Home Blog Page 5124

USAID баҳри кӯмак ба беморони фишори баланди хун дар шаҳри Душанбе мактаби солимӣ ифтитоҳ намуд

0



           

Душанбе. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар назди Маркази солимии рақами 1-и пойтахт тибқи татбиқи лоиҳае, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байнулимлали (


USAID


) – «ЗдравПлюс» маблағгузорӣ мешавад, бо иштироки наояндагони Раёсати тандурустии мақомоти шаҳрдории Душанбе баҳри кӯмак ба беморони фишори баланди хун мактаби солимӣ ифтитоҳ гардид.





           

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, фаъолияти мактаб барои кӯмак ба табобати беморони ин навъи амроз тавассути тағйири тарзи зисти онҳо нигаронида шудааст. «Мактаби мазкур ба туфайли роҳандозии ҳамкориҳои пурсамари Раёсати тандурустии мақомоти шаҳрдории пойтахт, Иттиҳодияи табибони бемориҳои дил, Ассотсиатсияи кормандони тибби оилавӣ ва лоиҳаи


USAID




–«ЗдравПлюс» ба фаъолият шурӯъ намуд», – афзуд манбаъ.


 

Вазири молия ва коршиноси Бонки ҷаҳонӣ масоили пеш гирифтани чораҳои раҳоӣ аз оқибатҳои ногувори бӯҳрони молиро баррасӣ карданд

0


Душанбе. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва роҳбари гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, сариқтисодчии бонк оид ба Тоҷикистон Сударшан Канагараҷа масоили пеш гирифтани чораҳои раҳоӣ аз оқибатҳои ногувори бӯҳрони молӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Тавре аз котиботи вазорати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, баррасии масоили раҳоӣ ёфтан аз таъсири ногувори бӯҳрони молӣ дар меҳвари мулоқот қарор дошта, ҷонибҳо атрофи равандҳои мавҷудаи марбут ба ин падида дар ҷаҳон ва таҷрибаи кишварҳои дигар ҷиҳати андешидани чораҳои зиддибӯҳронӣ табодули афкор намуданд.



Дар ҷараёни мулоқот С.Наҷмиддинов аз иштирокдорони вохӯрӣ изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид сохт, ки айни замон ҳамаро зарур аст, «дастаҷамъонаву қотеъона амал кунанд, то ки таъсири ногувори бӯҳрони ҷаҳонии молиро ба иқтисоди кишвар ва мардуми он коҳиш бидиҳанд».


Сомонаи нави интернетӣ ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард

0



           

Хуҷанд. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва иттиҳодияи ҷамъиятии «Мушовир» бо дастгирии


USAID


фаъолияти сомонаи интернетии «Имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон»-ро ба роҳ монданд.





           

Тавре аз ИҶ «Мушовир» дар шаҳри Хуҷанд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сомонаи мазкур тавассути огаҳсозии саривақтии сармоягузорони воқеӣ аз вазъи лоиҳаҳои сармоягузории кишвар ба беҳбуди шаффофияти муҳити сармоягузорӣ ва боло рафтани имиҷи Тоҷикистон чун кишвари мувофиқ ба маблағгузорӣ мусоидат менамояд.




           

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Ф.Ҳамралиев изҳор дошт, ки сомона ба сармоягузорон ҷиҳати огаҳӣ ёфтан аз муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва дар ҳолати зарурӣ анҷом додани гуфтушунид бо соҳибкорони мушаххас имкон фароҳам месозад.




           

Сомонаи www.tajinvest.tj бо ду забон – русиву англисӣ омода гардида, он натанҳо барои сармоягузорон, балки инчунин барои корхонаву муассисот, соҳибкорон ва тамоми шаҳрвандони кишвар, ки хоҳиши ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд, пешбинӣ шудааст.


Русия ба Тоҷикистон миқдори навбатии кӯмаки башардӯстона мефиристад

0


Душанбе. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Русия ба Тоҷикистон миқдори навбатии кӯмаки башардӯстона барои аҳолӣ мефиристад.




Тавре аз сафорати Русия дар ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳавопаймо бо кӯмаки башардӯстона нимаи дуввуми рӯзи 19-уми март ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд хоҳад омад.



Дар маросими супурдани кӯмаки башардӯстона мақомоти раҳбарии сафорати Русия, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд варзид. Дар бораи ҷузъиёти дигар алҳол хабаре мавҷуд нест.



Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 16,5 млн. доллари ИМА кӯмаки башардӯстона ворид гаштааст, ки асосан аз маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва сарулибос иборат аст. Кӯмаки башардӯстона аз ҷониби 26 кишвар расонида шуда, вале ҳаҷми бештари он ба ИМА, Латвия, Олмон, Русия, Қазоқистон ва Эрон рост меояд.


Тоҷикистон хостори тамдиди мӯҳлати иҷрои Конвенсияи Оттава аст

0


Душанбе. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон ният дорад, мӯҳлати иҷрои Созишнома дар бораи манъи истифодаву интиқол ва нобуд кардани минаҳоро, ки чун Конвенсияи Оттава маъруф аст, дароз намояд.




Тавре директори Марказ оид ба масоили минаи Тоҷикистон Ҷонмаҳмад Раҷабов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи ӯҳдадориҳои қаблан вогузоргардида, кишвар мебоист то соли 2010 аз таҳдиди хатари мина ва дигар аслиҳаву муҳимоти натаркида раҳо меёфт, вале коршиносон бар чунин назаранд, ки анҷоми корҳои аз минаҳо тозакунии қаламрави кишвар дар мӯҳлати пешбинишуда ғайриимкон аст ва ин нуктаро коршиносони байнулмилалӣ низ тасдиқ месозанд. «Масъалаи мазкур бо мақомоти дахлдори ҳукумати кишвар мувофиқа гардида, ахири ҳмин моҳ мо унвонии котиботи Конвенсисяи Оттава дархост ирсол хоҳем дошт, то ки ин мӯҳлат то 10 соли дигар дароз карда шавад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки соли гузашта барои 15 кишвари узв мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳои тибқи конвенсия вогузоргашта дароз гардида буд.



Раҷабов сабаби аслии дар мӯҳлати пешбинишуда ба иҷро нарасидани ӯҳдадориро ба камбуди маблағ, набудани техникаи замонавӣ, аз ҷумла мошинаи механикии безараргардонӣ аз мина бо арзиши 500 ҳазор доллари ИМА марбут медонад ва ҳарчанд як қатор кишварҳо ҷиҳати маблағгузорӣ ба безараргардонии қаламрави кишвар аз минаҳо омодагӣ изҳор карда бошанд ҳам, ин маблағҳо ҳанӯз кофӣ нест. «Ҳамин тариқ, ҳукумати Олмон бо ин мақсад дар бораи ҷудо кардани 1,2 млн. Евро, САҲА – 500 ҳазор Евро, Белгия – 18 ҳазор Евро ва Канада – 400 ҳазор Евро омодагӣ изҳор намуданд», – гуфт ӯ.



Тибқи маълумоти Марказ оид ба минаи Тоҷикистон, дар қаламрави Тоҷикистон замони даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ минаҳо гузошта шуда, он замон чунин шуморида мешуд, ки дар ҳудуди 60 млн. метри мураббаъи қаламрави кишвар минаҳо гузошта шудаанд, вале бо гузашти айём коршиносон ба чунин хулоса расиданд, ки 42 млн. метри мураббаъи қаламрави кишвар комилан бехатар аст ва айни замон зарур аст, 17 млн метри мураббаъи қаламрваи ҷумҳурӣ аз минаҳо ва дигар аслиҳаву муҳимоти тарканда безарар гардонида шавад. Тайи солҳои сипаригашта беш аз 11 ҳазор адад мина ва муҳимоти дигар безарар гардонида шуда, тибқи маълумоти оморӣ, беш аз 600 шаҳрванди кишвар қурбони таркиши минаҳо гашт.


Сарвари давлат «Дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон содир кард

0



              

Душанбе, 17-уми март – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ «Дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон содир кард.





   


          

Дар фармони мазкур омадааст, ки низомнома ва сохтори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, шумораи умумии кормандони Маркази мазкур 40 воҳид (бе дарназардошти ҳайати хизматрасон) муайян гардад.




              

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ шуда, Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор шудааст, ки ҷудо намудани маблағҳо ва таъминоти дигари моддию техникии ин Марказро амалӣ намояд. Инчунин, Ҳукумати мамлакат бояд дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фармони мазкур мутобиқ намуда, дар татбиқи он чораҳо андешад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Шаҳрванди Филиппин дар тугмаҳои хилъати занона мехост миқдори зиёди ҳероинро аз Тоҷикистон ба Туркия интиқол диҳад

0


Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Хадамоти гумруки кишвар дар фурудгоҳи пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Филиппин, зани 48-сола Ноласко Милагросро боздошт намуданд.




