Home Blog Page 5108

Дар 51 корхонаи саноатии вилояти Суғд коҳиши ҳаҷми истеҳсолот ба мушоҳида расид

0



           

Хуҷанд. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд 51 корхонаи санотӣ ба сатҳи истеҳсолоти семоаҳаи аввали соли гузашта расида натавонистанд.





           

Зимни натиҷагирӣ аз нишондодҳои семоҳаи аввали соли равон мудири шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилоят Содиқ Рустамов изҳор дошт, ки дар ин давра бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бӯҳрони молӣ 39 корхона фаъолият надошт. «Дар семоҳаи аввал Комбинати масолеҳи сохтмони ноҳияи Спитамен, КМ «Апрелевка», КМ «Зарафшон», Комбинати маъдантозакунии «Анзоб» ва заводи истеҳсоли шишаи «ЛАЛ» хуб фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсолотро афзуданд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи С.Рустамов, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 222,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 104,4 дарсадро ташкил медиҳад. «Ғайр аз ин, дар ин давра дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли арақ – «Ҷасури Суғд» ва дар шаҳри Хуҷанд корхонаи хиштбарории «Сумчак инвест» мавриди истифода қарор гирифт, ки дар қаламрави вилоят корхонаи нӯҳуми истеҳсоли хишт ба шумор меравад», – афзуд С.Рустамов.


Раиси ҲНИТ ва Ҳ.А.Тӯраҷонзода бо ҳайати парлумони Аврупо мулоқот оростанд

0


Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар дафтари кории Комиссияи Аврупо дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳайати парлумони Аврупо бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои палатаи болоии парлумони кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баргузор шуд.




Тавре сухангӯи раиси ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар вохӯрӣ ба Қонуни нави ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ва хориҷи кишвар вокуниши мухталиф ба амал овард, таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд.



Ба гуфтаи Ҳ.Сайфуллозода, намояндагони ҳарду палатаи парлумони ҷумҳурӣ нисбати чанде аз бандҳои қонун изҳори ташвиш карданд. «Ҳайати парлумони Аврупо ҳамчунин ба қонунгузории мавҷудаи кишвар оид ба интихобот ба парлумон мароқ зоҳир сохта, раиси ҲНИТ М.Кабирӣ изҳор дошт, қонуни мавҷуда дар бораи интихобот ба МН МО ҶТ ба талаботи меъёрҳои баргузории интихоботи демократӣ ҷавобгӯ нест», – гуфт ӯ.



Ҳ.Сайфуллозода афзуд, дар вохӯри ҷонибҳо ҳамчуин атрофи сафари қарибулвуқӯъи М.Кабирӣ ба парлумони Аврупо ахири моҳи май табодули афкор намуданд.


Дар АМА ба гумони даст доштан дар қатли Сулим Ямадаев шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардид

0


Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Аморати Муттаҳидаи Араб ба гумони даст доштан дар қатли

 

собиқ фармондеҳи баталони махсуси «Восток» Сулим Ямадаеви 34-сола шаҳрванди Тоҷикистон – Мақсудҷон Исматов боздошт гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сарчашмаи воломақом аз Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ дод.




Таъкид гардид, ки маълумоти мазкур аз Консулгарии генералии ҶТ дар АМА дастрас шудааст.



Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти хабаргузориҳои Русия, аз рӯи ин парванда ҳамчунин шаҳрванди Эрон – Маҳдӣ Лорния низ ба ҳабс гирифта шуда, боз 4 нафар гумонбаршудагон аз ҷониби Интерпол мавриди бозҷӯии байнулмилалӣ эълон шудаанд.



Тафтишот то кадом андоза даст доштани шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кушторро ошкор хоҳад кард.


Элен Кларк аз Зеландияи Нав маъмури нави Барномаи рушди СММ интихоб гардид

0



           

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Маҷмаъи куллии Созмони Милали Муттаҳид номзадии Элен Кларк аз Зеландияи Навро ба ҳайси маъмури нави Барномаи рушди СММ барои 4 сол маъқул шуморид. Дар ин вазифа ӯ Камол Дарвишро аз Туркия иваз хоҳад кард.





           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Барномаи рушди СММ дар Душанбе, Элен Кларк аз моҳи апрели соли ҷорӣ ба фаъолият дар ин вазифа шурӯъ хоҳад кард.




