Дар Минск рӯзномаи маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ-ро баррасӣ мекунанд

0





 







Душанбе. 16-уми сентябр – Намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) имрӯз дар Минск лоиҳаи рӯзномаи маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ – ро баррасӣ менамоянд, ки 14 ноябр дар Кишинёв баргузор мегардад.








Алҳол рӯзномаи маҷлис 34 масъаларо дар бар мегирад. Сарони ҳукуматҳои ИДМ аз ҷумла маҷмӯи тадбирҳои муштаракро барои таъмини бештари амнияти озуқа, самтҳои асосии рушди хизматрасонии байналмилалии нақлиёти автомобил, беҳтар сохтани фаъолияти мақомоти ҳамкории соҳавӣ, созишномаро дар бораи принсипҳои асосии сиёсати танзим ва назорати пул, ҳамкориро дар бораи ташкили низоми давлатии иттилоотии шиносномаю раводид, ҳамкориро дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши доруҳои қалбакӣ, лоиҳаи муоҳидаи мақоми қонунии кор ва буду боши коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳоро муҳокима менамоянд.









 




Реклама на asia+

Дар Маскав маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддири давлатҳои аъзои СААД барг

0




Душанбе.16-уми сентябр – Дирӯз дар шаҳри Маскав маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддири давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид.








Дар маҷлис зикр шуд, ки проблемаҳои вобаста ба қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон ба қаламрави мамлакатҳои аъзои СААД торафт тезу тунд мегардад. Роҳҳои интиқоли маводи нашъадор мунтазам таъғир дода мешаванд, қочоқчиён ба қаламрави мамлакати аъзои созмон торафт бештар ворид мегарданд. Дар чунин шароит мамлакатҳои аъзои созмон бояд ҷидду ҷаҳди худро дар мубориза ба муқобили қочоқи маводи нашъадор аз Афғонистон бештар муттаҳид созанд.







Дар маҷлис баъзе масъалаҳои марбут ба фаъолияти мақомоти салоҳиятдори мубориза ба муқобили маводи нашъадор дар СААД муҳокима карда шуд. Директори хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия Виктор Иванов раиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти дахлдори мамлакатҳои аъзои созмон интихоб шуд. Айни ҳол ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои СААД мебошанд.




Реклама на asia+

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи интиқоли нерӯи барқи Туркманистон тавофуқ ҳосил карданд

0


Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи интиқоли нерӯи барқи Туркманистон тавассути низоми энергетикии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон тавофуқ ҳосил карданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сармуҳандиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Рашид Гулов хабар дод.




Ба қавли ӯ, интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон пас аз таъмири хатти баландшиддати интиқоли барқ дар Ӯзбекаитон имконпазир мегардад.



«Дар фасли тобистон Тоҷикистон қарзи худро аз истифодаи барқ ба Ӯзбекситон тавассути маҳз ҳамин хат интиқол дода буд ва феълан дар он ҷо корҳои таъмир босуръат идома доранд ва шояд ахири ҳамин моҳ интиқоли барқ ба Тоҷикистон шурӯъ гардад», – гуфт Р.Гулов.



Қобили зикр аст, ки дар давраи тирамоҳу зимистон ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 1,8 млрд. кВт/соат нерӯи барқ, аз ҷумла

 

1, 2 млрд. кВт/соати он аз Туркманистон интиқол дода мешавад.


Реклама на asia+

Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон ҷонибдори такмили қонунгузории бонкӣ дар Тоҷикистон мебошанд

0


Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни мулоқоти раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо гурӯҳи кории Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои такмили қонунгузориҳои бонкӣ мавриди баррасӣ қарор гирфтанд.




Аз БМТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳадаф аз баргузории мулоқот, ки дар доираи барномаи «Баҳогузорӣ ба бахши молиявӣ (


FSAP


)» доир мегардад, расонидани кӯмаки фаннӣ ва такмили қонунгузории бонкӣ аст



Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи таҳия ва омодасозии лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи БМТ» ва «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» мубодилаи афкор намуданд. Бино ба иттилои манбаъ, баррасии масоили мазкур то 22-уми сентябри дома хоҳад ёфт.


