Home Blog Page 5132

Созмонҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ аз қонунгузории кишвар оид ба интихобот қаноатманд нестанд

0



           

Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ният доранд рӯзҳои наздик ба президенти кишвар ва парлумони ҷумҳурӣ оид ба ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» пешниҳод ироа созанд.





           

Бо назардошти натиҷаҳои фаъолияти серӯзаи гурӯҳи кории 14 созмони ҷамъиятӣ раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки аллакай матни пешниҳод оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо омода гардида, он баҳри таъмини рушди минбаъдаи демократикунонии ҷомеа, мутобиқати қонунгузории кишвар ба меъёрҳои байнулмилалӣ, таъмини шаффофияти интихобот, эътимоди мардум ба он ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ равона гардидааст.




           

А.Мамадазимов мегӯяд, пешниҳодот иборатанд аз – дахолат накардани намояндагони мақомоти иҷроияи давлатӣ ба раванди баргузории интихобот, роҳ надодан ба узвияти онҳо ба комиссияҳои интихоботӣ ва иштирокашон дар ҳисобкунии овозҳо, афзудани шумори наояндагони мардумӣ аз 63 то 100 нафар ва ғайра иборат аст. Сиёсатшинос зикр кард, ки феълан намояндагони мақомоти иҷроияи давлатӣ ба таври истисноӣ узви комиссияҳои интихоботӣ мебошанд, ки чунин вазъ ба таъмини шаффофият ва дурустии баргузории маъракаи интихоботӣ таъсири манфӣ мегузорад.




           

Дар мавриди номутобиқатии ҳавзаҳои интихоботӣ коршинос гуфт, барои намуна шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара ба як ҳавзаи интихоботӣ дохил мешаванд, вале номзад аз Норак бо вуҷуди арзанда буданаш, ғолиб нахоҳад омад, зеро аҳолии ноҳияи Данғара аз Норак бамаротиб бештар аст.




           

Ҳамчунин А.Мамадазимов фаъолияти намояндагони созмонҳои байнулмилалиро дар ҷараёни интихобот нокофӣ арзёбӣ намуда, таъкид сохт, ки ҷумҳурӣ ба таъсиси воҳиди мустақили нозирон аз ҳисоби намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ниёз дорад. «Интихобот нишондиҳандаи аслии рушди демократия дар ҷомеа аст ва мо чунин мешуморем, ки пешниҳодоту тавсияҳои мо саривақтианд», – гуфт дар анҷом сиёсатшинос.


Имрӯз дар Душанбе Рӯзи байнулмилалии занон ва Рӯзи модар ҷашн гирифта мешавад

0



           

Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи аввали имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи байнулмилалии занон ва Рӯзи модар ҷамъомади ботантана доир мегардад. Тибқи фармои президенти Тоҷикистон, аз ин ба баъд 8-уми март дар Тоҷикистон ҳамчун ҷашни Рӯзи модар низ таҷлил хоҳад шуд.





           

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ, ба ҷамъомад намояндагони ҳаракатҳову созмонҳои занон, зиёиёни эҷодкор, парлумон ва ҷавонон даъват карда шудаанд.




           

Ба иттилои манбаъ, дар оғози чорабинӣ муовини нахуствазири кишвар Руқия Қурбонова паёми табрикии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин қироат намуд. «Дар фарҷоми ҷамъомад бо иштироки устодони санъати Тоҷикистон консерт баргузор мешавад», – афзуд сарчашма.


Созмони байнулмилалии меҳнат: Бар асари бӯҳрони молӣ соли ҷорӣ 22 млн. нафар занон аз кор маҳрум мешаванд

0


Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази иттилооти СММ бо истинод ба гузориши ҳамасолаи Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) хабар медиҳад, ки бӯҳрони моливу иқтисодии сартосарӣ ба афзоиши мизони бекорӣ миёни занон боис мегардад.




