Толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи фанҳои дақиқ дар шаҳри Алмаато ширкат меварзанд

0



           

Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Олимпиадаи ҳарсола оид ба фанҳои математика, физика ва информатика рӯзи 14-уми январ дар шаҳри Алммато оғоз мегардад.





           

Тавре аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар он ҳудуди 80 дастаи мунтахаби кишварҳои ИДМ ва ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.




           

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи байнулмилалӣ хонандагони синфҳои 9-11-и гимназия-интернат барои кӯдакони лаёқатманди «Ҳотам-ПВ» намояндагӣ хоҳанд кард.




 

«Олимҷони Пирмуҳаммад, Муҳаммадҷон Шоев, Шоҳин Саъдуллоев, Ҷаҳонгир Рустамзода, Шамсиддин Кабиров, Беҳрӯз Афзалӣ ва Қобил Ҳақназаров аз зумраи хонандагоне мебошанд, ки кишвари моро дар олимпиада муаррифӣ хоҳанд кард», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки дар олимпиада инчунин дастаҳои муштараки се литсейи туркиву тоҷикӣ низ ширкат хоҳанд варзид.


Реклама на asia+

ҲНИТ барои кӯмак ба мардуми осебдидаи Фаластин сандуқи хайрия таъсис дод

0



           

Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ба сандуқи хайрияе, ки ҷиҳати кӯмак ба мардуми осебдидаи Фаластин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкил намуд, то имрӯз ҳудуди 30 ҳазор сомонӣ (наздик ба 8,5 ҳазор $) ворид гаштааст.





           

Қобили зикр аст, ки рӯзи 31-уми декабр дар дафтари кории ҳизб нисбат ба ҳамалоти низомии Исроил бар Фаластин ва ба ҳалокат расидани шумори зиёди фаластиниён ҳамоиши дохилиҳизбии эътирозӣ баргузор шуд, ки дар он беш аз ҳазор фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.




           

Зимни суханронӣ дар ҳамоиш раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ амали Исроилро «ҷинояткорона» арзёбӣ намудааст. Дар ҳамоиш қатънома қабул гардид, ки дар он амали Исроил нисбати фаластиниён маҳкум карда мешавад.




           

ҲНИТ аз давлати Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар сурати минбаъд идома ёфтани ҳамлаҳои низомӣ ба Фаластин аз ҷониби Исроил ба мардуми мусалмони кишвар иҷозат бидиҳад, намоиши эътирозие дар шаҳри Душанбе доир созанд.


Реклама на asia+

Раиси Ассосиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон тағйироти куллиро дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ зарур мешуморад

0


Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ассосиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон – Абдуғанӣ Мамадазимов гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2009 бояд ба ислоҳоти бахши аграрӣ пардозад.




Ба гуфтаи ӯ, ин ислоҳот набояд ба шакли супорише ба бонкҳо оид ба маблағгузории ин ё он бахш, масалан соҳаи пахтакорӣ бошад. «Мо, инак 17 сол мешавад, ки дар бораи ислоҳоти бахши аграрӣ мегӯему мешунавем, аммо то ҳанӯз дар деҳоти кишвар, шахсони соҳибэҳтиром боз ҳамон раисони хоҷагиҳои деҳқонианд», – мегуяд ӯ.



Номбурда зикр кард, ки омили мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки мо аз ҳамон совхозу колхозҳои шӯравии собиқ он қадар дур нарафтаем. Ба гуфтаи Мамадазимов, мо билохир бояд заминро аз дасти ба қавле «раисони колхозҳо» пас гирем ва миёни оилаҳое, ки бевосита дар майдон меҳнат мекунанд, тақсим намоем. Дар акси ҳол, боз 10 соли дигар раисони колхозҳо, шахсони аз ҳама соҳибэҳтиром боқӣ хоҳанд монд ва ҳамзамон ҳосилнокии на танҳо пахта, балки гандуму картошка низ торафт кам шудан мегирад.



Коршинос мӯътақид аст, ки танҳо соҳиби асосии замин, яъне деҳқони асил метавонад вазъи соҳаи кишоварзиро ба самти мусбат тағйир диҳад.

  



Реклама на asia+

Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ акнун ба ивази кӯмаки башардӯстона қарзҳои бидуни пардохти фоиз пешниҳод мекунад

0



           

Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ соли ҷорӣ ҳаҷми кӯмакҳои башардӯстонаро коҳиш дода, ба аҳолии камбизоати ҷумҳурӣ қарзҳои бидуни пардохти фоиз пешниҳод мекунад.





