Home Blog Page 5148

Дар Душанбе масоили кам кардани истифодаи меҳнати кӯдакон дар бахши кишоварзӣ баррасӣ мешаванд

0



           

Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи Созишномаи Норвегия оид ба рушди муколамаи иҷтимоӣ ва Барномаи байнулмилалии аз байн бурдани шаклҳои бадтарини истифодаи меҳнати кӯдакон дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе тренинги серӯза баргузор мешавад.





           

Тавре ҳамоҳангсози барнома дар Тоҷикистон Муҳайё Хосабекова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тренинги мазкур ба дастгирии муколамаи иҷтимоӣ тавссути пешниҳод сохтани омӯзиш барои фермерон ва кормандони иттифоқҳои касаба, ки дар барҳамсозии меҳнати кӯдакон дар хоҷагиҳои пахтакорӣ ва маҳалҳо нақши муҳим мебозанд, равона гардидааст.




           

Ба гуфтаи М.Хосабекова, дар ҷараёни баргузории тренинг иштирокдорон инчунин бо дастурҳои таҳиянамудаи барнома оид ба барҳам додани истифодаи меҳнати кӯдакон дар бахши кишоварзӣ ошно хоҳанд гашт.


Дар Тошканд нишасти кишварҳои узви шӯрои энержии системи муштараки энержии Осиёи Марказӣ баргузор шуд

0




           



Душанбе. 26-уми феврал – Рӯз ҷумъаи 13 феврал дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон, нишасти кишварҳои узви шӯрои энержии системи муштараки энержии Осиёи Марказӣ баргузор шуд.



Ҳарчанд




масъулони




давлатии




Тоҷикистон




дар




мавриди




ҷузъиёти




ин




нишаст




иттилоъе




пахш




накардаанд


,


аммо




расонаҳои




минтақайӣ




гузориш




доданд


,


ки




вазъи




бӯҳронӣ




дар




арсаи




энержии




Тоҷикистон




дар




дастури




кори




ин




нишаст




қарор




доштааст


.



Нигаронии




кишварҳои




минтақа




ин




аст


,


ки




бӯҳрони




энержии




Тоҷикистон




метавонад




ба




ҳамоҳангии




истифода




аз




шабакаи




муштараки




энержии




Осиёи




Марказӣ




латма




ворид




кунад


.



Мақомоти




Қирғизистон




ба




хабарнигорон




гуфтаанд


,


пешбинӣ




шудааст


,


ки




захираи




об




дар




обанбори




Норак




то




авосити




моҳи




ҷорӣ




ба




пойинтарин




нуқта




расида




ва




вазъи




таъмини




энержи




дар




Тоҷикистон




вахимтар




шавад


.


Дар ин бораи сомонаи форси ВВС хабар медиҳад.


Ӯзбекистон иштироки худро дар сохтмони нерӯгоҳҳои бузург дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонад

0


Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ӯзбекистон иштироки худро дар сохтмони нерӯгоҳҳои бузург дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонад.




Тавре аз сафорати Ӯзбекистон дар ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, рӯзи 13-феврал зимни ҷаласаи ҳукумати Ӯзбекистон президенти ин кишвар Ислом Каримов ба ин нукта ишора карда, гуфтааст, дар сурати натиҷаҳои мусбати ташхиси байнулмилалӣ оид ба истифодаи захоири обӣ ва таъсири он ба муҳити зист, Ӯзбекситон омода аст, дар тарҳҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар минтақа саҳм гузорад.



Тибқи маълумоти намояндагии дипломатӣ, И.Каримов зикр намудааст, ки бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқиву обӣ ҳақи ҳар як кишвар аст, вале ин ҷо зарур аст мушкилоти норасоиву обу экологияро, ки бар асари сохтмон дар кишварҳои поёноб ба вуҷуд меоянд, низ бояд ба эътибор гирифт.


А.Зелин: Эҳёи нерӯҳои дифоъи ҳавоии Тоҷикистон ба туфайли дастгирии низоми муттаҳидаи дифои ҳавоии ИДМ муяссар шуд

0



           

Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Хабргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба сарфармондеҳи нерӯҳои низомии ҳавоии Русия генерал-полковник Александр Зелин иттилоъ медиҳад, ки ба низоми муттаҳидаи нерӯҳои дифои ҳавоии кишварҳои узви ИДМ муяссар гаштааст, чунин нерӯҳоро дар давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон аз нав эҳё созад.





