Н.Назарбоев: Дар сурати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ муомилоти мол миёни кишварҳои СҲШ метавонад ба $70 млрд. баробар ш

0


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар қаламрави кишварҳои узви созмон суст ҷараён дорад.




Вай чунин баён дошт: «Табиист, ки ахиран дар фаъолияти СҲШ ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ мақоми муҳим касб мекунад, вале сарфи назар аз тасвиби як қатор санадҳо воқеият чандон қаноатбахш нест. Моро зарур аст, вазъи мавҷударо амиқ таҳлил намоем ва ҷиҳати вусъати назарраси ҳамкориҳои мутақобилаи тиҷоративу иқтисодӣ чораҳои муассир биандешем. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки бо ин мақсад бояд кори таҳияи асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар чаҳорчӯбаи Шӯрои кории созмон тезонида шавад.



Сарвари давлати Қазоқистон зикр кард, ташаккули Фонди рушди СҲШ имкон медиҳад, ки захираҳои молиявӣ ҷиҳати ҳамгииойии кишварҳо сафарбар карда шавад. Ба гуфтаи Н.Назарбоев, дар сурати ҳаамгиройии иқтисодии муваффақонаи кишварҳо дар минтақа, тибқи пешгӯиҳои ахири коршиносон, давлатҳои узви СҲШ дар соли 2020 то 30 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии глобалиро таъмин хоҳанд сохт ва дар солҳои наздик муомилоти мол миёни кишварҳо метавонад ба беш аз 70 млрд. доллари амрикоӣ баробар шавад.


Реклама на asia+

И.Каримов: Муносибат ба мушкилоти Афғонистонро усулан бояд таҷдиди назар кард

0


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба болоравии афзоиши хатар ба амнияти минтақа дар робита ба ташаннуҷи вазъ ва амали тундгароӣ дар Афғонистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир сохт.




Сарвари давлати Ӯзбекистон изҳор дошт, ки сарфи назар аз кӯшишоти бесобиқаи ҳукумати Карзай оид ба барқарории сулҳу салоҳ дар Афғонистон, вазъ он ҷо пайваста муташанниҷ мегардад, ки ин ба кишварҳои минтақа низ бетаъсир буда наметавонад. «Истеҳсоли афюн дар Афғонистон аллакай ба беш аз 8 ҳазор тонна расида, он сарчашмаи маблағгузории терроризм ва заминаи омода сохтани муҷоҳидони тоза мегардад», – таъкид сохт И.Каримов.



Ба гуфтаи ӯ, муносибат ба мушкилоти Афғонистонро усулан бояд таҷдиди назар кард. «Ин кишвар ба кӯмаки муассири бештаре эҳтиёҷманд аст, то зерсохтори иҷтимоиву иқтисодиро барқарор сохта, мардумро аз нодориву фақр наҷот бидиҳад, – идома дод сарвари давлати Ӯзбекистон. – Муҳимаш он аст, ки барои муносиботи эҳтиромона ба арзишҳои милливу динӣ замина бояд фароҳам сохт, зеро ба назари ман, ин масъала дар оштӣ додани тарафҳои даргири кишвар нақши ҳалкунанда дорад».


Реклама на asia+

М.А.Дурронӣ: Ман чун сиёсатмадор ва собиқ генерали артиши Покистон, ки қаблан ҷонибдори сари қудрат омадани Мушарраф будам, аз истеъфои ӯ та

0


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – «Замони сиёсатмадорӣ ва имконоти фаъолияти Парвиз Мушарраф чун сиёсатмадор ба анҷом расиданд ва ӯ бо тақозои мардум аз вазифааш истеъфо дод», – изҳор дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари ҳайати Покистон дар нишасти Сомони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе, мушовири нахуствазири Покистон оид ба амнияти миллӣ Маҳмуд Алӣ Дурронӣ.




«Ҳукумати Покистон ба Парвиз Мушарраф имкон фароҳам сохт, то минбаъд дар ватан ё хориҷ аз он ба сар барад», – гуфт ӯ.



Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки замони ҳукмронии Мушарраф Покистон дар баробари ноил гаштан ба як қатор дастовардҳо, имконоти зиёдеро дар мубориза бар зидди терроризм истифода бурда натавонист ва дар таъмини рушди иқтисодӣ низ бисёр имконот аз даст дода шуданд.



«Ман чун сиёсатмадор ва собиқ генерали артиши Покистон, ки қаблан ҷонибдори сари қудрат омадани Мушарраф будам, аз истеъфои ӯ таассуф намехӯрам, зеро он ногузир буд», – афзуд Дурронӣ.



Ёдрас мекунем, ки дар қатори давлатҳои Ҳиндустон, Муғулистон ва Эрон ҳайати Покистон имрӯзҳо дар нишасти СҲШ чун кишвари нозир иштирок мекунад.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон бо сарони кишварҳои Эрон, Қазоқистон ва Русия дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд

0



          Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс»




Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтугӯйи пурмӯҳтаво оид ба доираи васеи масоили ҳамкории ду кишвари дӯсту ҳамзабон сурат гирифт.




Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, нақби Чормағзак, роҳҳои оҳану мошингарди байни Тоҷикистон ва Афғонистону Эрон, хатҳои минтақавии интиқоли нерӯйи барқ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ зоҳир гардид. Дар мулоқот ҳамчунин ба ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои

 

Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ мароқ зоҳир карда шуд.



Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд.


Дар вохӯрӣ оид ба маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон, ки барои он заминаи фарохи қарордодию ҳуқуқӣ дар сатҳу зинаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байнидоравӣ ва

 

байни доираҳои соҳибкории

 

ду кишвар муҳайё гаштааст, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.



Сарони ду давлат омодагии худро баҳри густариши ҳамҷонибаи ҳамкориҳо, аз ҷумла ҷиҳати таъмини Тоҷикистон бо орду ғалла ва маҳсулоти нафтӣ таъкид намуданд.



Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

бо Президенти Федератсияи Россия

 

Дмитрий Медведев мулоқот намуд.



Дар вохурӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.



Таваҷҷӯҳи махсус ба рушди ҳамкориҳои бунёдии иқтисодии байни ду шарики стратегӣ ва ҳамгироиҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ зоҳир гардид.



Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

А.Дубнов: Ба ҷуз Тоҷикистон, дигар ҳеҷ кишвари аъзои СҲШ ба узвияти Эрон дар созмон манфиатдор нест

0


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» шореҳи сиёсии рӯзномаи русиягии «Время новостей» Аркадий Дубнов изҳор дошт, ки ба ҷуз Тоҷикистон, дигар ҳеҷ кишвари аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба узвияти Эрон дар созмон манфиатдор нест.




«Кишварҳои боқимондаи созмон аз чунин мавқеъгирии Тоҷикистон нисбат ба ин масъала ба хубӣ огоҳанд, зеро ин ду кишвар бо ҳам робитаҳои таърихиву фарҳангии муштарак доранд», – гуфт ӯ.



Дар мавриди шарҳи масъалаи баррасии қазияи Осетияи Ҷанубиву Абхазистон дар нишаст коршиноси сиёсӣ чунин изҳори назар намуд, ки «яқинан, сарони кишварҳои узви СҲШ аз тарҳи Медведев-Саркозӣ, ки дар он оид ба эътирофи истиқлоли ин кишварҳо масъалагузорӣ нашудааст, пуштибонӣ хоҳанд намуд». Ба ақидаи А.Дубнов, дар нишасти мазкур ҳеҷ санад ё изҳороте оид ба вазъи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ қабул нахоҳад гардид.


