Вазорати тандурустӣ оид ба пешгирии доман паҳн кардани бемории сил барномаи махсус таҳия месозад

0



           

Душанбе. 24-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки афзоиши минбаъдаи шумори гирифторони бемории сил дар ҷумҳурӣ боздошта шудааст.





           

Вазир мегӯяд, тайи ду соли ахир дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расиданд ва акнун зарурате пеш омадааст, ки бо навъи устувори беморӣ муборизаро пурзӯр сохт. «Ин навъи беморӣ дар натиҷаи муолиҷаи нопурра ё дер шудани мӯҳлати табобати он хурӯҷ мекунад ва метавонад барои атрофиён сарчашмаи мубтало гардидан ба ин беморӣ гардад», – гуфт ӯ.




           

Дар шарҳи масъалаи афзоиши ин беморӣ дар ноҳияи Восеъ Н.Салимов зикр кард, ки соли равон ҳамаи сокинони ноҳияи мазкур аз ташхис гузашта, миёни онҳо мубталоёни навъи устувори бемории сил ба қайд гирифта шудаанд. «Соли равон в


азорат


оид ба пешгирии доман паҳн кардани бемории сил дар ноҳияи Восеъ ва навоҳии наздики он барномаи махсус






таҳия месозад, ки моҳи май ба ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд», – изҳор дошт Н.Салимов.




           

Н.Салимов инчунин гуфт, вазорат «Барномаи мубориза бо бемории сил барои солҳои 2010-2015»-ро низ омода сохта, ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод мекунад.




           

Тибқи маълумоти вазорати тандурустӣ, соли 2008 дар дармонгоҳи ҷумҳуриявии бемории сил 15 ҳазору 443 нафар маризи сил ба қайд гирифта шуд. Соли пешин 6 ҳазор нафар бемори бори нахуст ба касалии сил гирифторшуда ошкор гашт.


Реклама на asia+

Вазорати фарҳанг ҷиҳати баргузории як қатор чорабиниҳо бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам омодагӣ мегирад

0


Душанбе. 24-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар робита ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам баргузории як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.




Тавре аз Вазорати фарҳанги кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аввали моҳи июл ба ин муносибат конфронси ҷумҳуриявии илмиву амалӣ таҳти унвони «Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ» доир мегардад. Ҳамчунин моҳҳои июл-августи соли ҷорӣ китоби Имоми Аъзам «Фиқҳи Акбар» ва ҳамчунин китоб дар бораи Абӯҳанифа – «Симои Имоми Аъзам» нашр хоҳад шуд.



Моҳи августи соли ҷорӣ инчунин баргузории боз як конфрнси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҳанафия ва интишори маорифи исломӣ» дар назар аст.

 



Реклама на asia+

Ҳ.Зарифӣ Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба Афғонистон ба ҳузур пазируфт

0


Душанбе. 24-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз, 23-уми январи 2009 Вазири корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Ҳамрохон Зариф


ӣ


Намояндаи вежаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба Афғонистон Кай Эйдеро ба ҳузур пазируфт.




Зимни с


ӯ


ҳбат масоили


ҷ


ор


ӣ


ва дурнамои муносибатҳои То


ҷ


икистону СММ дар раванди мусоидат ба Афғонистон баррас


ӣ


шуданд.



Ҷ


онибҳо дар ма


ҷ


м


ӯ


ъ оид ба имконоти васеи ҳамкор


ӣ


дар таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон ва атрофи он, рушди соҳаҳои иқтисод


ӣ


, энергетик


ӣ


, нақлиёт


ӣ


, мубориза алайҳи маводди мухаддир ва таҳкими сарҳад мубодилаи судманди афкор ан


ҷ


ом доданд.



Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба Афғонистон Кай Эйде қайд намуд, ки СММ


ҷ


онибдори фароҳам овардани шароити мусоид


ҷ


иҳати


ҷ


алби кишварҳои ҳамсоя барои иштирок дар лоиҳаҳои иқтисодии Афғонистон мебошад.



