Дар Душанбе Ҳамоиши равшанфикрони кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад

0


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 18-ум то 20-уми сентябр дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши саввуми равшанфикрони соҳаи илм ва эҷоди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад.




Аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш масоили идомаи муоширати ҷомеаи кишварҳо дар бобати мавзӯъҳои муҳим ва зарурии соҳаи гумнитарии иттиҳод табодули афкор сурат хоҳад гирифт.



«Бо назардошти он ки соли 2008 дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ соли адабиёту хониш эълон гардидааст, дар мубоҳисаҳо рӯйи мавзӯъҳои идома ва эҳёи анъанаҳои хониш дар шароити кунунӣ, дастгирии адабиёти миллӣ ва тарҷумаи тарафайн, таъмини китоҳо, кордории китобхона ва нашри адабиёти гуногун муҳокимаронӣ хоҳад шуд», – изҳор дошт манбаъ.



Бино ба иттилои сарчашма, иштирокдорони ҳамоиш сари баррасии масъалаи рушди муошират дар қаламрави ИДМ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳанд намуд. Дар чорабинӣ роҳбарони мақомоти иҷроияи ИДМ, Ҳамкории иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), Созмони Ҳамкории Шанхай, дабири кулли ЮНЕСКО К.Матсуура ва дигар сохтори марбут ба масоили

 

ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунанд.



Ёдрас мекунем, ки Ҳамоиши дуввуми равшанфикрони соҳаи илм ва эҷоди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли гузашта дар шаҳри Остона (Қазоқистон) баргузор гардида буд.

 



Дар Душанбе аз фориғболии ронанда ду нафар ба ҳалокат расиданд

0


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе аз фориғболии ронанда роҳгузари 27-сола ва мусофири таксии мусофирбар ба ҳалокат расиданд. Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки соати 8-и бегоҳ ронандаи автомашинаи «Тойота Авалон» Бобо Азимов дар кӯчаи Синои пойтахт роҳгузар Ибод Элҷоновро бо мошин пахш мекунад. Чанде пас автомашинаи ӯ бо автомашинаи «Чанху» (тангем) бархӯрд мекунад. Роҳгузар ва мусофири дар дохили нақлиёти мусофирбар буда ба ҳалокат расида, панҷ нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.




Ҳамчунин дар ноҳияи Турсунзода ҳангоми ҳаракат ба самти қишлоқи Оқмасҷид автомашинаи «Опел»-и шаҳрванд Дилшод Азимов бо автомашинаи «Тико»-и шаҳрванд Аҳлиддин Назаров бархӯрд намуд, ки бар асари он ронандаи автомашинаи «Тико» ҳалок гардида, 7 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.



Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 9 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 5 нафар ҳалок ва 22 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.


Даҳ нафар варзишгарони тоҷик аз Олимпиадаи Пекин ба ватан бармегарданд

0


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Даҳ нафар варзишгарони тоҷик мусобиқоти худро дар Олимпиадаи Пекин ба анҷом расонида, ба ватан бармегарданд. Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон хабар дод, ки танҳо як нафари онҳо – дзюдочӣ Расул Боқиев бо медали биринҷӣ ба ватан бармегардад.




«Ба наздикӣ гурзандози тоҷик Дилшод Назаров гурзро ба масофаи


76 метру


54 сантиметр

партофта, миёни 12 варзишгар мақоми ёздаҳумро ишғол намуд, ҳарчанд мо умед доштем, ки ӯ медал ба даст хоҳад овард», – гуфт ӯ. Аз рӯи ин намуд миёни занҳо Галина Митяева аз Тоҷикистон қувваозмоӣ хоҳад кард.




 


 

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон бо 61 медал (35 тилло) соҳибони бозиҳо – варзишгарони Чин пешсафанд. Мақоми дуввумро бо 65 медал (19 тилло) варзишгарони Амрико ишғол мекунанд ва дастаи Бритониёи Кабир бо касби 25 медал (11 тилло) дар зинаи саввум ҷойгир шудааст.


Имрӯз гурӯҳи рӯзноманигорони Эрон аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» боздид хоҳад кард

0


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ҳайати рӯзноманигорони Эрон вориди Душанбе шуданд. Ба зудӣ дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо ҳамтоҳои тоҷикистонӣ мулоқот доир гардид.




