Президенти Тоҷикистон омӯзгорон ва толибилмонро бо оғози соли нави хониш табрик кард

0


Душанбе. 1-уми сентябр. – ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорон ва толибилмонро бо оғози соли нави хониш табрик кард. Дар табрикоти ӯ, аз ҷумала омадааст: «Шогирдону дониш


ҷ


ӯ


ён, устодону ом


ӯ


згорони

 

м


ӯ


ҳтарам!




Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави таҳсил ва Р


ӯ


зи дониш самимона табрику муборакбод менамоям.



Дар ҳама давру замон илмом


ӯ


зию маърифатпарвар


ӣ


яке аз омилҳои тақдирсози миллату кишварҳо дониста шудаанд. Рушди соҳаи маориф кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони


ҷ


омеа аст.



Ҳукумати кишвар таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибилм ва мутахассисони баландихтисосро яке аз самтҳои асосии сиёсати и


ҷ


тимоии худ қарор дода,


ҷ


иҳати инкишофи соҳаи маориф пайваста к


ӯ


шиш менамояд.



Дар баробари таъмини пешрафти иқтисодиву и


ҷ


тимоии кишвар барои ба сатҳи талаботи замон баровардани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо тадбирҳои мушаххас амал


ӣ


карда мешаванд.



Бо ин мақсад маблағгузории соҳаи маориф тадри


ҷ


ан афзоиш ёфта, соли равон қариб 700 миллион сомониро ташкил медиҳад.



Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои инвеститсион


ӣ


танҳо дар якуним соли охир дар саросари кишварамон беш аз 230 муассисаи таълим


ӣ



 

бунёд ва таъмиру та


ҷ


дид карда шуданд, ки

 

маблағи умумии онҳо 250 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ин муддат ҳамчунин қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишварамон бо дастгирии молиявии шахсони саховатманд ва ташаббуси қувваи гур


ӯ


ҳҳои алоҳидаи аҳол


ӣ


даҳҳо муассисаҳои таълим


ӣ


ва синфхонаҳои иловаг


ӣ


сохта, ба истифода дода шудаанд, ки барои чунин иқдоми нек ба онҳо изҳори миннатдор


ӣ


менамоям.



Барои беҳбудии шароит ва вазъи муассисаҳои таълим


ӣ


Ҳукумати кишвар минбаъд низ тадбирҳои зарур


ӣ



 

меандешад. Дар айни ҳол аз ҳисоби бу


ҷ


ети давлат


ӣ


барои бо с


ӯ


зишвор


ӣ


таъмин кардани тамоми муассисаҳои таъиноти и


ҷ


тимо


ӣ


, аз


ҷ


умла маориф, тандуруст


ӣ


ва ҳифзи и


ҷ


тимо


ӣ


маблағҳои зарур


ӣ




ҷ


удо карда шудаанд. Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф, энергетика ва саноат, инчунин мақомоти и


ҷ


роияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияи кишвар вазифадоранд, ки то фаро расидани фасли сармо ҳамаи мактабҳои миёнаву ол


ӣ


ва беморхонаву табобатгоҳҳоро бо ангишт ва ҳезум пурра таъмин намоянд.



Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Ҳукумати кишвар ба он тава


ҷҷ


ӯ


ҳи хоса дорад, ин баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар кулли муассисаҳои соҳа мебошад.



Бояд гуфт, ки дар нати


ҷ


аи ислоҳот солҳои охир дар соҳаи маориф дигаргуниҳои мусб


ӣ


ба вуқ


ӯ


ъ пайвастанд. Ҳамаи дастовардҳое, ки дар ин самт мо ноил гардидем, аз файзу баракати истиқлолияти кишвари азизамон мебошад, ки мову шумо ҳоло дар арафаи та


ҷ


лили 17-умин солгарди он қарор дорем.



Вале дар шароити ҳозираи пешрафти босуръати илму техника ва технологияи навин ин муваффақиятҳо ҳан


ӯ


з қонеъкунанда нестанд.