Реклама на asia+

Дар пойтахт мошиндузд дастгир карда шуд

0




Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби якшанбе аз бозори мошинфурӯшии маҳаллаи Гипрозем автомобили навъи «Опел-Астра» дуздида шуд.








Аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сокини шаҳри Душанбе Ҷовид Одилов бо ариза дар бораи гум шудаи автомашинааш муроҷиат кардааст. «Ба гумони даст доштан дар ин кор кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт сокини ҳамин ноҳияи шаҳр Инъомҷон Бобоевро боздошт намуданд», – изҳор дошт сарчашма ва афзуд, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот бурда мешавад.







Тибқи маълумоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар ҳашт моҳи соли равон дар қаламрави кишвар 53 ҳодисаи дуздии воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. «Чун анъана содиркунандагони ин гуна ҷиноятҳо дар муддати як ҳафта ошкор карда мешаванд», – афзуд сарчашма.

 





Реклама на asia+

Ширкати бритониёии «Ernst & Young» дар Бонки миллии Тоҷикистон аудит мегузаронад

0


Дар




озмуне


,


ки




ба




хотири




интихоби




ширкати




аудитор


ӣ




барои




тафтиши




молии




ин




бонк




ки




ду




моҳ




давом




дошт


,


ширкати




бритониёии


«Ernst&Young LLP»


ғолиб




дониста




шудааст


.




Ҳамакнун ин ширкат аудити бонки миллиро тайи се моҳ ан


ҷ


ом хоҳад дод. Вай гуфт, «10-уми август дар Бонки миллии То


ҷ


икистон натои


ҷ


и ду моҳ қабл эъломнамудаи озмун оид ба интихоби ширкати аудит


ӣ


, ки аудити махсуси ин бонкро мегузаронад, маълум шуд. Аудити мазкур аз моҳи август то моҳи ноябри соли


ҷ


ор


ӣ


идома мекунад».



Ба иттилоъи Бонки миллии То


ҷ


икистон, ширкати«Ernst&Young LLP» алакай бо супориши техникии аудити махсуси нишондодҳои пул


ӣ


(монетар


ӣ


), инчунин амалиётҳои алоҳида ва муоҳидаҳои бонк, ки мувофиқи тавофуқи байни ҳукумати То


ҷ


икистон, БМТ ва Сандуқи байнулмилалии пул таҳия шудааст, шинос гардидааст.



Тафтиши молиявии Бонки миллии То


ҷ


икистон бо дархости Сандуқи байналмилалии пул сурат мегирад, ки пас аз ифшо шудани мавориди ироаи маълумоти бардур


ӯ


ғ барои дарёфти к


ӯ


мак аз с


ӯ


и ин бонк ба Сандуқи байнулмилалии пул сурат мегирад.



Зимнан, Сандуқи байнулмилалии пул мақомоти То


ҷ


икистонро дар ироъаи иттилоъоти ғайривоқеъ


ӣ



 

ва бар асоси он дарёфт намудани беш аз 47 миллион доллари амрико


ӣ


муттаҳам карда, аз Бонки миллии То


ҷ


икистон хост, ин маблағро баргардонад. Ин созмони байнулмилал


ӣ


таъкид кард, аз ҳукумати То


ҷ


икистон тақозо кард, ки фаъолияти Бонки миллии То


ҷ


икистон пуриштибоҳ менамояд ва фаъолияти он мавриди удити

 

байнулмилал


ӣ


қарор гирад.



Ширкати аудитии «Ernst & Young LLP» қаблан ҳам бо ироъаи хадамоти худ ба ширкатҳои бузурги То


ҷ


икистон машҳур аст. Маҳз ин ширкат соли гузашта ноқисиҳо дар фаъолияи Ширкати давлатии алюминиуми То


ҷ


икистон, мавсум ба «ТалКо»-ро ошкор кардааст. Феълан бар асоси хулосаи ин ширкат баҳси ширкатҳои «Ансол» ва «Талко» дар додгоҳи олии Лондон идома дорад.



Ҳамчунин ширкати «Ernst & Young LLP» барои беҳтарсозии фаъолияти ширкати ҳавопаймоии «То


ҷ


икайр»


ҷ


иҳати омодасозии ин ширкат ба истифодаи ҳавопаймоҳои тавлиди ҳозиразамон тавсияҳо додааст. Баъди ин пешниҳодот ширкати «То


ҷ


икайр» се ҳавопаймоии «Боинг»-ро харидор


ӣ


кардааст.



