Дар баргузории мониторинги интихоботи парлумонии Белорус панҷ нозир аз Тоҷикистон ширкат меварзанд

Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон рӯйхати нозиронро дар интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъи (28-уми сентябр) Белорус муайян кард.   Раиси комиссия номбурда Муҳибулло Додоҷонов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аз ҷониби Тоҷикистон панҷ нафар – сафири Тоҷикистон дар Белорус Амирхон Сафаров, котиби аввали сафорат Саидҷаъфар Сафаров, корманди Дастгоҳи […]


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон рӯйхати нозиронро дар интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъи (28-уми сентябр) Белорус муайян кард.





 

Раиси комиссия номбурда Муҳибулло Додоҷонов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аз ҷониби Тоҷикистон панҷ нафар – сафири Тоҷикистон дар Белорус Амирхон Сафаров, котиби аввали сафорат Саидҷаъфар Сафаров, корманди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Ҳокимҷон Мирсаев ва ду нафар кормандони комиссия – номбурда М.Додоҷонов ва сармутахассис Раҷабмурод Ашӯров ба рӯйхат шомил шуданд.



Қобили зикр аст, ки ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маротибаи чаҳорум дар Белорум мониторинги интихоботро доир месозанд.



Ҳайати нозирон ният дорад, дар ҳамаи 110 ҳавзаҳои интихоботӣ мониторинг гузаронида, бо аъзои комиссияҳои интихоботии ҳавза ва минтақаҳо робита барқарор созад. Ҳамчунин баргузории мулоқот бо номзадон ва шахсони бовариноки онҳо ва интихобкунандагон низ дар назар аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.