Вазорати умури дохилӣ: Сабабҳо ва ҳаҷми хисороти сӯхтори бозори «Корвон» то ҳол муайян карда нашудаанд

Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Сарраёсати хадамоти сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сабабҳо ва ҳаҷми хисороти сӯхтори бозори «Корвон», ки шаби 13-уми август рух дод, то ҳол муайян карда нашудаанд. «Мутахассисони раёсат дар ин самт корҳои мушаххасеро анҷом доданд, вале мутаасифона, то ҳол ба натиҷаи муайяне нарасидаанд», […]


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Сарраёсати хадамоти сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сабабҳо ва ҳаҷми хисороти сӯхтори бозори «Корвон», ки шаби 13-уми август рух дод, то ҳол муайян карда нашудаанд.




«Мутахассисони раёсат дар ин самт корҳои мушаххасеро анҷом доданд, вале мутаасифона, то ҳол ба натиҷаи муайяне нарасидаанд», – изҳор дошт манбаъ.



«Аксари зарардидагон аз ҳамкорӣ бо мақомот саркашӣ мекунанд», – таъкид сохт сарчашма ва афзуд, ки сабабҳои сар задани сӯхтор рӯзҳои наздик муайян хоҳанд шуд, зеро тафтишоти қазияи мазкур таҳти назорати Вазорати умури дохилии кишвар қарор дорад ва соҳибкорони зарадида низ хоҳони ҳарчи зудтар ошкор сохтани сабаҳои сӯхтор мебошанд.



Ёдрас мекунем, ки тақрибан соатҳои 1-и шаби 13-уми августи соли равон дар макони савдои тоҷирони яклухтфурӯши бозор сӯхтор сар зад. Баъди чанд дақиқа якчанд гурӯҳҳои сӯхторнишонӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, дар муддати як соат оташро хомӯш карданд. Майдони сӯхтор 2 ҳазору 100 метри мураббаъро ташкил дод. Касе осеб надид. Дар ҳамин ҳол, соҳибкорон мегӯянд, ки сӯхтор 60 нуқтаи фурӯш ва 2 ҷойгоҳи калони фурӯшгоҳро (ангар) нобуд кардааст.



Аз оғози фаъолияти бозор (соли 2002) то инҷониб дар ин маркази тиҷорат якчанд ҳодисаи сӯхтор рух доданд.  




Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.