Коршиносон ба делели он, ки ширкати аудитории «Ernst & Young LLP» ширкати бузурге дар арсаи байнулмилал


ӣ


ба ҳисоб меравад, мег


ӯ


янд, ки он аудити Бонки милии То


ҷ


икистонро мунсифона ан


ҷ


ом хоҳад дод ва агар ноқисиҳо дар фаъолияти Бонки милии То


ҷ


икистон бошад, онро ошкор хоҳад кард



«Ernst & Young LLP», яке аз чаҳор гур


ӯ


ҳи бузургтарини аудит


ӣ


-консалтинг


ӣ


дар


ҷ


аҳон ба шумор меравад, ки

 

кори худро дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ соли 1989 оғоз кардааст. «Ernst & Young LLP» феълан аудитори аз 7 ширкати бузурги Иттиҳоди давлатҳои мустақилро, ки дар биржаи фондии Амрико ба қайд гирифта шудаанд, ба шумор меравад.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир се шаҳрванди хориҷӣ зиндонӣ шуданд

0


Се шаҳрванди Африқои Ҷанубӣ, Филиппин ва Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.




Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хонум Гарсиа Чона Гардоуси, як табаъаи Филипинро, ки қасд доштааст ҳудуди се кило ҳероинро ба кишвари худ интиқол бидиҳад, ба 13 соли зиндон маҳкум кардааст.



Ба гуфтаи Савриддин Тошев, қозии ин додгоҳ, хонум Гардоуси дар моҳи майи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе қабл аз парвоз ба шаҳри Истонбули Туркия аз сӯйи маъмурони гумруки Тоҷикистон боздошт шуда буд.



Муҳокимаи додгоҳӣ собит карда, ки хонум Гардоуси аз қабл бо як табаъаи афғон дар мавриди харидории ҳудуди се кило ҳероин тавофуқ карда ва қасд доштааст бо истифода аз ин масири парвоз ба кишвараш маводди мухаддир ворид кунад.



Савриддин Тошев афзуд, ки додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ҳамчунин барои бори нахуст як табаъаи Африқои Ҷанубиро ба иттиҳоми мушобеҳ ба 15 соли зиндон маҳкум кардааст.



Исми ин шаҳрванди Африкои Ҷанубӣ Макомгоза Азвинддин Флора буда ва ӯ низ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе зимни талош барои қочоқи ҳудуди шаш кило ҳероин аз сӯйи маъмурони гумрук боздошт шудааст.



Ба гуфтаи оқои Тошев, ин табаъаи Африкои Ҷанубӣ қасд доштааст бо истифода аз хатти сайри Душанбе-Истонбул ба Йоханнесбург, пойтахти он кишвар, маводди мухаддир ворид кунад.



Муҳокимаи додгоҳӣ собит кардааст, ки ин ду шаҳрванди Филлипин ва Африкои Ҷанубӣ аз Хонзода валади Бутхок, як табаъайи Афғонистон, ки дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад, маводди мухаддир дарёфт кардаанд.



Додгоҳ оқои Бутхокро ба ҷурми қочоқ ва нигаҳдории маводди мухаддир ба 16,5 соли зиндон маҳкум кардааст.



Дар як моҳи ахир ин чаҳорумин мавриди муҷозоти атбоъи хориҷӣ барои иртикоби қочоқи маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба хориҷ аз ин кишвар аст.



Дар авохири моҳи гузашта додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур хонум Матоу Агнес, табаъаи Угандаро ба хотири қочоқи беш аз 29 кило ҳероин барои 19 сол равонаи зиндон карда буд.



Коршиносон бо ишора ба ин, ки дар ин авохир мавориди даст доштани атбоъи хориҷӣ дар қочоқи маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба хориҷ аз ин кишвар афзоиш ёфтааст, мегӯянд, ки дастрасӣ ба суди ҳангуфт қочоқчиёни маводди мухаддир аз хориҷи Тоҷикистонро низ ба ин шуғл водор кардааст.



Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, Тоҷикистон танҳо бо маъдуд кишварҳое дар мавриди истирдод ё табодули зиндониён созишнома имзо кардааст ва Филипин, Африкои Ҷанубӣ ва Уганда дар ин феҳрист шомил нестанд.