Гурӯҳи 25 нафараи рӯзноманигорон бо ташаббуси вазорати энергетикаи Эрон


барои инъикос ва таҳияи хабар аз раванди корҳои умронии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон озими ин кишвар шуданд.



Ба гуфтаи сухангӯи Сафорати Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ороста, сатҳи огоҳии рӯзноманигорони Эрон оид ба Тоҷикистон нокофӣ аст. «Рӯзноманигорони тоҷик на танҳо мунтазам аз муносиботи дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон гузоришҳо омода месозанд, балки нуқтаи назари онҳо нисбат ба Эрон бо ақидаи мо як ҳамбастагие дорад», – таъкид сохт А.Ороста. Мавсуф инчунин изҳор дошт, ки қариб ҳамаи сокинони Тоҷикистон аз ифтитоҳи шабакаи телевизионии форсизабонон огаҳанд, вале зимни мулоқот дар Иттифоқи журналистон маълум гашт, ки чанде аз рӯзноманигорони эронӣ аз он огаҳии хуб надоранд.



Зимни сӯхбат рӯзноманигорони эронӣ ба масоили вазъи васоити ахбори умум ва ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд.



Бино ба иттилои манбаъ, дирӯз меҳмонон аз нақби «Истиқлол» боздид карда, имрӯз ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» озими ин мавзеъ хоҳанд шуд.


Анвар Юнусов: Фурсати қулай даст дод, то аз боксчии таиландӣ интиқом бигирам

0


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон хабар дод, ки дар давраи чаҳорякниҳоии мусобиқоти боксчиён дар вазни


51 кг

ҳарифи боксчии тоҷик муайян шудааст.




«Боксчии мо – Анвар Юнусов 20-уми август дар давраи чаҳорякниҳоӣ бо варзишгари Таиланд Чон Сом Гит қувваозмоӣ хоҳад кард, – гуфт ӯ. – Боксчии таиландӣ дар мусобиқоти гуногун ду маротиба бар А.Юнусов дастболо шудааст».



Ба қавли Н.Латифов, зимни сӯҳбат А.Юнусов иброз доштааст, ки акнун фурсати қулай даст додааст, то ӯ интиқоми худро аз боксчии таиландӣ бигирад.



Ёдрас мекунем, ки боксчии дигари Тоҷик Ҷаҳон Қурбонов, ки ӯ низ ба мусобиқоти чаҳорякфиналӣ роҳ ёфтааст, рӯзи 19-уми август бо боксчии қазоқ Веркебулат Шиналиев қувваозмоӣ хоҳад кард.





Дар Бозиҳои Олимпии Пекин айни замон Тоҷикистон дар мақоми 63-уми ҷой гирифтааст.




Дар Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ масъалаҳои таъмини амният дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ-ро баррасӣ мекунанд

0


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки 21-уми август дар шаҳри Ереван доир мегардад, масъалаҳои таъмини амният дар қаламрави кишварҳои узви иттиҳод ва ҳамкории мутақобилаи давлатҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.




Аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ҷаласаи шӯро иштироки вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев дар назар аст.



Бино ба иттилои манбаъ, аз эҳтимол дур нест, ки вазирони мудофиаи кишварҳои иттиҳод атрофи сабабҳо ва оқибати қазияи бархӯрди низомии Гурҷистону Осетияи Ҷанубӣ низ табодули афкор хоҳанд намуд.

 




Ёдрас мекунем, ки Шӯрои вазирони мудофиаи кишврҳои узви ИДМ 14-уми феврали соли 1992 бо қарори Шӯрои сарони кишварҳо таъсис дода шудааст.


Ӯзбекистон интиқоли газро ба Тоҷикистон афзун намуд

0


Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қисман пардохтани қарзи мавҷуда аз ҷониби Тоҷикистон Ӯзбекистон интиқоли газро ба ҷумҳурӣ афзун намуд.




Муовини аввали раиси Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз» Шавкат Шоимов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки якчанд рӯз аст, ки аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми 35 ҳазор метри мукааб (ҳудуди 840 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз) газ интиқол дода мешавад.



Мавсуф зикр кард, ки афзоиши ҳаҷми интиқоли газ имкон дод, ки фаъолияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиказот» барқарор карда шавад. Айни замон Корхонаи алюминии Тоҷикистон «Талко» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» дар ҳаҷми пурра бо газ таъмин мебошанд.



