Home Blog Page 43

“10 ҳазор сомонӣ ришва гирифт”. Роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Леваканд қариб 15 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

0

Додгоҳи шаҳри Леваканд Абдуҷаббор Сайфиддинзода, роҳбари пешини дастгоҳи раиси ин шаҳрро, ки ба гирифтани 10 ҳазор сомонӣ ришва айбдор мешуд, 14 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима бастааст. Ҳукми ӯ рӯзи 28-уми феврали соли 2026 содир шудааст.

Чанд рӯз пеш, Оҷонсии зиддифасод хабар дода буд, ки номбурда моҳи июни соли 2024 ҳангоми дар вазифаи роҳбари дастгоҳи ин ноҳия кор кардан, "бо сӯистифода аз мансаб" барои пуштибонӣ аз таъини як нафар ба вазифаи мудири мактаб, аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтааст.

Намояндаи Додгоҳи шаҳри Леваканд рӯзи 3-юми март ба “Азия-Плюс” гуфт, додгоҳ, Сайфиддинзодаро ба “сӯистифода аз мансаб” (моддаи 314, қисми 1-и КҶ) гунаҳкор дониста, бо дастрасии моддаи 63-и Кодекси ҷиноятӣ, ки таъини ҷазои сабуктарро пешбинӣ мекунад, дар ҳаҷми 14 ҳазору 600 сомонӣ (200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – ба ҳолати 2024-ум) ҷарима таъин кард.

Абдуҷаббор Сайфиддинзода дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо “Азия-Плюс” нахост ҳукми додгоҳ ва иттиҳоме, ки нисбаташ эълон шуд, шарҳ диҳад.

Ҳоло ба ҷойи Сайфиддинзода, Шарифӣ Бобосафар, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Леваканд таъин шудааст. Аммо маълум нест, ки роҳбари пешин кай аз вазифа озод ва Шарифӣ ба ҷои ӯ таъин шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ

Қаблан низ чанд корманди ҳукуматҳои маҳаллӣ барои гирифтани пора ва ё қаллобӣ боздошт ва ё ҷарима шуда буданд. Аз ҷумла, чанде пеш Додгоҳи шаҳри Исфара Фирдавс Абдурауфзода, роҳбари пешини дастгоҳи раиси ин шаҳрро барои қаллобӣ ва фиребу азхуд кардани беш аз 900 ҳазор сомонии сокинон, 52 ҳазор сомонӣ ҷарима баста буд.

Бояд гуфт, ки фасод дар ҳукумати шаҳру ноҳияҳо ва идораҳои дигари давлатӣ яке аз мушкилоти доғ дар Тоҷикистон ҳисобида мешавад. Ҳамасола садҳо корманди идораву корхонаҳои давлатӣ бо иттиҳоми қаллобӣ ё гирифтани ришва ҷарима ва ё зиндонӣ мешаванд.

Тибқи иттилои Оҷонсии зиддифасод дар соли 2025-ум 1 ҳазору 979 ҷинояти коррупсиониро нисбати 1 ҳазору 207 нафар ошкор кардаанд, ки дар натиҷаи он 819 парвандаи ҷиноӣ алайҳи 1 ҳазору 59 тан оғоз ва барои баррасӣ ба додгоҳҳо ирсол шудааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ва посухи Эрон. Шаби гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?

0

Рӯзи панҷум аст, ки ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва дар посух ба он зарбаҳои Эрон ба Исроил ва пойгоҳҳои низомию зерсохтҳои Амрико дар кишварҳои Халиҷи Форс идома дорад. Шаби гузашта дар Ховари Миёна, махсусан Эрону Исроил чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

 

Ҳамлаҳои шаби гузашта ва субҳи имрӯз

Бар асоси гузоришҳо, нимашаб дар Теҳрон таркишҳо рух додааст. Аз таркиш дар Аҳвоз ҳам гузориш дода мешавад.

Ҳамчунин, расонаҳои эронӣ, субҳи имрӯз аз таркиш дар шаҳрҳои Теҳрон, Қудс, Вардовард ва чанд шаҳри дигар иттилоъ доданд. Исфаҳон низ шоҳиди ҳамлаҳо будааст.

Тибқи иттилои хабаргузории Садо ва симои Эрон рӯзи гузашта дар пайи ҳамлаи Амрико ва Исроил ба як хонаи маскунӣ, ҳамаи аъзои як оила кушта шудааст. Ин расона нагуфтааст, ки хонавода мазкур аз чанд тан иборат буд. Ҳамчунин, ба навиштаи ин расона як мошин мавриди ҳамла қарор гирифта, 5 мусофири дохили он кушта шудааст.

Ба навиштаи хабаргузории “ИСНА” дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил 8 мошини ёрии таъҷилӣ дар Теҳрон осеб дидааст.

 

Маросими видоъ бо Алии Хоманӣ имрӯз огғоз мешавад

Зимнан, видоъ бо пайкари Алии Хоманаӣ, раҳбари кушташудаи Эрон имрӯз оғоз мешавад. Хабаргузории “ИРНА” иттилоъ медиҳад, ки маросими видоъ бо ӯ дар мусалло (масҷид)-и Имом Хумайнӣ имрӯз шуруъ шуда, се рӯз идома меёбад. 

Ба навиштаи ин расона, мардум метавонанд, бо ҳузур дар ин масҷид бо Алии Хоманаӣ видоъ кунанд. Алии Хоманаӣ 28-уми феврал дар рӯзи аввали ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон кушта шуда буд.

Расонаҳои Эрон дар робита ба ҳадсу гумонзаниҳо дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ, писари Алии Хоманаӣ хабар доданд, ки ӯ зинда ва солим аст. 

Хабаргузории “Меҳр” шаби гузашта хабар дод, ки Муҷтабо Хоманаӣ умури идораи кишвашрро пайгирӣ мекунад.

Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки Муҷтабо Хоманаӣ, писари Алии Хоманаӣ ҷойгузини падараш шудааст, вале расонаҳои Эрон ин хабарро рад карданд.

 

Ҳамла ба биноҳои Маҷлиси хубрагон ва Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом

Расонаҳои Эрон аз ҳамлаи мушакии Амрикову Исроил ба сохтмони дабирхонаи Маҷлиси хубрагон дар шаҳри Қум ва бинои дабирхонаи Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон дар Теҳрон хабар доданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Маҷлиси хубрагон масъулияти таъин, аз кор гирифтан ва назорат бар раҳбари Эронро бар уҳда дорад. Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом бошад, аз ниҳодҳои аслии Эрон аст, ки муҳимтарин масъулияти он ҳалли ихтилоф миёни Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва Шӯрои нигаҳбон аст.

Расонаҳои Эрон наворҳоеро нашр кардаанд, ки тахриби биноҳои ин ду ниҳодро нишон медиҳад.

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон навиштааст, ки бинои Маҷлиси хубрагон қадимӣ буд ва дар он ҷаласаҳо баргузор намешуданд. Хабаргузории Садову симои Эрон навиштааст, ки дар ҳамла ба ин бино касе осеб надидааст.

 

“HRANA”: Беш аз ҳазор ғайринизомӣ дар Эрон кушта шудааст

Дар ҳамин ҳол, Созмони ҳомии ҳуқуқи “HRANA”, ки қароргоҳаш дар Вирҷинияи Амрико чанд соат пеш эълон кард, ки теъдоди ғайринизомиёнии  кушташуда дар Эрон дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба 1 ҳазору 97 тан расидааст. Тибқи иттилои ин созмон 181 тани онҳо кӯдакони то 10 сола аст.

Ҳамчунин, созмон шумораи захмиёни ғайринизомиро 5 ҳазору 402 нафар гуфтааст, ки миёни онҳо 100 кӯдак низ ҳаст.

Ин ниҳоди ҳуқуқии инсон мегӯяд, танҳо дар 24 соати гузашта дастикам 104 ҳамла ба Эрон сурат гирифта, “пойгоҳҳои низомӣ, марказҳои тиббӣ ва минтақаҳои маскунӣ” ҳадаф қарор дода шудааст.

“HRANA” таъкид кардааст, ки дар ҳоли баррасии гузоришҳо дар бораи садҳо мавриди марги дигар дар натиҷаи ин ҳамлаҳо аст.

Ин оморро мақомоти Эрон тасдиқ ё рад накардаанд. Охирин омори расмии кушташудаҳо, шоми дирӯз, 3-юми март аз сӯи Ҳилоли Аҳмари Эрон нашр шуд, ки ҳудуди 800 кас буд.

 

Ҳамлаҳои Эрон ба Исроил ва консулгарии Амрико дар Дубай

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз лағви парвозҳо ба Теҳрон то гарон шудани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ. Охирин хабарҳои марбут ба Ховари Миёна

Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта ҳамлаҳои Эрон ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна низ идома пайдо кард. Аз ҷумла артиши Исроил гуфт, ки шаби гузашта мушакҳое, ки аз Эрон партоб шуда буданд, раҳгирӣ кардааст. Ба гуфтаи онҳо дар пайи ҳамлаҳои охир талафот нарасидааст.

“Ал-Ҷазира”, ҳамчунин аз шунида шудани таркишҳо давоми чанд соати гузашта дар Рамаллоҳи Исроил гузориш медиҳад.

Субҳи имрӯз вазорати тандурустии Исроил эълон кард, ки шабонарӯзи гузашта дар пайи ҳамлаҳои Эрон 219 нафар ҷароҳат бардоштааст. Ба навиштаи "The Times Of Israel" аз оғози ҳамлаи Эрон ба Исроил дар умум 1 ҳазору 274 нафар дар ин кишвар захмӣ шудаанд.

Ба иттилои мақомоти Исроил, дар пайи ҳамлаҳои Эрон 11 нафар кушта шудааст.

Ҳамчунин, шаби гузашта ба Консулгарии Амрико дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ ҳамлаи паҳподӣ сурат гирифтааст.

Ба навиштаи “Ассошиэйтед-Пресс”, Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико ин ҳамларо тасдиқ карда, гуфтааст, ки он аз сӯи Эрон анҷом шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, паҳпод ба назди Консулгарӣ бархурд карда, сабаби сӯхтор шудааст. 

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Дубай эълон кардааст, ки сӯхтор дар Консулгарӣ хомӯш карда шуда, касе ҷароҳат набардоштааст.

 

Вазъ дар Ховари Миёна

Чанд соат пеш, нерӯҳои Арабистони Саудӣ дар хабар дод, ки як паҳподро нобуд кардаст. Аз ин пеш ин кишвар аз раҳгрии ду мушак дар ҷанубу шарқи Риёз хабар дода буд.

Инчинин, дар соатҳои ахир Исроил ба сокинони даҳҳо русто дар Лубнон ҳушдор додааст, ки манзилҳои худро тарк кунанд.

Чанд соат пеш, нерӯҳои Исроил ба меҳмонхонае дар Бейрути Лубнон зарба задааст. Ҳоло талафоти ин ҳамла маълум нест. Вале ба иттилои Вазорати тандурустии Лубнон дар пайи ҳамлаҳои шабона ба як бинони истиқоматӣ 6 нафар кушта ва 8 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.

