Вазири молия ва коршиноси Бонки ҷаҳонӣ масоили пеш гирифтани чораҳои раҳоӣ аз оқибатҳои ногувори бӯҳрони молиро баррасӣ карданд

Душанбе. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва роҳбари гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, сариқтисодчии бонк оид ба Тоҷикистон Сударшан Канагараҷа масоили пеш гирифтани чораҳои раҳоӣ аз оқибатҳои ногувори бӯҳрони молӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре аз котиботи вазорати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, баррасии масоили раҳоӣ ёфтан аз таъсири […]


Душанбе. 18-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва роҳбари гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, сариқтисодчии бонк оид ба Тоҷикистон Сударшан Канагараҷа масоили пеш гирифтани чораҳои раҳоӣ аз оқибатҳои ногувори бӯҳрони молӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Тавре аз котиботи вазорати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, баррасии масоили раҳоӣ ёфтан аз таъсири ногувори бӯҳрони молӣ дар меҳвари мулоқот қарор дошта, ҷонибҳо атрофи равандҳои мавҷудаи марбут ба ин падида дар ҷаҳон ва таҷрибаи кишварҳои дигар ҷиҳати андешидани чораҳои зиддибӯҳронӣ табодули афкор намуданд.



Дар ҷараёни мулоқот С.Наҷмиддинов аз иштирокдорони вохӯрӣ изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид сохт, ки айни замон ҳамаро зарур аст, «дастаҷамъонаву қотеъона амал кунанд, то ки таъсири ногувори бӯҳрони ҷаҳонии молиро ба иқтисоди кишвар ва мардуми он коҳиш бидиҳанд».


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.