           

Аз намояндагии ин кумита дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иқдоми мазкур ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ амалӣ мегардад, зеро шурӯъ аз соли 1993 кумита ба оилаҳои камбизоати кишвар кӯмакҳои башардӯстона мерасонад, вале он ҷиҳати коҳиши мизони камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ самараи дилхоҳ намедиҳад. «Аз ин рӯ, кумита тасмим гирифтааст, ки ба ивази кӯмакҳои башардӯстона акнун ба аҳолии камбизоат қарзҳои бидуни пардохти фоида пешниҳод намояд ва дар муддати 9 моҳи соли гузашта ҳудуди 130 сокини ҷумҳурӣ соҳиби чунин намуди қарзҳо шудаанд», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои манбаъ, Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ аз оғози фаъолият ҳамасола ба ҳисоби миёна ба 10 ҳазор оилаи камбизоат кӯмаки башардӯстона расонидааст.




           

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ахири оморӣ, беш аз 53 дарсади аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳоли камбизоатӣ қарор дошта, 17 дарсади тоҷикистониён дар шароити ҳадди ниҳоии қашшоқӣ ба сар мебаранд.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон нархи истифодаи газ боло меравад

0


Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2009 барои ҳама намуди истифодабарандагон нархи истифодаи газ боло меравад. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд.




Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз дар хусуси муайян кардани тарофаҳои нави истифодаи газ барои истифодабарандагон қарори вазорат қабул карда мешавад. Тарофаҳои нави дақиқ ҳоло тасдиқ нашудаанд, аммо тибқи маълумоти пешакии КВД «Тоҷикгаз», арзиши истифодаи гази табиӣ барои аҳолӣ метавонад 1000-1100 сомонӣ барои як ҳазор метри мукааб муқаррар гардад. Қобили зикр аст, ки соли 2008 аҳолӣ барои истифодаи 1 ҳазор метри мукааби газ 688,15 сомонӣ (беш аз 198 $) пардохт мекард ва он замон нархи гази воридотӣ аз Ӯзбекистон барои 1 ҳазор метри мукааб ба 145 $ баробар буд.



Ёдрас мекунем, ки тибқи созишномаи аз 31-уми декабр миёни «Тоҷикгаз» ва «Узтрансгаз» имзошуда, соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми 530 млн. метри мукааб газ харидорӣ хоҳад кард ва арзиши он барои 1 ҳазор мети мукааб 240 $ муқаррар шуд.



Лозим ба тазаккур аст, ки дар марҳилаи аввал ҷониби Ӯзбекистон барои 1000 метри мукааб 300 $ талаб дошт, вале пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ ба ҳайати Тоҷикистон муяссар гардид, ки арзиши онро ба андозаи 60 $ камтар кунад.


Реклама на asia+

Р.Зойиров: Нишон додани иродаи сиёсӣ – вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2009 аст

0


Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар чунин назар аст, ки дар соли 2009 вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани иродаи сиёсӣ аст. «Дар соҳаи иқтисод он аз озодкунии соҳибкории хурду миёна аз фишори кодекси андоз ва дахолати мансабдорони давлатӣ ба тиҷорат иборат буда, мебояд фаъолияти озодонаи соҳибкориро бар асоси кодекси шаҳрвандӣ таъмин намуд, – гуфт ӯ. – Дар соҳаи сиёсат бошад, гуногунандешӣ дар ҷомеа бояд на маъмурӣ, балки сиёсӣ бошад ва озод кардани қонунгузории интихобот аз маъмурияти ҳукумат дар он аз «вазифаҳои умдатарини сиёсии» давлат дар соли 2009 шуморида мешавад».




Р.Зойиров чунин ибрози назар мекунад, ки дар бахши иҷтимоӣ мебояд таъҷилан қафомонии онро боздошт ва барои ин қабл аз ҳама, зарур аст, ки ин бахшро аз шахсони мансабдори бесалоҳият озод сохта, нуфузи касбро дар он ҳавасманд сохт. «Бо итминони комил гуфта метавонам, ки имконпазир ё ғайриимкон будани амалисозии вазифаҳои зикршуда аз ҷониби ҳукумат нишондиҳандаи салоҳиятнокӣ ва коршоямии он хоҳад буд», – афзуд раиси ҲСДТ.


Реклама на asia+

Нишастҳои матбуотии навбатии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ 12-уми январ оғоз мешаванд

0


Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Нишастҳои матбуотии навбатии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ 12-уми январ оғоз мешаванд.




Зимнан роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ба хабарнигорон роҷеъ ба корҳои анҷомдода дар соли 2008 маълумот хоҳанд дод.




 

Ёдовар мешавем, амри раиси ҷумҳури кишвар дар бораи ҳар се моҳ баъд баргузор кардани нишастҳои матбуотӣ, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳои мамлакат ва дастрасии Васоити Ахбори Омма ба иттилооти расмӣ, 4-уми марти соли 2005 содир гардид.