Ҳамла ба як бинои истиқоматии дигар дар ин кишвар 4 кушта ва 11 захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Қаблан мақомоти Лубнон гуфта буданд, ки шумораи кушташудагон дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба 50 нафар ва захмиён ба 335 тан расидааст.

Созмони Ҷаҳонии тандурустӣ низ гуфтааст, ки 3 корманди ёрии таъҷилӣ ҳангоми наҷоти маҷрӯҳон дар таркишҳо кушта ва 6 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

“Ал-Ҷазира” иттилоъ медиҳад, ки чанде пеш як паҳпод ба як иншооти сафорати Амрико дар наздикии фурудгоҳи Бағдод зарба задааст.

Вазорати дифоъи Арабистони Саудӣ дар соатҳои гузашта аз раҳгирии ду мушак хабар додааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон вориди рӯзи чорум мешавад. Охирин таҳаввулот дар Ховари Миёна

Вазорати дифоъи Кувайт низ мегӯяд, мушакҳое, ки субҳи имрӯз ба фазои ҳавоии ин кишвар ворид шудааст, раҳгирӣ кардааст. Вазорати тандурустии ин кишвар субҳи имрӯз аз даргузашти як кӯдаке хабар дод, ки қаблан ҷароҳат бардошта буд.

Баҳрайн чанд соат пеш эълон кард, ки аз рӯзи шанбе ба ин сӯ 74 мушак ва 92 паҳподро нобуд кардааст.

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар соатҳои қабл иддао кардааст, ки аз Эрон ба ин кишвар ҳазор ҳамла сурат гирифтааст.

Ин кишвар гуфтааст, ки дар ҳамлаи ИМА ва Исроил алайҳи Эрон ширкат накардааст, вале бештарин зарбаро дар Ховари Миёна дидааст.

Қатар шаби гузашта аз боздошти ду гурӯҳ хабар дода, иддао кардааст, ки онҳо марбут ба Сипоҳи посдорони Эрон аст. Ҳамзамон ин кишвар чанд соат пеш аз партоби мушак ба пойгоҳи ҳавоии “Ал-Удайд” гузориш дода буд ва гуфта мешавад, ки талафоти ҷонӣ надоштааст.

Дар ҳамин ҳол, Сипоҳи посдорони Эрон низ имрӯз гуфт, ки аз оғози ҷанг 26 паҳподи Исроилу Амрикоро нобуд сохта, як паҳподи солимро ба идораи худ даровардаанд.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Пешгӯии коршиносон дар бораи болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон

0

Соли 2026 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 3,8% гарон мешаванд, ки ин аз нишондиҳандаи миёна дар ҷаҳон каме зиёдтар аст. Ин пешгӯиро Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар гузорише, ки 160 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад, нашр кардааст.

Мувофиқи арзёбиҳои Созмон, дар саросари дунё ғизо ба ҳисоби миёна ба андозаи 3,2% гарон мешавад, вале "аз сабаби ноустувории қурби асъор, фишор ба таварум ва мушкилоти марбут ба таҳвил, дар баъзе кишварҳо суръати болоравӣ ба таври назаррас зиёд мешавад".

"Дар пасманзари тамоюлҳои ҷаҳонӣ, дар Тоҷикистон ҷараёни нисбатан муътадил ба назар мерасад. Болоравии пешгӯишаванда дар сатҳи 3,8% ба нишондиҳандаи миёна дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ (4,2%) наздик буда, аз нишондиҳандаҳои як қатор кишварҳои ҳамсоя ба таври назаррас поинтар аст", – гуфтаанд коршиносони ин Созмон.

Ба гуфтаи онҳо, соли 2026 мизони таварруми марбут ба нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Қазоқистон 12,7%, Қирғизистон 9,4%, Украина 9,2%, Беларус 8,9%, Гурҷистон 8,2%, Озарбойҷон 6,8%, Ӯзбекистон 5,5%, Молдова 4,9%, Русия 4,6% ва Арманистон 3,1% пешгӯӣ шудааст.

Болоравии баландтарин нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ тибқи пешгӯии Созмон (ФАО), дар Эрон пешбинӣ шудааст. Дар ин кишвар мизони таварруми нархҳо ба ғизо метавонад ба 55,9% дар ифодаи пулӣ расад.

Ба сегонаи пешсафон дар ин масъала ҳамчунин Аргентина (33,2%) ва Туркия (25,1%) шомиланд. Дар ин давлатҳо таварруми чандинсола ва фишор ба асъорҳои миллӣ омилҳои калидии болоравии нархҳо боқӣ мемонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Оғози мавсими мубориза бо малах. Барои нобудсозии ин ҳашарот аз паҳподҳо истифода мекунанд

0

То ҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 120 ҳазор гектар замин ҳамчун манбаъҳои аслии афзоиш ва паҳншавии малах ба қайд гирифта шудааст. Мақомот барои мубориза бо ин ҳашарот аз паҳподҳо (ҳавопаймоҳи бесарнишин) истифода мекунанд. Дар ин бора Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, кор барои ошкор ва нобуд кардани манбаъҳои паҳншавии малах идома дорад. Ба иттилои ин ниҳод, солҳои 2025-2026 дар майдони 246 480 гектар корҳои муоинаву санҷишӣ гузаронида шуда, дар 120 555 гектар замин манбаъҳои паҳншавии ҳашароти зараррасон ба қайд гирифта шудааст.

Ин ниҳод навиштааст, ки малах тухмашро дар хокҳои ғафс дар чуқурии 4-5 сантиметр ва аксаран дар ҷойҳои душворгузар мегузорад, ки ин мубориза бо ин ҳашаротро душвор месозад.

"Дар марҳилаи барвақтии афзоиш, ҳашарот дар гурӯҳҳо ҷудо мешавад, ки ба коркарди пурсамари кимиёвӣ имкон медиҳад. Аммо бо гузаштан  марҳилаҳои баъдина, нобудсозии малах душвор мегардад. Малахи калонсол фаъолона ҷой иваз мекунад ва ба расонидани зиёди ҷиддӣ ба заминҳои кишт қодир аст", – гуфтанд аз вазорат.

Ин ниҳод мегӯяд, соли 2025 бори нахуст дар кишвар барои коркарди қаламравҳои сироятёфта, аз паҳподҳо истифода карданд. Тавре Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ чанде пеш дар як ҳамоиш  гуфт, "истифодаи паҳподҳо ба зудтар фарогирии майдонҳои калон, бахусус дар мавзеъҳои душворгузар, кам кардани хароҷоти сӯзишворӣ ва маводи кимиёвӣ, инчунин коҳиши сарборӣ ба муҳити зист имкон медиҳад".

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳуҷуми малахҳо ба Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ

Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” ба муассисаи марбутаи давлатӣ, ду паҳпод дода шудааст, ки аллакай, дар коркарди заминҳо истифода мешаванд.

"Айни замон барои пайгирӣ ва коркарди манбаъҳои паҳншавии ин ҳашароти зараррасон, боз 8 дастгоҳи дигар харида шудааст", – гуфтанд аз ин ниҳод.

Ба таъкиди манбаъ, ба ҷуз паҳподҳо, боз даҳҳо трактор, садҳо обпошакҳои дастӣ ва худкор, зарфҳо барои об ва техникаи махсус дар ихтиёри мутахассисон қарор доранд. Аз Вазорати кишоварзӣ гуфтанд, ки онҳо масъалаи зиёд кардани истифодаи минбаъдаи технологияҳои муосирро дар мавсими имсола баррасӣ мекунад.

Ба иддаои ин вазорат "саривақт ошкор кардан ва нобуд сохтани манбаъҳои афзоиши малах барои эмин мондани ҳосил ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар соли 2026 аҳаммияти калидӣ доранд".

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Гарм, вале бо борону раъду барқ. Ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

0

Ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон гарм шуда, вале боришот аз меъёр зиёд мешавад. Дар рӯзҳои ҷудогонаи моҳ, ҳатто раъду барқ ва боридаи жола дар назар аст. Дар ин бора Оҷонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

 

Вилояти Хатлон ва водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ

Ҳарорати миёнаи моҳона 2 дараҷа болотар аз меъёр ва чунин дар назар аст: дар водиҳо 11-14 дараҷа гарм (меъёр +9-12), дар ноҳияҳои доманакӯҳ то +7-9 (меъёр +5-7).

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Чӣ гуна ҳавои гарми моҳи феврал ба ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ зарар мерасонад?

Нимаи аввали моҳ дар водиҳо шабона ҳарорати 6-11, рӯзона – 14-19 дараҷа гарм; дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 4-9 ва рӯзона – 11-16 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Нимаи дуюми моҳ болоравии ҳарорат пешбинӣ мешавад: дар водиҳо +13-18 дараҷа гарм, рӯзона аз +20-25 то +24-29, дар ноҳияҳои доманакӯҳ: шабона +8-13, рӯзона аз +14-19 то +20-25.

Боришот бисёртар мешавад, баъзан дар ҳудуди меъёр (меъёр дар водиҳо 43-148 мм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ — 169-233 мм). Ҳамчунин дар рӯзҳои ҷудогонаи моҳ раъду барқ, фаромадани тӯфони чангу ғубор, боридани жола ва дар ағбаҳо туман ва пурзӯршавии суръати вазиши шамол то 15-20 м/с дар назар аст.

 

Вилояти Суғд

Дар ин минтақа низ дар водиҳо ҳарорат 1 дараҷа зиёдтар аз меъёри иқлимӣ хоҳад буд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан 1 дараҷа поинтар аз меъёри иқлимӣ мешавад: дар водиҳо +9-10 (меъёр +8-9), дар кӯҳҳо -3+1 дараҷа (меъёр -2+2).

Нимаи аввали моҳ ҳарорат дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм рӯзона – 6-11 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст. Нимаи дуюми моҳ болоравии ҳарорат дар назар аст: дар водиҳо шабона +9-14, рӯзона аз +14-19 то +21-26, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5, рӯзона аз +9-14 то +12-17 дараҷа. Дар рӯзҳои ҷудогонаи моҳ раъду барқ, фаромадани тӯфони чангу ғубор, боридани жола ва дар ағбаҳо туман ва пурзӯршавии суръати вазиши шамол то 15-20 м/с дар назар аст.

Боришот баъзан зиёдтар аз меъёри иқлимӣ мешавад (меъёр дар водиҳо 25-54 мм, дар кӯҳҳо — 25-47 мм).  Дар рӯзҳои ҷудогонаи моҳ раъду барқ, дар ағбаҳо туман ва пурзӯршавии суръати вазиши шамол то 15-20 м/с дар назар аст.

 

Ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ

Ҳарорат дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва баъзан 1 дараҷа поинтар аз он пешбинӣ шуда, аз 2 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад (меъёр -2+5). Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар аст: шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, то 2-7 дараҷа гарм, рӯзона аз 9-14 то 18-23 дараҷа гарм.