Реклама на asia+

Пагоҳ дар нерӯгоҳи «Варзоб-1» корҳои таҷдиду тармим шурӯъ мегарданд

0


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мурли Деора, вазири нафту гази Ҷумхурии Ҳиндустон ва Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи корҳои таҷдиду тармими Нерӯгоҳи Барқии «Варзоб-1» рӯзи 29-уми августи соли 2008 соати 11.00 иштирок менамоянд. Дар маросими ифтитоҳ инчунин аъзоёни баландпояи ҳайати Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки бо ҳамроҳии вазир барои иштирок дар маҷлиси сарони давлатҳои ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон омаданд, сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, намояндагони ширкатҳои хусусии Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки бевосита дар таҷдиду тармими ин нерӯгоҳ ширкат меварзанд, аз ҷумла ширкати (BHEL) Bharat Heavy Electrical Limited ва ширкати (NHPC) National Power Corporation ва роҳбарони ширкати «Барқи тоҷик» иштирок менамоянд.




Созишномаи ҳамкорӣ барои таҷдиду тармими неругохи «Варзоб-1» байни вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ моҳи августи соли гузашта дар Душанбе ба имзо расида буд ва ҳукумати Ҳиндустон ба маблағи 17 миллион доллари амрикоӣ бурс барои татбиқи ин лоиҳа ҷудо намудааст.

 

Ин лоиҳа иқтидори истеҳсоли нерӯи барқро 7,3 МВт то ба 9,4 МВт зиёд намуда, мӯҳлати коркарди онро ба 50 соли оянда дароз хоҳад намуд. Нерӯгоҳи

 

«Варзоб-1» шаҳри Душанберо бо қувваи барқ ва оби ошомиданӣ таъмин менамояд.



Оғози корҳои таҷдиду тармими ин нерӯгоҳ нишонаи рушди муносибатҳои иқтисодии Ҳиндустону Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин бора аз сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон хабар доданд.



Ёдрасмекунем, ки таърихи ташаккули энергетикаи То


ҷ


икистон аз соли 1936, соли ба баҳрабардор


ӣ


ворид шудани нахустин нер


ӯ


гоҳи барқии обии «Варзоб-1» ба иқтидори 3720 кВт дар


ҷ


умҳур


ӣ


ибтидо гирифта буд. Дар ҳамон сол сохтмони Силсилаи НБО-ҳои «Варзоб-2» ва «Варзоб-3» бо иқтидори умумии беш аз 25000 кВт оғоз ёфт. Фарогирии захираҳои обии дарёи Варзоб дар солҳои 30 ва 40 асри гузашта барои рушди саноат ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳол


ӣ


шароит муҳайё сохт.


Реклама на asia+

Ифтитоҳи нишасти СҲШ дар Душанбе

0


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Кохи «Сомон»-и бӯстонсарои ҳукуматӣ ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ мекунад.




Дар оғоз гуфтушунидҳои алоҳида сурат гирифта, сипас мулоқоти васеи сарони кишварҳои узви созмон – Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон , Ӯзбекистон ва кишварҳои нозири созмону меҳмонон – роҳбарони давлатҳои Афғонистону Эрон ва Муғулистон ва ҳайатҳои намояндагони Покистону Ҳиндустон баргузор мешавад.



Дар ҷаласа масоили рушди иқтисод ва мубориза бо таҳдидҳои замони муосир дар қаламрави кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар ин мулоқот масъалаҳои вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва такмили механизмҳои фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамчунин оид ба кишвари раисикунандаи СҲШ дар давраи солҳои 2009-2010, роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои минтақа ва ҷаҳон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо табодули назар сурат хоҳад гирифт.



Барои инъикоси рафти саммити СҲШ беш аз 700 нафар намояндагони расонаҳои хабарии хориҷӣ, аз ҷумла аз ширкатҳои маъруфи иттилоотии дунё аллакай дар Вазорати корҳои хориҷӣ номнавис шудаанд.


Реклама на asia+

Дар мулоқоти Э.Раҳмон бо Ҳ.Карзай масоили татбиқи лоиҳаҳои муштараки кишварҳо баррасӣ шуд

0


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Худи ҳамин р


ӯ


з Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон

 

ҳамчунин бо Раиси


Ҷ


умҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот намуд.




