Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт миқдори зиёди ҳероинро мусодира карданд

Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз кормандони раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зимни баргузории чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯӣ дар бозори «Дӯстӣ»-и пойтахт миқдори зиёди маводи сахттаъсири ҳероинро мусодира карданд. Сардори дафтари матбуоти вазорат Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сокини 39-солаи деҳаи Хирманҷои ноҳияи Шӯрообод Х.Д. ба гумони даст доштан […]


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз кормандони раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зимни баргузории чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯӣ дар бозори «Дӯстӣ»-и пойтахт миқдори зиёди маводи сахттаъсири ҳероинро мусодира карданд.




Сардори дафтари матбуоти вазорат Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сокини 39-солаи деҳаи Хирманҷои ноҳияи Шӯрообод Х.Д. ба гумони даст доштан дар нигоҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуд.



«Ҳангоми азназаргузаронии борхалтаи сафарии ӯ ба миқдори 14,5 кило маводи ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд, – изҳор дошт манбаъ. – Тибқи хулосаи ташхисгарон маводи дарёфтшуда ҳероини сифати баланд мебошад».



Нашъаҷаллоб ба ҳабс гирифта шуда, нисбати аъмоли ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гардид.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.