Миқдори боришоти моҳона зиёдтар ва баъзан дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешбинӣ мешавад (меъёр дар Ноҳияҳои тобеи марказ – 62-169 мм, дар ВМКБ – 17-76 мм). Дар баъзе рӯзҳо пурзӯр шудани суръати вазиши шамол то 13-18 м/с ва туман дар назар аст.

 

Ноҳияҳои ғарби ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳона дар ҳудуди меъёр ва баъзан 1 дараҷа поинтар аз он пешбинӣ шуда, 7-15 дараҷа хунук (меъёр – 7-14) мешавад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат пешбинӣ шудааст: шабона аз 4-9 то 11-16 дараҷа хунук, рӯзона аз -1+4 то 1-6 дараҷа хунук. Миқдори боришот баъзан поинтар аз меъёри иқлимӣ мешавад (меъёр – 5-23 мм).

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бо гузашти беш аз 5 соат роҳи Душанбе-Чаноқ баста аст

Дар рӯзҳои ҷудогона пурзӯр шудани суръати вазидани шамол то 12-17 м/с дар назар аст.

 

Ҳушдор аз боришот

Ғайр аз ин, Оҷонсии ҳавошиносӣ аз боришот, баъзан боришоти пуршиддат ва хавфи фаромадани тармаҳо огоҳ мекунад.

Ин ниҳод гуфт, ки аз 4 то 6-уми март дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ (ба истиснои ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон ва ноҳияҳои шарқи ВМКБ) асосан боридани борон ва баъзан боришоти пуршиддат пешгӯӣ мешавад.

Рӯзҳои 4-5-уми март дар шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе – Чаноқ (километрҳои 48–74 ва 78-81), бахусус дар минтақаҳои тармафарои Майхура, Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ҳамзамон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ фаромадани тарма дар назар аст.

Рӯзҳои 5-6-уми март бо сабаби боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест. Ҳамзамон дар ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон (ноҳияҳои Ховалинг, Мӯъминобод, Шамсиддини Шоҳин, шаҳри Кӯлоб), ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Дарвози ВМКБ фаромадани сел пешгӯӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 39

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми сию нуҳуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

0

Дар панҷумин рӯзи ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон ҳамлаҳои ҳавоӣ аз ҳарду ҷониби даргир идома дорад. Амрико ва Исроил ба шаҳрҳои гуногуни Эрон ҳамла мекунанд ва Эрон дар посух ба Исроил ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар кишварҳои арабии Ховари Миёна зарба мезанад. Коршиносон мегӯянд, дар Эрон низом фурӯ напошидааст, ҷанг бо бомбборон ва куштори чанд фармондеҳ поён намеёбад, Эрон танҳо нахоҳад буд ва омодаи ҷанги давомдор аст.

 

Чаро ҷанг оғоз шуд?

Дар ин ҷанг якҷо бо мушакҳову паҳподҳо, аз иттилои бардурӯғу дасткоришуда ва таблиғоти зиёд истифода мешавад, ки аз миёни онҳо пайдо кардани воқеият ва ҳақиқат душвор аст.

Амрико ва Исроил барои дуруст нишон додани тасмими худ ҷиҳати оғози ҷанг ривоятҳои худро доранд. Онҳо Эронро ба саркашӣ аз тавофуқ барои дасткашӣ аз барномаи ҳастаияш гунаҳкор мекунанд ва мегӯянд, агар ин ҳамла намебуд, Эрон дар зудтарин фурсат ба силоҳи ҳастаӣ даст меёфт. Иддаое, ки мухолифи гуфтаҳои қаблиашон дар замони “ҷанги 12-рӯза” аст. Он замон ҳам Амрико ва ҳам Исроил гуфта буданд, ки ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои ғанисозии урани Эрон ин кишварро аз дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ маҳрум кард.

Эрон ҳам ривояти худро дорад ва мегӯяд, ин Амрико аст, ки мисли як соли пеш, дар ҷараёни музокирот ба ҳамла иқдом кард ва аз ҳалли дипломатии баҳс ба нафъи ҷанг берун шуд. Теҳрон мегӯяд, ин ҳама даъвоҳои Амрикову Исроил баҳонае беш нестанд, чун Эрон пайваста гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш сулҳомез аст ва ҳадафи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро надошт ва надорад. Барои собит кардани ин иддаои худ, борҳо изҳор доштааст, ки омодаи фароҳамории шароити мусоид ба Оҷонсии байналмилалии ҳастаӣ барои боздид ва арзёбии зерсохторҳои барномаи ҳастаиаш аст. Ин нуктаро роҳбари ин Оҷонс ҳам тасдиқ карда, ки Эрон “силоҳи ҳастаӣ надошт”.

Дар ин миён воқеият ин аст, ки ҷанг оғоз шуд ва бо бомбборони Эрон аз сӯйи Амрикову Исроил. Инак, рӯзи панҷуми ҷанг идома дорад ва дар баробари қурбониву харобӣ, суолҳои зиёдеро дар миён гузоштааст: Чаро ҷанг оғоз шуд, ҳадафи аслии Амрикову Исроил чӣ аст, низоми ҳоким дар Эрон то куҷо пойбарҷост ва чаро паҳлӯяш ҳампаймонҳояш нестанд, Эрон то куҷо ба ҷанги дарозмуддат омода аст, вокуниши кишварҳои арабӣ ба зарбаҳои Теҳрон ба қаламраваш чӣ гуна хоҳад буд ва ин ҷанг ба куҷо кашида мешавад?

Талош кардем аз талилгар ва коршиноси тоҷик ба ин суолҳо посух пайдо кунем.

 

“Мушкили аслии Ғарб низоми давлатдории Эрон аст”

Раҳматулло Абдуллоев, таҳлилгари масоили сиёсӣ, сабаби оғози ҷангро ба сиёсати мустақилонаи Эрон ва хилофи манофеи ҷаҳони Ғарб амал кардани роҳбарияти он медонад.

Ӯ мегӯяд, масоили баҳсӣ дар музокироти тарафҳо танҳо баҳона аст ва мушкилоти Ғарб дар он аст, ки дар дохили Эрон такягоҳ, шарик ва амаликунандаи нақшаҳояшро надорад. Аз ин лиҳоз, ба қавли ӯ, талоши аввали Амрикову Исроил тағйири низом дар Эрон аст. Низоме, ки беш аз чиҳил сол назди онҳо сар хам накард ва дар баробари таҳдиду фишори онҳо истод.

“Дар ин муддат, Ғарб ва пеш аз ҳама Амрико бо Эрон сари барномаи ҳастаӣ, қатъи истеҳсоли мушакҳои дурпарвоз, катъи кумак ба гурӯҳҳои низомӣ-сиёсӣ дар Фаластину Лубнон ва ғайра баҳс дошт ва ҳар лаҳза баҳонаи нав пеш оварда, марҳила ба марҳила фишорро болои он афзоиш медод. Соли 2015 созишномаи БАРҶОМ бо ширкати доираи васеи кишварҳои Ғарб ва Русияву Чин ба имзо расид, ки бояд ба ин баҳс хотима медод, аммо он бо ташаббуси Доналд Трамп, раисҷумҳури кунунии Амрико, шикаста шуд. Дар сурате, ки  бояд ҳама кишварҳои имзокардаи БАРҶОМ чунин тасмим мегирифтанд”, – мегӯяд Абдуллоев.

Ин таҳлилгари тоҷик хуруҷи Амрико аз созишномаи БАРҶОМ ва беамалии кишварҳои зери он имзогузоштаро “хиёнат ба Эрон” медонад, ки собит кард, мушкили аслӣ на масоили мавриди баҳс, балки низоми саркашу мутақили Эрон аст.

“Дар дохили Эрон нерӯҳои мухолифи қодир ба амалӣ кардани нақшаҳои ИМА ва Исроил вуҷуд надоранд. Намояндагони сулолаи собиқи ҳукмрон – Паҳлавӣ танҳо берун аз марзи Эрон садои худро метавонанд баланд кунанд, дар дохили Эрон онҳо пуштибони зиёд надоранд, зеро дар тӯли 50 соли қудрат хиёнати зиёд карда буданд ва ҳамеша дар хидмати Ғарб буданд”, – мегӯяд ӯ.

 

Эрон танҳо нахоҳад буд?

Абдуллоев мегӯяд, ҳоли ҳозир шояд Эрон дар муқобили ҳамлаварон аз лиҳози низомӣ танҳо бо ҷонибдории мардумаш меҷангад, аммо барои дарозмуддат вазъи кунунӣ тағйир хоҳад ёфт.

“Эрон дар муборизаи шадиди худ бо Амрикову Исроил наметавонад танҳо бошад, ҳатман аз лиҳози низомӣ, иттилоотӣ ва иктишофӣ кумак мегирад. Кишварҳои мисли Чин, Русия, Покистон бо роҳи ғайрирасмӣ дастгирӣ мекунанд. Дар сурати ба дохили марзи Эрон гузаштани амалиёти ҷангӣ, ҳазорон довталаб аз кишварҳои ҳамсоя аз тарафи Эрон ба ҷанг ворид мешаванд. Аммо Амрикову Исроил ҳоло тавони роҳандозии амалиёти заминӣ дар Эронро надоранд, чун он хеле мушкил хоҳад буд. Ва ҳамчунин, сабақи ҷанги ноком ва пурталафоти бистсола дар Афғонистон мисли захми шамшер бар ҷисму ҷони ИМА боқӣ мондааст. Ҳамчунин, ин ду кишвар, дар баробари хайрхоҳон, душмани зиёд ҳам доранд”, – мегӯяд Абдуллоев.

 

“Эрон имкони ҷанги дарозмуддатро дорад”

Рустам Азизӣ, низоъшиноси тоҷик, ки равандҳои сиёсӣ ва ҳаводиси Ховари Миёнаро таҳқиқу пайгирӣ дорад, мегӯяд, Эрон, тавре чаҳор рӯзи аввали ин ҷанг ва “ҷанги 12-рӯза” нишон дод, сарфи назар аз талафоти ҷониву зерсохторӣ, имкони ҷанги тӯлониро дорад.

“Яъне тасмими бисёр қавӣ доранд ва дар ин масъала, кишвари бузург аст ва захираву имконоти бештар дорад. Алабатта, барои ҷанги дарозмуддат метавонад истодагарӣ кунад, чунки Эрон солҳои зиёд дар таҳрим аст, режимҳои вижа ва ҳамчунин, таҷрибаи идомаи чунин ҷангҳоро дар кишварҳои дигар низ дорад”, – мегӯяд Рустам Азизӣ.

Ба қавли ин коршинос, “бо ду-се гулӯлаву бомбу мушакзадан, дар Эрон на ҳукумат тағйир меёбад ва на сохтор”.

“Яъне бисёр устувор ҳастанд ва бо кушта шудани чанд фармондеҳ, чизе тағйир намеёбад. Барои он ки захираҳои инсониву кадрии Эрон ҳам кам нестанд ва дигар ин ки чунон низом сохтанд, ки дар онҷо як шахс метавонад зуд ҷойгузин бошад. Яъне шахсиятсолорӣ вуҷуд надорад”, – таъкид мекунад Рустам Азизӣ.