           

Ба гуфтаи оқои Зелин, кишварҳои узви иттиҳод аллакай ба таъсиси нерӯҳои минтақавии ҳамгиройӣ дар се самт – Шарқиву аврупоӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ шурӯъ намудаанд. «Созишномаи дифоъи муштараки марзи ҳавоӣ миёни Давлати иттифоқӣ байни Русияву Белоруссия барои тасвиб омода мегардад ва лоиҳаҳои созишномавӣ бо дигар минтақаҳо низ айни замон дар ҳоли таҳия мебошанд», – гуфтааст ӯ.




           

Зелин гуфтааст, таҷриба нишон додааст, ки маҳдудсозии фазои назоратии нерӯҳои навбатдор дар ин самт имконоти чунин нерӯҳоро ба таври назаррас заъиф месозад ва муттаҳидсозиву ҳамгиройии низомҳои миллии дифои ҳавоӣ дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ талаби давру замон аст.


Вазорати маориф: Сатҳи дониши толибилмон дар литсейҳои тоҷикиву туркӣ ба талабот ҷавобгӯ нест

0


Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар давоми ҳафтаи сипаригашта муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ва вазири маорифи кишвар Абдуҷҷаббор Раҳмонов аз як қатор муассисаҳои таълимии пойтахт ва ноҳияҳои тобьеи марказ боздид намуданд.




Тавре сухангӯи вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳайати намояндагонро дониши толибилмони синфҳои 8-11 дар литсейи президентӣ аз рӯи фанҳои гуманитарӣ ва математика қаноатманд насохта, ба мақомоти раҳбарии литсей супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳоро таҳия сохта, иҷрои онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд ва оид ба натиҷаҳои он ба вазорат ҳисобот пешниҳод намоянд.



Муовини сарвазир ва вазири маорифро сатҳи дониши хонандагон дар литсейҳои тоҷикиву туркӣ ва мактаби байнулмилалӣ низ қонеъ нагардонид. Ба гуфтаи Н.Нуралиев, сарфи назар аз муҳайё сохтани тамоми шароит сатҳи дониши толибилмон беҳбуд мехоҳад. «Гузашта аз ин, вазир ба намояндаи вазорат А.Алиев, ки ба фаъолияти литсейҳои тоҷикиву туркӣ масъул аст, танбеҳ эълон намуд ва қарор шуд, аз 2 то 5-уми майи соли равон санҷиши такрорӣ гузаронида шавад», – гуфт сухангӯи вазорат.



Ғайр аз ин, дар ҷараёни боздиди мазкур як қатор директорони макотиби ноҳияи Рӯдакӣ муҷозот шуданд. «Бо қарори вазири маориф директори мактаби таҳсилоти умумии рақами 42-и ҷамоати Роҳатӣ дар робита ба риоя накардани талаботи қарори вазорати маориф оид ба баргузории чорабинии «Хатми Алифбо» аз мансаб сабукдӯш гардида, бо ҳамин ҷурм директори мактаби рақами 108 огоҳӣ гирифт», – афзуд Н.Нуралиев.


Интихоби президенти нави Кумитаи миллии олимпӣ

0


Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар он президенти нави кумита интихоб хоҳад гардид.



Ёдрас мекунем, ки


чанде қабл дар мулоқот бо рӯзноманигорон раиси Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев изҳор дошт, ки номзадии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи президенти КМО ягона аст.




Лозим ба тазаккур аст, ки бар асоси Оинномаи КМО, президенти нав барои чаҳор сол (2009-2012) дар Асссамблеяи кулли ҳисоботию интихоботӣ, ки 14-уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, интихоб мегардад. Чанд рӯзе қабл Кумитаи иҷроияи КМО якдилона номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифа пешниҳод намуд.



Ба гуфтаи Б.Раҷабалиев, дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳонро бӯҳрони молӣ гирифтааст, вазъи рушди варзиш низ ба мушкилот мувоҷеҳ гардидааст. «Аз ин рӯ, номзадии сарвари давлат мувофиқи мақсад аст ва умедворем, ки бо сари ин вазифа омадани Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшида хоҳад шуд», – афзуд Б.Раҷабалиев.


Фонди АвруОсиё дар Осиёи Марказӣ ва «Мултикид» дар ҶТ ба таъмини амнияти муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат мекунанд

0



           

Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ маросими супурдани гувоҳномаҳо ба хатмкунандагони курсҳои думоҳаи омӯзиши забони русӣ тибқи лоиҳаи «Мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии пурсамар ва бехатар» баргузор шуд. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази маърифатии «Мултикид» бо дастгирии молиявии Фонди Авруосиё дар Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад.





           

Тавре аз иттиҳодияи «Мултикид» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, 130 нафар сокини шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар курсҳои забни русӣ таълим гирифта, ҳамчунин бо асноди меъёрӣ-ҳуқуқии марбут ба муҳоҷират огоҳӣ пайдо намуданд.




