САҲА кормандони Вазорати умури дохилиро бо таҷҳизоти техникии мубориза бо харидуфурӯши одамон таъмин кард

0


Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Созмони амнияту ҳамкории Аврупо кормандони Вазорати умури дохилиро бо таҷҳизоти техникии мубориза бо харидуфурӯши одамон таъмин кард.




Дар маросими анҷоми тренинги якҳафтаина дар мавзӯи тафтиши ҷиноёти марбут ба харидуфурӯши одамон ва супурдани асноди таҷҳизоти техникӣ сафири Маркази САҲА дар Душанбе Владимир Пряхин изҳор дошт, ки ҳарчанд мо дар қарни


XXI


ба сар барем ҳам, нодида гирифтани доман паҳн кардани ҷиноёти харидуфурӯши одамон ғайриимкон аст. «Бархӯрди САҲА ба ин падидаи манфӣ дар он ифода меёбад, ки беҳтар аст аз он ошкоро сухан гуфт ва роҳу воситаҳои ҳалли онро бояд ҷустуҷӯ намуд», – изҳор дошт ӯ.



Ба қавли дипломат, ҳодисаи ғуломфурӯшӣ дар Тоҷикистон решаҳои амиқ дорад, вале ба ҳеҷ ваҷҳ он нишонаи дурусту оқилона будани ин падидаи манфӣ нест. «Аз ин рӯ, мебояд баҳри бартараф сохтани он тамоми чораҳо андешида шаванд», – гуфт В.Пряхин.



Ҷаноби Пряхин кӯшишу иқдомоти Тоҷикистонро, ки дар ин самт қонун ва барномаи вижаи амал қабул карда, комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бо харидуфурӯши одамон таъсис додаву маърӯзачии миллӣ низ оид ба ин масъала таъин кардааст, муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.


Реклама на asia+

Имрӯз гурӯҳи аввалини зоирини тоҷик ба ватан бармегарданд

0


Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ин замон тайёра бо гурӯҳи аввалини зоирини тоҷик иборат аз 360 нафар, ки аз тавофи хонаи Каъба ба ватан бармегарданд, ба майдони ҳавоии пойтахт фуруд меояд.




Тавре сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар муддати ду ҳафта ҳамарӯза чунин парвозҳо аз Арабистони Саудӣ тариқи ҳавопаймоиши ғунҷоишаш бузурги навъи


TRISTAR





L


1011 сурат мегиранд. «Тайёраҳо ба ширкати ҳавопаймоии «Аҷа ай лимитед ком»-и Арабистони Саъудӣ тааллуқ дошта, дар ҳар парвоз 360 зоирини тоҷик ба ватан бармегарданд», – гуфт ӯ.



Н.Давлатова афзуд, ки соли равон оид ба сафари ҳаҷи шаҳрвандони Тоҷикистон миёни ширкати «Тоҷик Эйр» ва ширкати арабии номбурда қарордод ба имзо расида буд.




            

Қобили зикр аст, ки имсол беш аз 5 ҳазор шаҳрванди То


ҷ


икистон ба зиёрати хонаи Каъба мушарраф гардиданд.




 

Реклама на asia+

Гуфтушуниди Тоҷикистону «Турбоатом» оид ба тайёр кардани таҷҳизот барои нерӯгоҳи Норак идома дорад

0


Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Гуфтушуниди Тоҷикистону «Турбоатом» оид ба тайёр кардани таҷҳизот барои нерӯгоҳи Норак идома дорад.




Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, феълан гурӯҳи мутахассисони тоҷик перомуни ҳалли масъалаи тайёр кардани 6 чарха барои нерӯгоҳи Норак дар шаҳри Харкови Украина қарор доранд. «Гап сари он меравад, ки бар асари бӯҳрони молиявӣ нархи металл дар бозори ҷаҳонӣ якбора коҳиш ёфт ва акнун ҷонибҳо интизори мӯътадил гаштани он ҳастанд, то созишномаро ба имзо расонанд», – гуфт манбаъ.