Ба ин далел, атбоъи ин кишварҳо, ки дар Тоҷикистон муҷозот мешаванд, бояд мӯҳлати ҳукми худро дар зиндонҳои ин кишвар анҷом диҳанд.



Вале маъмулан, ба гуфтаи соҳибназарон, баъд аз адои чанд соли аввали ҷазо, атбоъи хориҷӣ тибқи қонуни афв аз зиндон озод ва ба ватани худ мустарад мешаванд.


Реклама на asia+

Гурӯҳи таблиғотии Агентии назорати маводи нашъаовар бо сокинони ноҳияи Дарвоз вохӯрӣ баргузор кард

0





           







Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар доираи амалисозии барномаи «Баргузории чорабиниҳои огоҳкунӣ ва пешгирии нашъамандӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон (ВМКБ) ва ноҳияҳои тобеи марказ» гурӯҳи таблиғотии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон қарор доранд, бо сокинони ноҳияи Дарвоз вохӯрӣ баргузор карданд ва он таҳти шиори «Мо – муқобили маводи мухаддир» доир гашт.









           

Як намояндаи агентӣ тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар чорабинӣ беш аз 2 ҳазор нафар ширкат варзида, дар доираи он викторинаи «Мо дар бораи маводи мухаддир чӣ медонем?» ва мусобиқаи варзишии «Дар ҷисми солим – рӯҳи солим» низ ташкил карда шуданд. Ба ғолибони чорабиниҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.




Реклама на asia+

Дар Ню Йорк иҷлосияи Ассамблеяи генералии СММ оғоз гардид

0


Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Ню Йорк иҷлосияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба кор шурӯъ кард.




Тибқи хабари Маркази иттилооти СММ, сарфи назар аз он, ки иҷлосия имрӯз оғоз мегардад, сарони давлатҳо баҳсҳояшонро ҳафтаи оянда оғоз хоҳанд кард. Баҳсҳо аз 23-уми сентябр то 1-уми октябр давом мекунанд. Аз минбари Ассамблеяи генералӣ сарони кишварҳои беш аз 120 давлат, вазирони умури хориҷӣ ва роҳбарони ҳайатҳо суханронӣ хоҳанд кард.



Дар иҷлосия сарони кишварҳои Бразилия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Сербия, Аргентина, Габона, Эрон, Гурҷистон, Литва, Украина, Қирғизистон суханронӣ мекунанд. Суханронии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 25-ми сентябр ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар иҷлосия суханронии вазири умури хориҷии Русия низ пешбинӣ шудааст.



Дар доираи иҷлосия бахшида ба шарҳи дастовардҳои Баёнияи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола баргузории чорабиниҳо дар назар буда, дар сатҳи баланд машварат дар мавзӯи «Талаботи рушди Африқо: ҷараёни иҷрои ӯҳдадориҳои гуногун, мушкилоти ва роҳ ба пеш» доир хоҳад гашт.



Дар қисми асосии иҷлосияи 63-уми Ассамблеяи генералии СММ баррасии беш аз 120 банди рӯзномаи ҷаласа оид ба масоили, таъмини сулҳу субот, мубориза алайҳи терроризм, дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ҳифзи муҳити зист ва як қатор масъалаҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар иҷлосия ҳамчунин муҳокимаи масъалаи ислоҳоти Шӯрои амнияти СММ, вусъат бахшидани фаъолият дар бахши мубориза бо бемории СПИД низ идома хоҳад ёфт.


Реклама на asia+

Раиси шаҳри Душанбе аз кори яке аз муовинонаш қаноатманд нест

0


Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи навбатии назоратии мақомоти шаҳрдории пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз кори муовини худ Абдуҳомид Шералиев ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» Асомиддин Ризоев изҳори норозигӣ намуд.




Сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки М.Убайдуллоев барои муовинаш ва раиси корхона ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва таъмини кофии бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти ғизоӣ то 15-уми ноябр мӯҳлат муайян кард.



Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи шахсони масъули Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе шунида шуд. Масъулони сарраёсат ба ҳозирин дар бораи таҳияи нақшаи махсус оид ба ободонии пойтахт дар давраи солҳои 2008-2010 маълумот доданд.


Реклама на asia+