Дар пешорӯи нишасти СҲШ маҷмааи «Кохи Миллат» ба истифода дода мешавад

Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пешорӯи нишасти сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) маҷмааи «Кохи Миллат» ба истифода дода мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд. Маҳз дар ҳамин ҷо дидору гуфтушуниди «танҳо ба танҳо»-и президенти Тоҷикистон бо сарони кишварҳои Русияву Чин, ки ахири моҳи август […]


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пешорӯи нишасти сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) маҷмааи «Кохи Миллат» ба истифода дода мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.




Маҳз дар ҳамин ҷо дидору гуфтушуниди «танҳо ба танҳо»-и президенти Тоҷикистон бо сарони кишварҳои Русияву Чин, ки ахири моҳи август ҷиҳати иштирок ба нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ва боздиди расмӣ аз Тоҷикистон ба Душанбе меоянд, баргузор мешавад.



«Интизор меравад, ки пас аз анҷоми корҳои начандон зиёди таъмиру ороиш рӯзҳои наздик маҷмаа мавриди истифода қарор хоҳад гирифт», – изҳор дошт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ дар Кохи «Сомон»-и бӯстносарои ҳукуматӣ доир мегардад.



Ёдрас мекунем, ки сохтмони маҷмааи «Кохи Миллат»-ро соли 2002 ширкати сохтмонии итолиёвӣ «


CODEST


» шурӯъ карда буд. Қаблан дар макони сохтмон биноҳои маъмурӣ ва ҷузъу томҳои дивизияи 201-уми Русия ҷойгир шуда буданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.