Реклама на asia+

Дар Душанбе олимпиадаи шаҳрии толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ оғоз мегардад

0


Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар бинои мактаби рақами 1-и пойтахт олимпиадаи шаҳрии толибилмони макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе оғоз мегардад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маорифи пойтахт Шамсулло Исломов хабар дод, дар муддати се рӯз ғолибони олимпиадаҳои мактабӣ ва ноҳиявӣ аз рӯи 17 фанни таълимӣ қувваозмоӣ намуда, беҳтаринҳо ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.



Қобили зикр аст, ки дар пойтахт 131 мактаби таҳсилоти умумӣ амал карда, дар онҳо 165 ҳазору 434 нафар хонанда таҳсил мекунанд.



Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки имрӯз дар минтақаҳои ҷумҳурӣ олимпиадаҳои вилоятии мактаббачагон шурӯъ шуданд. Олипиадаи ҷумҳуриявӣ ҳамасола маъмулан моҳҳои март-апрел доир мегардад. Тибқи маълумоти ахири Вазорати маорифи кишвар, феълан дар Тоҷикистон 3 ҳазору 810 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд.


Реклама на asia+

Таъмини заминаҳои рушди бахши энергетикаву нақлиёт вазифаҳои аслии ҳукумат дар соли ҷорӣ мебошанд, – назари коршиноси масоили сиёсӣ

0


Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси масоили сиёсӣ Рашид Ғанӣ Абдулло бар ин назар аст, ки таъмини заминаҳои рушди бахши энергетикаву нақлиёт ва мухобирот дар иқтисоди миллӣ вазифаҳои аслии ҳукумат дар соли ҷорӣ маҳсуб мегарданд.




Ба гуфтаи ӯ, самтҳои асосии ҳалли ин масоил аз таъмини ҷалби сармоягузориҳо ба ин бахшҳо ва бахши истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, то ҳадди ниҳоӣ коҳиш додани аз даст додани ҷойҳои кории муҳоҷирони тоҷик дар Русия иборат аст. «Ба он муваффақ шудан зарур аст, ки коҳиши ҷалби муҳоҷирони корӣ, ки тибқи барномаи ҳукумати Русия пешбинӣ шудааст, ҳарчи камтар ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик таъсир дошта бошад», – мегӯяд ӯ.



Коршинос зикр мекунад, ки Тоҷикистон ҳамеша манфиатҳои стратегӣ ва геополитикии Русияро ба эътибор мегирад ва дар масъалаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ аз Русия бояд чунин муносибатро чашмдор бошад. «Дар самти татбиқи қарордодҳо бо Русия, Чин, Эрон ва Қазоқистон, бахусус масъалаи сохтмони як қатор нерӯгоҳ дар ҷумҳурӣ мебояд таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуд», – изҳор дошт вай.



Дар масъалаи вазифаҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли 2009 бо назардошти бӯҳрони моливии ҷаҳонӣ номбурда изҳор дошт, ки дар ин давра тақвияти ҳамкориҳо бо созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, аз қабили Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки рушди Осиё дар самти коҳиши оқибатҳои бӯҳрон ба Тоҷикистон зарур аст.



Коршинос ҳамчунин

 

дар соли 2009 муҳиму рӯзмарра гардидани масъалаи фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёнаро таъкид сохт. «Ҳалли мувафффақонаи масоили зикршуда ба сатҳи касбӣ ва салоҳиятнокии мақомоти давлатии дахлдор вобаста хоҳад буд», – афзуд Рашид Ғанӣ Абдулло.


Реклама на asia+

Барандагони ҷоизаи Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон муайян карда шуданд

0


Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Барандагони ҷоизаи Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон дар соли 2008 муайян карда шуданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ассотсиатсия Муҳаммадҷон Тоштемиров хабар дод, ҷоизаи асосии ба номи Мутеъулло Наҷмиддинов ба се рӯзноманигор – сармуҳаррири рӯзномаи «Фараж» Хуршеди Атовулло барои силсилаи маводи публитсистӣ дар мавзӯи коррупсия ва озодии баён, директори шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» Зиннатуллои Исмоил барои силсилаи мавод дар мавзӯи иқтисод ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Курер Таджикистана» Владимир Фролов барои маводи публитсистӣ дар мавзӯи ҳамкориву дӯстии мардуми Тоҷикистону Русия супорида мешавад.



Ба гуфтаи Тоштемиров, озмуни мазкурро аз ҷиҳати молиявӣ сафорати Русия дар Тоҷикистон дастгирӣ кардааст. Барандагони ҷоиза ҳар кадоме ба маблағи 800 сомонӣ мукофотпулӣ хоҳанд гирифт.



Қобили зикр аст, ки барандагони нахустини ҷоизаи мазкур рӯзноманигорон Бахтиёри Муртазо, Абдуғаффор Абдуҷабборов, Владимир Воробёв ва Ҷӯрақул Аҷибов гардида буданд. Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон 26-уми феврали соли 2007 таъсис дода шудааст.


Реклама на asia+