Сохторҳои Бунёди рушди Оғохон дар корҳои бозсозии низоми обтаъминкунии Душанбе саҳм хоҳанд гирифт

0



           

Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ (ММ МО ҶТ) Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Волоҳазрат Оғохони


IV


, Имоми мусулмонони шиаи Исмоилӣ ва поягузору Сарвари Бунёди рушди Оғохон (АКДН) вазъ ва дурнамои ҳамкории тарафайни ҷумҳурӣ бо сохторҳои Бунёди рушди Оғохон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.





           

Тавре ёвари раиси ММ МО ҶТ оид ба робита бо ВАО ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҷонибҳо таъкид сохтанд, ки сатҳи ҳамкории мутақобилаи имрӯза барои омӯзиши имконоти роҳандозии ҳамкории оянда баҳри рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам сохтааст.




           

Зикр гардид, ки феълан саҳми ширкатҳои Бунёди рушди Оғохон дар сохтмони иншооти гуногуни ҷумҳурӣ назаррас аст. Оғохони


IV


аз пешниҳоди М.Убайдуллоев роҷеъ ба иштироки сохторҳои Бунёди рушди Оғохон дар ифтитоҳи макотиби тарзи ҷадиди омӯзиш ва татбиқи барномаҳои таъмиру бозсозии роҳҳои мошингард, низоми обтаъминкунии пойтахт ва беҳсозии вазъи санитарии шаҳр пуштибонӣ намуд.


Реклама на asia+

Дар ду рӯз ба ҷумҳурӣ тақрибан 16 млн. кВт/соат барқи Туркманистон интиқол гардид

0


Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ду рӯзи ахир ба ҷумҳурӣ тақрибан 16 млн. кВт/соат барқи Туркманистон интиқол гардид. Қобили зикр аст, ки интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба кишвари мо тавассути низоми энергетикии Ӯзбекистон аз 1-уми ноябр шурӯъ шуд.




Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз 1-уми ноябр то 31-уми декабри соли ҷорӣ бо арзиши 3 сент барои 1кВт/соат ба Тоҷикистон 400 млн.кВт/соат нерӯи барқи Туркманистон интиқол дода мешавад ва интиқоли ҳаҷми боқимонда соли оянда амалӣ мегардад. Тибқи созишномаи соли 2007 миёни Туркманистону Тоҷикистон,

 

кишвари ҳамсоя бояд то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад.



Ёдрас мекунем, ки дар нишастҳои ИДМ ва ЕврАзЭС дар Бишкек сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба кишвари мо тариқи шабакаҳои барқи Ӯзбекистон мувофиқа ҳосил карданд. 18-уми октяр дар мулоқоти Алмаато дар ин хусус тавофуқи ниҳоӣ ҳосил гардид. Барои транзити интиқоли нерӯи барқ ба ҷониби Ӯзбекистон 0,3 сент маблағ пардохт мегардад.



Дар бораи вазъи обанбори нерӯгоҳи «Норак» манбаъ изҳор дошт, ки то интиқоли барқи Туркманистон ҳамарӯза 34-35 сантиметри об барои истеҳсоли барқ истифода мешуд. «Пас аз оғози интиқоли барқ аз кишвари ҳамсоя он то ба


17 сантиметр

поин рафт», – зикр карданд дар ширкат. Тибқи маълумоти ширкат, феълан ҳаҷми воридшавии об ба обанбор 235-240 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад. Қобил ба ёдоварист, ки қаблан энергетикҳои ҷумҳурӣ иттилоъ дода буданд, ки сатҳи об дар обанбор аз мизони зарурӣ

8 метр

поинтар аст. Зикр гардид, ки ҳамарӯза дар Тоҷикистон тақрибан 30 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад.


Реклама на asia+

Иқтисодчиёни ИДМ дар Екатеринбург сабаб, хавфҳои глобалӣ ва оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонро муҳокима хоҳанд кард

0



           

Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи маҳфили иқтисодии Авруосиё, ки ахири моҳи ҷорӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор мешавад, иқтисодчиёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сабаб, хавфҳои глобалӣ ва оқибатҳои бӯҳрони моливии ҷаҳонро муҳокима хоҳанд кард.





           

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар қатори иқтисодчиёни шинохта аз Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Украина дар ҷаласаи мазкур иштироки ҳайати Тоҷикистон низ дар назар аст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин баррасии масъалаи таъсиси мукофотпулии маҳфил ба маблағи 10 ҳазор доллари ИМА барои 2 олими беҳтарин низ ба нақша гирифта шудааст.




           

Ёдовар мешавем, ки маҳфили иқтисодии олимони Авруосиё бо ташаббуси президенти Қазоқистон баҳори соли 2008 таъсис ёфтааст. Беш аз 20 пажӯҳишгоҳи илмӣ ва макотиби олии кишварҳои узви ИДМ муассисони маҳфил мебошанд.