           

Гуфта мешавад, Э.Кларк аз соли 1981 узви парлумони кишвараш буда, аз соли 1999 то соли 2008 ба ҳайси нахуствазири Зеландияи Нав ифои вазифа намудааст.




           

Э.Кларк изҳор доштааст, роҳбарии Барномаи рушди СММ дар давраи бӯҳрон вазифаи пурмасъулест ва ӯ муваззаф аст, минбаъд дар сатҳи байнулмилалӣ бо фақру беадолатӣ дар саросари ҷаҳон мубориза барад.




           

Э.Кларк соли 1950 дар Зеландия Нав ба дунё омада, ҳамсараш профессор Питер Дэвис аст. Хонум Кларк соли 1971 Донишгоҳи Auckland-ро аз рӯи ихтисоси сиёсат ва таърих хатм намудааст.


Соҳибмулкони бозори «Зарнисор» аз президенти Русия кӯмак мехоҳанд

0


Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Соҳибмулкони бозори «Зарнисор»-и шаҳри Душанбе, шаҳрвандони Русия – Елена Миткова ва Ботурхон Талбаков унвонии президенти Русия Дмитрий Медведев, нахуствазири ин кишвар Владимир Путин ва муовини раиси Думаи давлатии Русия Владимр Жириновский нома ирсол дошта, аз онҳо дархост кардаанд, ки ба ҳалли масъалаи беадолатона хароб сохтани бозори «Зарнисор» дар пойтахти Тоҷикистон мусоидат намоянд.




Бозори Зарнисор, ки аз соли 1995 ба ин сӯ таъминоти яке аз маҳалҳои сераҳолии Тоҷикистонро бар дӯш доштааст, ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта бар асоси даъвои додситонии пойтахт бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе баста шуда буд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе эълом дошта буд, ки тамоми асноди бозор ғайриқонуниянд. Рӯзи 1-уми апрели соли равон мақомоти шаҳрдории пойтахт ҷиҳати ба ҳолати аввала баргардонидани бозор, яъне хароб сохтани он ба соҳибмулкони бозор 10 рӯз мӯҳлат дод. Соҳибмулкон ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мурҷиат карданд. Роҳбари шӯъбаи ҳуқуқии дастгоҳ Юсуф Салимов ба онҳо тавсия дод, ки ба Суди Конститутсионӣ муроҷиат намоянд ва рӯзҳои наздик онҳо чунин ҳам карданианд.



Дар ҳамин ҳол, вакили дифои соҳибкорони бозор Шӯҳрат Қодиров мегӯяд, ахири ҳафтаи гузашта онҳо ҷиҳати ҳалли масъала ба Консулгарии генералии Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. «Мо умедворем, ки Русия ба шаҳрвандони худ кӯмак хоҳад расонд, зеро барои сохтмони бозори мазкур 16 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шудааст ва мақомоти шаҳрдории пойтахт бидуни пардохти ҷубронпулӣ хостори вайрон кардани он аст», – гуфт ӯ.



Ботурхон Талбаков, масъули бозор дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ҳанӯз соли 1994 зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия, сарвари давлат соҳибкорони тоҷикро даъват карда буд, ки ба ватан баргашта, дар ободонии он саҳм бигиранд. «Аммо имрӯз, ки ман баҳри рушди ватан сармоягузорӣ намудам, мехоҳанд натанҳо тиҷорати маро барҳам диҳанд, балки дар шароити бӯҳрони молӣ мардумро аз ҳазорҳо ҷойи корӣ низ маҳрум созанд», – гуфт вай.




 

Дар Пекин дарахтони зардолуи аз ҷониби мардуми Тоҷикистон тӯҳфашуда гул карданд

0


Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта бо иштироки сафири Чин дар Тоҷикистон Рашид Олимов бахшида ба гул кардани ниҳолҳои зардолуи аз ҷониби мардуми Тоҷикистон ба мардуми Чин тӯҳфашуда чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд.





           

Тибқи иттилои хабаргузории «Казинформ», моҳи мати соли 2006 дар заминҳои хоҷагии санҷишиву селексионии назди Донишгоҳи аграрии шаҳри Пекин маросими шинонидани 125 бех ниҳоли зардолуи навъи «Мирсанҷалӣ» ва «Бобоӣ», ки аз ҷониби Тоҷикистон ба мардуми Чин тақдим гардида буд, доир гардид. Имрӯз метавон гуфт, ки ниҳолҳо нашъунамо ёфта, гул кардаанд ва тобистон ба ҳосил хоҳанд даромад.