Бояд зикр кард, ки дар “ҷанги 12-рӯза” Исроил ба якборагӣ чандин фармондеҳи Нерӯҳои мусаллаҳи Эронро кушт, аммо дар зудтарин фурсат ҷойгузини онҳо таъйин шудаву ҷанг идома кард ва низом ҳам фурӯ напошид.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон вориди рӯзи чорум мешавад. Охирин таҳаввулот дар Ховари Миёна

Дар чаҳор рӯзи ҷанги нави ҷараёндошта, ки ин бор ба Исроил Амрико ҳам мустақим пайваст, даҳҳо фармондеҳи Нерӯҳои мусаллаҳ ва ҳатто роҳбари олии Эрон кушта шуд, аммо ҷанг ҳамоно идома дорад. Эрон дар баробари Исроил, ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба мезанад ва гузориши расонаҳо ҳокӣ аз онанд, ки низоми дифоии Амрико ҳам дар баробари паҳподҳо ва мушакҳои Эрон мисли “Гунбади оҳанин”-и Исроил осебпазир аст. Ва ин вазъи кишварҳои арабиро душвор кардааст, чун таркишу харобӣ ба хоки онҳо ҳам кӯчидааст.

 

Таҳлука дар кишварҳои арабӣ

Рустам Азизӣ мегӯяд, барои кишварҳои арабӣ вазъият бисёр муташанниҷ ва ғайричашмдошт буд. Чунки “онҳо тамоми низоми дифоии худро бо такя ба Амрико карданд, вале тавре посухҳои Эрон нишон дод, ин низоми падофанду зиддиҳавоӣ аслан наметавонад ҳатто пойгоҳҳои ҳарбии Амрикову сафорати ин кишварро дифоъ кунад, чӣ расад ба кишварҳои арабӣ”.

Ӯ зикр мекунад, ки агар фазои расонаии кишварҳои арабиро пайгирӣ кунем, маълум мешавад, ки онҳо воқеан ба як таҳлука афтоданд ва дар онҷо чанд ривояти нав эҷод шудааст:

– Аввал ин ки Амрико моро фиреб кард. Наметавонад, ки моро дифоъ кунад ва ба ҷанг бо Эрон водор кард, вале аз имконоти мо танҳо барои Исроил истифода мешавад.

– Дигар ин ки чун баъзе аз пойгоҳҳои амрикоӣ, ба вижа радарҳо шикаста шуданд, саволе ба миён меояд, ки мо ин қадар маблағро барои чӣ сарф мекунем?! Ҳамчунин, бо баста шудани тангаи Ҳурмуз, зери ҳадаф қарор гирифтани чанд киштии нафткашу корхонаи гази моеъи Қатар, ки беш аз 20% гази моеъи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупоро таъмин мекард, масъалаи бозори нафти ҷаҳонӣ ҳама дарҳамбарҳам шуд.

Бо вуҷуди ин, ба қавли ин коршиноси тоҷик, кишварҳои арабӣ наметавонанд ба Эрон посух диҳанд.

“Аввал, чунин тавонро надоранд, дуввум, ин ки хасороте, ки аз зарбаҳои ҷавобии Эрон метавонанд бинанд, дандоншикан хоҳад буд. Чун кишварҳои арабӣ солҳои зиёд барои рифоҳу сатҳи баланди зиндагӣ омода шуданд ва наметавонанд ба ин хисорот тоб оранд. Аз ин рӯ, бисёр миёнарав буданд ва ҳоло ҳам аз Амрико тақозо доранд, ки мушкил бо роҳи дипломатӣ ҳал карда шавад”, – мегӯяд Азизӣ.

Ӯ мегӯяд, ба дарозо кашида шудан ин ҷанг барои кишварҳои Халиҷи Форс бисёр хатарнок аст, чунки аллакай, вазъи Қатар ва Иморот дар пайи ҳамлаҳо ба қароргоҳҳои нафташ бад шудааст ва ҳамарӯза зарар мебинад. Бар замми ин, кишварҳои арабӣ артиши кофӣ надоранд. Ва маълум шуд, ки амрикоиҳо дастгирӣ намекунанд. Дар ҷанги заминӣ шикасти бебаҳси онҳо дар баробари Эрон ногузир аст.

“Ин ҷанг бо роҳи бомбборон ва мушакзанӣ ҳал намешавад. Барои ҷанг дар майдон имконоти хеле зиёд лозим аст. Агар дар муқоиса бо ҷанги ҳатто Ироқу Афғонистон ҳам бубинем, Эрон кишвари бузургтар аст, артишаш ҳам  бузургтар ва қавитар аст. Муҳим ин аст ки дар баробари муътаризон ва ба истилоҳ мухолифон, ин ҳукумат ҳаводорони зиёд дорад ва ҳамчунин, ҳаводорони  он бештар мазҳабии фидоӣ ҳастанд ва агар баҳс сари ҷоннисориву ҷангҳои чирикӣ равад, хеле ба дарозо мекашад”, – хулоса мекунад Рустам Азизӣ.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 марти соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1940 – Ба Театри давлатии драмаи русии Тоҷикистон номи Владимир Маяковский гузошта шуд.

Соли 2010 – Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) аз узвияти Шӯрои ҷамъиятӣ хориҷ шуд.

Шӯрои ҷамъиятӣ як сохтори машваратӣ буд, ки барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳизбҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо ҳукумат таъсис ёфта буд. Сабаби асосии хориҷшавии ҲДТ аз Шӯрои ҷамъиятӣ норозигии онҳо аз сиёсати ҳукумат ва маҳдудиятҳои озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар кишвар буд. Раҳбарияти вақти ҲДТ изҳор дошт, ки дар чунин шароит идомаи узвият дар Шӯрои ҷамъиятӣ маъное надорад ва онҳо наметавонанд дар фаъолияти он иштирок кунанд.

Соли 2010 – Ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он барои напардохтани андозҳо, инчунин пинҳон кардани даромад аз андозбандӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ мешавад.

Соли 2016 – Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ифтитоҳ гардид. Ин муассиса нахустин маркази бисёрсоҳаи тиббии кишвар мебошад, ки зинаҳои гуногуни ташхис, табобат, аз ҷумла маркази ёрии таъҷилии тиббӣ ва офиятбахширо дар бар мегирад.

Соли 2020 – Шӯрои уламои Тоҷикистон дар робита ба пешгирии паҳншавии коронавирус даъват кард, ки аз намозҳои дастаҷамъона дар масҷидҳо худдорӣ кунанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1875 Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, нависанда, журналист ва равшанфикри тоҷик ба дунё омадааст. 

Соли 1930 – Зодрӯзи Раҳбар Қосимов, арбоби ҳизбӣ ва давлатии Тоҷикистони шӯравӣ.

Ӯ фаъолияти кориашро ҳамчун агроном оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои баланди роҳбарикунандаи ҳизбӣ фаъолият дошт. Аз моҳи феврали соли 1974 роҳбари бюрои ташкилотии КМ ҲК Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб буд.

Вай чанд дафъа вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон  интихоб шуда буд.

Субҳи 26 феврали соли 1974 ҷасади Роҳбар Қосимовро аз меҳмонхонаи шаҳри Кӯлоб пайдо карданд. Ӯ ҳамагӣ 44 сол дошт ва пеш аз маргаш умури ташкилии вилояти Кӯлобро дар даст дошт ва мебоист котиби якуми кумитаи вилоятии ҳизби коммунист мешуд. Хулосаи тафтишот ин буд, ки ин мансабдори баландпоя худкушӣ кардааст, вале фарзияҳои дигар, аз ҷумла куштор низ вуҷуд дошт.

Соли 1949 – Мавлуди Дона Баҳром, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Дона Баҳром хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст.

Фаъолияти касбиаш дар дастаи мақомхонони Кумитаи давлатии радио ва телевизион  оғоз гардида, дар ин даста ба олами сарояндагии асили тоҷикӣ ворид мешавад. Дона Баҳромов зиёда аз 100 суруди гуногунмавзӯъ иҷро намуда, дар заминаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ маҷмӯи овозие ҳам сохта ва сабт намудааст.

Соли 1957 – Мавлуди Ҳуринисо Ализода, рӯзноманигори тоҷик, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон.

Ҳуриннисо Ализода Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог ба итмом расонидааст. Баъди хатми донишгоҳ то соли 1986 ба ҳайси омӯзгор дар ноҳияи Фархор кор карда, соли 1986 бо шурӯи кор дар рӯзномаи “Роҳи ленинӣ” ба олами журналистика пайвастааст. Аз соли 1988 ба сифати гӯяндаи радиои ноҳиявӣ ва муддате мудири шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Ҳамадонӣ фаъолият дошт.

Баъдан солҳо дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва “Садои мардум” фаъолият кард.

Соли 2006 сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” таъин гардид ва аз моҳи октябри соли 2012 то моҳи майи соли 2015 муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд. Соли 2021 раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб шуд ва ҳоло дар ин вазифаи ҷамъиятӣ фаъолият дорад.

Ҳуринисо Ализода муаллифи як қатор очеркҳо буда, маҷмуи очеркҳояшро бо номи “Ҳафт ахтар” аз чоп баромадааст.

Соли 1993 – Саймуддин Бурҳонов, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2018 – Равшани Ёрмуҳаммад, нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон ва драматурги тоҷик дар синни 76-солагӣ аз олам даргузашт.

Равшани Ёрмуҳаммад нависандаи маъруфи тоҷик, падари адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров аст.

Ӯ хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинаст. Ӯ солҳо дар Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ, рӯзномаҳои “Тоҷикистони Советӣ” ва “Ҳақиқати Колхозобод”, Комитети давлатии нашриёт, полиграфия ва савдои китоб, ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” кор кардааст.

Соли 1991 сармуҳаррири маҷаллаи “Тоҷикистон” таъйин шуда, солҳои 1998-2003 ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сармуҳаррири нашрияи “Афсона” буд.

То кунун чиҳил асари Равшани Ёрмуҳаммад, ки аз ҳикоя, қисса, достон ва роман иборат аст, мунташир шудааст. Аз ҷумла, ӯ муаллифи китобҳои “Шоҳбузи сафед”, “Қиссаи шаҳри беҷон ё Саргузашти духтари бофанда”, “Гӯркоб”, “Қиссаҳои “Буду набуд”, романи Бармакиён”, қиссаҳои “Тӯфони Нӯҳ” ва “Хоб ва бедорӣ” ва ғайра аст.

Муаллифи 10 драма мебошад, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои якум, дувум ва савум гардидаанд.

Дар таҳияи мунтахаби ҳикояҳои "Тазкират-ул-авлиё", рисолаҳои "Усули навиштани иншо", "Никоҳ, талоқ ва ҳуқуқи зан" ҳиссагузорӣ кардааст.

