Home Blog Page 5100

Шурӯъ аз 27-уми феврал то имрӯз ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 670 млн. кВт/соат нерӯи барқи Ӯзбекистону Туркманистон ворид гардид

0


Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз 27-уми феврал то имрӯз ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 670 млн. кВт/соат нерӯи барқи Ӯзбекистону Туркманистон ворид гардид.




Чӣ тавре ки аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 165 млн. нерӯи барқи Ӯзбекистон ва 330 млн. кВт/соат нерӯи барқи Туркманистон интиқол дода шуд.



Бино ба иттилои манбаъ, феълан ҳаҷми воридшавии об ба обанбори нерӯгоҳи Норак беш аз 470 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, сатҳи ҷоришавии об аз он ба 520-530 метри мукааб дар як сония баробар аст. «Дар сурати афзудани ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбор метавон аз интиқоли нерӯи барқи кишварҳои ҳамсоя даст кашид», – афзуд манбаъ.


Э. Раҳмон: То охири соли равон пойтахти кишвар бо гази худӣ таъмин хоҳад шуд

0


Душанбе. 15-уми апрел – Раис


ҷ


умҳури То


ҷ


икистон имр


ӯ


з, 15-уми апрел, дар порлумони кишвар дар ҳузури вакилони мардум


ӣ


ва раҳбарони вазоратҳову кумитаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар ва ҳамчунин зиёиён паёми солонаи худро ба ҳарду табақаи порлумони кишвар ироа кард.




Президенти То


ҷ


икистон аз


ҷ


умла гуфт, дар чаҳор соли наздик То


ҷ


икистон ба истиқлоли энерж


ӣ


даст хоҳад ёфт.


Ӯ


гуфт, дар семоҳаи аввали имсол дар кишвар 15 нер


ӯ


гоҳи хурд бунёд шудааст ва то охири сол шумори онҳо то ба 50 бояд бирасад.


Ӯ


гуфт, то миёнаҳои моҳи май бунёди нер


ӯ


гоҳи Сангт


ӯ


да-1 тамом шуда, он ба фаъолият оғоз хоҳад кард.


Ӯ


гуфт, сохтмони нер


ӯ


гоҳи Сангт


ӯ


да-2 дар охири соли 2011 ан


ҷ


ом хоҳад шуд.



Раис


ҷ


умҳур гуфт, дар чаҳор соли наздик ҳукумати То


ҷ


икистон барои та


ҷ


диди нер


ӯ


гоҳи Норак 480 миллион сомон


ӣ




ҷ


удо хоҳад кард ва аз ин миён 80 миллионаш аз грантҳои созмонҳои хори


ҷ


ӣ


иборат хоҳад буд.


Ӯ


гуфт, дар ҳамин ҳол сохтмони нер


ӯ


гоҳҳои Роғун, Нуробод-1, Нуробод-2 ва нер


ӯ


гоҳҳои хурд дар дарёҳои Зарафшон, Пан


ҷ


ва Вахш идома дода хоҳад шуд.



Президент ҳамчунин гуфт, то охири имсол пойтахти кишвар бо гази худ


ӣ


таъмин хоҳад шуд. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.


Президент ҷиҳати рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ як қатор тадбир пешниҳод кард

0


Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни ироаи Паёми солона ба парлумони ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ як қатор тадбир пешниҳод сохт.




Ба сифати чораи зиддибӯҳронӣ ва баҳри дастгирии сохибкории хурду миёна дар ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат супориш дод, ки ҳаҷми андоз аз арзиши изофа аз 20 то 18 дарсад ва андоз аз даромад аз 25 то 15 дарсад камтар карда шавад.



Зикр гардид, ки барои бартараф сохтани монеъаҳои маъмурӣ мебояд заминаи меъёриву ҳуқуқии мувофиқ таҳия кард.



Ғайр аз ин, барои дастгирии низоми бонкии кишвар ба Бонки Миллии Тоҷикистон тавсия дода шудааст, ки фоизҳои пешниҳоди қарзро аз 12 то 10 дарсад кам кунад. Сарвари давлат изҳор дошт, ки ҳукумат ва парлумони ҷумҳуриро зарур аст, асноди ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба риояи меъёрҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгаронро таҳия созанд. «Намояндагони парлумон бояд ба Қонунҳои амалкунандаи ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ», Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» тағйироту иловаҳо ворид созанд», – гуфт ӯ.