Ба иттилои манбаъ, мувофиқи гузориши СБМ, соли равон имкон дорад 22 млн. нафар занон дар ҷаҳон аз кори хеш маҳрум шаванд. Гузашта аз ин, коршиносони СБМ пешгӯӣ мекунанд, ки соли 2009 мизони бекорӣ миёни занон ба нишондиҳандаи рекордӣ – 7,4 дарсад (дар байни мардон – 7 дарсад) баробар мешавад ва аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки нобаробарии даромади мардону занон торафт зиёдтар хоҳад шуд.



Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки таъсири тамоили мазкур дар минтақаҳо яксон нахоҳад буд. Тибқи пешгӯии коршиносони СБМ, ин тамоил дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ бештар суурат гирифта, асари он дар кишварҳои аз ҷиҳати саноатӣ рушдёфта ва давлатҳои ИДМ камтар эҳсос хоҳад шуд.




 

Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 баробар бештар маводи муха

0



           

Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 баробар бештар маводи мухаддир мусодира карданд.





           

Тавре аз агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ин давра 98 килову


675 грамм

маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки 29 килову 754 грамми онро маводи сахттаъсири ҳероин, 12 килову 846 граммашро афюн ва 56 килову 075 граммашро маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад.




           

Тибқи иттилои манбаъ, шӯъбаи тафтишотии агентӣ нисбат ба 24 нафар шахсон 22 парвандаи ҷиноӣ боз намуда, онро ҷиҳати моҳиятан барррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол кардааст. Зимни баргузории амалиёти муштарак бо марзбонони кишвар кормандони агентӣ дар наздикии сарҳад аз қочоқи 65 килову

324 грамм

маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд. Ҳамзамон бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон 1 амалиёти муштарак доир гардида, аз муомилоти ғайриқонунӣ 6 килову

467 грамм

маводи мухаддир мусодира гардид, ки 6 килову 422 граммаш ҳероин мебошад.




           

Зикр гардид, ки дар ин давра кормандони агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон шаш амалиёти муштарак баргузор сохта, дар натиҷа 52 килову

350 грамм

маводи мухаддирро мусодира намуданд.


Вазорати мудофиаи Русия муҳоҷирони меҳнатиро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мекунад

0



           

Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати мудофиаи Русия муҳоҷирони меҳнатиро, ки бекор мондаанд, ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мекунад.





           

Тибқи иттилои газетаи «Труд»,

 

чунин пешниҳодро муовини вазири мудофиаи Русия генерал-полковник Николай Панков иброз намудааст. Ӯ гуфтааст, тибқи қонунгузории Русия шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқ доранд бо хоҳиши худ тариқи шартномавӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кунанд. Ҳеҷ квотае барои онҳо мавҷуд нест, танҳо донистани забони русӣ, ба таври қонунӣ зиндагӣ кардан дар қаламрави Русия, доштани маълумоти миёна ва саломатии хуб зарур аст, вале қобили зикр аст, ки ба комиссариатҳои ҳарбӣ ғайрирасмӣ супориш дода шудааст, ки ба хизмат шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ ва Соҳили Балтикаро қабул намоянд.




           

Тибқи маълумоти расмии Вазорати дифои Русия, феълан дар Артиши Русия шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина, Қазоқистон, Молдова, Қирғизистон, Арманистон, ду шаҳрванди латиш, ду олмонӣ ва як исроилӣ бо шиносномаи Русия хизмат мекунанд. Коршиносон бар чунин назаранд, ки шаҳрвандони хориҷиро ба иншооти низомии Русия дар хориҷи кишвар, ки айни замон 36 адад буда, дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова ва Украина ҷойгир шудаанд, мебояд ба хизмат сафарбар намуд.




           

Тибқи маълумоти рӯзномаи «Труд», феълан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия 207 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 67 нафар тоҷикон, 61 нафар ӯзбекон, 41 нафар украиниҳо, аз 5 то 10 шаҳрвандони Қазоқистон, Молдова, Қирғизистон, Арманистону Озарбойҷон, ду нафари латишону олмониҳо ва як нафар исроилӣ хизмат мекунанд.