Соли 2001 барои китоби "Гӯрков" сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии муҳандисӣ аст. Аз соли 2020 инҷониб ҳар сол 4 март ин ҷашн таҷлил карда мешавад. Ин иди касбии муҳандисон, олимон ва ихтироъкорон бо ташаббуси Федератсияи ҷаҳонии ташкилотҳои муҳандисӣ таъсис ёфта, бо қарори Конфронси генералии ЮНЕСКО расмӣ гардонида шудааст.

Имрӯз Рӯзи ихтирои баландгӯяк (микрофон) аст. Маҳз 4 марти соли 1877 ихтироъкори амрикоӣ Эмил Берлинер баландгӯякро ихтироъ кард. Вале як сол қабл, соли 1876, Александр Белл низ микрофонеро сохта буд, ки онро дар намоишгоҳи ҷаҳонии Филаделфия намоиш дода буданд. Берлинер дар он ҷо онро дида, тасмим гирифт, ки дастгоҳи беҳтаре созад. Вай тавонист сигналҳои садоиро тақвият дода, дар натиҷа як навъ дастгоҳе ихтироъ кунад, ки он “микрофон” ном гирифт.

4 марти соли 1955 як ширкати бузурги технологӣ истеҳсоли радиоҳои хурдро оғоз кард. Ин навоварӣ оғози муваффақияти ҷаҳонии ширкат гардид. Охири солҳои 1960 ва ибтидои солҳои 1970, он яке аз пешвоёни истеҳсоли электроникаи маишӣ шуд.

4 март Рӯзи байналмилалии айнакдорон таҷлил мешавад. Аввалин линзаҳо ҳангоми кофтуковҳои археологӣ дар Троя пайдо шудаанд (тахминан 2500 пеш аз милод), вале асосан ҳамчун ҷавоҳирот истифода мешуданд. Танҳо баъди садҳо сол линзаҳо барои ислоҳи биноӣ ба кор рафтанд. Аввалин айнакҳо дар асри XIII пайдо шуданд. Онҳоро як шишабур аз Флоренсия – Салвино Алмати ихтироъ кардааст. Аввалин айнакҳо барои наздикбинон танҳо дар асри XIX ихтироъ шуданд.

Айнаксози лондонӣ Эдвард Скарлетт дар аввали асри XVIII ба айнакҳо пояҳои насбшуда барои дар пушти гӯш гузоштани айнак илова кард. Пеш аз ин, онҳоро бо ресмон ё банди эластикӣ истифода мебурданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок, саҳаргоҳон ва рӯзона дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо  рӯзона 12+17º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо  рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, рӯзона борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 4+6º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 4 ба 5-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз лағви парвозҳо ба Теҳрон то гарон шудани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ. Охирин хабарҳои марбут ба Ховари Миёна

0

Давоми рӯз ҳамлаи Эрон ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна идома ёфт ва дар посух ба он Исроил ҳам ба Эрон чанд мушак партоб кард. Дар зимн, ҳаводиси охир, сабаби лағви парвозҳои "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Теҳрон шуд ва сокинони Тоҷикистон барои ҳамдардӣ ба Сафорати   Эрон рафтанд. Охирин таҳаввулоти марбут ба минтақаро дар ин маводи мо хонед.

 

Ҳамдардии тоҷикистониҳо

Имрӯз, 3-юми март теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Сафорати Эрон дар Душанбе рафта, кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ва чанде аз масъулону шаҳрвандони ин кишварро таслият гуфтаанд.

Сафорат мегӯяд, онҳо бо эҳдои гул ҳамбастагии худро ба миллати Эрон изҳор доштанд.

Ба ғайр аз ин, Толиб Озарахш ва Фарзонаи Хуҷандӣ, ду Шоири халқии Тоҷикистон ба сафири Эрон дар Душанбе паёми ҳамдардии худро фиристодаанд.

Дар ин паём шоирон ба сафир ва мардуми Эрон таслият гуфта, изҳор доштаанд, “чӣ фархунда умре ки дар роҳи наҷоти Ватан фидо шавад ва чӣ поянда номе, ки бар пештоқи меҳан ва дар ҷаридаи қалбҳои мунаввар барои ҳамеша сабт гардад”.

“Пайваста ба даргоҳи Ҷаҳондори якто ниёиш мекунем, ки миллати хуҷастаи Эрон ва мардумони ин диёри бостон ва росткеш – ҳамдилон ва ҳамзабонони ҷовидони мо – аз шарри аҳриманони ҷаҳонхор дар амон монда, раҳоӣ ёбанд ва парчами пирӯзиро баланд афрозанд”, – омадааст дар паёми ду шоири шаҳири тоҷик.

Толиб Карими Озархаш ва Фарзона ҳарду аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти муосири тоҷик буда, дар ҳавзаи форсизабонон ҳам шӯҳратёр ҳастанд.

 

Лағви парвозҳои “Сомон-Эйр” ба Теҳрон

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
"Сомон Эйр" парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе–Дубай муваққатан боздошт

Ҳамзамон, дар пайи нооромиҳо дар Ховари Миёна ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки маҷбур аст, аз сабаби маҳдудиятҳои фазои ҳавоӣ дар ин минтақа парвозҳои худро дар масири Душанбе-Теҳрон то 31-уми март боздорад.

Ин ширкат рӯзи 3-юми март ба мусофироне, ки барои сафар дар ин муддат билет доранд, тавсия додааст, ки вазъи парвозро пешакӣ дар сомонаи расмии “Сомон Эйр” тафтиш кунанд ва барои гирифтани маълумоти нав бо маркази тамос бо рақамҳои зерин тамос гиранд:

Тел: +992 44 640 40 49, +992 44 640 40 50,

WhatsApp: +992 93 777 74 59.

Қаблан, ин ширкат парвозҳояшро то 6-уми март  ба Дубай боздошта буд.

 

Омори нави куштшудаҳои Эрон

Дар ҳамин ҳол, Ҳилоли аҳмари Эрон хабар дод, ки теъдоди кушташудаҳо дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба ин кишвар ба 787 тан афзоиш ёфтааст. Қаблан теъдоди кушташудаҳо 555 нафар гуфта мешуд.

Теъдоди захмиён эълон нашудааст. Дар рӯзи аввали ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон, Ҳилоли аҳмар теъдоди захмиёнро 747 тан гуфта буд.

Ин ҷамъият изҳор доштааст, ки Амрико ва Исроил то кунун ба 153 шаҳр ва 504 нуқтаи Эрон 1 ҳазору 39 зарба задаанд.

 

Оҷонсии байналмилалии энергияи атомӣ ҳамла ба иншооти ҳастаии Натанзро тасдиқ кард

Ҳамчунин, Оҷонсии байналмилалии энергияи Атомӣ (МАГАТЭ) тасдиқ кардааст, ки чанд бино дар иншооти ҳастаии "Натанз" дар натиҷаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон осеб дидаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон вориди рӯзи чорум мешавад. Охирин таҳаввулот дар Ховари Миёна

Оҷонсӣ чанде пеш дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки тибқи таҳлили аксҳои моҳвораӣ даромадгоҳи корхонаи зеризаминии ғанигардонии уран зарар дидааст. Вале гуфтааст, ки хатари паҳншавии радиатсия вуҷуд надорад.

Қаблан, намояндаи Эрон дар ин созмон аз ҳамла ба иншооти ҳастаии “Натанз” хабар дода буд. Он замон ин созмон гуфта буд, ки ҳамларо тасдиқ ё рад карда наметаовнад.

 

Кутоҳ аз ҳаводиси Эрон

Дар соатҳои гузашта, ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон идома дошта, ба чанд нуқта, аз ҷумла дар хиёбонҳои Пардис ва Порчини Теҳрон, Бушеҳр ва Урумия зарба задааст.

Хабаргузории “Форс” аз кушта шудани 13 нафар дар пайи ҳамлаи рӯзи гузашта ба як пойгоҳи артиши Эрон дар шаҳри Кирмон хабар дод.

Дар ҳамла имрӯз, ба Исфаҳон низ се нафар кушта шудааст.

Амрико ва Исроил дар ҳамлаҳои худ ба Эрон 5 бемористони бузург ва 10 марказҳои дармонӣ ва беҳдоштӣ зарба задаанд.

Расонаҳои Эрон бо такя ба Вазорати мероси фарҳангии ин кишвар хабар доданд, дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил “Кохи Гулистон” осеби ҷиддӣ дидааст.

“Кохи Гулистон” аз ҷумлаи осори таърихии муҳим дар Теҳрон, пойтахти Эрон мебошад, ки ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст.

Мудири ин кох гуфтааст, ки аз мавҷи таркишҳо шишаҳо шикаста, миқдори осеби расидааст.

 

Исроил теъдоди захмиёнро дар пайи ҳамлаҳои Эрон эълон кард

Ҳамчунин, ҳамлаҳои Эрон низ ба Исроил тайи чанд соати охир шиддат гирифт. Вазорати тандурусти Исроил эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба Исроил 1 ҳазору 50 тан захмӣ шудааст. Гуфта мешавад, аз ин теъдод, танҳо 120 нафар дар беморхона бистарӣ буда, боқимонда рухсат шудаанд.

Ба навиштаи “The Time Of Israel” танҳо шабонарӯзи гузашта 289 маҷрӯҳ ба бемористонҳо интиқол ёфтааст.

Қаблан Исроил кушта шудани беш аз 10 нафарро дар ҳамлаҳои Эрон тасдиқ карда буд.

 

Ховари Миёна

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз тавсияи ВКХ барои тоҷикистониҳо то омори кушташудаҳо дар Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон

Зимнан, ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна низ идома дорад. Аз ҷумла, Имороти Муттаҳидаи Араб аз кушта шудани 3 нафар ва захмӣ гаштани 68 тан дар пайи ҳамлаҳои Эрон хабар дод, менависад “Ал-Ҷазира”

Вазорати дифоъи Иморот гуфтааст, ки Эрон ба ин кишвар 186 мушак ва 812 паҳпод задааст ва иддао кардааст, ки 172 мушак ва 755 паҳподро нобуд кардааст.

Ҳамчунин, Уммон гуфтааст, ки тайи чанд соати охир як паҳпод дар наздикии бандари Салала суқут кард ва як паҳподи дигар дар ин кишвар раҳгирӣ шудааст. Талафот ба қайд гирифта нашудааст.

Дафтари Комиссариати Олии СММ (UNHCR) мегӯяд, ки аз замони оғози ҳамлаи Исроил ба Лубнон беш аз 30 ҳазор нафар ба паноҳгоҳҳо рафтаанд.

Қувайт чанде пеш  ҳамла ба сафорати Амрико дар шаҳри Кувайтро тасдиқ кардааст.

Қатар чанд соат пеш эълон кард, ки беш аз 8 ҳазор нафар бинобар баста будани фазои ҳавоӣ дар минтақа дармондаанд.

