Дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон ҳодисаҳои садамаи нақлиёт камтар мешаванд

0



           

Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки соли равон дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон ҳодисаҳои садамаи нақлиёт коҳиш ёфтаанд.





           

Аз оғози соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 1 ҳазору 168 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст (соли 2007 – 1 ҳазору 203 ҳодиса), ки бар асори он 1 ҳазору 350 нафар (соли 2007 – 1 ҳазору 397 нафар) ба ҳалокат расиданд. Шумораи ҷабрдидагоне, ки ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд, баръакс, аз 293 нафар ба 350 нафар афзудааст.




           

Кормандони раёсат коҳиши ҳодисаҳои садамаи нақлиётро ба баргузории чорабиниҳои муассири фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ, аз қабили амалиётҳои «Кӯдакон», «Автобус» ва ғайра марбут медонанд.




           

Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 8 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки бар асари он 3 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гирифтанд.


Реклама на asia+

Муҷассамасози тоҷик ба унвони ифтихории «Ҳунарпешаи ҷаҳони ЮНЕСКО» сазовор гашт

0


Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муҷассамасози тоҷик Амриддин Аминов «барои саҳми арзанда дар густариши афкори сулҳпарварона ва таҳаммулпазирӣ тавассути эҷодиёт ва ҷонибдорӣ ба афкору ҳадафҳои ЮНЕСКО» ба унвони ифтихории «Ҳунарпешаи ҷаҳони ЮНЕСКО» сазовор гашт. Дар ин бора Маркази иттилооти Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.




Имрӯз дар шаҳри Париж, дар дафтари кории ЮНЕСКО ба ин муносибат маросими расмӣ доир мегардад. Дар маросими расмӣ директори генералии ЮНЕСКО Коитиро Матсуура ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ширкат хоҳанд варзид.


Реклама на asia+

Оғози фестивали «Дизайн-2008» дар Душанбе

0


Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи баргузории Ҳамоиши


III


-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»

 

фестивали байнулмилалии ҷавонони «Дизайн-2008» оғоз мегардад, ки то 19-уми сентябр идома хоҳад ёфт.




Раиси Иттифоқи ороишгарони Тоҷикистон Ҷамшед Ғаниев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки фестивал аз 2 барнома – озмунӣ ва ғайриозмунӣ иборат буда, дар байни донишҷӯён ва мутахассисон гузаронида мешавад.



Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯбаи барномаи фестивал озмуни корҳои беҳтарин дар тарроҳиву ороиши сарулибос, дафтари корӣ, аксбардорӣ ва ороиши ҷавоҳирот низ доир мегарданд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар озмуни мӯд мутахассисон аз 8 то 12 ва донишҷӯён аз 3 то 5 кори худро пешкаш мекунанд ва дар ин озмун Тоҷикистонро ороишгарону чеварони шинохта Р.Шералиева, М.Ҳамроева, Н.Бекназаров ва Б.Эмомов намояндагӣ хоҳанд кард.



Котиби масъули лоиҳа Гамила Абдурауфова хабар медиҳад, ки барои иштирок дар фестивал 80 дархостнома қабул карда шудааст Интизор меравад, ки дар барномаҳои ғайриозмунӣ намояндагони Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон корҳои худро ба маърази тамошо мегузоранд. Озмуни асосӣ ва ниҳоии мӯд дар Маркази Вефа доир гашта, дар анҷоми он ғолибон муайян карда мешаванд.



Шоми имрӯз намоишгоҳи аксҳо ифтитоҳ гардида, ҳамчунин намоиши навъҳои сарулибоси тарроҳону ороишгарони Хуҷанд ва коллеҷи санъати ин шаҳр баргузор мегардад.



Фестивал аз ҷониби Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ва Иттифоқи ороишгарони Тоҷикистон созмон дода шудааст.


Реклама на asia+

Намояндагони Тоҷикистон аз ҷараёни баргузории интихоботи президенти Озарбойҷон назорат хоҳанд кард

0


Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар интихоботи президенти Озарбойҷон, ки дар таърихи 15-уми октябр баргузор мешаванд, гурӯҳи нозирон аз Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид.




Аз Комиссияи марказиии интихобот ва райъдиҳии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки нозирони Тоҷикистон бар асоси даъвати ҷониби Озарбойҷон ва Муқаррароти ҳайати нозирони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар бораи интихоботи президентӣ ва парлумонӣ дар ин маърака иштирок мекунанд.



«Ҳайати нозирони Тоҷикистонро аъзои Комиссияи марказии интихобот ва райъдиҳии ҷумҳурӣ Исроил Шоев ва Кенҷа Ҳасанов ва ҳамчунин роҳбари шӯъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Юсуф Салимов намояндагӣ мекунанд», – афзуд сарчашма. Ба мансаби президентии Озарбойҷон ҳафт нафар номзад довталабӣ мекунанд.