           

Дар суханронии худ Рашид Олимов ба омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ барои ғамхорӣ зоҳир намудан дар парвариши ниҳолҳои зардолу изҳори миннатдорӣ кард. «Дар Тоҷикистон 26 навъи зардолу парвариш карда мешавад ва онро мо чун рамзи дӯстӣ ба мардуми Чин тақдим кардем», – гуфт ӯ ва таъкид сохт, ки боғи зардолуи Чину Тоҷикистон гувоҳи дӯстии рӯз то рӯз таҳкимёбандаи халқҳои ду кишвар хоҳад гардид.




           

Дар чорабинии ҷашнӣ донишҷӯёни тоҷики муқими Чин ва донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Пекин доир ба баҳору дӯстӣ шеърҳо қироат намуданд.


Э.Раҳмон: Татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ метавонад таъсири оқибатҳои бӯҳронро сабук гардонида, шумори бекоронро камтар созад

0


Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азщзия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон дар Б


ӯ


стонсарои Ҳукумати мамлакат бо роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсион


ӣ


оид ба рафти и


ҷ


рои лоиҳаҳо ва азхуднамоии маблағҳо машварати кор


ӣ


доир намуд.




Дар машварат ҳамчунин

  

Мушовири давлатии Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон оид ба сиёсати иқтисод


ӣ


, роҳбарони вазорату идораҳо, сохторҳои дахлдор ва масъулини Дастгоҳи и


ҷ


роияи Сарвари давлат иштирок намуданд.



Президенти мамлакат Эмомал


ӣ


Раҳмон татбиқи босамар ва саривақтии барномаю лоиҳаҳои инвеститсиониро яке аз чораҳои муассири зиддиб


ӯ


ҳронии Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон

 

арзёб


ӣ


карда, аз масъулин талаб намуд, ки баҳри тезондани суръати азхуднамоии маблағҳои калони


ҷ


удогашта ва муҳайёсозии


ҷ


ойҳои нави кор


ӣ


тадбирҳои судманд андешанд.



Оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсион


ӣ


, истифодаи маблағҳои


ҷ


удогашта ва и


ҷ


рои корҳои мушаххас ҳисоботи Раиси Кумитаи давлатии самоягузор


ӣ


ва идораи амволи давлат


ӣ


Фарух Ҳамралиев, роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдор ва ҳар як маркази татбиқи лоиҳаҳои инвеститсион


ӣ


шунида шуд.



Аз


ҷ


умла зикр гардид, ки айни ҳол дар мамлакат 56 лоиҳаи инвеститсионии давлат


ӣ


татбиқ мешаванд ва маблағи умумии онҳо 6,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз он 74% маблағҳои имтиёзноки қарз


ӣ


, 15% грантҳо ва 11 дар садаш ҳиссаи Ҳукумати мамлакат аст.



Дар татбиқи ин лоиҳаҳо беш аз 60 ҳазор шаҳрвандони касбу кори гуногуни кишвар бо


ҷ


ойи кор ва маоши баланд таъмин гаштаанд.



Лоиҳаҳои инвеститсионии давлат


ӣ


асосан аз 23 манбаъ маблағгузор


ӣ


шуда, дар зиёда аз 16 соҳа ва бахшҳои гуногуни иқтисодиёт амал


ӣ


мешаванд.



Афзалияти бештар ба соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварз


ӣ


, азхудкунии заминҳои нав, обтаъминкун


ӣ


ва маорифу тандуруст


ӣ


дода

 

мешавад.



Дар

 

соҳаи энергетика баҳри беҳтар намудани сифати таъминот бо нер


ӯ


и барқу газ ба аҳол


ӣ


ва соҳаҳои и


ҷ


тимоию иқтисодии мамлакат 12 лоиҳа ба маблағи 2,4 миллиард сомон


ӣ


мавриди татбиқ қарор доранд.