Агар мо хоҳем, ки ҳамқадами замон бошем, бояд насли


ҷ


авонро дар р


ӯ


ҳияи ватанд


ӯ


стиву ватанпараст


ӣ


, худшиносиву худогоҳии милл


ӣ


тарбия намуда, онҳоро бештар ба донишанд


ӯ


з


ӣ


, ом


ӯ


зиши фанҳои дақиқ, забонҳои хори


ҷ


ӣ


ва илму техникаи муосир раҳнамо


ӣ


намоем.



Вобаста ба татбиқи самарабахши барномаву консепсияҳои дар ин самт қабулгардида аз Вазорати маориф, роҳбарону ом


ӯ


згорони муассисаҳои таълим


ӣ


ба нақша гирифтану амал


ӣ


гардонидани тадбирҳои зиёди мушаххас тақозо мегардад.



Дар айни ҳол рисолати шумо – насли


ҷ


авони кишвар, иштироки фаъолона дар машғулиятҳо, хондан, ом


ӯ


зиши илму дониш ва касбу ҳунар аст. Зеро ояндаи давлати соҳибистиқлоли То


ҷ


икистон ва миллати тамаддунофари мо дар дасти шумост.



Итминони комил дорам, ки ҳар яки шумо, бо истифода аз шароитҳои фароҳамовардаи давлат хуб таҳсил карда, барои соҳибмаърифату соҳибкасб шудан азму талош менамоед. Мо аз шумо – устодони гиром


ӣ


, умедворем, ки барои ба сатҳи сифатан нав баровардани таълиму тарбияи наврасон ва дониш


ҷ


ӯ


ён маҳорату малакаи хешро дареғ нахоҳед дошт.



Дар охир ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори Р


ӯ


зи дониш ва оғози соли таҳсили нав табрику таҳният гуфта, ба ҳамаатон тансиҳат


ӣ


, хонаобод


ӣ


, бахту иқбол орзумандам». Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи шодбош фиристод

0


Душанбе. 1-уми сентябр..- Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон имр


ӯ


з ба унвони Президенти


Ҷ


умҳурии


Ӯ


збекистон Ислом Каримов барқияи шодбош фиристод. Дар он аз


ҷ


умла гуфта мешавад: «Шуморо ба муносибати солгарди иди истиқлолияти


Ҷ


умҳурии


Ӯ


збекистон самимона табрик мненамоям. Мо ба қадри муносибатҳои деринаи таърихии д


ӯ


ст


ӣ


ва ҳусни ҳам


ҷ


авории халқҳоямон мерасем, ки мамлакатҳоямонро дар давоми асрҳои т


ӯ


лон


ӣ


ба ҳамдигар наздиктар месозанд.


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ба сатҳи имр


ӯ


заи равобити ҳар ду мамлакат баҳои баланд дода, к


ӯ


шиш мекунад, ки ҳамкории гуногун


ҷ


абҳаро бо мамлакати шумо хамеша густариш бахшад. Аминам, ки мо ба туфайли


ҷ


идду


ҷ


аҳди муштаракамон рушди ҳамешагии ҳамкориро таъмин хоҳем кард, ки


ҷ


авобг


ӯ


и манфиатҳои куллии халқҳои ҳар ду кишвар ва омили муҳими сулҳу суботи минтақа мебошанд. Умед аст, ки мулоқотҳои мо дар Душанбе зимни ма


ҷ


лиси Созмони ҳамкории Шанхай ба густариши муносибатҳо ва ҳамкориҳои кишварҳоямон такони тоза хоҳанд бахшид.




Ислом Абдуғаниевичи м


ӯ


ҳтарам, бо истифода аз ин имконияти мусоид, ба Шумо саломат


ӣ


, муваффақият ва ба халқи бо мо д


ӯ


сти


ӯ


збек сулҳу осоиш ва шукуфо


ӣ


орз


ӯ


менамоям».


Реклама на asia+

Котибони Шӯрои амнияти Паймони амнияти дастаҷамъӣ вазъи Қафқозро баррасӣ мекунанд

0


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи навбатии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои шомили Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар қатори масоили дигар ҳамчунин қазияи Қафқоз низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.




Дар иттилоияи интишорнамуда қайд карда мешавад, ки иштирокдорони ҷаласа дар қатори баррасии масъалаҳои тамоили рушди вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, мубориза бо пешгирии таҳдидҳои замони муосир, иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пешин ҳамчунин қазияи ҳуҷуми Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубиро низ мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.



Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масоили тайёр кардани мутахассисон барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус, сӯхторнишонӣ, пешгирӣ ва наҷоти шахсони ба садама дучоргардидаи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ низ матраҳ хоҳад гардид. «Муҳокимаи масоили тақвияти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ташаккули низоми амнияти иттилоотӣ ва лоиҳаи нақшаи амалиёти муштарак оид ба татбиқи Стратегияи зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2008-2012 низ дар назар аст», – гуфта мешавад дар иттилоия.



Ёдрас мекунем, ки ба Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.


Реклама на asia+

Имрӯз дар Тоҷикистон замин сахт ҷунбид

0



 



Душанбе. 1 сентябр.

 

– Имрӯз соати 9-у 24 дақиқа дар Тоҷикистон замин сахт ҷунбид. Аз рӯи маълумоти пешакӣ маркази заминларза дар масофаи 135 километрии самти ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе воқеъ буда, қувваи он тақрибан 6 баллро ташкил дод.




Қувваи зилзила дар шаҳри Душанбе қариб ба 4 балл баробар шуд. То ҳол дар бораи хисороти заминларза маълумоте ба даст наомадааст.


Реклама на asia+

Дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара мактаби дуошёна дарҳои худро рӯи толибилмон боз кард

0


Хуҷанд. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара мактаби дуошёна дарҳои худро рӯи толибилмон боз кард. Аз мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ахири ҳафтаи гузашта раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар маросими ба истифода додани мактаби нави замонавӣ дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара иштирок кардааст. Мактаб барои 240 нафар пешбинӣ гардида, дар он дар ду баст то 500 нафар таҳсил мекунанд. Иншоотро раёсати сохтмони шаҳри Исфара бунёд намуд.




Барои сохтмони мактаби мазкур 1 млн. 50 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот карда шуд, ки 800 ҳазор сомонии он маблағҳои буҷаи ҷумҳурӣ, 200 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷаи вилоятӣ ва боқимонда аз хисоби хоҷагиҳои ёрирасон мебошанд.


Реклама на asia+

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 172 ҳазор нафар кӯдакон бори нахуст пой ба остонаи мактаб гузоштанд

0



Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 172 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи аввал қадам гузоштанд.






Сардори дафтари матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки шумораи мактабҳо дар ҷумҳурӣ беш аз 3,8 ҳазор адад буда, дар он тақрибан 1 млн. 600 ҳазор нафар хонандагон таҳсил мекунанд.





Ба гуфтаи Н.Нуралиев, имрӯз дар ҳамаи мактабҳо маҷлиси тантанавӣ доир гашта, чун анъана Дарси Сулҳ баргузор шуд.





Соли гузашта 177 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум рафта буданд.



 

Реклама на asia+

Э. Раҳмон ба муносибати таҷлили ҷашни истиқлоли давлатӣ ба президенти Қирғизистон барқияи шодбошӣ ирсол намуд

0


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили ҷашни истиқлоли давлатӣ унвонии президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




Дар барқия, аз ҷумла омадааст: «Тоҷикистон ният дорад, барои истифодаи ҳамаҷонибаи имконоти ҳамкорӣ кӯшишот ба харҷ дода, баҳри рушди муносиботи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилаи барои ҷонибҳо судманд аз тамоми воситаву роҳҳо истифода барад».



«Бо қаноатмандӣ таъкид месозам, ки солҳои ахир дар муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон тамоили рушди бемайлон ба мушоҳида мерасад, ки мулоқоту гуфтушуниди мунтазами пурсамари мо низ гувоҳи он аст», – гуфта мешавад дар барқия.


Реклама на asia+

Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои баргузории озмуни байнулмилалии «Панҷ ситора. Интервидение-2009» омодагии ҳамаҷониба хоҳад гирифт

0


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ният дорад, ба ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати омодагӣ гирифтан ва баргузории озмуни байнулмилалии мусиқии «Панҷ ситора. Интервидение-2009» бо як қатор пешниҳоду дархост муроҷиат намояд.