Манбаъ афзуд, ки айни замон дар нерӯгоҳи Норак корҳои ивази чархаи агрегати саввуми нерӯгоҳ босуръат идома доранд. Қобили зикр аст, ки қаблан Тоҷикистон тайёр кардани се чархаро ба корхонаи механикии Сумск (Украина) фармоиш дода буд. Чархаи аввал моҳи июни соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ оварда шуда, ду чархаи дигар соли оянда тайёр карда мешаванд.


Реклама на asia+

Раиси пойтахт дар бораи харидории як миқдор автобусу троллейбусҳои нав фармон ба имзо расонид

0



           

Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи иҷозат додани хадамоти марбути шаҳр оид ба имзои созишнома ҷиҳати харидории 150 автобус ва 60 троллейбус бо ҶДММ «Тролза-Маркет» ва ширкати «Русские автобуси» фармон ба имзо расонид.





           

Тавре сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз буҷаи шаҳр барои харидани автобусҳо бо қисмҳои эҳтиётӣ 14 млн. 125 ҳазору 991 сомонӣ ($ 4 млн. 87 ҳазор) ва троллейбусҳо 17 млн. 618 ҳазору 970 сомонӣ ($5млн. 100 ҳазор) маблағ ҷудо карда мешавад. «Нисфи автобусҳо бо сӯзишвории дизелӣ ва боқимонда бо газ кор мекунанд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Ш.Саидов, автобусу троллейбусҳо тариқи тендер харида шуда, аввали соли оянда ба Душанбе оварда мешаванд.




           



Реклама на asia+

Дар вилояти Суғд 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ҷашн гирифта мешавад

0


Хуҷанд. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд ҷашни 100-умин солгарди академик Бобоҷон Ғафуров таҷлил мегардад.




Тавре аз маркази иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, бо қарори раиси вилоят Қоҳир Расулзода, 26-уми декабр дар қаламрави вилоят бахшида ба ин ҷашн чорабиниҳои гуногун доир мегарданд.



Ба иттилои манбаъ, бо ин мақсад аз фонди захиравии раиси вилоят 4 ҳазору 300 сомонӣ маблағ ҷудо мегардад. Чанде қабл дарҳкумати вилоят бахшида ба ҷашни мазкур конфронси илмӣ баргузор шуд, ки дар он олимон, таърихшиносон ва омӯзгорони макотиби оливу таҳсилоти умумии вилоят иштирок карданд.


Реклама на asia+

ҲХДТ аҳли ҷомеаро даъват мекунад, ки дар муқобили равияҳои ғайриқонунии «Ҳизб-ут таҳрир», «Байъат», «Аҳмадия» ва «Салафия» фаъол бошанд

0


Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» -Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷонибдоронаш даъват ба амал овард, ки дар муқобили равияҳои динии ғайриқонунӣ чун «Ҳизб-ут таҳрир», «Байъат», «Аҳмадия» ва «Салафия» фаъол бошанд.




Тавре дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҳизб Давлаталӣ Давлатзода хабар дод, ин даъват дар ҷаласаи чанде қабл доиргаштаи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон изҳор гардид.



Ба гуфтаи ӯ, ахиран тамоили фаъолшавии аксари ин равияҳои тундгаро дар Тоҷикистон ба мушоҳида расидааст. «Дар қатори аъзои ҳизб мо аз аҳли ҷомеаи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки дар мубориза алайҳи равияҳои мазҳабии тундгаро фаъолтар бошанд, зеро фаъолияти онҳоро мо чун таҳдид ба амнияти давлату миллат арзёбӣ менамоем», – изҳор дошт Д.Давлатзода.



Дар ҳамин ҳол, Д.Давлатзода саҳми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчуни шарики ҲХДТ дар ин самт қайд кард.

 



Реклама на asia+

Соли 2007 аз нисф зиёди аҳолии Тоҷикистон дар сатҳи камбизоатӣ қарор дошт

0



            




 

Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2007 дар Тоҷикистон мизони қашшоқӣ 17 дарсадро ташкил дода, 53 дарсади аҳолӣ дар сатҳи камбизоатӣ қарор дошт.





           

Тавре ҳамоҳангсози Бонки Рушди Осиё Усмон Раҳмонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, чунин рақамҳо дар ҳисоботи пешниҳодшуда ба ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба татбиқи Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар соли 2007 дарҷ ёфта, албатта, бо назардошти афзоиши мизони таваррум дар соли ҷорӣ он инъикоскунандаи вазъи имрӯза нест.