Реклама на asia+

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба Париж рафт

0


Душанбе. 17-уми сентябр – Вазири корҳои хори


ҷ


ии


ҷ


умҳур


ӣ


Ҳамрохон Зариф


ӣ


барои иштирок дар мулоқоти нахустини вазирони корҳои хори


ҷ


ии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказ


ӣ


бахшида ба масъалаҳои амният ба пойтахти Фаронса – шаҳри Париж рафт. Мулоқот 18 сентябр баргузор мегардад.




Дар он вазирони корҳои хори


ҷ


ии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, Осиёи Марказ


ӣ


ва намояндагони СММ, НАТО, СҲШ,


Ҷ


омеаи иқтисодии Евразия ва СААД ширкат меварзанд. Ҳамрохон Зариф


ӣ


р


ӯ


зҳои мусофираташ дар Париж бо вазирони корҳои хори


ҷ


ии баъзе мамлакатҳо мулоқот хоҳад кард.



Вай имр


ӯ


з дар маросими додани унвони «Ҳунарпешаи


ҷ


аҳон» ба му


ҷ


ассамасози то


ҷ


ик Амриддин Аминов ширкат меварзад, ки дар Париж кору зиндаг


ӣ


мекунад.


Реклама на asia+

Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи навбатии палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад

0



          



Душанбе


. 17-


уми




сентябр


.


ОИ


«


Азия





Плюс


» –


Имрӯз




дар




шаҳри




Душанбе




таҳти




раёсати




раиси




Маҷлиси




Миллии




Маҷлиси




Олии




Ҷумҳурии




Тоҷикистон


(


ММ




МО




ҶТ


)


Маҳмадсаид




Убайдуллоев




иҷлосияи


16-


уми




ММ




МОЛ




ҶТ




ба




кор




шурӯъ




мекунад


.





           



Ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ба иҷлосия барои баррасӣ масоили ворид намудани тағйироту иловаҳо ба як қатор қонунҳо, аз ҷумла Қонуни ҶТ «Дар бораи шаҳрванди ҶТ», «Дар бораи Маҷлиси Олии ҶТ», «Дар бораи мақоми хизматчии ҳарбӣ», «Дар бораи муассисаҳои давлатӣ» ва «Дар бораи таъмини шаҳрвандони ҶТ бо нафақа» пешниҳод гардидаанд.




           

Ҳамчунин муҳокимаи боз як қатор қонун ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии марбут ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар назар аст.


Реклама на asia+

Мизони маргу мири кудакон дар Точикистон нигаронкунанда боқӣ мондааст

0


Душанбе


. 17-


уми




сентябр





Ин




матлаб




дар




гузориши




солонаи




ЮНИСЕФ




ё




Сандуки




химоят




аз




кудакони




Созмони




Милали




Муттахид




дар




бораи




вазъи




кудакон




дар


190


кишвари




чахон




дар




соли


2008


мунташир




шудааст


.




Дар




ин




гузориш




мизони




маргу




мири




кудакони




зери




панч




сол




дар




Точикистон


68


маврид




барои




хар




як




хазор




кудаки




навзод




арзёби




шудааст


.


Дар гузориши феъли Точикистон дар фехрасти ЮНИСЕФ дар заминаи маргу мири кудакон дар мавкеъи 57 карор дорад.



Соле кабл гузориши ЮНИСЕФ хоки буд, ки аз хар як хазор кудаки навзод дар Точикистон 71 кудак то панч солаги чони худро аз даст медод ва ин кишвар дар мавкеъи 59 карор дошт.



Вале бо ин вучуд ЮНИСЕФ аз вазъи кудакон дар Точикистон изхори нигарони карда, хостори руи даст гирифтани икдомоти чидди аз суйи давлати ин кишвар барои рафъи чунин вазъ шудааст.



Тибки ин гузориш дар миёни кишвархои муштаракулманофеъ мавориди маргу мири кудакон аз хама бештар дар Озорбойчон мушохида шудааст. Дар ин кишвар дар соли гузашта аз хар як хазор кудаки навзод 88 нафар то синни панч солаги фавтидаанд. Озорбойчон бо чунин вазъ дар фехрасти ЮНИСЕФ мавкеъи 46-ро касб кардааст.



Тибки гузориш вазъи маргу мири кудакон дар кишвархои дигари минтака то андозае мушобехи хамдигар аст. Дар Туркманистон дар соли чори аз хар як хазор кудаки навзод 51 нафар фавтидаанд. Дар Узбакистон ва Киргизистон ин ракам мутаносибан муъодили 43 ва 41 нафар будааст.



Дар гузориши ЮНИСЕФ омадааст, ки дар миёни кишвархои минтака дар ин замина вазъ то андозае дар Казокистон бехтар аст. Дар ин кишвар мизони маргу мири кудакони зери панч сол – 29 нафар аз хар як хазор кудак будааст.



Гузориш иттилоъ медихад, ки аз миёни кулли кишвархои чахон вазъ дар заминаи маргу мири кудакон дар Суис, Сингопур, Ислонд, Сан-Марино ва Лихтенщтей бехтар аз хама будааст. Тибки гузориши ЮНИСЕФ дар ин кишвархо танхо се кудак аз хар як хазор кудаки то сини панчсола фавтидаанд.



