Вазорати тандурустӣ муассисаҳои тиббии беҳтарин дар соли гузаштаро муайян кард

0



             




 

Душанбе. 22-уми январ – Дар


ҷ


аласаи


ҷ


амъбастии мушовараи Вазорати тандурустии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон нати


ҷ


аи озмуни муассисаи беҳтарини соли 2008


ҷ


амъбаст гардид.




   Беморхонаи клиникии ёрии таъ


ҷ


илии тибб


ӣ


дар байни муассисаҳои зертобеи раёсати тандурстии шаҳри Душанбе ғолиб эълон карда шуд.

  

  


      


 

Инчунин Маркази илмии


ҷ


арроҳии дилу раг ва қафаси сина, беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон, Маркази вилоятии бемориҳои дили шаҳри К


ӯ


лоби вилояти Хатлон, Маркази эндокринологии вилояти шаҳри Ху


ҷ


анди вилояти Суғд ва беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав хамчун муассисаҳои беҳтарини сол дониста шуданд.



  Ба роҳбарони беморхонаҳо сертификати муассисаи беҳтарини сол ва як адад компютер супорида шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон унвонии президенти ИМА ба муносибати оғози иҷрои вазифаи давлатиаш барқияи шодбош ирсол намуд

0


Душанбе


. 22-


уми




январ





Президенти




Ҷ


умҳурии




То


ҷ


икистон




Эмомал

ӣ





Раҳмон




ба




унвони




Президенти




Иёлоти




Муттаҳидаи




Амрико




Барак




Ҳусайн




Обама




ба




муносибати




савганд




ёд




карданаш




ва




оғоз




намудани




и


ҷ


рои




вазифаи




давлатиаш




барқияи




шодбош




ирсол




намуд


.




«Дар давоми солҳои сипаригашта – таъкид намуд Сарвари давлати То


ҷ


икистон – муносибатҳои ду


ҷ


онибаи То


ҷ


икистону Амрико ҳама


ҷ


иҳата густариш ёфта, ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталиф бо муваффақият идома дорад».



Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон изҳори омодаг


ӣ


намуд, ки ҳамкориҳои муассирро ба манфиати тарафайн бар пояи ҳадафҳои муштарак бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома диҳад.



           Дар хотимаи барқия Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ба Барак Обама дар маснади Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пир


ӯ


зиву комёбиҳо орз


ӯ


намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

Реклама на asia+

Ҳ.Зарифӣ: Бо кишварҳои НАТО танҳо масъалаи транзити борҳои ғайринизомӣ тавассути қаламрави ҷумҳурӣ ба Афғонистон баррасӣ мешавад

0



           

Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки миёни кишварҳои минтақа Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба Афғонистон нақши ҳалкунанда дорад. «Бо кишварҳои НАТО танҳо масъалаи транзити борҳои ғайринизомӣ тавассути қаламрави ҷумҳурӣ ба Афғонистон баррасӣ мешавад ва фикр мекунам, ки ояндаи наздик дар ин масъала мувофиқа ҳосил хоҳад шуд», – гуфт ӯ.





           

Ҳ.Зарифӣ ҳамчунин зикр кард, ки айни замон миёни Тоҷикистону Амрико оид ба сохтмони пули нав дар рӯди Панҷ, дар мавзеи Кокул дар ноҳияи Фархор тавофуқ ҳосил шудааст, ки он ба афзоиши муомилоти мол миёни кишварҳо ва тезонидани дастрасии кӯмаки башардӯстона ба Афғонистон мусоидат хоҳад кард.


Реклама на asia+

Имрӯз аз нашри шумораи нахустини ҳафтаномаи «Asia-Plus» 9 сол пур шуд

0


Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз аз нашри шумораи нахустини рӯзномаи Asia-Plus 9 сол пур шуд. «ASIA-Plus» оҷонсии иттилоотии мустақили Тоҷикистон мебошад. Дар Вазорати адлияи ҶТ соли 1995 ба қайд гирифта шудааст.




Аз рӯи натиҷаҳои соли 2000 Вазорати фарҳанги ҶТ ҳафтаномаро рӯзномаи беҳтарини иттилооти зудрас ва мӯътамад номид ва соли 2001 он ба ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Имрӯз ҳафтаномаи «ASIA-Plus» аз рӯи адади нашр ва нуфуз дар ҷомеа миёни нашрияҳои русзабони Тоҷикистон устуворона мақоми аввалро соҳиб аст. Аз моҳи январи соли 2006 барои ронандагону дӯстдорони автомобил замима ба ҳафтанома таҳти унвони «АВТО-plus» ба табъ мерасад. Аз моҳи апрели соли 2008 ҳамчунин маҷаллаи «VIPzone» низ нашр шуда истодааст.