Дар вох


ӯ


р


ӣ


масоили татбиқи санадҳои зиёди ҳамкории байни ду кишвари д


ӯ


сту ҳамсоя ва тадбирҳои дорои аҳамияти минтақав


ӣ


баррас


ӣ


шуд.



Лоиҳаҳои муштараки дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва энергетика, аз


ҷ


умла сохтмони роҳҳою пулҳои оҳану мошингард, хатҳои баландшиддати интиқоли нер


ӯ


и барқ, нер


ӯ


гоҳҳои обию ҳарорат


ӣ


ва ғайра дорои аҳамияти стратег


ӣ


барои кулли минтақаҳои Осиёи Марказ


ӣ


ва


Ҷ


ануб


ӣ


маънидод гардид.



Тава


ҷҷ


ӯ


ҳи хос ба р


ӯ


зномаи


ҷ


аласаи навбатии Ш


ӯ


рои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай зоҳир гардид.



Мусоҳибон ҳамчунин ба рушди ҳамкории минтақавии байни То


ҷ


икистон, Афғонистон ва Эрон мароқ зоҳир намуданд.



Муносибатҳои байни То


ҷ


икистону Афғонистон дорои дурнамои умедбахш барои мардумони ҳарду кишвар арзёб


ӣ


гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон бо Ислом Каримов мулоқот намуд

0


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар қароргоҳи Ҳукумати мамлакат Сарвари давлати То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон бо Президенти


Ҷ


умҳурии Узбекистон Ислом Каримов мулоқот намуд.




Дар вох


ӯ


р


ӣ


масоили


ҷ


ор


ӣ


ва дурнамои муносибатҳои То


ҷ


икистону Узбекистон дар чаҳорч


ӯ


би Созмони ҳамкории Шанхай, дигар созмонҳои байналмилалию минтақав


ӣ


ва робитаҳои ду


ҷ


ониба баррас


ӣ


шуд.



Сарони ду давлати ҳамсоя нақши Созмони ҳамкории Шанхайро дар таҳкими амнияту суботи минтақавию


ҷ


аҳон


ӣ


ва густариши ҳамкориҳои байни кишварҳои аъзо ва нозири он муҳим арзёб


ӣ


намуданд.



Эмомал


ӣ


Раҳмон ва Ислом Каримов омодаг


ӣ


ва ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои ҳасанаи байни То


ҷ


икистону Узбекистон таъкид намуданд.



Эмомал


ӣ


Раҳмон

 

Президенти


Ҷ


умҳурии Узбекистон Ислом Каримовро даъват намуд, ки ба То


ҷ


икистон бо сафари давлат


ӣ


ташриф биёрад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Тоҷикистон ва ширкати чиноии «Sinohydro» ҷиҳати сохтмони нерӯгоҳи «Нуробод-2» тавофуқ ҳосил карданд

0


Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати чиноии «Sinohydro» дар бораи сохтмони нерӯгоҳи обию барқии «Нуробод-2» дар рӯдхонаи Хингоб ба имзо расид.




Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ёддошт омодагии ҷонибҳо оид ба амалисозии лоиҳаҳо дар рушди энергетика ва таҳқиқи заминаҳои иқтисодиву фаннии иншооти энергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон зикр гардидааст.



Тибқи муқаррароти санад, ширкати чиноӣ дар сурати ҳалли масъалаи маблағгузории сохтмони иншоот таҳияи лоиҳа ва бунёди нерӯгоҳро ба зимма мегирад.



«Маблағи арзиши сохтмон пас аз омода сохтани заминаи иқтисодиву фаннӣ ва ташхиси минбаъдаи он дақиқан муайян карда мешавад, – изҳор дошт манбаъ. – Барои татбиқи муқаррароти ёддошт ҷонибҳо ҷиҳати таҳияи заминаи иқтисодиву фаннӣ ва сохтмони нерӯгоҳ шартномаи ҷудогона хоҳанд баст».



Маълумотнома: Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Нуробод-2» 200 МВт буда, тавлиди ҳамасолаи нерӯи барқ дар он 740 млн. кВт/соатро ташкил хоҳад дод.


Реклама на asia+