Аз суи дигар, вазъи кудакони навзод дар кишвархои офрикои аз хама бад арзёби шудааст. Ба унвони мисол, Сера-Леоне аз хар як хазор кудаки навзод 270 нафар то сини панчсолаги мефавтанд. Дар Афгонистон низ ин ракам муъодили 235 нафар будааст.


Реклама на asia+

Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ 4,5 дарсад коҳиш ёфтааст

0


Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-плюс» – Тайи ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон 7 ҳазору 928 ҷиноят содир карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 дарсад камтар аст.




Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҷумҳурӣ, ҳарчанд тамоюли умумии коҳиши ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, дар вилотяи Хатлон (7 дарсад) ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба мушоҳида расидааст.



Сардори маркази таҳлилии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, подполковники милиса Рамазон Рамазонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ, қабл аз ҳама, ба баргузории чорабиниҳои муассири пешгирӣ вобаста аст. «Мо ҳамеша шахсони пеш доғи судӣ дошта, ҳуҷҷатҳои будубоши онҳо, кӯдакони бесаробон ва шахсони бехонаву чизро зери назорат мегирем», – гуфт ӯ.



Мавсуф зикр кард, ки тайи ин муддат ҷиноятҳои вазнин 5,6 дарсад ё худ 99 ҳодиса ва ҷиноятҳои аз тарафи ноболиғон содиргардида аз 457 ҳодисаи соли гузашта то 289 ҳодиса камтар шудаанд.



Мувофиқи маълумоти Р.Рамазонов, соли равон сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо 81,2 дарсадро ташкил додаааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 дарсад бештар аст.




 

Реклама на asia+

Пагоҳ дар Душанбе дар ҳошияи Форуми III-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви ИДМ як қатор чорабиниҳо доир мегарданд

0


Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс»-«Ховар» – То оғози мулоқоти сеюми зиёиёни илм


ӣ


ва э


ҷ


одкори мамлакатҳои ИДМ дар Душанбе ду р


ӯ


з боқ


ӣ


мондааст. Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, ки то имр


ӯ


з ҳамаи масъалаҳои ташкилии тайёр


ӣ


ба мулоқот ҳал карда шудаанд. Кормандони масъули вазорат меҳмононро пешвоз гирифта, дар меҳмонхонаҳо


ҷ


ой мекунанд ва маҳфилҳои алоҳидаи онро дар


ҷ


ойҳои таъиншуда баргузор месозанд.




Мулоқоти зиёиёни илм


ӣ


ва э


ҷ


одкори мамлакатҳои ИДМ дар қароргоҳи берунишаҳрии Ҳукумати


ҷ


умҳур


ӣ


– «Пуғус» кушода мешавад. Онро раиси Иттифоқи нависандагони


ҷ


умҳур


ӣ


Меҳмон Бахт


ӣ


мекушояд. Мулоқот баъдан таҳти раёсати ректори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов Виктор Садовничий давом мекунад.



Тибқи нақша, Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон иштирокчиёни мулоқотро хайра мақдам хоҳад гуфт. Роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев хабар дод, ки президенти Тоҷикистон дар ин форум бо медали тиллоии «Дӯстӣ» сарфароз гардонида хоҳад шуд.




 

Сипас маҳфилҳои мулоқот дар мавз


ӯ


ъҳои гуногун, аз


ҷ


умла, дастгирии адибони


ҷ


авон, ҳифзи осори фарҳанг


ӣ


, адабиёт, нашри китоб, театр, кино, мусиқ


ӣ


, санъати сирк ва ғайра дар Академияи илмҳои


ҷ


умҳур


ӣ


, Қасри


ҷ


авонони «Пойтахт», Коҳи Ваҳдат, театри ба номи Лоҳут


ӣ


ва ғайра баргузор мегарданд. Маркази матбуоти мулоқот дар давоми он бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммав


ӣ


нишастҳои матбуот


ӣ


ташкил менамояд. Ҳайати зиёиёни Туркманистон дир


ӯ


з аввалин шуда ба Душанбе омад. Ҳайатҳои мамлакатҳои дигар имр


ӯ


зу пагоҳ ба пойтахти То


ҷ


икистон ташриф меоранд.




 

Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон мизони таваррум ба 11,92 фисад баробар шуд

0


Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз оғози соли равон дар Тоҷикистон мизони таваррум ба 11,92 фисад баробар шуд. Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои 7 моҳа ин нишондиҳанда 9,87 фисадро ташкил медод.




Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмолӣ 1,49 фисадро ташкил додааст ва ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта он ба 0,72 фисад баробар буд.



Аз оғози соли равон нархҳои маводи ғизоӣ 13,9 фисад, бахши ғайриистеъмолӣ 3,8 фисад ва соҳаи хизматрасонӣ 19,5 фисад афзуданд.




 

Реклама на asia+