Раиси Дастгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки айни замон дар кишвар чунин толоре ё маконе мавҷуд нест, ки дар он чорабиниҳои сатҳи ин озмуни байнулмилалӣ гузаронида шаванд. «Вале чун моро ба ин лоиқ донистанд, пас кӯшиш бояд ба харҷ дод, ки барои гузаронидани он дар сатҳи зарурӣ тамоми чораҳо андешида шаванд», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки овозхони ҷавони тоҷик Таҳмина Ниёзова соҳиби ҷоизаи Гран-прии озмуни байнулмилаии овозхонони ҷавон «Панҷ ситора. Интервидение» гардид.


Озмун тайи се рӯз дар шабакаи телефизионии «ОРТ»-и Русия намоиш дода шуда, ғолибон тавассути овоздиҳии


SMS




муайян карда шуданд. Ӯ ҳамчунин бо мукофоти «Санҷиши ҳунар дар Интервидение» низ сарфароз гардонида шуд.



Дар муддати се рӯзи ҳунарнамоӣ ба Таҳмина Ниёзова муяссар гардид, ки аз ҳама бештар овози тамошобинон – 216 холро соҳиб шавад. Ҷои дуввум бо 215 хол насиби гурӯҳи «Кватро» гардид.



Бо ғалабаи Т.Ниёзова, акнун мизбони ояндаи озмуни навбатии «Панҷ ситора. Интервидение-2009» шаҳри Душанбе мешавад. Ҷозаи Гран-приро ба овозхони ҷавони тоҷики раиси ҳакамони озмун, Ҳунарманди Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон супурд.




 

Реклама на asia+

Доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2009 дидору гуфтшунид хоҳанд кард

0


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар мулоқоти дуҷониба раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва Ӯзбекистон Алишер Шайхов ба мувофиқа расиданд, ки соли 2009 мулоқоти доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд.




Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мулоқот масоили муносиботи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва имконоти густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



Дар анҷоми вохӯрӣ ба меҳмон СД-диски «Маълумот барои сармоягузорони хориҷӣ», ки аз маълумоти зарурӣ перомуни соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва шарҳи 176 лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон иборат аст, тақдим гардид.

  


 



Реклама на asia+

Овозхони ҷавони тоҷик соҳиби Гран-прии озмуни байнулмилалӣ

0



Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» –


Овозхони ҷавони тоҷик Таҳмина Ниёзова соҳиби ҷоизаи Гран-прии озмуни байнулмилаии овозхонони ҷавон «Панҷ ситора. Интервидение» гардид.


Озмун тайи се рӯз дар шабакаи телефизионии «ОРТ»-и Русия намоиш дода шуда, ғолибон тавассути овоздиҳии


SMS




муайян карда шуданд. Ӯ ҳамчунин бо мукофоти «Санҷиши ҳунар дар Интервидение» низ сарфароз гардонида шуд.




Дар муддати се рӯзи ҳунарнамоӣ ба Таҳмина Ниёзова муяссар гардид, ки аз ҳама бештар овози тамошобинон – 216 холро соҳиб шавад. Ҷои дуввум бо 215 хол насиби гурӯҳи «Кватро» гардид.



Бо ғалабаи Т.Ниёзова, акнун мизбони ояндаи озмуни навбатии «Панҷ ситора. Интервидение-2009» шаҳри Душанбе мешавад. Ҷозаи Гран-приро ба овозхони ҷавони тоҷики раиси ҳакамони озмун, Ҳунарманди Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон супурд.



Овозхони тоҷик дар озмун ба тамошобинон дар рӯзи аввал суруди «Занги телефон» бо забони тоҷикӣ, дар рӯзи дуввум суруди «Гулҳои зери барф» аз эҷодиёти Лариса Долина бо забони русӣ ва дар рӯзи севум суруди «


Hero


»-ро аз эҷодиёти сарояндаи англис Мерай Кэрри пешкаш кард.






Дар озмун сарояндагони синни 16 то 30 солаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Назди Балтика иштирок карданд ва Т.Ниёзова дар байни онҳо овозхони ҷавонтарин буд ва аз байни 11 нафар довталабон ба ӯ ғалаба насиб гардид.



 

Реклама на asia+