Сарвари давлат ҳамчунин тақозо намуд, ки ҳаҷми хароҷоти воситаҳои буҷаи давлатӣ барои сафарҳои кории мансабдорон ба андозаи 80 дарсад камтар карда шуда, ҳамчунин аз масрафи

 

зиёди маблағ дар баргузории чорабиниҳои гуногун дар минтақаҳо худдорӣ карда шавад.


Имрӯз дар шаҳри Ереван мулоқоти вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СААД баргузор мешавад

0



            

Душанбе. 15-уми апрел – Имр


ӯ


з дар шаҳри Ереван мулоқоти вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти даста


ҷ


амъ


ӣ


кушода мешавад. Иштирокчиёни мулоқот масъалаҳои ташкилию фаъолияти Қувваҳои даста


ҷ


амъии зудамал ва ба роҳ мондани ҳамкории мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи мамлакатҳои аъзои созмонро баррас


ӣ


менамоянд.





            

Аз То


ҷ


икистон дар ин мулоқот муовини аввали вазири корҳои дохил


ӣ


Рамазон Раҳимов ширкат меварзад.Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Геологҳои тоҷик мустақилона корҳои иктишофии газу нафтро дар қаламрави ҷумҳурӣ шурӯъ мекунанд

0


Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Геологҳои тоҷик мустақилона корҳои иктишофии газу нафтро дар қаламрави ҷумҳурӣ шурӯъ мекунанд.




Чӣ тавре ки сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҶТ Азими Иброҳим ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо ин мақсад гурӯҳи иборат аз 20 мутахассис ташкил гардида, он бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст. «Дар марҳилаи аввал мутахассисони тоҷик дар ҳамдастӣ бо ширкати «Tethys Тajikistan Limited»-и Канада ба корҳои иктишофӣ машғул хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.



А.Иброҳим гуфт, феълан ин ширкат ва як ширкати қазоқии дигар дар гирду атрофи пойтахт, аз ҷумла дар майдонҳои конҳои Комсомол, Хонақоҳ , Айнӣ ва Навобод ба корҳои иктишофӣ машғул мебошанд. «Айни замон 5 ширкат дар қаламрави Тоҷикистон корҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи газу нафтро баргузор месозанд», – афзуд Азими Иброҳим.


М.Алимардон: Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи истифодаи захоири обу энергетика ҳеҷ ихтилофе мавҷуд нест

0


Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ноиби сарвазири ҶТ Муродалӣ Алимардон изҳор дошт, ки миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи истифодаи захоири обу энергетика ҳеҷ ихтилофе мавҷуд нест.




Ба гуфтаи М.Алимардон, ҷониби Ӯзбекистон ҳамаи ӯҳдадориҳои соли ҷорӣ ба зимма гирифтаашро дар мавриди транзити нерӯи барқ ва интиқоли барқи Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ иҷро кардааст. «Ӯзбекистон моҳи март ба Тоҷикистон 100 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода, транзити нерӯи барқ аз Туркманистонро низ таъмин сохт ва дар навбати худ Тоҷикистон ӯҳдадор шуд, ки обанбори нерӯгоҳи Қайроққумро дар сатҳи зарурӣ барои мавсими обёрии соли равон дар Ӯзбекистону Қазоқистон бо об пур намояд», – гуфт ӯ ва изҳори боварӣ намуд, ки соли равон дар мавсими обёрӣ ҳеҷ мушкилоте пеш нахоҳад омад.



Ноиби сарвазир мегӯяд, тобистони соли равон масъалаи дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола аз Ӯзбекистон харидани 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ ва таъмини транзити барқи Туркманистон дар ҳаҷми беш аз 1 млрд. кВт/соат ҳал хоҳад гардид ва дар ин масъала ҳеҷ мушкилоте нест ва набояд пайдо гардад.

 




Ёдрас мекунем, ки зимистони гузашта сарфи назар аз иҷрои муқаррароти шартнома, Ӯзбекистон аз 1-уми январи соли ҷорӣ транзити барқи Туркманистон ба Тоҷикистонро қатъ сохта, танҳо аз 1-уми март онро барқарор кард.


