ҳаҷми умумии даромадҳои буҷети давлатии Тоҷикистонро андозҳо ташкил додаанд. Дар ин бораи Оҷонсии омор хабар медиҳад.

Ин ниҳод менависад, ки даромад аз андозҳо дар соли гузашта ҳудуди 37,5 млрд сомониро ташкил доданд, ки 25,6% зиёдтар аз нақшаи пешбинишуда аст. Дар муқоиса бо соли 2024 воридоти маблағ аз андозҳо 28,6% афзудааст.

Ба иттилои манбаъ, афзоиши даромадро пеш аз ҳама, андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), андоз аз даромад ва аксизҳо таъмин карданд, ки ба андозҳои асосӣ мансубанд. Ҳудуди 40%-и андозҳо ба буҷет аз ҳисоби ААИ, қариб 29% аз ҳисоби аз андоз аз даромад ва каме бештар аз 4% аз ҳисоби аксизҳо ворид шудааст.

"Даромадҳои ғайриандозӣ ҳудуди 6,4 млрд сомониро ташкил додаанд, ки ба 10,5% аз ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ баробар аст", – менависад Оҷонсии омор

Ба иттилои ин ниҳод, дар сурати умум, ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2025 беш аз 60,3 млрд сомониро ташкил дод, ки 13,2% зиёдтар аз нақшаи пешбинишуда аст.

Дар ҳамин ҳол, хароҷоти буҷет дар соли гузашта зиёда аз 57,1 млрд сомониро ташкил дод, ки 25,6% зиёдтар нисбат ба соли 2024 мебошад. Ба соҳаи маориф ва илм 20,5%, маҷмааи сӯзишворӣ-энергетикӣ – ҳудуди 20%, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 12,9% ва соҳаи тандурустӣ – 7,9%-и маблағҳо равона шудааст.

Қисмати хароҷоти буҷети давлатии соли 2026 зиёда аз 65 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо даромади муқарраршудаи буҷети давлатии соли 2025 -ум 31% зиёдтар аст.

Ҳаҷми хароҷоти умумии буҷет ба маблағи ҳудуди 67 млрд сомонӣ муқаррар шудааст.

Маблағгузорӣ ба соҳаҳои калидии иҷтимоӣ дар соли 2026 дар ҳаҷмҳои зерин пешбинӣ шудааст:

– маҷмааи сӯзишворӣ-энергетикӣ — 15 млрд сомонӣ;

– маориф — 13,7 млрд сомонӣ;

– тандурустӣ — 5 млрд сомонӣ;

– суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 8,5 млрд сомонӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ба ноумедӣ роҳ надиҳед”. Ҳушдори чанд сафорати Тоҷикистон дар кишварҳои Ховари Миёна ба шаҳрвандони кишвар

0

Дар пайи муташанниҷ шудани вазъи Ховари Миёна, сафоратҳои Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (ҳамчунин дар Баҳрайн), Қатар ва Кувайт (ҳамчунин, дар Урдун, Лубнон, Ироқ, Уммон) шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ин кишварҳо қарор доранд, ба оромӣ даъват карда, аз онҳо хостааст, ки “ба таҳлука ва ноумедӣ роҳ надиҳанд”.

Ин ҳушдорҳо дар саҳифаҳои сафоратҳо дар “Фейсбук” нашр шудааст. Сафоратҳои Тоҷикистон дар дигар кишварҳои Ховари Миёна то ҳол иттилое надодаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (ҳамчунин дар Баҳрайн) рӯзи 1-уми март гуфтааст, ки ин сафорат ва Консулгарии генералии кишвар дар шаҳри Дубай фаъолияти худро дар ин рӯзҳо бо реҷаи доимӣ идома медиҳанд.

Ниҳодҳои дипломатии кишвар дар Қатар ва Кувайт (ҳамчунин, дар Урдун, Лубнон, Ироқ, Уммон) низ навиштанд, ки онҳо низ “бетаваққуф” ва “бо реҷаи доимӣ” кор мекунанд.

Аз ҷумла, Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт гуфтааст, ки вазъии минтақаро пайгирӣ мекунад ва барои ҳифзи ҳуқуқу амнияти шаҳрвандон чораҳои зарурӣ меандешад.