Тавре аз маркази матбуоти хадамоти гумрук ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, боздоштшуда мехост ҳудуди 3 килову


300 грамм

ҳероинро таваасути хатсайри Душанбе-Истамбул ба Туркия интиқол диҳад. «Зимни азназаргузаронии бағочи мусофирони хатсайри мазкур маводи мухаддир дар 758 дона тугмаи 33 хилъати занона дарёфт ва мусодира гардид», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.


Президенти Тоҷикистон оид ба даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ фармон ба имзо расонид

0



             

Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имр


ӯ


з, Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон «Дар бораи ба истеъфо баровардани хизматчиёни ҳарбие, ки м


ӯ


ҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таввалуди 1982-1991 ба хизмати ҳарб


ӣ


» фармон ба имзо расонид.





             

Тибқи фармон, хизматчиёни ҳарбие, ки м


ӯ


ҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, дар давоми моҳҳои апрелу майи соли 2009 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, Қ


ӯ


шунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии


Ҷ


Т, Қ


ӯ


шунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати


Ҷ


Т, Гвардияи миллии


Ҷ


Т, Қ


ӯ


шнҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилии


Ҷ


Т ва полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи


Ҷ


Т


ҷ


авоб дода мешаванд.




    


         

Дар асоси ин фармон


ҷ


авонони то р


ӯ


зи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони сину соли калонтари


Ҷ


умхурии То


ҷ


икистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани м


ӯ


ҳлати даъват ё озод буданро аз хизмати ҳарб


ӣ


надоранд ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват карда мешаванд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Муовини вазири рушди иқтисод: Ҳукумат барои ба роҳ мондани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ маблағ надорад

0


Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷараёни муаррифиномаи минтақаҳои озоди иқтисоди ҷумҳурӣ муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Лариса Кислякова изҳор дошт, ки айни замон ҳукумати кишвар баҳри ба роҳ гузоштани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ» маблағи кофиро доро нест.




Ӯ мегӯяд, феълан ҳукумат ҷиҳати таъсиси зерсохтори аввалияи оғози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ маблаҳои кофӣ надорад, вале барои дарёфти маблағу восита кӯшиш ба харҷ медиҳад.



Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат аз сармоягузорони ватанӣ, ки бояд дар ин ҷода аз аввалинҳо шуда, чун намуна бошанду собит созанд, ки фаъолияти минтақаҳо имконпазир аст,

 

умеди калон дорад.


Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ: Дархости тамдиди мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор гувоҳи заъифии низоми бонкист

0



          

Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Директор маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон сӯхроб Шарипов бар чунин назар аст, ки дархости тамдиди мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор гувоҳи заъифии низоми бонкист, вале мебояд бонкҳоро дастгирӣ намуд.





           

Ба ақидаи С.Шарипов, изҳороти ба ин монанд аҳолиро аз бонкҳо дур месозад. «Эътимоди мардум нисбати бонкҳо афзудааст, вале то ҳанӯз мардум барои нигаҳдории маблағҳои худ дар бонкҳо шитоб намекунанд, зеро мо ҳатто дар минтақаҳо заминаи ҷиддии бонкиро доро нестем ва дар низоми бонкии мо менеҷмент, таҳлил ва мониторингу пешгӯи ба қадри зарурӣ ташаккул наёфтааст», – гуфт ӯ.




           

Директори маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, давлат бояд бонкҳоро дастгирӣ намояд, зеро онҳо ниҳодҳои ташаккулдиҳандаи молиявии Тоҷикистон мебошанд. «Ҳукумат барои дастгирии бонкҳо имконият дорад, аммо бояд зимни дастгирии бонкҳо аз манфиатҳои худ низ пуштибонӣ кунад», – гуфт вай.




           

Дар ҳамин ҳол, С.Шарипов аз такрор гаштани қазияи шартномаҳо бо ширкатҳои фючерсӣ изҳори нигаронӣ мекунад. «Бонкҳо набояд фаъолияти худро суст намуда, ба гузаштҳо розӣ шаванд, – идома дод ӯ. – Ҳама қарзҳо бояд пардохта шаванд ва ҳукуматро зарур аст, ки механизмҳои воқеии муфлисшавиро таҳия созад, зеро иқтисоди кишвар бояд дорои механизми мӯътадили бозорӣ бошад».