           

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар сафи Қуваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта нашудаанд. «Танҳо як гурӯҳи начандон зиёди мушовирони низомӣ аз ҳисоби афсарони Русия тибқи қарордоди байниҳкуматӣ дар рушди нерӯҳои низомии ҷумҳурӣ саҳм мегиранд», – гуфт манбаъ.

  



Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба минтақаи Кӯлоб аз нишондиҳандаи соли гузашта бештаранд

0


Кӯлоб. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба минтақаи Кӯлоб 85 млн. 566 ҳазор рубли русӣ интиқол доданд, ки тибқи маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаҳои панҷ бонк, нисбат ба семоҳаи авали соли 2008 ба миқдори 50,5 млн. рубл бештар аст.




Кормандони бонкҳо мегӯянд, ҳаҷми интиқоли маблағ бо Евро низ афзуда, бо доллари амрикоӣ бошад, коҳиши ҳаҷми умумии он ба мушоҳида мерасад. Дар давоми ду моҳи соли ҷорӣ тавассути бонкҳо ба минтақа 7 млн. $ маблағ интиқол гардидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2008 ба андозаи 30 дарсад камтар мебошад.


Эмомалӣ Раҳмон бонувони кишварро табрик кард

0


           Душанбе. 6-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бонувони кишварро бо Рӯзи Иди занон – 8-уми март табрику таҳният гуфт.




          Дар он аз ҷумла гуфта мешавад:



Модарону хоҳарони азиз!



Бонувони гиромӣ!

  




Ҳамаи шуморо ба муносибати иди фархундаи баҳору зебоӣ – 8-уми март аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.



Иди бонувон баробари оғози эҳёи табиат – фасли баҳор фаро мерасад, ки мардумро ба ибтидои пешомадҳои нав, нақшаву тадбирҳои тоза, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дар маҷмӯъ ба ободониву созандагӣ ҳидоят менамояд.



Аслан сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст.



Аз ин рӯ, мо ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст.



Гузашта аз ин, зан-модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад.



Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.



Дар тамоми таърихи тӯлонии миллати тоҷик низ рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни зан-модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст.



Занону модарони тоҷик дар баробари ба дунё овардану тарбия кардани фарзанд бо поктинативу инсондӯстӣ, нексириштиву фарҳангпарварӣ ва созандагиву заҳматписандӣ дар амри хайри ободонии сарзамини аҷдодиямон саҳми шоиста доранд.



Имрӯз, яъне дар ибтидои асри XXI низ занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа мебошанд.



Дар навбати худ давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон низ дар тӯли солҳои истиқлолият ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ карда истодааст.



Дар ин давра вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, инчунин проблемаҳои демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Нақшаи миллии тадбирҳо дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо ба беҳбудии минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамояд.



Имрӯз занон дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар кулли сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.



Ҳоло беш аз панҷоҳ фоизи кормандони соҳаҳои тандурустӣ, илму маориф ва хизматрасонии иттилоотиро занон ташкил медиҳанд.



Бо мақсади тарбияи кадрҳо ҳамасола аз ҳисоби духтарони лаёқатманди ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар асоси квотаи президентӣ зиёда аз шаш ҳазор ҷавондухтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шуда, аллакай қисме аз онҳо соҳиби маълумоти олии касбӣ гардиданд ва ба мардуми диёри худ хизмат карда истодаанд.

 




Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати кишвар барои фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии занон, аз ҷумла бо мақсади густариши фаъолияти соҳибкории онҳо шароити мусоид ва заминаи зарурии ҳуқуқиро муҳайё кардааст.

 




Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯзаи мо, ки алалхусус ба ҷавонону духтарон тааллуқ дорад, танзими оила аст.



Ҳадаф аз тадбирҳои танзими оила пеш аз ҳама ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа, инчунин тарбияи насли солим ва ташкили оқилонаи оила мебошад.



Зеро ташаккули тарзи зиндагии солим, модару фарзанди солим ва оилаи солим дар маҷмӯъ ба манфиати ҷомеа ва давлат мебошад ва дигар ин, ки фарзанди таълимдидаву тарбиятгирифта пеш аз ҳама эҳтироми падару модари худро ба ҷой оварда, ба қадри Ватан, забони модарӣ ва арзишҳои волои миллати худ, ба қадри калонсолон ва меҳнати ҳалол мерасад.