  




ОИ «Азия-Плюс» дар пойтахт ва минтақаҳои ҷумҳурӣ (Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, Рашт) шабакаҳои мухбирони худро таъсис дод ва ба яке аз сарчашмаҳои мӯътамади иттилооти фаврӣ табдил ёфт. Беҳуда нест, ки солҳои ахир дар расонаҳои хабарии ҷаҳон ба ОИ «Азия-Плюс» чун манбаи иттилооти маҳаллӣ оид ба ҶТ бештар ишора мекунанд. Шиори мо – ВОҚЕИЯТ, ЗУДРАСӢ, МУСТАҚИЛИЯТ аст.



Имрӯз Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон, вазорату муассисоти ҷумҳурӣ, бонкҳо, сохторҳои бузурги тиҷоратӣ истифодабарандагони хидматгузориҳои оҷонсӣ мебошанд. Аз хабарномаи оҷонсӣ бо забони англисӣ дафтари кории САҲА (Вена), сохторҳои махсуси СММ (UNHCR, UNICEF, UNDP, UNWFP, UNODCCP), Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ, Бунёди Оғохон, бунёди маълумоти компютерии машҳури ҷаҳон «Dow Jones», Корпоратсияи радиову телевизиони ВВС (Лондон), радиои «Озодӣ» (Прага), дафтари кории Бонки рушди Осиё (Манила) ва чанде дигар созмону ташкилотҳои маъруфи дунё истифода мекунанд. Маводҳои иттилооти оҷонсӣ ҳамчунин дар сомонаи




www

.

news

.

tj




низ ба нашр мерасанд.


Реклама на asia+

Кормандони хадамоти гумрук ҷамъоварии ҳаҷми зарурии боҷи давлатиро дар соли ҷорӣ таъмин карданианд

0


Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сарфи назар аз бӯҳрони молиявӣ, кормандони хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳаҷми зарурии боҷи давлатиро дар соли 2009 таъмин карданианд.




Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ муовини аввали сардори хадамоти гумруки кишвар Неъматбой Раҳматов изҳор дошт, ки ҳаҷми ҷамъоварии маблағи боҷи давлатӣ барои соли 2009 ба миқдори 2 млрд. сомонӣ муқаррар гардида буд, вале дар ҷаласаи ахири ҳукумати кишвар сарвари давлат хадамотро вазифадор кард, ки ҳаҷми он боз 100 млн. сомонии дигар афзуда шавад.



Ба гуфтаи Н.Раҳматов, соли 2008 кормандони хадамот ба буҷаи кишвар 1 млрд. 629 млн. сомонӣ маблағ ворид сохтанд, ки нисбат ба ҳаҷми пешбинишуда 366 млн. сомонӣ зиёдтар аст.


Реклама на asia+

Дар Душанбе маросими муъаррифии асосноккунии сармоягузориҳо ба нерӯгоҳи Нуробод-1 баргузор гашт

0



           

Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ маросими муъаррифии асосноккунии сармоягузориҳо ба нерӯгоҳи Нуробод-1 баргузор гашт.





           

Тавре сухангӯи вазорат Тоҷинисо Азизова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар маросими муаррифӣ муовини аввали нахуствазири кишвар Асадулло Ғуломов, муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов, директори иҷроияи муассисаи сохтмонии «АСПМК-519» Виктор Ким, раисони ноҳияҳои Ҷиргатолу Нуробод ва дигарон иштирок доштанд.




           

Ба гуфтаи Т.Азизова, корҳои сохтмонӣ дар иншооти нерӯгоҳи Нуробод-1 ба зиммаи ширкати сохтмонии «АСПМК-519»-и Қазоқистон вогузор шудааст. «Иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи мазкур муодили 300 МВт буда, маблағи умумии лоиҳа 414 млн.


$


аст», – афзуд сухангӯи вазорат.

 



Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон Нақшаҳои генералии сохтмони 18 шаҳру маркази маъмурии ноҳияҳо таҳия мегарданд

0



           

Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Солҳои наздик Дар Тоҷикистон Нақшаҳои генералии 18 шаҳру маркази маъмурии ноҳияҳо таҳия мегарданд.