Сохтмони Хати интиқоли барқи 500 киловолтаи


Ҷ


ануб-Шимол, ки ҳадаф аз он пайваст намудани системаи энергетикии


ҷ


ануб бо шимоли кишвар аст, аз лоиҳаҳои афзалиятноки ин соҳа ба шумор меравад. Бунёди ин хат ба маблағи 1 миллиард сомон


ӣ


идома дорад ва то моҳи ноябри соли равон бояд ба поён расад.



Сохтмони хати интиқоли барқи байнисистемавии То


ҷ


икистон ва Афғонистон аз лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақав


ӣ


буда, бо маблағи 205 миллион сомон


ӣ


амал


ӣ


мегардад ва соли 2010 бояд ба итмом расад.



Барои кам кардани талафоти қувваи барқ ва газ ба воситаи васли 160 ҳазор ҳисобкунакҳои барқ


ӣ


ва 173 ҳазор ҳисобкунакҳои газ


ӣ


то соли 2011 ду лоиҳа ба маблағи 206 миллион сомон


ӣ


мавриди татбиқ қарор доранд.



Барои барқарорсозии иншооти инфраструктураи соҳаи кишоварз


ӣ


, системаҳои ирригацион


ӣ


, идоракунии захираҳои об


ӣ


ва обёрии заминҳо дар


ҷ


умҳур


ӣ


ба маблағи қариб 1 миллиард сомон


ӣ



 

12 лоиҳа амал


ӣ


мегардад ва то 1 апрели соли 2009-ум

              

38 фоизи нақша и


ҷ


ро шудааст.



Дар соҳаи нақлиёт 9 лоиҳа ба маблағи умумии 2 млрд. сомон


ӣ


амал


ӣ


мешавад, ки қариб 32 фоизи портфели ҳамаи лоиҳаҳои инвеститсиониро ташкил медиҳад.



Аз аввали татбиқи лоиҳаҳои соҳаи мазкур ба ҳолати

  

1 апрели соли равон 1,3 млрд. сомон


ӣ


аз худ карда шудааст, ки ин нисбат ба нақша 66 фоизро ташкил медиҳад.



Таҷдиди роҳи Душанбе-Ху


ҷ


анд-Чаноқ моҳи

 

сентябри соли равон ва сохтмони

 

нақбҳо

 

ва долонҳои

 

зиддитармав


ӣ


моҳи

 

июли соли 2010 бояд ба итмом расад.



Лоиҳаи та


ҷ


диди роҳи Душанбе – сарҳади


Ҷ


умҳурии Қирғизистон дар 3 марҳила ба маблағи 545 млн. сомон


ӣ


амал


ӣ


мешавад, марҳилаи якуми он ба ан


ҷ


ом расид ва корҳо дар марҳилаи дуюм ва сеюм мутаносибан 32 ва 12 фоиз и


ҷ


ро шудаанд.



Дар соҳаҳои маориф ва тандуруст


ӣ


10 лоиҳаи инвеститсион


ӣ


ба маблағи умумии 512 млн. сомон


ӣ


амал


ӣ


гардида, аз аввали татбиқи онҳо ба ҳолати 1 апрели соли 2009

       

285 млн. сомон


ӣ


аз худ карда шудааст, ки 56 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.



Ҳа


ҷ


ми 4 лоиҳаи инвеститсион


ӣ


дар соҳаи обтаъминкун


ӣ


220 млн. сомониро ташкил дода, аз аввали татбиқи онҳо то 1 апрели соли 2009 ҳамаг


ӣ


119 млн. сомон


ӣ


аз худ карда шудааст, ки ин 54 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.



Умуман дар семоҳаи аввали соли 2009 дар соҳаҳои афзалиятноки


ҷ


умҳур


ӣ


ба маблағи 298 млн. сомон


ӣ


корҳо и


ҷ


ро гардиданд аз аввали татбиқи лоиҳаҳо бошад 3,7 миллиард сомон


ӣ


. Дар назар аст, ки то охири соли


ҷ


ор


ӣ


дар доираи лоиҳаҳои инвеститсион


ӣ


азхудкунии маблағҳо ба 1,5 миллиард сомон


ӣ


расонида мешавад.



Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон бо ву


ҷ


уди пешравиҳои намоён аз суръати корҳо дар татбиқи аксари лоиҳаҳои инвеститсион


ӣ


изҳори норозиг


ӣ


карда, таъкид дошт: «Дар ҳоле, ки тамоми кишварҳои дунё аз б


ӯ


ҳрони


ҷ


аҳонии молияв


ӣ


ва пастравии нишондодҳои макроиқтисод


ӣ


бонги хатар мезананд, масъулини лоиҳаҳои инвеститсионии То


ҷ


икистон маблағҳои омодаи


ҷ


удогаштаро саривақт аз худ карда наметавонанд”.