«Феълан мо боз ҳам афзун намудани ҳаҷми интиқоли газро аз Ӯзбекистон хоҳиш нахоҳем кард, зеро ҳаҷми мавҷуда кофист», – гуфт ӯ ва афзуд, ки аҳолӣ низ бо газ таъмин аст, вале танҳо онҳое, ки қарзи истифодаи онро пардохт намудаанд.


Ба Кӯлоб тавассути роҳи оҳан ворид кардани бор нисбат ба содироти он 34 маротиба зиёдтар аст

0


Кӯлоб. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Кӯлоб аз оғози сол тавассути роҳи оҳан беш аз 1 тонна бор ба хориҷ бароварда шудааст. Сардори истгоҳи қатора Комил Ҳалимов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳарчанд ин иншондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинишуда ду баробар зиёд бошад ҳам, «он қадр хурсандибахш нест».




«Ба ҳисоби миёна ҳамарӯза 4 тонна бор ба хориҷ бароварда мешавад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки асосан бо ин кор муассисаи «Кӯлобтекстайлз» машғул аст.



Мавсуф зикр кард, ки ворид сохтани бор ба андозаи 60 фоиз иҷро гардида, дар ин давра ба ҷои 21,5 тонна қариб 35 ҳазор тонна бор ворид карда шуд, ки асосан аз орд, маводи сӯзишворӣ ва ангишт иборат аст.



Қ.Ҳалимов қайд кард, ки бо пайдо шудани имкони бо шиносномаҳои дохилӣ тавассути ҳавопаймо ба хориҷи кишыар сафар намудан, шумораи мусофирони қатораи хатсайри «Кӯлоб-Маскав» коҳиш ёфтааст. «Дар 7 моҳи соли 2008 ҳамагӣ 3 ҳазор нафар бо ин қатора ба хориҷи кишвар рафтанд ва ин дар ҳолест, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта ба 8 ҳазор нафар баробар буд», – гуфт мусоҳиб дар анҷом.


Дуввумин боксчии тоҷик ба мусобиқоти чаҳорякфиналии Бозиҳои Олимпии Пекин роҳ ёфт

0


Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дуввумин боксчии тоҷик Анвар Юнусов имрӯз бар рақиби бразилиягии худ Робенилсон Веера бо ҳисоби 12 бар 6 дастболо шуда, ба мусобиқоти чаҳорякфиналии Бозиҳои Олимпии Пекин роҳ ёфт.




Ёдрас мекунем, ки боксчии дигари Тоҷик Ҷаҳон Қурбонов, ки ӯ низ ба мусобиқоти чаҳорякфиналӣ роҳ ёфтааст, рӯзи 19-уми август бо боксчии қазоқ Веркебулат Шиналиев қувваозмоӣ хоҳад кард.



Дар Бозиҳои Олимпии Пекин айни замон Тоҷикистон дар мақоми 43-уми ҷой гирифтааст.


Дар ноҳияҳои Синои пойтахт ва Рӯдакӣ сохтмони мактабҳои нав оғоз гардид

0


Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияҳои Синои пойтахт ва Рӯдакӣ сохтмони мактабҳои нав оғоз гардид. Аз Маркази идоракунии доиҳаҳои соҳаи маориф ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки мактабҳо дар доираи татбиқи Лоиҳаи бурси Фонди каталитикӣ бунёд гардида, ҳар кадоме барои таҳсили 300 нафар толибилмон пешбинӣ шудаанд.




Бино ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Сино бунёди муассисаи таълимиро ширкати сохтмонии «Монолит-05» ва дар ноҳияи Рӯдакӣ яке аз сохторҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Душанбестрой» ба ӯҳда гирифтаанд. Анҷоми сохтмони иншоот соли нави хониши 2009-2010 ба нақша гирифта шудааст.



Айни замон дар доираи татбиқи Лоиҳаи бурси Фонди каталитикӣ таҷдид ва сохтмони 12 иншооти соҳаи маориф дар шаҳрҳои Душанбеву Истаравшан ва ноҳияҳои, Рӯдакӣ, Дарвоз, Ванҷ, Панҷакент, Ҳисор, Шаҳринав, Мастчоҳ ва Ғончӣ идома доранд.