 

Нархи нафт гарон шудааст

Дар ҳамин ҳол, дар пасманзари ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон нархи нафт ва газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ гарон шудааст. Рӯзномаи бритониёии “Financial Times” хабар додааст, ки арзиши газ дар Аврупо 45% боло рафтааст.

Ҳамчунин, Эрон тангаи Ҳурмуз, гузаргоҳи борике миёни Хали Форс ва Уқёнуси Ҳиндро маҳдуд кард, ки тавассути 20% тамоми нафту гази дунё аз ин танга мегузарад.

Дар ҳамин ҳол, нархи нафт то 85 доллар барои як баррел боло рафтааст. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки он ба зудӣ метавонад ба 100 доллар бирасад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дарси инсондӯстӣ ва сухансанҷӣ. Ба накӯзодрӯзи устод Абдунабӣ Сатторзода

0

Садоқат, самимият, озодманишӣ…

Шинохти банда аз Абдунабӣ Сатторзода ва ҳамдилию ҳампешагӣ ва ҳамрешагиам бо ӯ маро водор месозад, ки ба муносибати ҷашни 85-солагии эшон ҳарфҳое аз жарфои дил бигӯям.

Устод аз маъдуди донишмандоне ҳастанд, ки ба нишонаи ҳақшиносӣ ва арҷгузорӣ ҳудуди шаст сол дар роҳи бедории ҷомеа ва ҷавонон ва шукуфоии фарҳангу адаб хидмати содиқона ва ошиқона кардааст. Банда ба унвони яке аз шогирдон, ҳақ дорам ҳарфҳои диламро чунонки дархӯри номи баланди эшон медонам, иброз дорам.

Марде, ки аз кор кардан, аз хондану навиштан хаста намешавад ва бар хилофи абнои рӯзгор аз кору хастагӣ низ наменолад. Устод дар канори кори таҳқиқ ва тадрис ва таълиф, вазоифи идории мухталиферо низ ба уҳда мегирифтанд ва ба таври тамому камол анҷом медоданду медиҳанд. На кори идорӣ музоҳими тадрису таҳқиқ ва таълифи эшон буда ва на тадрису таҳқиқ он касро аз анҷоми вазоифи идорӣ боз медошт.

Нуктаи гуфтанӣ ин аст, ки устод ҳама корҳояшонро бо назму тартиб ва рӯи хуш анҷом медоданд. Аз ин мавзӯъ ки гузарем, ишқи бе рӯю риё ба ватан ва фарҳанги пурбори он ва гузаштаю имрӯзи фарҳанги забони порсӣ, кӯшиш барои муаррифии он ва дифоъ аз он аз сифоти боризи устод Сатторзода аст. Ҳамеша дар мутолиа аст ва манобеи мавриди алоқаашонро мехонду мехонад.

Ин матлабро ҳам биафзоем, ки эшон ин донишҳоро на дар Урупо ё Русия, балки дар чаҳордевории шаҳри Душанбе омӯхтаанд. Аз ҷумлаи риштаҳои адабии мавриди иноят ва алоқаи хоси эшон нақди адабӣ аст. Устод таърихи нақди адабиётро ба таври ҷиддӣ мутолиа карда, аз китобҳои зиёде, ки ба забонҳои арабӣ, форсӣ, инглисӣ ва русӣ хондаанд, барои нақди осори адабии куҳану ҷадиди мо суд ҷустаанд.

 

Устод Сатторзода тамоми умри пурбаракати худро вақфи мутолиа ва таҳқиқу муаррифии фарҳанги пурбори мо карда ва инак, қадам ба остонаи ҳаштодумин соли зиндагии худ ниҳодаанд ва ин фурсатест муносиб, ки лаҳзае чанд дар бораи кору пайкори ин донишманди бузург ва муаллими воқеӣ биандешем.

Устод Абдунабӣ Сатторзода адиби номдор, муҳаққиқу мунтақиди арҷманд, омӯзгори тавоно, устоди камназири донишгоҳ, ҳамеша фаъол ва ҳамвора дар кору пайкор ҳастанд ва хушбахтона аз навиштаҳои эшон таровиши ҷавонӣ ва накҳати зиндагонӣ ба машом мерасад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Абдунабӣ Сатторзода: Лоиқро ба ҳарду майдон даъват мекарданд, аммо ӯ ёри на “Шаҳидон” ва на “Озодӣ” буд

Сатторзода аввалтар аз ҳама ИНСОН  аст ба тамоми маънои ин вожа. Ҷумла бар онанд, ки устод Сатторзода инсоне озода, хушахлоқ ва хушандом аст.

Аз кӯдакиам эшонро мешиносам ва дар тамоми даврони зиндагиам, боре аз забони эшон ҳарфи носазое нашнидаам, ҳаргиз надидаам, ки аз паси касе ҳарфи баде гуфта бошад. Ҳамеша бо назокат ва санҷида сухан мегӯяд. Бо ҳама бузургворӣ дар авҷи фурӯтанӣ ба сар мебарад.

Бо он ҳама таҳқиқоти арҷманд ва китобу мақолаҳое, ки дар мавзуъҳои мухталиф менависанд, ҳамвора бо шиори “зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй” зиндагӣ мекунанд, ҳамеша ташнаи омӯхтан ва мутолиа ва бар хилофи баъзе аз хомазанони муосир, ҳаргиз забону қалами худро ба носазо олуда намекунанд. Ин нуктаро ҳама касоне, ки эшонро аз наздик мешиносанд, аҳли аҳли илму адаб, ки бо устод қаробат доранд ва донишҷӯёне, ки тайи беш аз 50 сол дар донишгоҳ аз маҳзари дарси устод баҳраҳо бардоштаанд,таъйид мекунанд.

Бо он ки устод Абдунабии Сатторзода дар заминаҳои гуногуни адабиёти форсии тоҷикӣ ба таҳқиқ пардохтаанд ва ҳосили ин пажӯҳишҳояшонро дар китобу мақолаҳои мухталиф ба чоп расонидаанд, шӯҳрати эшон дар ватан ва хориҷ аз он, пеш аз ҳама марбут бар он аст, ки эшон нахустин бор афкори адабӣ ва зебоишинохтии ниёконамонро ба таври ҷиддӣ ба таҳқиқ кашиданд.

 

Устод Абдунабӣ Сатторзода аз шумори донишмандонест, ки дар осори хеш ҳамеша дар ҳоли таҳаввул ва такомул будани назария ва андешаҳои пешиниёнро дар давраҳои мухталиф собит кардааст. Имрӯз аз баракати пажӯҳишҳои эшон афкори адабиётшиносии мо дар гузашта ва манбаъҳои мавҷуд дар ин росто мавриди баррасии илмӣ ва натоиҷи ин пижӯҳишҳо дастраси муҳақиқон гаштааст.

Нахустин китобе, ки дар даврони донишҷӯйи аз навиштаҳои эшон хондам, “Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ” ном дошт, ки нимаи солҳои ҳафтодуми қарни гузашта интишор шуда буд. Ин пижӯҳиш аз аввалин пижӯҳишҳои ҷиддӣ дар заминаи баррасии андешаҳои адабии ниёкони мо дар Тоҷикистон буд. Дар ин рисола устод Сатторзода афкори адабию зебоишиносии Абдураҳмони Ҷомиро мавриди баррасии илмӣ қарор дода, ин андешаҳоро дар матну батни афкори адабии файласуфҳои Юнону Эрон ва фарҳангу адаби ниёкон пажӯҳиш намудаанд.

Чунонки устод Сатторзода ба дурустӣ фармуда буданд, адибон маъмулан ба зоҳири шеър таваҷҷуҳ доштаанд, чунончи ба қолаби шеър ва ба ҷанбаи луғавии он арҷ мегузоштаанд ва шеър барои онҳо “каломи мавзуну муқаффӣ” будааст. Вале бо гузаштани замон ва ошноӣ бо андешаи файласуфон чунин нигоҳ таҳаввул кардааст.

Ба назари устод Сатторзода “…имтизоҷи дарки урфии шеър бо дарки… фалсафии он аз хидматҳои шоистаест, ки машшоиён, бахусус, Форобӣ, Сино ва Насирруддини Тӯсӣ дар такомули афкори назарии шарқӣ кардаанд". Сатторзода дар ин пажӯҳиши худ андешаҳои Ҷомиро дар муқоиса бо афкори теъдоди зиёде аз донишмандани Шарқу Ғарб баррасӣ карда, ба ин натиҷа расидааст, ки Ҷомӣ ва чанд тани дигар дар таҳаввули жарфи андешаҳо дар бораи шеър саҳми босазое доранд.

 

Ӯ дар ин пажӯҳиш ба натиҷае расидааст, ки “дарки урфии шеър аз тарафи адибон бо мурури замон зери таъсири дарки фалсафии он тағйиру такмил намудааст ва дар ниҳоят боиси ба ҳам омезиш ёфтани дарки фалсафии шеър бо дарки адабии он дар назариёти адабии форсии тоҷикӣ гардидааст”. Таҳқиқи муфассали ин мавзуъ дар рисолаи дигари устод – “Арасту ва андешаҳои адабии форсу тоҷик дар қарнҳои IX ва XV” такмил ёфта, эшонро дар радифи чанд тане, ки мавзуи мазкурро пайгирӣ ва тадқиқ намудаанд, ба унвони мутахассиси бартар дар заминаи адабиётшиносии татбиқӣ ва масоили назарии он дар меҳани мо табдил додааст.

Вақте ин пажӯҳиш ба анҷом расид, на фақат муассисоти илмӣ онро ба унвони сухани тоза дар адабиётшиносии шӯравӣ муаррифӣ карданд, балки бузургтарин мутахассисони он рӯзгор аз ин пажӯҳиш чун падидаи нодир ва таҳқиқи комил ёдовар шуданд. Ин пажӯҳиш тибқи равиши он рӯзгор ба забони русӣ анҷом шуда ва арзёбии бузургон низ ба забони русӣ аст, ки чанд пораро ман ин ҷо тарҷума кардам ва бо тавзеҳ меоварам.

Иосиф Брагинский, шарқшиноси маъруфи шӯравӣ мефармояд, Сатторзода собит кард, ки нақди фалсафӣ ба забонҳои арабию форсӣ бо роҳи мустақили хеш вусъат ёфт ва бо усулҳои бунёдини хеш рушд кард. Вақте бо ин рисолаи Сатторзода ошно мешавед, бе тардид ба ҳарфи Брагинский эътимод пайдо мекунед, ки гуфта буд:

“Дар ниҳоят донишмандони Машриқзамин назарияи асили шеърро, ки аз пешиниён тафовут дошт, халқ карданд. Дар ин ҷо ҳама чиз нав аст, ҳам шеваи бархӯрд ба мавзуъ, ҳам натиҷаи таҳқиқ. Абдунабӣ Сатторзода тавонист дар адабиётшиносии ақвоми Шарқ қишри ҷадиди андешаҳои назариявии шеърро дар навиштаҳои бузургони Шарқ, аз ҷумла донишмандони форсу тоҷик пайдо ва пажӯҳиш кунад”.

