Ассотсиатсияи идоракунандагони зиддибӯҳронии ҷумҳурӣ ҷиҳати ворид сохтани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ» ба парлумон пешн

0


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ассотсиатсияи идоракунандагони зиддибӯҳронии ҷумҳурӣ ҷиҳати ворид сохтани як қатор тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ», ки соли 2003 қабул шуда буд, ба парлумон пешниҳод ироа кард.




Мунир Каломуллоев, идоракуни зиддибӯҳронии ассотсиатсия, номзади илмҳои иқтисодӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳадаф аз иқдоми мазкур соддакунии монеъаҳои тартиботи эътирофи муфлисшавӣ ва баланд бардоштани мақоми кишвар дар таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ мебошад.



Тибқи рейтинги Бонки ҷаҳонӣ «Оид ба роҳ мондани фаъолияти тиҷоратӣ», аз рӯи нишондиҳандаи қатъи фаъолияти тиҷоратӣ тавассути тартиботи муфлисшавӣ Тоҷикистон дар байни 178 кишвар мақоми 99-умро ишғол менамояд. Мавсуф чунин баён дошт: «Ҷумҳурӣ нисбат ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, чун Русияву Гурҷистону Қазоқистон мақоми болотарро соҳиб аст, вале сарфи назар аз он, минбаъд низ ислоҳотро дар самти соддакунии тартиботи муфлисшавӣ бояд идома дод, зеро тавассути он ҷалби сармояҳо ба иқтисоди кишвар афзоиш хоҳад ёфт. Албатта, он дар рейтинги Бонки ҷаҳонӣ низ дарҷ хоҳад гардид, ки он нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байнулмилалӣ ба маротиб боло хоҳад бурд, зеро рейтинги Бонки ҷаҳонӣ асноди заминавӣ барои сармоягузорони хориҷӣ маҳсуб мешавад».



Ба ақидаи коршиносони иттиҳодияи ҷамъиятии «Ассотсиатсияи идоракунандагони зиддибӯҳронии ҷумҳурӣ», тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба соддакунии назарраси тартиботи эътирофи муфлисшавӣ мусоидат карда, ба соҳибкорон имкон фароҳам месозанд, ки вақт ва хароҷоти пулиро сарфа намоянд. «Дар ҳамин ҳол, қобили қайд аст, ки ҷорӣ сохтани тағйироту иловаҳои пешбинишуда аз буҷаи ҷумҳурӣ хароҷот талаб намекунанд, баръакс, молиягузории як қатор мақомоти марбут ба баррасии эътирофи муслифшавӣ коҳиш хоҳад ёфт», – таъкид сохт дар анҷом М.Каломуллоев.


Реклама на asia+

Гумрукчиён дар бахши мубориза алайҳи маводи мухаддир маҳорати касбии худро сайқал медиҳанд

0


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Барои шунавандагони Донишкадаи такмили ихтисос – кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон дар мавзӯи «Вижагиҳои назорати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, психотропӣ ва прекурсорҳо» тренинги серӯза баргузор мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар доданд.




Тренинг бо дастгирии молиявии намояндагии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон доир мегардад. Ба сифати мураббиён кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ интихоб шуданд. Тренинг то 22-уми август идома хоҳад ёфт.


Реклама на asia+

Вазорати умури дохилӣ: Сабабҳо ва ҳаҷми хисороти сӯхтори бозори «Корвон» то ҳол муайян карда нашудаанд

0


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Сарраёсати хадамоти сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сабабҳо ва ҳаҷми хисороти сӯхтори бозори «Корвон», ки шаби 13-уми август рух дод, то ҳол муайян карда нашудаанд.




«Мутахассисони раёсат дар ин самт корҳои мушаххасеро анҷом доданд, вале мутаасифона, то ҳол ба натиҷаи муайяне нарасидаанд», – изҳор дошт манбаъ.



«Аксари зарардидагон аз ҳамкорӣ бо мақомот саркашӣ мекунанд», – таъкид сохт сарчашма ва афзуд, ки сабабҳои сар задани сӯхтор рӯзҳои наздик муайян хоҳанд шуд, зеро тафтишоти қазияи мазкур таҳти назорати Вазорати умури дохилии кишвар қарор дорад ва соҳибкорони зарадида низ хоҳони ҳарчи зудтар ошкор сохтани сабаҳои сӯхтор мебошанд.



Ёдрас мекунем, ки тақрибан соатҳои 1-и шаби 13-уми августи соли равон дар макони савдои тоҷирони яклухтфурӯши бозор сӯхтор сар зад. Баъди чанд дақиқа якчанд гурӯҳҳои сӯхторнишонӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, дар муддати як соат оташро хомӯш карданд. Майдони сӯхтор 2 ҳазору 100 метри мураббаъро ташкил дод. Касе осеб надид. Дар ҳамин ҳол, соҳибкорон мегӯянд, ки сӯхтор 60 нуқтаи фурӯш ва 2 ҷойгоҳи калони фурӯшгоҳро (ангар) нобуд кардааст.