Ҳамзамон, Сафорати Тоҷикистон дар Қатар навиштааст, ки бо мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ва Қатар тамосҳои мунтазамро ба роҳ мондааст.

Сафоратҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Иморот, Баҳрайн, Қатар ва Кувайт (ҳамчунин, дар Урдун, Лубнон, Ироқ, Уммон) қарор доранд, чунин тавсия додаанд:

– дар ҷои истиқомати худ (хона, меҳмонхона ва маконҳои амн) бимонанд ва бидуни зарурат аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ намоянд;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон. Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандононаш тавсия дод, ки Эронро тарк кунанд

– оромиро риоя намуда, аз ҳар гуна таҳлука худдорӣ намоянд;

– бидуни дарёфти маълумоти дақиқ дар мавриди ҳолати ҳарими ҳавоӣ, ҷузъиёти хатсайр ва замони аниқи парвози ҳавопаймоӣ ба фурудгоҳ нараванд;

– аз паҳн кардани овоза ва хабарҳои тасдиқношуда доир ба вазъ (дар шакли паёмак, матн, садо, навор, инфографика) дар шабакаҳои иҷтимоӣ худдорӣ кунанд;

– танҳо ба иттилооти расмӣ ва тавсияҳои мақомоти маҳаллӣ ва давлатӣ;

– ҳуҷҷатҳои шахсӣ, василаҳои тамос ва дигар ашёи ниёзи аввалияи худро ҳамеша дастрас нигоҳ доранд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишварҳо қарор доранд, барои дарёфти маълумот ва кумак метавонанд тариқи суроғаҳои зерин ба сафоратҳо тамос гиранд:

 

Сафорат Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Консулгарии он дар шаҳри Дубай:

E-mail: [email protected]; [email protected];

(+971) 24417950; +971581531574 (WhatsApp);

Консулгарӣ дар шаҳри Дубай:

E-mail: [email protected]; [email protected];

(+971) 4 3945814; +971585081221;

 

Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт (ҳамчунин, дар Урдун, Лубнон, Ироқ, Уммон):

E-mail: [email protected]; [email protected]

(+965) 25329896; +965 65762307 (WhatsApp)

 

Сафорати Тоҷикистон дар Қатар:

+974 44123906; +974 51240101; +974 77116421; +974 39902438; +974 66700630;

 

Ҳамчунин, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қатар барои дарёфти кумак метавонанд, дар ин пайванди зерин сабти ном кунанд.

Ҷузъиёти дигаре дар ин маврид дар даст нест. Мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид расман хабар надодаанд.

 

13 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути Озарбойҷон, Эронро тарк кардаанд

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории озарии  “Report“ рӯзи 1-уми март гузориш додаааст, ки 13 шаҳрванди Тоҷикистон аз тавассути гузаргоҳи марзии “Астара” Эронро тарк карда, ба Озарбойҷон ворид шудаанд. 

Қаблан дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ба шаҳрвандони кишвар тавсия дода буд, ки ин кишварро “бо истифода аз имконоти дастрас тарк намоянд”.

Сафорат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Эрон тавсия дода буд, ки “оромиро нигоҳ доранд, ҳушёр ва бодиққат бошанд, пайваста иттилоот ва тавсияҳои расмии Сафорат ва мақомоти Эронро пайгирӣ намоянд, аз будубош дар наздикии иншооти ҳарбӣ ва давлатӣ худдорӣ кунанд, инчунин аз аксбардорӣ ва наворбардорӣ дар тамоми ҳудуди кишвар парҳез намоянд”.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Эрон қарор доранд, барои машварат ва кумак метавонанд ба рақамҳои зерин дар тамос шаванд:  +98 (021) 22 29 95 84; +98 (021) 22 83 46 50; +98 936 325 31 47 +98 910 451 98 15; +98 937 974 35 08; +98 930 433 42 34. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Варзишгарони тоҷик аз “Tashkent Grand Slam 2026” бо як медали тилло ва як нишони биринҷӣ бармегарданд

0

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо – “Тоскулоҳи бузурги Тошканд – 2026" (“Tashkent Grand Slam 2026”), ки аз 27-уми феврал то 1-уми марти имсол дар варзишгоҳи “Ҳумо-Арена”-и пойтахти Ӯзбекистон доир шуд, як медали тилло ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Абдуллоҳи Ориф, ҷудокори ҷавони тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқот – 28-уми феврал медали тилло ба даст овард. Ӯ дар вазни то 73 кг рақобатҳои худро аз даври дуюм оғоз карда, муқобили Ҷошуа Грин аз Ирландия пирӯз шуд.