Яке аз фазилатҳои дигари пажӯҳишҳои Сатторзода ин аст, ки ҳамеша талош кардааст, аз манобеи дасти аввал истифода ва ба сарчашмаҳо такя кунад.

 

Устод Дмитрий Лихачев, адабиётшниоси маъруфи шӯравӣ гуфта буд, касоне ки бо сарчашмаҳо ва манобеи дасти аввал сару кор доранд, аз оби ноби чашмаҳо нӯш мекунанд ва оби ҳаёт менӯшанд ва уламое, ки кори худро дар асоси андеша ва пажӯҳишҳои дигарон менависанд, оби мурдаро нӯш мекунанд.

Ин нуктаро устод Брагинский мушоҳида карда, мегӯяд:

“Бисёре аз манобеи дасти аввалро нахустин бор дар илми адабиётшиносии ватанӣ (шӯравӣ) Абдунабӣ Сатторзода ба кор бурдааст”.

Вижагии дигари пажӯҳишҳои Сатторзода вориди баҳс шудани ӯ аст.

“Пажӯҳанда баҳс мекунад, аммо баҳсро бо назокат, ҷавонмардона ва бо эҳтиром ба тарафи муқобил анҷом медиҳад ва баҳсҳояш комилан дар чаҳорчӯби илм сурат мегирад. Ӯ бо диққати тамом паҳлӯҳои мусбату манфиро баррасӣ мекунад ва аз душвориҳо намеҳаросад”, – гуфтааст ӯ.

Аълохон Афсаҳзод, адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик бошад чунин мегӯяд:

“Пажӯҳиши Абдунабӣ Сатторзода аз назари масъалагузорӣ, вусъати андеша ва баррасии он на танҳо дар адабиётшиносии тоҷик, балки дар ховаршиносии шӯравӣ комилан сухани тоза аст”.

Устод Сатторзода дар замони шӯравӣ яке аз нахустин донишмандоне буд, ки бо огоҳӣ аз афкору андешаҳои Арасту ва Афлотун дар таърихи нақди адабӣ ба нақд мафҳуми фалсафӣ бахшид.

Ҳамчунин, ӯ аз зумраи он донишмандони тоҷик аст, ки масъалаи таҳаввули назарияи “тақлид”-ро дар афкори андешамандони ҷаҳони ислом ба таҳқиқ кашид.

Ҳам дар ин китоби пурарзиш ва ҳам дар мақолоти сершумори хеш устод Сатторзода афкори адабӣ ва зебоишинохтии на фақат файласуфони машшоъ, балки бисёре аз адибону шеършиносони форсу тоҷикро баррасӣ ва собит намудааст. Андешаҳои Абӯнасри Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд, Хоҷа Насираддини Тӯсӣ, Шамси Қайси Розӣ, Муҳаммади Родуёнӣ, Муҳаммад Авфии Бухоройӣ ва даҳҳои дигар албатта мавриди баррасӣ ва таҳқиқи ин устоди тавоно гаштаанд.

Аз пажӯҳишҳои муҳими дигаре, ки Сатторзода анҷом додааст, дар заминаи илми бадеъ аст. Фунун ё саноати адабӣ бахше аз шеваҳои адабофаринии сухан аст. Дар китоби “Такмили бадеии форсии тоҷикӣ”, ки Сатторзода “дар заминаи навиштаҳои пешиниён ва имрӯзиён” номидааст, бори нахуст дар адабиётшиносии мо сайри таҳаввули саноеи бадеӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Ин ҳамон илми бадеъ ва саноеъи сухан аст, ки ба қавли сохторгароён, дар забон низоми ҷадиде ба вуҷуд меоранд.

Устод Абдунабӣ Сатторзода, ки таърихи нақди шеърро аз Юнони Бостон то Эрони қарнҳои миёна нағз омӯхтаву ҳосили пажӯҳишҳояшро интишор кардаанд, табиист, ки ба илми балоғат низ таваҷҷӯҳи хосе дошта ва солҳо аз умри азизи хешро ба таҳқиқи ин қисмате аз адабиётшиносӣ бахшидааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”

Пайдост, ки тасвир дар шеър баёне аст, ки ба сурати зеҳни ҳосил аз дарёфтҳои ҳиссии шоир зиндагӣ мебахшад. Ба иборати дигар, сабаб мешавад, то хонанда эҳсос кунад, ки чизеро ба гунаи мутамойиз мебинад, ламс мекунад, мебӯяд ва мешунавад. Як шеър ғолибан бо сохтани тарҳе аз тасвирҳо ҳаяҷонро бармеангезад, ба гунае, ки хонанда он андоза, ки ба василаи эҳсосот таҳрик мешавад, таҳти таъсири маънои шеър воқеъ намегардад.

Абдунабӣ Сатторзода дар соли 2011 натиҷаи ковишҳо ва пажӯҳишҳои худро дар ин китоби арзишманди худ ба чоп расонид. Дар шинохти воқеии адабиёти мо пайванди саноеъи бадеӣ бо шеър ва насри мо пайванди дерина дорад, ба гунае, ки метавон гуфт, саноеъи бадеӣ ва осори адабӣ зодрӯзи яксон доранд. Пайдост, ки бидуни “оройиш” осори бадеӣ наметавонад пойдор бошад ва дар кишвари мо пажӯҳиши ҷиддӣ дар ин маврид анҷом наёфта буд. Устод Сатторзода ин холигоҳро эҳсос карданд ва “дар сайри таҳаввули санъатҳои бадеии лафзӣ ва маънавӣ” бо иттако ба афкори донишмандони пешин ва баррасии дидгоҳҳои адабиётшиносони кунунӣ натиҷаи таҳқиқи худро ба хонандагон ироа доданд.

Ин китоб шомили муқаддима ва чаҳор фасли аслӣ ва охирсухан буда, ба наҳве хулосаи назарияҳои мавҷуд, иттифоқи назарҳо, сӯитафоҳумҳо ва ғайраро дар бадеъи форсӣ фаро гирифтааст. Дар ин китоб кӯшиш шудааст, то тасвире ҷомеъ аз сайри таҳаввули ин илм дар забони форсӣ (тоҷикӣ) аз оғоз то имрӯз ироа шавад ва тамоми саноеъи бадеъи мавҷуд ва шинохташуда дар кутуби форсӣ муаррифӣ шавад.

Устод дар муқаддимаи китоб аз пешинаи ин илм суҳбат мекунад ва китоби Хоҷа Насируддини Тӯсиро, ки “Меъёр-ул-ашъор” ном дорад, яке аз қадимтаринҳо медонад, ки ин илмро “илми маҳосин ва бадоеъи сухан” ё “илми санъат” номидааст. Ӯ дурустии ин нуктаро, ки “мавзуи аслии илми бадеъ дар воқеъ ҳамон саноеъи сухан аст”, бо муҳтавои манобеи дигар, аз қабили осори Муҳаммади Родуёнӣ, Рашиди Ватвот, Шамси Қайси Розӣ, Тоҷулхаловӣ, Шарафуддини Ромӣ, Ҳусейн Воъизи Кошифӣ, Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ ва бо ишораҳое, ки эшон дар ин замина доранд, таъйид мекунад.

 

Сатторзода исбот кардааст, ки муҳимтарин рисолаҳо дар ин замина аз сӯйи порсизабонон навишта шудаанд. Ӯ номи даҳҳо рисолаву соҳибонашро бо арзёбии ҷою мақоми ин китобҳо дар сарсухан ва фусули баъдии китоб овардааст.

Ӯ талош кардааст, ки сайри таҳаввули ҳар яке аз саноеъи адабӣ, истилоҳот ва айбҳои шеърро, ки бадеънигорони гузашта дар рисолаҳояшон баён кардаанд, баррасӣ намоянд. Аз сӯи дигар, бо иттако ба пажӯҳишҳои адабиётшиносон ва дастовардҳои илми кунунӣ назари хешро дар ин замина баён кардааст.

 

Саҳми Сатторзода дар таълифи китоби дарсӣ

Устод Абдунабӣ Сатторзода, ки даҳсолаҳо ба унвони устоди донишгоҳ ва муҳаққиқи тавонои адабиёти мо фаъолият ва таърихи адабиётро хуб фаро гирифтааст, дар навиштани китобҳои дарсӣ низ ширкат кардааст ва муалифи китоби дарсии “Адабиёти Тоҷик” барои синфи 8 аст. Ҳатто як нигоҳи оддӣ ба китобҳои дарсии адабиёт кофист, то бубинем, ин китоб ба забону баёни расову шево, сохтори ҷолиб ва муҳтавои муҳиме, ки дар бар гирифтааст, кори инсони огоҳ ва дар кори худ савор мебошад.

Устод Сатторзода дар ин китоб донишомӯзонро ба марҳилаҳои инкишофи адабиёти пурбори гузаштаи мо, аз ҷумла бо адабиёти давраҳои пешазисломӣ ошно мекунад ва бо беҳин намунаҳои адабиёти бостонии мо ошно месозанд. Ҳамчунин мо дар ин китоби дарсӣ мебинем, ки устод донишомӯзонро ба адабиёте, ки ниёкони мо ба забони арабӣ сурудаанд, ошно кардааст, ки бисёр муҳим буд. Зеро дар “ду қарни сукут”, ки устоди бузург Абдулҳусайни Зарринкӯб ин давронро чирагии араб бар эрониёнро хондааст, мебинем, ки чандон сукут ҳам набудааст ва ниёкони мо ҳама дарду ранҷи худро ба забони ғосибин баён кардаанд. Адабиёти ба истилоҳ шуубӣ дар ҳамин даврон падид омадааст.

Пас аз ин, устод Сатторзода аз адабиёти тоҷики қарнҳои IX ва X ва вижагиҳои он барои донишомӯзон ҳикоят карда, сипас аз зиндагӣ ва осори бузургтарин шоиру нависандагони мо – аз устод Рӯдакӣ то Низомии Ганҷавӣ ҳикоят мекунад. Китоб бо забони нағзу шево ва бо огоҳии тамом навишта шуда, бетардид донишомӯзро барои мутолиаи таърихи дурахшони адабиёти мо ҳавасманд мекунад.

Устод дар ин китоб зимни дарсгуфторҳои худ бархе аз саноеъи лафзию маънавиро низ шарҳу тафсир карда, бо таҳияи саволу супоришҳо ва луғатномаи марбута донишомӯзонро аз як сӯй барои мустақилона андеша кардан водор ва аз сӯйи дигар барои фаҳми матнҳои классикӣ омода кардааст.

 

 

“То ҳол узви академияи илмҳо нест”

Таҳқиқоти дигари илмию адабии ӯ дар риштаҳои адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, назарияи шеър, шеършиносӣ, нақди адабӣ, сиёсати хориҷӣ, таърихи дипломатияи миллӣ, фарҳангшиносӣ ва диншиносӣ буда, дар маҷмуаҳои дастаҷамъӣ, маҷалла ва китобҳои мухталиф интишор шудаанд ва ҳар кадом дорои аҳамияти муҳиме дар риштаҳои мавриди таҳқиқ мебошанд.