Реклама на asia+

СММ масъалаи ба Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Арал додани мақоми нозирро баррасӣ мекунад

0



           

Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта Маҷмаъи кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) масъалаи ба Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Арал додани мақоми нозирро ба рӯзнома ворид сохт. Чунин ташаббусро намояндагиҳои доимии кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар СММ пешниҳод карданд.





           

Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сарони минтақаи Осиёи Марказӣ ба хубӣ дарк мекунанд, ки роҳи ягонаи раҳоӣ аз бӯҳрон таҳкими ҳамкориҳо аст. Ҳанӯз бо ин мақсад 26-уми марти соли 1993 ин кишварҳо Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Аралро таъсис дода буданд.




           

Намояндаи вазорат таъкид сохт, ки соли 2002 сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пешниҳод карда буданд, ки ба Хазина мақоми яке аз ниҳодҳои СММ дода шавад ва ин нуктаро минбаъд борҳо дар маърӯзаҳояшон зикр карда буданд. Президенти Қазоқистон дар Маҷмаъи кулли 62-уми СММ пешниҳод сохт, ки ба Хазина мақоми яке аз муассисаҳои низоми СММ дода шавад. Президенти Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта дар нишасти кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба масоили об қабули чунин қарорро аз ҷониби СММ заруру муҳим арзёбӣ карда буд.


Реклама на asia+

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аз дастаи Чин шикаст хӯрд

0


Душанбе.3-юми ноябр – Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Арабистони Саъудӣ аз тими Чин бо ҳисоби бузурги 0: 6 шикаст хӯрд.

 





Бозии даври аввали гурӯҳи «С» байни дастаҳои Тоҷикистон ва Чин шоми 1-уми ноябр дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад Бин Фаҳади шаҳри Даммами Арабистон баргузор шуд.



Дар бозии дигари гурӯҳи «С» дастаи Куриёи Шимолӣ, қаҳрамони Осиё дар соли 2006, бар тими Лубнон бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард.



Бад-ин тартиб дар ин гурӯҳ Чин ва Куриёи Шимолӣ 3-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Чин ҷои аввал ва Куриёи Шимолӣ ҷои дуввумро касб кардаанд. Лубнон ва Тоҷикистон бидуни имтиёз мутаносибан дар ҷойҳои севвум ва чаҳорум қарор доранд.



Дар даври дуввуми сабқати гурӯҳӣ 3-юми ноябр Лубнон бо Чин ва Тоҷикистон бо Куриёи Шимолӣ бозӣ хоҳанд кард.



Натоиҷи бозиҳои гурӯҳҳои дигар чунин аст: гурӯҳи «А» – Ҷопон – Яман – 5:0, Арабистони Саъудӣ – Эрон – 2:1, гурӯҳи «В» – Куриёи Ҷанубӣ – Сурия – 1:0, Ироқ – Аморати Муттаҳидаи Араб – 1:2, гурӯҳи «D» – Урдун – Узбакистон – 0:1, Австралия – Тайланд – 1:0.



Пас аз бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи «А» Ҷопон ва Арабистони Саъудӣ, дар гурӯҳи «В» Куриёи Ҷанубӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб ва дар гурӯҳи «D» Австралия ва Узбакистон бо 3-имтиёзӣ пешқадам мебошанд.


Реклама на asia+

Дар Маскав базми эҷодии оҳангсози шинохтаи тоҷик Толиб Шаҳидӣ баргузор гардид

0


Душанбе. 3-юми ноябр – Базми э


ҷ


одии оҳангсози шинохтаи то


ҷ


ик Толиб Шаҳид


ӣ


шоми 31-уми октябр дар толори консерваторияи давлатии ба номи Чайковскии шаҳри Маскав бо и


ҷ


тимоъи бошук


ӯ


ҳи то


ҷ


икон ва алоқамандони фарҳанги то


ҷ


ик баргузор гардид.




Таронаи мардумии то


ҷ


икиро, ки Тодиб Шаҳид


ӣ


бо номи «Чаҳор манзар» ба ёди падараш Зиёдулло Шаҳид


ӣ


оҳанг бастааст, дастаи ҳунарии Донишгоҳи ом


ӯ


згории Маскав тақдим кард ва аз с


ӯ


и тамошобинон гарм истиқбол шуд.



Дар толори пуршукуҳи таърихи консервартория Маскав н


ӯ


ҳ оҳанги Толиб Шаҳид


ӣ


навохта шуд. Оҳангҳои хаёлангез


ӣ


«Суф


ӣ


ва Буддо», «Масали рами мастур»-и


Ҷ


алолиддини Балх


ӣ


», «Забони мурғон» шунаванадагонро тасхир карданд, ба вижа оҳанги «Масали рамзи мастур», ки онро дар ҳамоҳангии най ва фортепиано барандагони


ҷ


оизаи озмунҳои байнулмиллал


ӣ


Игор Федоров ва Екатерина Мечетина тақдим карданд.