 


          

Кумитаи давлатии сармоягузор


ӣ


ва идораи амволи давлат


ӣ


ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсион


ӣ


вазифадор гардиданд, ки суръат ва сифати корҳоро баланд бардошта, ҳар моҳ оид ба рафти амал


ӣ


намудани лоиҳаҳо ва чораҳои андешидашуда ба Ҳукумати мамлакат ахбори муфассал пешниҳод намоянд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Кумитаи омори ИДМ: Моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ саноати Тоҷикистон нисбат ба саноати аксари кишварҳои узви ИДМ устуворӣ зоҳир сохт

0



           

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ коҳиши истеҳсолоти саноатии Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,6 дарсадро ташкил додааст. Дар ин бора Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар медиҳад.





           

Тибқи маълумоти манбаъ, сатҳи коҳиши баландтарини истеҳсолоти саноатӣ мёни кишварҳои узви ИДМ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар Украина ба қайд гирифта шудааст, ки он ба 32,8 дарсад баробар аст.




           

Дар кишварҳои дигар узви ИДМ ин нишондиҳанда чунин аст: Молдова – 26,3; Қирғизистон – 25,1; Русия- 14,6; Арманистон – 9,7; Қазоқистон – 3,2; Озарбойҷон – 2,6 ва Белорус – 2,3 дарсад.




           

Дар бораи нишондиҳандаи мазкур оид ба Ӯзбекистону Туркманистон маълумот мавҷуд нест.


Ҳайати Шӯрои олимпии Осиё ба Душанбе меояд

0



           

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати Шӯрои Олимпии Осиё таҳти роҳбарии президенти он – Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.





           

Чӣ тавре ки ноиби президенти Кумитаи миллии Олимпии ҶТ Ширинҷон Маҳмадсафоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳадаф аз ташрифи ҳайати Шӯрои Олимпии Осиё шиносоии наздик бо рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон аст. Дар ҷараёни сафар ҳайат бо ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳамкории минбаъдаи дуҷониба, татбиқи барномаҳои муштарак ва иштироки варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқоти Шӯрои Олимпии Осиё гуфтушунид хоҳад кард.




           

Ш.Маҳмадсафоев изҳор дошт, рӯзи 8-уми апрел ҳайати Шӯрои Олимпии Осиё бо президенти Тоҷикистон ва президенти КМО ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот ороста, президенти Шӯро ба сарвари давлати Тоҷикистон барои хизмат дар рушди ҳаракати олимпӣ Мукофоти олии Шӯрои Олимпии Осиёро тақдим хоҳад кард.




           

Ба гуфтаи Ш.Маҳмадсафоев, ҷониби Тоҷикистон низ баҳри кӯмаки техникӣ барои баррасӣ ба ҳайати шӯро якчанд лоиҳаҳои марбут ба сохтмони иншооти варзишӣ дар кишварро пешниҳод мекунад.


Намояндагони парлумони Аврупо бо фаъолияти парлумони Тоҷикистон шинос мешаванд

0



           

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Сайдулло Хайруллоев ҳайати намояндагони парлумони Аврупоро таҳти сарварии Она Юкневичене ба ҳузур пазируфт.





           

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, С.Хайруллоев ба меҳмонон оид ба фаъолияти парлумони ҷумҳурӣ ва таърихи таъсиси он маълумот дода, изҳор дошт, ки дар фаъолияти рӯзмарраи худ парлумони Тоҷикистон аз таҷрибаи парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо самаранок истифода мебарад.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар навбати худ Она Юкневичене аз сохтори парлумони Аврупо ва фаъолияти он ҳарф зада, изҳори боварӣ намуд, ки муносиботи ҳамкории байнипарлумонӣ баҳри таъмини рушд рӯз то рӯз густариш хоҳанд ёфт.




           

Зикр гардид, ки бо дархости меҳмонон намояндагони мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ

 

Шодӣ Шабдолов ва Олимҷон Салимзода ба онҳо роҷеъ ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» маълумоти муфассал пешниҳод карданд.