Дар идома дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ Ҳоҷиакбар Тошев аз Ӯзбекистон, дар даври чорякниҳоӣ Арун Кумар аз Ҳиндустон ва дар даври нимниҳоӣ Ҷованни Эспосито аз Италияро ноком кард.

Ӯ дар даври ниҳоӣ бо Шаҳром Аҳадов аз Ӯзбекистон куштӣ гирифта, ӯро ҳам мағлуб кард ва сазовори медали тиллову зинаи аввал гардид. Ин аввалин дастоварди Абдуллоҳи Ориф дар мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург”-и Тошканд аст.

Медали дигарро барои Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ овард. Ӯ рӯзи аввали мусобиқот – 27-уми феврал дар вазни то 66 кг куштигириро аз даври дуюм оғоз кард ва баъди шикасти Назар Висков, намояндаи Украина ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ  ёфт.

Вале паҳлавони 23-солаи тоҷик дар ин марҳила аз Шинсей Ҳаттории ҷопонӣ ноком шуд ва муборизаро дар марҳилаи тасаллобахш давом дод. Эмомалӣ дар ин марҳила Роналд Лима аз Бразилияро мағлуб карда, дар рақобат барои медали биринҷӣ Валерио Аккоглӣ аз Италияро шикаст дод ва соҳиби ҷойи сеюм гардид.

Бояд гуфт, ин медали сеюми Эмомалӣ Нуралӣ дар “Тоскулоҳи бузург”-и Тошканд аст. Ӯсоли 2023 ва 2024 дар ин мусобиқа соҳиби медали тилло шуда буд. 

Рӯзи сеюми мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2026” барои ҷудокорони тоҷик бебарор анҷом ёфт. Дар ин рӯз Тоҷикистонро 6 ҷудокори тоҷик – Умар Расулов, Музамир Каримзода, Парвиз Абдураҳмонов, Бахтовар Бобохонов, Некрӯзшоҳ Некбахтзода ва Виктория Киселёва муаррифӣ карданд ва ҳама дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуданд.

Зимнан, дар рӯзи аввали мусобиқа, 7 ҷудокори дигари тоҷик ба майдондорӣ пардохта, Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Обид Ҷебов, Аҳлия Муъминова, Мадина Қурбонзода ва Александра Кан аз рақибони худ шикаст хӯрданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад

Дар рӯзи дуюм бошад, Масъуди Аҳмадзод, Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев аз рақибонашон ноком шуданд. Танҳо Масъуди Аҳмадзод дар ҷазни 60 кг зинаи панҷумро аз худ кард. 

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо касби як медали тило, як биринҷӣ ва як ҷойи панҷум дар ҷойи шашум қарор гирифт.

Бояд гуфт, дар “Тоскулоҳи бузурги Тошканд – 2026” 17 ҷудокор (132 мард ва 4 зан) аз Тоҷикистон ширкат карданд. Дар маҷмуъ, дар ин чорабинӣ, 370 варзишгар (209 мард ва 161 зан) аз 39 кишвар иштирок карданд.

Барандаҳои медали тилло дар ҳар як вазн 5000 евро, ҷойҳои дуюм 3000 евро ва зинаҳои сеюм 1500-евроӣ ба даст меоранд.

Ҷудокорони тоҷик соли гузашта аз ин мусобиқа медал гирифта натавониста буданд. Соли 2024 бошад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар "Tashkent Grand Slam" соҳиби як медали тило шуда буд. Ин медалро Эмомалӣ Нуралӣ дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило миёни мардон ба даст оварда буд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.