Вазири корҳои хори


ҷ


ӣ


Ҳамрохон Зариф


ӣ


таъкид намуд, ки Ҳукумати То


ҷ


икистон омода аст имкониятҳои мав


ҷ


удаи хешро барои татбиқи барномаҳои иқтисод


ӣ


ва и


ҷ


тимо


ӣ


дар Афғонистон пешкаш намояд.



Зимни с


ӯ


ҳбат мусоҳибон омодагии худро баҳри ҳамкории дарозмуддати барои ҳарду


ҷ


ониб манфиатбахш изҳор намуданд. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Реклама на asia+

М.Асрорӣ: Лоиҳаи баргузории озмуни байналмилалиии «Панҷ ситора. Интервидение» аллакай ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шуд

0


Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар як нишасти матбуотӣ вазири фарҳанги мамлакат – Мирзошоҳрух Асрорӣ гуфт, ки дар ҷараёни мулоқоти дирӯзааш бо муовини нахуствазири мамлакат – Руқия Қурбонова масъалаи баргузории озмуни байналмилалии «Панҷ ситора. Интервидение» дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.




Ба гуфтаи оқои Асрорӣ, ӯ аллакай лоиҳаи баргузории ин озмуни байналмилалиро дар Душанбе ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст. «Умедворам, ки мо аз ӯҳдаи ташкил ва доир намудани озмуни «Панҷ ситора. Интервидение» дар сатҳи зарурӣ мебароем», – гуфт вазир.



Ёдовар мешавем, моҳи августи соли гузашта овозхони 19-солаи тоҷик Таҳмина Ниёзова дар даври навбатии озмуни байналмилалии «Панҷ ситора. Интервидение», ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардида буд, соҳиби ҷойи аввал ва шоҳҷоиза гардид. Дар асоси шартҳои ин озмун, барандаи ҷоизаи асосии он ҳуқуқи баргузор кардани даври навбатии озмуни байналмилалиро дар кишвари худ пайдо мекунад.



Бояд гуфт, шабакаи аввали телевизиони Русия, ки аз ташкилкунандагони асосии озмуни «Панҷ ситора. Интервидение» ба ҳисоб меравад, то ҳанӯз расман мавқеъи худро дар робита ба ин масъала рӯшан накардааст.


Реклама на asia+

Вазорати фарҳанг лоиҳаи нави қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ»-ро таҳия кард

0


Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба ташкилотҳои диние, ки дар қаламрави Тоҷикистон амал мекунанд, лозим меояд пас аз қабули лоиҳаи нави қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» дубора аз қайд гузаранд. Ёдовар мешавем, қонуни мазкур аз соли 1994 амал мекунад.




Тавре имрӯз дар нишасти матбуотӣ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ изҳор дошт, ҳукумати ҷумҳурӣ аз вазорат дархост кардааст, то ҷиҳати таҳияи консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин пешниҳоду тавсияи худро ироа намоянд. «Мо пешниҳод сохтем, ки пас аз қабули қонуни нав «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» ба ин кор машғул хоҳем шуд, зеро консепсияи нав бояд пурра ба талаботи қонун ҷавобгӯ бошад», – гуфт ӯ.

 




Тибқи маълумоти вазорат, феълан дар Тоҷикистон 258 масҷиди ҷомеъ, 2841 масҷидҳои намози панҷгона, 83 ташкилотҳои динӣ (ғайриисломӣ), 87 ҷамоатхона, 18 мадраса ва як Донишкадаи исломӣ амал мекунанд.


Реклама на asia+

Ояндаи наздик дар назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон Академияи илмҳои тиббӣ таъсис дода мешавад

0


Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ояндаи наздик дар назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон Академияи илмҳои тиббӣ таъсис дода мешавад. Дар ин бора имрӯз дар як нишасти матбуоти Вазири беҳдошти мамлакат Нусратулло Салимов хабар дод.




Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи таъсиси Академияи илмҳои тиббӣ дар назди вазорати тандурустӣ таҳия ва барои баррасӣ ва мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор супурда шудааст. «Мақсад аз таъсиси академия, дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти марказҳои илмӣ-тадқиқотии соҳаи тандурустӣ мебошад», – қайд кард Салимов.

   



Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон ба гузаронидани ҷарроҳии иваз намудани гурда шурӯъ мекунанд

0


Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷараёни нишасти хабарӣ вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ба ҷарроҳии иваз намудани гурда шурӯъ мекунанд.




Ба гуфтаи Н.Салимов, чунин навъи ҷарроҳӣ дар бинои 8-уми Маркази миллии тиббӣ, воқеъ дар Қаряи Боло баргузор хоҳад гашт ва барои фаъолияти табибон таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ шудааст. «Як гурӯҳи пизишкони ҷумҳурӣ ҷиҳати омӯзиш бо чунин навъи ҷарроҳӣ дар Русия таҷриба андӯхта, гурӯҳи дигар рӯзҳои наздик озими Миср хоҳанд гашт», – гуфт ӯ.



Вазири тандурустӣ зикр кард, ки хешу ақрабо метавонанд узви худро ба бемор пешниҳод созанд. «Агар дар хориҷи кишвар арзиши чунин навъи ҷарроҳӣ 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил диҳад, дар Тоҷикистон он аз 4 ҳазор $ зиёдтар нахоҳад буд», – афзуд Н.Салимов.


Реклама на asia+

Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон раиси нав интихоб шуд

0


Қӯрғонтеппа. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон раиси нав интихоб шуд. Собиқ раиси ноҳияи Ҷиликӯл Эшбӯрӣ Эсанқулов ба ин вазифа интихоб гардид. Қаблан Наргис Муродалиев дар ин мансаб ифои вазифа менамуд.




Дар конфронси ғайринавбатии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон масъалаҳои ташкилӣ мариди баррасӣ қарор гирифта, ҳайати Раёсат низ аз нав интихоб карда шуд.



Раиси тозаинтихоби кумитаи иҷроия – Э.Эсанқулов, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа И.Зоҳиров ва раиси ноҳияи Хуросон А.Самадов ба ҳайати Раёсат шомил шуданд.


Реклама на asia+

Панҷ сафири Тоҷикистон иваз мешаванд

0


Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Мутобиқи дастури президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъи ҳукумати ҷумҳурӣ ба вазири корҳои хориҷӣ – Ҳамрохон Зарифӣ дода шуд, дар семоҳаи аввали соли равон 5 сафири фавқулъодда ва мухтори Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ иваз карда мешаванд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, то охири моҳи март сафирони Тоҷикистон дар Туркия – Шӯҳрат Султонов, дар Ҷумхурии Исломии Ирон – Рамазон Мирзоев, дар Туркманистон – Қозидавлат Қоимдодов, дар Ҷумҳурии Мардумии Чин – Рашид Олимов ва сафири ҷумҳуриамон дар Белорус – Амирхон Сафаров бозхонд хоҳанд шуд.



Ёдовар мешавем, дар асоси дастури президенти кишвар, ҳар сол як маротиба мулоқоти сарвари давлат бо сафирони Тоҷикистон дар тамоми кишварҳои хориҷӣ гузаронида шуда, мӯҳлати кори сафир дар як давлат аз 3 сол зиёд нахоҳад буд.





 





 


Реклама на asia+

Намояндагони Тоҷикистону Миср дурнамои густариши ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд

0


Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 26-уми январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фаннӣ баргузор мешавад.




Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Ғуломҷон Бобозода ва ҷониби Мисрро вазири ҳамкории байнулмилалии Миср Файз Абулнаҷо роҳбарӣ мекунанд.



Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаи густариши ҳамкориҳо миёни давлатҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.



Ба иттилои манбаъ, гурӯҳии кории Миср аллакай ба Душанбе омада, бо ҳамтоҳои тоҷики худ рӯзномаи ҷаласаи байниҳукуматиро таҳия месозад.



Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори кишвар, соли 2008 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Миср 427,9 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст.


Реклама на asia+