Ва табиист, ки ободии сарзамини аҷдодӣ ва тақдири ояндаи он бевосита аз фарзандони баору номус, худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату донишманд вобаста мебошад. Аз ин рӯ, рисолати волидайн дар рушди миллат ва пешрафти давлат бағоят бузург аст.



Модарон ва хоҳарони меҳрубон!



Баъд аз андешаҳои бисёр ба хулосае омадам, ки як масъаларо бо шумо матраҳ созам ва умедворам, ки аҳли ҷомеа, хосатан шумо онро амиқан дарк мекунед.



Иди занон, ки як замон онро байналмилалӣ эълон карда буданд, собиқаи ҳамагӣ садсола дорад.



Вале имрӯз мо бояд донем, ки аҷдоди пуршарафи тоҷикон – мардони ориёӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш барои ба ҷо овардани эҳтироми занону модарони худ ҷашни хосае доштаанд.



Чунон ки аз гуфтаҳои донишманди бузург Абӯрайҳони Берунӣ бармеояд, иди занон дар сарзамини аҷдоди мо дар моҳи сеюми зимистон, ки онро исфанд мегуфтанд ва ин моҳ имрӯз низ дар тақвими баъзе халқҳои ориёӣ вуҷуд дошта, ба охири моҳи феврал ва аввали март мутобиқат дорад, ҷашн гирифта мешуд.



Яъне тақрибан мутобиқ ба ҳамин рӯзҳое, ки алҳол мо ҷашн мегирем. Берунӣ менависад: «Исфандормаз фариштаи ваколатдор бар Замин аст ва низ ба занҳои дурусткору хайрхоҳ ваколатдор аст.



Ва дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рӯз иди занон будааст. Ва ин расм ҳанӯз дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла боқӣ мондааст. Ва онро ба форсӣ «муждагирон» мегӯянд».



Маълум мешавад, ки ин таомул аз замонҳои хеле қадим тақрибан то асри дувоздаҳ боқӣ будааст. Ҳатто дар Рими қадим, ки дар он ҷо ҷашни занон вуҷуд доштааст, баъзе олимон тахмин кардаанд, ки ин расм ба он кишвар аз ватани ориёиҳо рафтааст.



Пас имрӯз – дар замони истиқлолияти давлатамон моро лозим аст, ки ҷашни миллии аз хотирҳо рафтаи худ – иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё кунем, арвоҳи гузаштагони пуршарафи худро бори дигар шод гардонем ва бо ифтихор собит намоем, ки миллати мо ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз азал эҳтироми зан-модарро пос медорад.



Эҳтимол дар таърих кам мардуме вуҷуд дорад, ки соҳиби чунин фарҳанги қадимаи иззати занон бошад. Аз ин лиҳоз, мо чунин суннату таомулҳои миллиамонро хеле бузургу боарзиш медонем ва бовар дорем, ки эҳё кардани ин ҷашн ба манфиати маънавии миллатамон хоҳад буд.



Дар робита ба ин пешниҳод менамоям, ки ҳамасола рӯзи 8-уми март ҳамчун Рӯзи модар ҷашн гирифта шавад, вале на чун ҷашни маснӯие, ки ба мардуми мо иртиботи миллӣ надорад, балки ҳамчун идомаи анъанаҳои бостонии халқи худамон, бо асолат ва мӯҳтавои азалиаш таҷлил гардад. Итминон дорам, ки ҷомеаи мо ба чунин иқдом, ки боз як падидаи худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои ниёгонамон мебошад, омода аст.



Чунон ки зикр гардид, дар остонаи иди занону модарон ба сарзамини мо баҳор бо қадамҳои хуҷаставу сабзи худ расида, аз фарорасии Наврӯзи оламафрӯз башорат медиҳад.



Дар домони сабзи табиат шумо – бонувон низ монанди гулҳои зебову шукуфоне ҳастед, ки бо таровату малоҳати хоса, дастони ҳунарофар ва меҳру шафқати худ ба он ҳусни тоза мебахшед.



Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ин иди фархунда самимона табрик гуфта, бароятон тандурустиву саодати рӯзгор, бахту иқболи нек ва сулҳу осоиш орзу менамоям.



Бигзор, дилҳои шумо ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони тоҷик поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошанд! Дар ин бора аз дафтари матуботи сарвари давлат хабар доданд.


Донишҷӯдухтарони макотиби олии пойтахт имрӯз барои ноил гаштан ба унвони донишҷӯдухтари босаводтарин қувваозмоӣ мекунанд

0


Душанбе. 6-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар арафаи иди бонувон имрӯз дар Маркази фарҳангии


ҷ


авонони То


ҷ


икистон «Ориёно» қувваозмоии донишҷӯдухтарони макотиби олии пойтахт баҳри сазовор гаштан ба унвони донишҷӯдухтари босаводтарин – «Орифа» доир мегардад.




Тавре сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Носир Бӯриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, озмун бо мақсади муттаҳид сохтани донишҷӯдухтарони пойтахт ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои милливу таърихӣ ва анъанаҳои аҷдодон баргузор мегардад.



Ба иттилои манбаъ, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Ҳайати ҳакамони озмуни «Орифа» аз намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳкумати кишвар иборат аст.


КВД «Тоҷикниҳолпарвар» ба мавсими имсолаи кабудизоркунӣ беш аз 750 ҳазор бех ниҳол парвариш кард

0


Душанбе. 6-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикниҳолпарвар» ба мавсими имсолаи кабудизоркунӣ беш аз 750 ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуногун парвариш кард.




Тавре аз раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳамасола дар корхона зиёда аз 1,5-1,7 млн. бех ниҳоли дарахтони мевадор ва сояафкану ороишӣ парвариш карда мешавад.



Ба мавсими баҳори соли равон барои кабудизоркунӣ тибқи меъёрҳои давлатӣ ва мутобиқат ба ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ, 449 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадор, 136,2 бех ангур, 59 ҳазор бех ниҳоли тут ва беш аз 110 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ тайёр карда шуд.



Ёдрас мекунем, ки КВД «Тоҷикниҳолпарвар» соли 2009 таъсис ёфт. Феълан дорои 13 хоҷагии тобеъ мебошад.


Корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол» бинобар қатъ гардидани маблағгузорӣ боздошта шуданд

0



           

Душанбе. 6-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Бинобар қатъ гардидани маблағгузорӣ корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол», ки минтақаи шимоли кишварро бо ҷануб мепайвандад, боздошта шуданд.





           

Тавре сармуҳандиси Маъмурияти муассисаҳои сохтмонии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Ҳабиб Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барои анҷоми як қатор корҳо дар нақб дар ҳаҷми беш аз 5 млн. $ маблағи иловагӣ зарур аст. «Ҳарчанд моҳи августи соли гузашта дар Теҳрон оид ба маблағгузории иловагии сохтмони нақби «Истиқлол» дар ҳаҷми 6 млн. $ миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон тавофуқ ҳосил гардида бошад ҳам, вале то ҳанӯз маблағи мазкур ба мо нарасидааст ва шояд дар сафари қарибулвуқӯъи президенти ҷумҳурӣ ба Эрон, ки дар даҳаи дуввуми моҳи март сурат мегирад, ин масъала роҳи ҳалли худро пайдо созад», – мегӯяд ӯ.




           

Ҳ.Давлатов изҳор дошт, ки барои сохтмони нақби «Шар-Шар» 32 млн. ва нақби «Истиқлол» 39 млн. доллари ИМА ҷудо карда шуд ва ин дар ҳолест, ки масофаи нақби «Шар-Шар» аз нақби «Истиқлол» ду баробар камтар аст. «Феълан дар иншооти мазкур чаҳор мутахассиси ширкати эронии «Собир Интернейшнл» фаъолият доранд, ки аз болои фаъолияти мунтазами нақб ва корҳои тозакунии роҳ назорат мебаранд», – афзуд вай.