Намояндагони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллии Тоҷикистон аз наздик шинос гардиданд

              Душанбе. 3-уми ноябр – «Баргузории ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ натиҷаҳои назррасеро ба бор меорад», гуфт зимни суханронияш намояндаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои худидораи маҳаллӣ Юрий Осинтсев дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки чанде пеш дар Душанбе баргузор шуд. […]

АМИТ «Ховар»



             

Душанбе. 3-уми ноябр – «Баргузории ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ натиҷаҳои назррасеро ба бор меорад», гуфт зимни суханронияш намояндаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои худидораи маҳаллӣ Юрий Осинтсев дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки чанде пеш дар Душанбе баргузор шуд.





             

Мавсуф аз ҷараёни баргузории ҷаласа натиҷагирӣ карда, таъкид сохт, ки иштирокдорони ин нишаст, ки намояндагони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ мебошанд, дар заминаи омӯзиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ таҷриба андӯхтанд ва бо фаъолияти парлумони Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз наздик шинос гардиданд. Ба андешаи Ю. Осинтсев баргузории чунин чорабиниҳои байнипарлумонӣ дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ қадами муҳиме дар роҳи рушди парламентаризм буда, он ба такмилу бозомӯзии қонунҳо ва бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар қабул намудани санадҳои сифатан наву самарабахш мусоидат менамояд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.