Толиб Шаҳид


ӣ


таҳсилкардаи консерваторияи ба номи Чайковскии Маскав аст ва э


ҷ


одиёти тозаи худро тақрибан ҳар сол ба устодону ҳамкасбони худ муарриф


ӣ


мекунад. Ҳамзамон теъдоди ҳаводорони э


ҷ


одиёти Толиб Шаҳид


ӣ


солҳои ахир аз ҳисоби зиёиёни то


ҷ


ики муқими Маскав ва мардуми бумие, ки ба фарҳанги то


ҷ


ик ишқу алоқа доранд, меафзояд.



Толори лабрези мухлис дар шоми р


ӯ


зи


ҷ


умъа дар толори Консерваторияи давлатии ба номи Чайковскийро метавон нишонаи эътирофи ҳунари оҳангсози то


ҷ


ик Толиб Шаҳид


ӣ


дар Маскав арзёб


ӣ


кард.


Реклама на asia+

Боздиди кории Оғохони IV аз Бадахшон идома дорад

0


Хоруғ. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Волоҳазрат Оғохони


IV


, Имоми мусулмонони шиаи Исмоилӣ ва поягузору Сарвари Бунёди рушди Оғохон (АКДН) ҳамроҳи муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ташриф оварданд.




Тавре аз дастгоҳи раиси вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мувофиқи нақшаи боздид Оғохон имрӯз дар маросими гузоштани хишти аввали сохтмони маркази исмоилияи «Ҷамоатхона» дар шаҳри Хоруғ ширкат варзида, бо раиси ВМКБ ва ҳокими вилояти Бадахшони Афғонистон дидору гуфтушунид мекунад.



Сипас ӯ ба Мактаби таҳсилоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар Хоруғ хоҳад омад. Фардо меҳмони олиқадр аз ноҳияи Ишкошим ва 5-уми ноябр аз ноҳияи Шуғнон боздид карда, бо ҷараёни сохтмони як қатор иншоот ошно мегардад ва бо намояндагони ҷамоатҳои исмоилиёни ин ноҳияҳо мулоқот хоҳад орост.


Реклама на asia+

Намояндагони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллии Тоҷикистон аз наздик шинос гардиданд

0



             

Душанбе. 3-уми ноябр – «Баргузории ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ натиҷаҳои назррасеро ба бор меорад», гуфт зимни суханронияш намояндаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои худидораи маҳаллӣ Юрий Осинтсев дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки чанде пеш дар Душанбе баргузор шуд.





             

Мавсуф аз ҷараёни баргузории ҷаласа натиҷагирӣ карда, таъкид сохт, ки иштирокдорони ин нишаст, ки намояндагони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ мебошанд, дар заминаи омӯзиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ таҷриба андӯхтанд ва бо фаъолияти парлумони Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз наздик шинос гардиданд. Ба андешаи Ю. Осинтсев баргузории чунин чорабиниҳои байнипарлумонӣ дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ қадами муҳиме дар роҳи рушди парламентаризм буда, он ба такмилу бозомӯзии қонунҳо ва бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар қабул намудани санадҳои сифатан наву самарабахш мусоидат менамояд.


Реклама на asia+

Дар шаҳри Кӯлоб рӯзи ноҳияи Восеъ баргузор шуд

0



           

Кӯлоб. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар доираи чорабиниҳои вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб рӯзи ноҳияи Восеъ баргузор шуд.





           

Тавре раиси ноҳияи Восеъ, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Алламурод Тағоймуродов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар боғи марказии истироҳату фароғат намоишҳои дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳия ташкил карда шуданд. «Ҳамчунин дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳия, нархҳо нисбат ба бозорҳои шаҳр 50 дарсад арзонтар буданд, – гуфт ӯ.




           

Ба иттилои манбаъ, ба сокинони шаҳри Кӯлоб консерти ҳунармандони ноҳияи хеле писанд омад. Аз намоишгоҳ раиси вилояти Хатлон Ғайбуллои Афзалӣ низ боздид кард.


Реклама на asia+

Имрӯз дар Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё футболбозони ҷавони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Чин қувваозмоӣ мекунанд

0


Душанбе. 1-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Арабистони Саудӣ қисмати ниҳоии Қаҳрамонии Осиё оид ба футбол миёни ҷавонон ҷараён дорад. Дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ ширкат меварзад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дабири кулли Федератсияи Футболи Тоҷикистон – Шералӣ Давлатов хабар дод, нахустин бозии худро футболбозони тоҷик дар ин мусобиқот, имрӯз дар гурӯҳи «С» бо дастаи мунтахаби Чин баргузор месозанд. Бозӣ соати 18-у 15 дақиқа ба вакти Сауди огоз хоҳад шуд.




 

Бояд гуфт, вохӯрии дуввуми дастаи яккачини ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 3-юми ноябр бо тими Куриёи Шимолӣ баргузор хоҳад гашт. Дар бозии 3-юми гурӯҳӣ, ки рӯзи 5-уми ноябр доир мешавад, футболбозони мо бо рақибони лубнонии худ зӯрозмоӣ мекунанд.


Реклама на asia+