           

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни амалисозии лоиҳа, ки чор моҳи минбаъда низ идома хоҳад ёфт, беш аз 200 нафар имкон доранд, дар курсҳо забони русиро омӯзанд ва оид ба муҳоҷирати қонунӣ маълумоти зарурӣ ба даст оранд.


Бори нахуст тайи даҳ соли ахир комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон сари мизи гуфтушунид менишинад

0



           

Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ баргузор мешавад.





           

Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласа ба ҷуз масоили ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, масоили марбут ба марзҳо низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. «Ҳайати Ӯзбекистонро муовини аввали нахуствазир, вазири молияи Ӯзбекистон Рустам Азимов роҳбарӣ менамояд», – гуфт манбаъ.




           

Тибқи иттилои сарчашма аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар, дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ тақрибан 13 масъала, аз ҷумла масоили роҳандозииҳамкориҳо дар бахшҳои истифодаи захоири обиву энергетикӣ, нақлиёт ва ғайра баррасӣ шуда, масъалаи транзити нерӯи барқи Туркманистон тавассути низоми энергетикии Ӯзбекистон ба кишвари мо дар меҳвари ҷаласа қарор хоҳад дошт.




           

Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи ахири комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон 10 сол қабл доир гардида буд.


Лоиҳаи «Маркази ягонаи коммуникатсионӣ» масъалаи озодии баёнро дар кишвар зери суол қарор медиҳад, – назари коршинос

0



           

Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни нишасти матбуотӣ сарвари иҷроияи Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон Михаил Петрушков изҳор дошт, татбиқи Лоиҳаи «Маркази ягонаи коммуникатсионӣ», ки Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ такроран пешниҳод менамояд, масъалаи озодии баёнро дар кишвар зери суол қарор медиҳад.





           

Ба гуфтаи ӯ, ин маънои онро дорад, ки фаъолияти соҳаи алоқа комилан таҳти назорат гирифта хоҳад шуд ва «дар ин сурат чӣ гуна метавон дар бораи оздии баён сухан гуфт?» «Гап сари он аст, ки феълан оператори миллии алоқаи ҶСК «Тоҷиктелеком», ки дар заминаи он таъсиси чунин марказ пешбинӣ шудааст, дар бозори алоқа мавқеи худро торафт аз даст медиҳад ва дар сурати ба як марказ муттаҳид гаштани операторон, он дар соҳаи алоқа барои дигарон рақобатнопазир хоҳад гашт», – гуфт ӯ.




           

Оқои Петрушков мегӯяд, мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ чанде қабл маъракаи «200 рӯзи ислоҳот»-ро эълом дошт ва бархе аз мансабдорон таҳти иҷрои он лоиҳаҳои бесамарро «пиёда сохтанианд».




           

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Ассостсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон Ғафур Иркаев мегӯяд, бар асари бӯҳрони молӣ дар бахши хизматрасонии алоқа болоравии тарофаҳо ба назар мерасад, ки он ба сатҳи некӯаҳволии мардум таъсири манфӣ мерасонад ва операторони алоқаи мобилӣ тарофаҳои худро тағйир доданӣ ҳам нестанд. «Дар сурати амалисозии лоиҳаи «Маркази ягонаи коммуникатсионӣ вазъ метавонад ба куллӣ тағйир ёбад», – гуфт ӯ.


Додгоҳи Олии ҶТ даъвои созмони масеҳии «Шоҳидони Яҳво»-ро оид ба таҷдиди назари ҳукми додгоҳи марҳилаи аввал рад сохт

0



           

Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мурофиаи додгоҳии созмони масеҳии «Шоҳидони Яҳво» то ба коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон расид.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи Олии кишвар хабар доданд, панҷшанбеи гузашта коллегияи ҳарбии Суди Олӣ, бо рад кардани шикояти кассатсионии созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» ҳукмномаи додгоҳи марҳилаи аввалро бе тағйир гузошт.



Ёдовар мешавем, мурофиаи судии созмони масеҳии «Шоҳидони Яҳво» дар ҷумҳурӣ ду сол боз идома меёбад. Ҳанӯз моҳи октябри соли 2007 бо қарори вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ фаъолияти ин созмон дар қаламрави Тоҷикистон манъ гардид. Вазорат он вақт гуфта буд, ки намояндагони ташкилоти мазкур хилофи қонун «Дар бораи дин ва созмонҳои динӣ» амал кардаанд. Бино ба маълумоти вазорати фарҳанг, намояндагони созмони масеҳии «Шоҳидони Яҳво» ғайриқонунӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ миёни мардум тарғибот мебурдаанд. Қарор дар бораи манъи фаъолияти ин созмон моҳи октябри соли 2008 аз тарафи Додгоҳи шаҳри Душанбе қабул гардид.