Сомонаи нави интернетӣ ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард

            Хуҷанд. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва иттиҳодияи ҷамъиятии «Мушовир» бо дастгирии USAID фаъолияти сомонаи интернетии «Имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон»-ро ба роҳ монданд.             Тавре аз ИҶ «Мушовир» дар шаҳри Хуҷанд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сомонаи мазкур тавассути огаҳсозии саривақтии сармоягузорони воқеӣ аз вазъи лоиҳаҳои […]



           

Хуҷанд. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва иттиҳодияи ҷамъиятии «Мушовир» бо дастгирии


USAID


фаъолияти сомонаи интернетии «Имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон»-ро ба роҳ монданд.





           

Тавре аз ИҶ «Мушовир» дар шаҳри Хуҷанд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сомонаи мазкур тавассути огаҳсозии саривақтии сармоягузорони воқеӣ аз вазъи лоиҳаҳои сармоягузории кишвар ба беҳбуди шаффофияти муҳити сармоягузорӣ ва боло рафтани имиҷи Тоҷикистон чун кишвари мувофиқ ба маблағгузорӣ мусоидат менамояд.




           

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Ф.Ҳамралиев изҳор дошт, ки сомона ба сармоягузорон ҷиҳати огаҳӣ ёфтан аз муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва дар ҳолати зарурӣ анҷом додани гуфтушунид бо соҳибкорони мушаххас имкон фароҳам месозад.




           

Сомонаи www.tajinvest.tj бо ду забон – русиву англисӣ омода гардида, он натанҳо барои сармоягузорон, балки инчунин барои корхонаву муассисот, соҳибкорон ва тамоми шаҳрвандони кишвар, ки хоҳиши ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд, пешбинӣ шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.