Агентии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ амалигардонии «Барномаи сиҳатии модару кӯдак»-ро оғоз намуд

0


Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) амалигардонии барномаро оғоз намуд, ки он сиҳатии модару кӯдакро дастгирӣ

 

менамояд. Барномаи мазкур дар 3 ноҳияи вилояти Суғд – Ғончӣ, Мастчоҳ ва шаҳраки Табошар амалӣ мегардад. Кормандони тиббии деҳавӣ, ки умуман дар системаи Вазорати тандурустии ҶТ фаъолият мебаранд ва бо хизматрасонии тиббӣ барои модарону кӯдакон сарукор доранд, бо оилаҳо якҷоя кор мекунанд, барои беҳтар кардани сатҳи гигиенӣ ва саломатии онҳо кӯмак хоҳанд кард. Барнома аз тарафи созмони ғайриҳукуматии Амрико – ҳайати Шафқат амалӣ мегардад ва буҷаи умумии ин барномаи 5-сола 3 124 078 млн. доллари амрикоӣ буда аз он занҳои қобили таваллуд ва кӯдакони синни то 5 сола баҳра хоҳанд бурд. Барномаи мазкур якчанд вазифаҳоро дорост, ки аз баланд бардоштани миқдори модароне, ки ғизодиҳии беҳтар ва нигоҳубини кӯдакро иҷро мекунанд ва инчунин дар роҳи беҳтар кардани саломатии кӯдаки то 2-солаи хеш саъю кӯшиш мекунанд, баланд бардоштани теъдоди заноне, ки аз нигоҳубини модар ва кӯдаки навзод бархӯрдор ҳастанд, баланд бардоштани қобилияти муассисаҳои тиббии Вазорати тандурустии ҶТ барои таъмин намудани хизматрасонии босифат ба

 

модару кӯдак иборатанд.

 





Менеҷери лоиҳаи мазкур дар вилояти Суғд Иззатов Саъдӣ зарурати барномаро чунин шарҳ медиҳад:

 

«Дар давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ёрии тиббӣ фаъолона истифода намекарданд. Онҳо хуб намедонистанд, ки саломатии худро чӣ гуна нигоҳ доранд ё касалиҳои кӯдакони худро бо кадом роҳҳои оддӣ пешгирӣ намоянд.

 

Дар мавриди ҳатто як сулфа ҳам онҳо ба фелдшер ё ба духтури атфол муроҷиат мекарданд, ки он корманди тиб дар навбати худ ягон дору ё муолиҷаи мураккаб таъин намуда роҳҳои оддии пешгирии касалиҳоро тавсия намекарданд. Зарурати истифода бурдан аз баъзе таҷрибаҳо ва хизматрасонии тиббии махсус на дар мактабҳо ва на дар дигар муассисаҳои таълимӣ тарғиб мешуд. Дар вақти ҷоришавии хизматрасонии пешгирии касалиҳо пошхӯрии системаи Шӯравӣ сар шуда буд. Бинобар ин, оилаҳоро ба истифода бурдан аз чунин хизматҳо ташвиқу тарғиб намекарданд. Ҳангоми амалигардонии чунин барномаҳо дар дигар ноҳияҳои вилояти Суғд мо мушоҳида кардем, ки мардуми деҳот тарзи хаёти солимро зуд аз худ мекунанд».

  




Мутахассиси санҷиш ва баҳодиҳии ҳайати Шафқат дар вилояти Суғд Таҳмина Ҷабборова мегӯяд: «Таҳқиқоти ба наздикӣ гузаронидашуда нишон медиҳад, ки одатан волидайн кӯдаки худро, ки дарунравии вазнин дорад, барои табобат ба муассисаи тиббӣ намебаранд; Ғайр аз он,

 

аксари пурсидашудагон аломатҳои хатарноки давраи навзодиро тамоман намедонанд. Истифодаи регидрон дар байни мардум на он қадар маъмул аст. Барои ҳалли ин муаммоҳо, лоиҳа омода аст, бисёр корҳоро дар чаҳорчӯбаи самтҳои барнома амалӣ созад. Сафарбаркунии ҷомеа ва ташвиқу тарғиби тағйири рафтор яке аз самтҳои асосии кор бо аҳолии барнома мебошад. Созмон барои омӯзиши занҳо, мардҳо ва дигар аъзохои оила якчанд сарчашмаҳоро истифода хоҳад бурд. Чунин усул – усули босамар буда, беаҳамиятиро нисбат ба тансиҳатӣ тағйир медиҳад ва имкон медиҳад, ки мардум нисбат ба саломатии хеш масъултар бошанд”



Барномаи Ҳайати Шафқат «Сиҳатии модару кӯдак» яке аз бисёр лоиҳаҳои кӯмакии Агентии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ мебошад, ки аз номи мардуми Амрико амалӣ мегардад. Аз соли 1993 инҷониб, зиёда аз 300 миллион доллар аз мардуми Амрико барои рушди иқтисодиёт, соҳаи тандурустӣ, маориф ва институтҳои демократии Тоҷикистон равона шудаанд. Дар ин бора аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд.