           

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ директори Агентии меъмориву сохтмони назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдувалӣ Комилов изҳор дошт, ки соли гузашта шаҳрҳои Кӯлобу Ваҳдат соҳиби нақшаҳои генералии сохтмон гардида, таҳияи нақшаи генералии сохтмони шаҳри Хуҷанд дар арафаи анҷомёбист.




           

Номбурда гуфт, нақшаи генералии сохтмони шаҳри Душанбе ҳанӯз соли 2006 таҳия гардида буд, вале бо назардошти баъзе камбудиҳо феълан он дар ҳоли такмил қарор дорад. «Барои таҳияи чунин нақшаҳо мутахассисони маҳаллӣ хеле каманд ва таҳияи тарҳу нақшаҳо бо ширкати коршиносони хориҷӣ, аслан аз Русия сурат мегиранд», – гуфт ӯ.




           

А.Комилов афзуд, ки айни замон корҳои такмили Нақшаи генералии шахри Душанбе низ бо иштироки мутахассисони русиягӣ ба иҷро расида истодааст.

 



Реклама на asia+

Боздиди даҳрӯзаи Э.Раҳмон аз кишварҳои Аврупо

0



           

Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон дар даҳаи аввали моҳи феврал ба ҷуз сафари расмӣ ба кишварҳои назди Балтика ва Белгия, аз Хорватия низ боздид хоҳад кард.





           

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки зимни боздид аз мамолики Аврупо дидору гуфтушуниди президенти ҷумҳурӣ бо сарони ин кишварҳо, намояндагони Иттиҳоди Аврупо, парлумони Аврупо ва Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар назар аст.




           

Ба гуфтаи Ҳ.Зарифӣ, интизор меравад, ки натиҷаҳои сафари мазкур ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. «Феълан бандарҳои баҳрии Эстония, Латвия ва Литва барои истифодаи воридоту содироти бор барои ҷумҳурӣ нақши муҳим доранд ва сарвари давлат бо ҳамтоҳои худ масъалаи мазкурро муҳокима хоҳад кард», – гуфт ӯ.



Вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ афзуд, ки дар ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Белгияву Хорватия оид ба масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гуфтушунид сурат хоҳад гирифт.


Реклама на asia+

Котиботи Шӯрои машваратии соҳибкорони ҷумҳурӣ пешниҳоди тавсияҳо оид ба беҳбуди шароиту шаклҳои тиҷоратро дархост мекунад

0


Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Котиботи Шӯрои Машваратӣ оид ба беҳбуди фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон ба соҳибкорони ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, аз онҳо пешниҳоди тавсияҳо оид ба беҳбуди шароиту шаклҳои тиҷорат, такмили заминаи ҳуқуқии танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва ворид сохтани он ба барномаи «200 рӯзи ислоҳот»-ро дархост кард.




Тавре роҳбари Котибот Шералӣ Зардов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барномаи «200 рӯзи ислоҳот» аз амалисозии ба самти мусбат тағйир додани нишондодҳои фаъолияти соҳибкорӣ иборат буда, ҳадаф аз он таҳияи маҷмӯи асноди қонунгузорӣ ва соддакунии тартибу қоидаҳои маъмурӣ баҳри беҳбуди ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар аст.



«Котибот ният дорад, тавсияҳоро ба низом дароварда, онро ҷиҳати баррасӣ ба гурӯҳи кории байниидоравӣ, ки бо мақсади таҳияи барномаи зикршуда таъсис дода мешавад, пешниҳод намояд», – афзуд Ш.Зардов.


Реклама на asia+

Кишоварзони тоҷик каме зиёдтар аз 37 млн. сомонӣ қарзи ҷудокардаи бонкҳо ва давлатро баргардониданд

0


Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳаҷми пардохти қарзи ҷудокарда ба хоҷагиҳо ба санаи 26-уми декабри соли гузашта 37,2 млн. сомониро ташкил дод.




Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли 2008 ба хоҷагиҳои пахтакори кишвар 371,1 млн. сомонӣ қарз дода шуд, ки 211,8 млн. сомонӣ воситаҳои муассисаҳои қарздиҳанда буда, 140 млн. сомонӣ маблағи буҷа аст.



Намояндаи хадамоти матбуотии бонк Абдуғаффор Қурбонов изҳор дошт, ки

 

коҳиши нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба деҳқонон имкон надод, ки қарзҳоро пардохт намоянд ва мӯҳлати пардохти қарзҳо то 1-уми март дароз карда шудааст, ки он ба қарзҳои ҷудошуда аз воситаҳои худи бонкҳо дахл дорад.


Реклама на asia+