То кунун беш аз 16 китобу рисола ва беш аз 400 мақолаи устод ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, ҷопонӣ, форсӣ, дарӣ, пашту, олмонӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ ва дигар забонҳо дар Душанбе, Маскав, Киев, Теҳрон, Тошканд, Боку, Степанакарт, Берлин, Токио, Лондон, Осло, Стокҳолм, Севул, Деҳлӣ, Қарочӣ, Алмаато, Бишкек, Кобул чоп шудаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”

Аз ин лиҳоз, мо дар ҳоли ҳозир адабиётшинос ва донишманде дар сатҳи эшон надорем. Устод Сатторзода донишмандест, ки коршиносон дар ҳар гӯшаи дунё эътироф ва ба осораш истинод мекунанд, вале дар чашмони кӯри олимнамоёне, ки масъалаи узвият ба Академияро, мутаассифона, ғасб кардаанду худро олим ҷилва медиҳанд, наменамоянд ва то кунун, ҳатто узви вобаста ё пайвастаи Академии илмҳои Тоҷикистон ҳам нестанд! Албатта ин барои устод чандон муҳим нест, зеро қадри зар заргар бидонад. Лек дар маҳофили мухталиф аз беадолатиҳо дар интихоботи академӣ мегӯянду мешунавем. Кош ҳадди ақал дар миёни ин қишри рӯшанфикрон инсоф ва дар таъйиди воқеъиятҳо иттифоқи назар мебуд.

Китобу маҷмӯаҳои Сатторзода ба ҷуз онҳое, ки дар боло ишора кардем, “Нуқтаи пайванд. Баъзе масъалаҳои инкишофи шеъру нақди адабӣ” (1982), “Нақди адабӣ” (дар ҳамкорӣ бо Абдулқайюми Қавим, Асадулло Ҳабиб ва Латифи Нозимӣ; Кобул, (1987), “Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ” (2001), “Аристотель и таджикско-персидкая литературная мысль IX-XVвв” (2002), “Кӯҳна ва нав (дар шеър, нақд ва забон” (2004), “Дипломатияи муосири тоҷик” (бо ҳамқаламии академик Талбак Назаров; 2006), “Баёзи адабиёт”,“Дипломатияи порлумонӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2010)” (дар ҳамқаламии Муҳаммадато Султонов; 2010), “Дипломусии муосири Тоҷикистон” (дар ҳамқаламии академик Талбак Назаров; Кобул, 2013), 2Аз Рӯдакӣ то Лоиқ” (2013) ва аст, ки аз беҳтарин намунаҳои тадқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон буда, гувоҳи саҳми назарраси устод дар пешрафти адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва фарҳангшиносии тоҷик ба ҳисоб мераванд.

Устод Сатторзода дар таҳияи матн ва тарғиби адабиёт низ саҳми босазо доранд, ки намунаи он нашри “Чаҳор китоб” буда, бетардид дар тарбияти ахлоқи ҳамзамононамон нақши муассир хоҳад дошт.

Табиист,ки ин ҷо ҳадафи мо баррасии ҳамаҷонибаи осори устод нест ва ин кор аз ҳавсалаи ин мақола хориҷ аст.

Устод Сатторзода, донишманди дақиқназар ва амин, марди соҳибдилу кӯшо буда, солҳост, ки ба фарҳангу адаби мо ишқ меварзад ва ошиқона пижӯҳиш мекунад. Ватандӯст ва шефтаи фарҳангу забони порсӣ аст. Вале он чи ман аз ӯ беш аз ҳар вижагии дигар ба назарам менамояд, озодагӣ ва наҷобате аст, ки дар чеҳраи ӯ ҳувайдост. Наҷобат, ба қавли доное, омезае аз бузургдилӣ ё ба қавле “дилкалон будан ва чашмпӯшию фурӯтанӣ, парҳез аз рашку ҳасад ва бухлу кинатӯзӣ аст”.

 

Тоза ба ёди суханони устод Шакурӣ афтодам, ки устод Сатторзодаро хушрафтор ва хушандом меномиданд. Устод Сатторзода инсоне некандеш, неккирдор, некрафтор ва озода буда, вуҷуди муборакаш аз наҷобати ботин асар дорад ва ҳам зебо ва ҳам зебописанд аст. Ва ин зебоию ворастагию озодагӣ буд, ки эшонро ба сӯи ин сифот мекашад ва рафтори эшонро шакл мебахшад.

Дар рафтори устод хубӣ ва зебойӣ ба ҳам пайванди ногусастанӣ дорад. Тавозуъ, қаноат ва ҳамон ризо ва истиғно, ки Саъдӣ фазилати онҳоро баршумурда буд, ман дар вуҷуди устод Сатторзода мебинам.

На ин ки ӯ аз хоҳишҳои нафсонӣ холӣ бошад. Ҳаргиз чунин нест! Агар чунин буд, барои ман ҷолиб набуд. Баръакс, устод Сатторзода марди солим ва табиӣ ҳастанд ва аз ҳама хоҳишҳои инсонӣ баҳраманданд. Дар паси чеҳраи ором ва лабханди зебои эшон пӯёӣ, ҷунбиш ва завқи нишот хуфтааст ва дар чашмони андешамандашон барқи зиндагӣ медурахшад.

Албатта, устод ҷойгоҳи воқеъии хешро медонанд, гоҳо аз муҳити илмию адабӣ дилгир мешаванд ва медонанд,ки дар ин гирудор ватан муқассир нест, афроди бесавод ва каммояе, ки муассисоти илмию омӯзиширо ғасб карда, вале корро намедонанд,муқассир ҳастанд.

Хислати муҳиме, ки ман дар устод Сатторзода мушоҳида кардам ва эшонро дар чашми ман гиромитар мекард, шавқи эшон ба омӯхтан буд. Аз даврони кӯдакиам, ки бо падарам барои дидорбинӣ ба хонаи падариашон мерафтам, медидам, ки китоб мехонданд ва менавиштанд. Дар шаҳрҳои мухталиф, ки бо ҳам будем, ҳамеша медидам, ки суроғи китобе мекарданду аз пайи мутолиа буданд.

 

Устод 11 сол пеш бо дархости ин шогирд узвияти ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии “Эроннома”-ро пазируфтанд ва бо лутфу бузургворӣ мақолотеро барои маҷалла навиштанд, ки мавриди алоқамандии мутахассисон буд. Ӯ бидуни таъоруф инсони бузургвор ва мутавозеъ ва омода барои баровардани ҳоҷати аҳли илму адаб аз ҳар табақа ва қишри ҷомеа аст. Бархӯрди эшон дар ин замина барои шогирдон ва ҳампешаҳояшон пӯшида нест. Он чиро ки медонанд, бо самимияту садоқат ба дигарон интиқол мекунанд. Дар вуҷуди устод Сатторзода камтарин асаре аз сохтагӣ ва баландпарвозии бархе аз аҳли илму адаб дида намешавад. Гузашта аз ин, устод намунаи олии як тоҷики фарзона ва меҳандӯст аст, ки ватан ва фарҳангу тамаддуни дерини ин сарзаминро гиромӣ медорад, онро пажӯҳиш ва ба дигарон муаррифӣ мекунад.

Як сабақи муҳимаш ин аст, ки ҳамеша аҳли илму адабро муҳтарам мешуморад ва ҳурмати пешкисватонро нигаҳ медоранд. Ин нуктаро на танҳо дар муносибати эшон бо афроди алоҳида мушоҳида кардаам, балки дар навиштаҳои эшон низ ошкор аст.

Мақолаҳои сершумори эшон дар бораи устодони бузурге чун Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лутфуллоҳ Бузургзода, ишораҳои эшон дар бораи устодон Бертелс, Брагинский, Александр Болдирев, М.Н Усмонов ё дар бораи устодони беназир Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноъат, устод Лоиқ Шералӣ ва ғайра гувоҳи эҳтиром ва вафодории эшон ба воқеъиятҳо ва ойинҳои миллии мост.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Абдунабӣ Сатторзода: “Олами озодагӣ хуш оламест!”

Ахлоқи ниёкони мо чунин будааст, ки ҳар касе, ки пеш аз онҳо хидмате карда бошад, амонатдорӣ мекарданд ва ба хадамоти эшон арҷ мегузоштанд. Чунончи ин корро Фирдавсӣ дар ҳаққи Дақиқии ҷавонмарг анҷом дод.

Боре дар маҳфили дӯстон гуфтам:

“Медонед, чаро устод Абдунабӣ аз дигарон тафовут доранд?! Он кас ҳеч гоҳ ва дар ҳеч ҳолат аз пушти касе ғайбату бадгӯйӣ намекунанд, худро аз дигарон ҷудо намедонанд, ҳасодат надоранд, ҷойгоҳи худро медонанд ва худро мешиносанд. Ман касонеро медонам, ки устод Сатторзода борҳо барояш дасти ёрӣ дароз кардаанд ва ҳимояташ мекарданд, вале рӯзи ҳодиса он нафар аз рӯи ҳасодат ва тамаъ аз эшон бадгӯйӣ кард ва ин дар рӯзҳое, ки бо туҳмат ва кинатӯзӣ ва бадгӯйӣ ҳар нобиғаеро имкон дошт, бикушанд. Хушбахтона, касеро фармуданд, Абдунабӣ Сатторзодаро нобуд бикунад, аз шогирдони устод буд, ки баробари дидан шинохт ва тезҳушӣ кард ва ба ҷойи куштан барои наҷоти устод кӯшид. Устод номардиҳоро таҳаммул мекарданд ва ба истилоҳ ба рӯи худ намеоварданд, гарчи ба яқин дар дарунашон ғавғое барпо мешуд, мисли ҳамон ҳодисае, ки дифоъи докториашон бо ширкати бузургтарин мутахассисон дар сатҳи олӣ баргузор шуд ва ҳеч касе гумон намекард, ки мушкиле пеш ояд, боз ҳам яке аз нотавонбинон, аз ҳамкоронашон, ки ҳар рӯз бо ҳам салому алек мекарданд, бе он ки поённомаи устодро хонда бошад, ба унвони болотарин мақоми расмие, ки унвонҳои илмиро таъйид мекунад, номаи палидонае навишта, ҳарфҳои авомфиребонае рақам карда, гуфта буд, чун эшон забони юнонии бостонро намедонанд, набояд унвони илмиро сазовор шаванд…”

Албатта, сухан гуфтан аз зиндагию осори устод Сатторзода барои ман гуворост, вале ҳоло иктифо мекунам ва барои эшон саломатии бардавом мехоҳам ва орзу мекунам, ки ин нерӯи худододи ҷавониро боз солҳо ҳифз бикунад ва дар навиштаҳои баъдиаш низ мо ин тару тозагию ҷавониро эҳсос кунем. Ман танҳо мехостам дар остонаи ҳаштодсолагии устод чанде таҳти таъсиру ёдҳои ин марди накӯном ва нотакрор бошам.

Мавод бо ихтисор нашр шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.