           

Ба қавли номбурда, қашшоқӣ маънои сатҳи поинтар аз камбизоатиро дар назар дошта, даромади якрӯзаи шахс аз 1 доллари амрикоӣ камтар аст. «Сатҳи камбизоатӣ бошад, таъмини ҳадди аққал бо сабади истеъмолӣ ва баъзе маҳсулоти саноатиро дар назар дорад», – гуфт ӯ.




           

У.Раҳимов афзуд, ки суръати баланди афзоиши мизони таваррум дар ҷумҳурӣ бешак боиси рӯ ба афзоиш ниҳодани ин нишондиҳандаҳо дар соли ҷорӣ гаштаанд.




           

Ёдовар мешавем, тибқи маълумоти Кумитаи омори кишвар, дар зарфи 11 моҳи соли равон мизони таваррум дар ҷумҳурӣ 12,65 дарсадро ташкил дода, суръати миёнаи таваррум дар бахши истеъмолӣ ба 1,15 дарсад баробар шудааст.


Реклама на asia+

Соли оянда дар Тоҷикистон Шӯрои миллии рушд таъсис дода мешавад

0



           

Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳисобот оид ба татбиқи Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар соли 2007 омода гардида, ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.





           

Дар шарҳи масъалаи мазкур муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки феълан корҳои омодасозии чунин ҳисобот дар соди 2008 идома дошта, авали соли 2009 таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои таҳияи стратегия коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар солҳои 2010-2012 ба нақша гирифта шудааст.




           

Ба қавли номбурда, корҳо дар ин самт дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ якранг нестанд. Ӯ мегӯяд, ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи таъсиси сохтори ҷудогона оид ба мониторинги сатҳи коҳиши камбизоатӣ дар вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор қабул кардааст, вале феълан на дар ҳама вазорату идораҳо чунин сохтор вуҷуд дорад. «Чунин сохтор миёни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танҳо дар ВМКБ вуҷуд дорад», – гуфт ӯ.



А.Раҳмонов инчунин зикр кард, ки дар оғози соли оянда мувофиқи фармони сарвари давлат Шӯрои миллии рушд таъсис меёбад, ки дар татбиқи стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ нақши калидӣ хоҳад бозид.



Ҳукумати Тоҷикистон Ҳуҷҷати Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатиро соли 2006 қабул кард.


Реклама на asia+

САҲА ба аҳолии «русзабон»-и шаҳри Кӯлоб бо маводи ғизоӣ кӯмак кард

0



           

Кӯлоб. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дафтари саҳроии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар шаҳри Кӯлоб ба гурӯҳи аҳолии ба ном «русзабон»-и танҳомонда ва куҳансоли шаҳр бо маводи ғизоӣ кӯмак кард.





           

Тавре корманди дафтар Мавҷуда Ғафурова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз кӯмаки мазкур, ки аз орду равған ва шакар иборат буд, дар маҷмӯъ 409 нафар бархӯрдор шуданд.



Ба қавли ӯ, кӯмак мувофиқи руйхат тақсим карда шудааст. «Агар бо сабабе кӯмаки моддӣ расонида натавонем, ҳам, мо омодаем ҳамеша шахсони пиру барҷомондаро аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ намоем», – гуфт ӯ.



М.Ғафурова зикр кард, ки онҳо бо пирону барҷомондагон сӯҳбат оростаанд. «Шахсони куҳансол аз сӯҳбатҳо хеле хушнуду сарфароз гаштанд», – изҳор дошт ӯ ва афзуд, ки кӯмак аз тарафи Маркази САҲА дар Душанбе ҷудо гардидааст.


Реклама на asia+

Ҷасади сарбуридаи муҳоҷир аз Маскав ба Душанбе оварда шуд

0


Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз, соати 5.30 дақиқа бо хатсайри ҳавоии рақами 628 – Маскав-Душанбе ҷасади дар Маскав бераҳмона қатлгардидаи муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов ба Душанбе оварда шуд.




Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» бародари марҳум Вазир Азизов изҳор дошт, ки дар Маскав онҳоро бовар кунонидаанд, ки ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқоти дақиқи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор хоҳад гирифт. «Аз шаш бародарон дар оила мо – панҷ нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштем», – гуфт ӯ. Ҷасади Салоҳиддин Азизов дар зодгоҳаш – ноҳияи Шаҳритӯс ба хок супорида хоҳад шуд.



Ёдовар мешавем, Салоҳиддин Азизови 20-сола, ки дар як амбори меваҷот дар вилояти Маскав ҳаммолӣ мекард, шаби 5 ба 6 декабр дар роҳи бозгашт аз ҷойи кор дар ҷангалзори атрофи шаҳраки Жабкинои вилояти Маскав ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ қарор гирифтанд. Хешовандони Азизов баъди чанде, аз ҷойи ҳодиса танҳо ҷасади бесари ӯро пайдо мекунанд. Сари буридаи мақтул, баъди чанд рӯз аз як қуттии ахлот дар наздикии идораи ҳукумати як минтақаи шаҳри Маскав кашф гардид. Масъулияти ҳамла ба Азизовро, аъзои гурӯҳи ба ном «Созмони ҷангии миллатгароёни рус» ба

 

д


ӯ


ш гирифта, ин кушторро рамзи муборизаи худ алайҳи ишғоли Русия аз с


ӯ


и мардуми ғайр маънидод кардаанд.



Дар таърихи 12-уми декабр Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар мавриди қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон дар наздикии шаҳри Маскав ба ваколатдори муваққатии корҳои Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний нотаи эътирозӣ супурд.

           

Дар санад перомуни афзоиши тамоили сӯиқасд ба ҷони муҳоҷирони тоҷик, ки муваққатан дар қаламрави Русия қарор доранд, изҳори нигаронӣ карда шудааст.

         

Дар нота вазорати умури хориҷӣ таъкид сохтааст, ки ҳодисаҳои мазкур бештар дар заминаҳои ксенофобия, бадбинии нажодӣ ва миллатгароӣ сурат мегиранд. «Дар нота қайд шудааст, ки тамоили таҳаммулнопазирӣ ҳарчи бештар дар шаклҳои бераҳмона зоҳир гашта, унсурҳои ҷинояткор муҳоҷирон ва донишҷӯёнро латукӯб менамоянд, ки дар аксари маврид ҷабрдидагон ба ҳалокат мерасанд», – гуфта шудааст дар изҳорот.



Кафили сафири Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний дирӯз бо паҳн намудани як иттилоияи расмӣ гуфтааст, ҷиноятҳое, ки дар Русия дар заминаи адовати қавмӣ содир мешаванд, натанҳо боиси қаҳру ғазаби тоҷикистониён, балки ҷомеъаи Русия низ мегардад. «Мо аз кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов дар вилояти Маскав сахт хашмгин ва хиҷил шудем», – гуфт Светличний ва афзуд, ки Сафорати Русия ин ҷиноятро шадидан маҳкум намуда, онро фитнае барои барангехтани адовати қавмӣ ва халалдор сохтани муносиботи дӯстонаи Русияву Тоҷикистон мешуморад. «Ман аз номи ҷомеаи Русия ба хешовандону наздикони кушташуда изҳори ҳамдардӣ намуда, умедворам, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар муносибат ба ин таҳдиди ҷинояткорон сабру таҳаммул пеша хоҳад кард», – гуфта мешавад дар иттилоия.



Тибқи маълумоти борҳо интишорнамудаи ВАО-и гуногун, аз оғози соли равон дар қаламрави Русия беш аз 600 нафар шаҳрванди Тоҷикистон фавтидааст, ки беш аз 80 нафари онҳо дар аксари маврид аз ҷониби гурӯҳҳои миллатгаро бо бераҳмии махсусу ваҳшиёна кушта шудаанд. Ба иттилои сомонаи интернетии


migrant


.


tj


, то 16-уми декабри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 324 ҷасади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик оварда шуд.



Бо ҳамин ҳавопаймо ҷасади дигар, ҷасади Расул Ватаниеви бадахшии 32 сола низ

 

аз Маскав ба Душанбе оварда шудааст. Ватаниев дар вилояти Свердлов аз зарби корд ҷон додааст.


Реклама на asia+