Боздиди кории Оғохони IV аз Бадахшон идома дорад

Хоруғ. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Волоҳазрат Оғохони IV , Имоми мусулмонони шиаи Исмоилӣ ва поягузору Сарвари Бунёди рушди Оғохон (АКДН) ҳамроҳи муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ташриф оварданд. Тавре аз дастгоҳи раиси вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мувофиқи нақшаи боздид Оғохон имрӯз дар маросими гузоштани […]

Шонаврӯз Афзалшоев


Хоруғ. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Волоҳазрат Оғохони


IV


, Имоми мусулмонони шиаи Исмоилӣ ва поягузору Сарвари Бунёди рушди Оғохон (АКДН) ҳамроҳи муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ташриф оварданд.




Тавре аз дастгоҳи раиси вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мувофиқи нақшаи боздид Оғохон имрӯз дар маросими гузоштани хишти аввали сохтмони маркази исмоилияи «Ҷамоатхона» дар шаҳри Хоруғ ширкат варзида, бо раиси ВМКБ ва ҳокими вилояти Бадахшони Афғонистон дидору гуфтушунид мекунад.



Сипас ӯ ба Мактаби таҳсилоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар Хоруғ хоҳад омад. Фардо меҳмони олиқадр аз ноҳияи Ишкошим ва 5-уми ноябр аз ноҳияи Шуғнон боздид карда, бо ҷараёни сохтмони як қатор иншоот ошно мегардад ва бо намояндагони ҷамоатҳои исмоилиёни ин ноҳияҳо мулоқот хоҳад орост.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.