Паёми солонаи президент ба парлумони ҷумҳурӣ

0



           

Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи худро ба парлумони ҷумҳурӣ баён хоҳад дошт.





           

Тибқи иттилои ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов, дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони кишвар ба ҷуз аъзои парлумон, ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиёни эҷодкор ва ВАО низ иштирок мекунанд.



Ба ақидаи аксари коршиносон, масъалаи андешидани тадбирҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои ногувори бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ мавзӯи асосии паёми сарвари давлат хоҳад буд.


Соҳибкори ваҳдатӣ 70 дарсади маблағи бунёди МБГ ва корхонаи истеҳсоли сӯзишвории синтетикии арзишаш 65 млн. Евроро аз Эрон дастрас хоҳад кар

0


Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Соҳибкор аз шаҳри Ваҳдат Сафарбек Назаров, ки нимаи моҳи март ба президенти Тоҷикистон ваъда дода буд, ба маблағи 65 млн. Евро Маркази барқу гармидиҳӣ ва корхонаи истеҳсоли сӯзишвории синтетикӣ бунёд месозад, дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, моҳи май бо сармоягузорони Русияву Эрон гуфтушунид хоҳад кард ва дар ин мулоқот имзои созишнома дар бораи сохтмони иншооти мазкур дар назар аст. «Шарикони русиягиву эронӣ ҷиҳати бунёди иншооти мазкур 70 дарсади маблағро ихтисос хоҳанд дод ва ман бояд дар муддати 10 сол онро баргардонам», – гуфт ӯ ва афзуд, ки пас аз таҳияи лоиҳа ахири сол шурӯъи корҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст.




Ба гуфтаи С.Назаров, ки директори кони ангишти «Сайёд» дар минтақаи шарқи мамлакат аст, ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон пешбинӣ мешавад. Марказ аз ангишт чун сӯзишворӣ истифода хоҳад кард ва дар заминаи он корхонаи истеҳсоли сӯзишвории синтетикӣ низ бунёд карда мешавад.



Дар мавриди иқтидори истеҳсолии Маркази барқу гармидиҳӣ номбурда гуфт, он ба 420 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар аст, ки ин ҳаҷм талаботи шаҳри Ваҳдатро (220 млн. кВт/соат) пурра қонеъ хоҳад кард ва нерӯи барқи боқимонда ба ноҳияҳои Файзобод ва шаҳри Душанбе интиқол дода хоҳад шуд. «Иқтидори корхонаи истеҳсоли сӯзишвории синтетикӣ ба истеҳсоли 35 ҳазор тонна бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар як сол баробар хоҳад буд», – гуфт ӯ.



Номбурда афзуд, дар марказ ва корхона оянда то 1000 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд.


Вазири молияи ҶТ: Нишонаҳои таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар бештар эҳсос мегарданд

0



           

Душанбе. 14-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки нишонаҳои таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бештар эҳсос мегарданд.





           

Ба гуфтаи ӯ, дар давраи ҳисоботӣ қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА 11 дарсад поин рафта, нишондиҳандаҳои савдои хориҷӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 22,4 дарсад коҳиш ёфтанд. Ҳаҷми воридоти маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба миқдори 25 дарсад камтар шуда, мизони таваррум 1,2 дарсадро ташкил додааст.




           

С.Наҷмиддинов зикр кард, ки даромадҳои нақшавӣ ба буҷаи давлатӣ ба миқдори 84,7 дарсад ба иҷро расида, қисми хароҷоти буҷа дар ҳаҷми 80 дарсад иҷро шудааст. «Вазъи мазкур бар асари таъсири бӯҳрони молӣ ва коҳиши ҳаҷми содирот ба амал омад», – гуфт ӯ.




           

Вазири молия таъкид сохт, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 1,370 млн. доллари ИМА баробар буда, нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 24 дарсадро ташкил медиҳад.