Аз оғози фаъолияти бозор (соли 2002) то инҷониб дар ин маркази тиҷорат якчанд ҳодисаи сӯхтор рух доданд.  




Реклама на asia+

Дар пешорӯи нишасти СҲШ маҷмааи «Кохи Миллат» ба истифода дода мешавад

0


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пешорӯи нишасти сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) маҷмааи «Кохи Миллат» ба истифода дода мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.




Маҳз дар ҳамин ҷо дидору гуфтушуниди «танҳо ба танҳо»-и президенти Тоҷикистон бо сарони кишварҳои Русияву Чин, ки ахири моҳи август ҷиҳати иштирок ба нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ва боздиди расмӣ аз Тоҷикистон ба Душанбе меоянд, баргузор мешавад.



«Интизор меравад, ки пас аз анҷоми корҳои начандон зиёди таъмиру ороиш рӯзҳои наздик маҷмаа мавриди истифода қарор хоҳад гирифт», – изҳор дошт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ дар Кохи «Сомон»-и бӯстносарои ҳукуматӣ доир мегардад.



Ёдрас мекунем, ки сохтмони маҷмааи «Кохи Миллат»-ро соли 2002 ширкати сохтмонии итолиёвӣ «


CODEST


» шурӯъ карда буд. Қаблан дар макони сохтмон биноҳои маъмурӣ ва ҷузъу томҳои дивизияи 201-уми Русия ҷойгир шуда буданд.


Реклама на asia+

Имрӯзҳо дар саросари мамлакат дарави ғалла босуръат идома дорад

0


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯзҳо дар саросари мамлакат ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ босуръат идома дорад. Сухангӯи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки тибқи маълумоти фаврӣ

 

ба ҳолати 18 августи соли ҷорӣ аз майдони 284870 гектари зироатҳои ғалладона, 200 ҳазору 524 гектараш даравида шуда, 70,4 фоизро ташкил медиҳад, инчунин 188 ҳазору 602 гектараш кӯфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта


11185 гектар

зиёд мебошад. Соли гузашта дар ҳамин давра, кишоварзони ҷумњурӣ ҳосили 1677 ҳазору 417




гектари зироатҳои ғалладонагиро кӯфта буданд, ки ҳосилаш 2315 ҳазору 091 тоннаро ташкил медод.



Соли ҷорӣ бошад, ҳосили умумии кӯфташуда,

 

то ба ин ҳангом 347 ҳазору 947 тоннаро дар бар мегирад, ки ин дар муқоиса ба соли гузашта 32

 

ҳазору 856

 

тонна зиёд мебошад.



Аз он ҷумла 81%-и кишти ғалладонагиро гандум ташкил дода, то имрӯз дар майдони 177,4 ҳаз. га дарав гузаронида шудааст.


Миқдори умумии гандуми кӯфташуда 317 ҳаз.тн. буда, нисбати соли гузашта 83 ҳаз.тн. зиёд мебошад(с.2007 234 ҳаз тн.).

   




Дар ин маъракаи бағоят муҳим

 

аз комбайнҳои ғалладаравӣ

 

самаранок истифода бурда мешавад. Ҳамарӯза дар майдонҳои ғаллазор то 96 адад

 

комбайнҳо истифода бурда мешавад. Ҳар як комбайн бо ҳисоби миёна дар як шабонарӯз то 4-5 гектарро дарав карда, кори даравгаронро осон мекунанд.


Реклама на asia+

Барномаи рушди СММ ва Идораи рушду ҳамкории Швейтсария ба наҷотдиҳандагони тоҷик кӯмаки техникӣ расониданд

0


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва Идораи рушду ҳамкории Швейтсария ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки техникӣ расониданд.




Чор контейнери иборат аз таҷҳизоти зарурии истифода ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда – асбобу лавозимоти тайёр кардани хӯрок, палаткаҳо рӯйпӯшҳо, занбарҳо ва дигар таҷҳизоти таъиноти гуногун ба ихтиёри вазорат супорида шуданд.



Дар маросими супурдани таҷҳизот раиси кумита Ҳайбулло Латифов, ҳамоҳангсози доимии Барномаи рушди СММ Майкл Ҷонс, муовини мудири Идораи рушду ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Кристоф Фукс ва дигарон иштирок карданд.


Реклама на asia+

Дар баргузории мониторинги интихоботи парлумонии Белорус панҷ нозир аз Тоҷикистон ширкат меварзанд

0


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон рӯйхати нозиронро дар интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъи (28-уми сентябр) Белорус муайян кард.





