Русия ба Тоҷикистон миқдори навбатии кӯмаки башардӯстона мефиристад

Душанбе. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Русия ба Тоҷикистон миқдори навбатии кӯмаки башардӯстона барои аҳолӣ мефиристад. Тавре аз сафорати Русия дар ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳавопаймо бо кӯмаки башардӯстона нимаи дуввуми рӯзи 19-уми март ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд хоҳад омад. Дар маросими супурдани кӯмаки башардӯстона мақомоти раҳбарии сафорати Русия, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда […]


Душанбе. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Русия ба Тоҷикистон миқдори навбатии кӯмаки башардӯстона барои аҳолӣ мефиристад.




Тавре аз сафорати Русия дар ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳавопаймо бо кӯмаки башардӯстона нимаи дуввуми рӯзи 19-уми март ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд хоҳад омад.



Дар маросими супурдани кӯмаки башардӯстона мақомоти раҳбарии сафорати Русия, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд варзид. Дар бораи ҷузъиёти дигар алҳол хабаре мавҷуд нест.



Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 16,5 млн. доллари ИМА кӯмаки башардӯстона ворид гаштааст, ки асосан аз маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва сарулибос иборат аст. Кӯмаки башардӯстона аз ҷониби 26 кишвар расонида шуда, вале ҳаҷми бештари он ба ИМА, Латвия, Олмон, Русия, Қазоқистон ва Эрон рост меояд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.