 

Раиси комиссия номбурда Муҳибулло Додоҷонов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аз ҷониби Тоҷикистон панҷ нафар – сафири Тоҷикистон дар Белорус Амирхон Сафаров, котиби аввали сафорат Саидҷаъфар Сафаров, корманди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Ҳокимҷон Мирсаев ва ду нафар кормандони комиссия – номбурда М.Додоҷонов ва сармутахассис Раҷабмурод Ашӯров ба рӯйхат шомил шуданд.



Қобили зикр аст, ки ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маротибаи чаҳорум дар Белорум мониторинги интихоботро доир месозанд.



Ҳайати нозирон ният дорад, дар ҳамаи 110 ҳавзаҳои интихоботӣ мониторинг гузаронида, бо аъзои комиссияҳои интихоботии ҳавза ва минтақаҳо робита барқарор созад. Ҳамчунин баргузории мулоқот бо номзадон ва шахсони бовариноки онҳо ва интихобкунандагон низ дар назар аст.


Реклама на asia+

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт миқдори зиёди ҳероинро мусодира карданд

0


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз кормандони раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зимни баргузории чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯӣ дар бозори «Дӯстӣ»-и пойтахт миқдори зиёди маводи сахттаъсири ҳероинро мусодира карданд.




Сардори дафтари матбуоти вазорат Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сокини 39-солаи деҳаи Хирманҷои ноҳияи Шӯрообод Х.Д. ба гумони даст доштан дар нигоҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуд.



«Ҳангоми азназаргузаронии борхалтаи сафарии ӯ ба миқдори 14,5 кило маводи ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд, – изҳор дошт манбаъ. – Тибқи хулосаи ташхисгарон маводи дарёфтшуда ҳероини сифати баланд мебошад».



Нашъаҷаллоб ба ҳабс гирифта шуда, нисбати аъмоли ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гардид.


Реклама на asia+

Кишоварзони ҷумҳурӣ нақшаи кишти такрориро барзиёд иҷро карданд

0


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони тоҷик нақшаи кишти такрориии зироатҳои гуногунро барзиёд иҷро карданд. Сухангӯи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар шаҳру ноҳияҳо то

 

18 августи соли ҷорӣ кишти зироатҳои такрорӣ

 

ба

 



109040 га

расонида шуд, ки ин ба андозаи 108 фоизи нақшаи солона баробар аст. Дар ин давра майдони кишти такрории ҷуворимакка ба 23048, шолӣ – 5480, дигар ғаллагиҳо 10744, картошка 743, сабзавот – 10495, полезӣ 1640, зироатҳои техникӣ – 1303 ва зироатҳои хӯроки чорво –55726 гектар расид, ки ин аз дуруст ва мақсаднок истифода бурдани ҳар як ваҷаби замин огоҳӣ медиҳад.




Айни ҳол кишти такрорӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба анҷом расиж. Ҳафтаи

 

сипаришуда кишоварзони

 

вилояти Хатлон

 

самаранок меҳнат намуда, иҷрои нақшаро ба 108,4 фоиз расониданд.

  

Кишоварзони вилояти Суғд бошанд, нисбат ба ҳафтаи гузашта

 

самаранок меҳнат намуда, нақшаи солонаро ба 101,5 фоиз иҷро намуданд, Дар ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ бошад, кишти такрори тибқи наќша бояд дар майдони

15177 гектар

гузаронида мешуд. Айни замон дар майдони

17805 гектар

кишти такрорӣ гузаронида шуда иҷрои нақша ба 117,4 фоиз расонида шуд.


Реклама на asia+

Боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар қувваозмоии чаҳорякниҳоии олимпиада шикаст хӯрд

0


            Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс-«




ozodi


.


org


» –


Ҷ


аҳон Қурбонов, умеди дигари То


ҷ


икистон барои медалҳои олимп


ӣ


дар як қадам аз дар


ҷ


и исми худ дар таърих бозистод.




Муштзани то


ҷ


ик дар даври чаҳорякниҳоии сабқати муштзанҳо дар вазни то 81 кило бо намояндаи Қазоқистон Еркебулан Шиналиев рақобат намуд.




 

Қурбонов дар аввал ҳунарнамоии хуб кард ва шумори холҳояш бештар аз рақибаш будааст. Баъдан, ҳисоб баробар: шаш бар шаш шудааст.



Вале чун дар даври саввум ҳисоб 12 бар 6 ба нафъи муштзани қазоқ гардидааст, доварҳо сабқатро қатъ ва муштзани қазоқро пир


ӯ


з эълон кардаанд.



Ҳамакнун, намояндаи Қазоқистон дар даври ниманиҳо


ӣ


бо намояндаи Чин рақобат хоҳад кард. Ба-д-ин тартиб, аз 15 варзишгари То


ҷ


икистон то имр


ӯ


з 13 нафар сабқатро ба ан


ҷ


ом расониданд.



Имрӯз боксчии дигари тоҷик Анвар Юнусов дар вазни то 51 кило бар муқобили муштзани таиландӣ ба майдон хоҳад баромад.


Реклама на asia+