Ҳамлагари дастаи футболи Тоҷикистон аз иштирок дар ду бозӣ маҳрум ва ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима баста шуд

0


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбе кумитаи интизомии Конфедератсияи футболи Осиё нисбати рафтори ношоями футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон Давронҷон Тухтасунов ва футболбозони Кореяи Шимолӣ Пак Нам Чола ва Тсой Мин Хо дар вохӯрии ин дастаҳо қарор қабул кард. Ёдрас мекунем, ки дар ин бозӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 1 бар сифр дастболо шуд.




Сомонаи расмии конфедератсия иттилоъ медиҳад, ки Даврон Тухтасунов барои баъд аз анҷоми бозӣ ҷанҷол кардан ва зарба задан ба ҳамлагари дастаи Корея Юн Ен Ил аз иштирок дар ду бозӣ маҳрум ва ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима баста шуд.



Футболбози дастаи Корея Тсой барои рафтори ношоям (туф кардан) нисбат ба Даврон Тухтасунов аз иштирок дар шаш бозӣ маҳрум гардида, ӯ низ ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима баста шудааст.


Дар Душанбе намояндагони хадамоти махсуси Афғонистон малакаҳои мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддирро меомӯзанд

0


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе тренинги дурӯза оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони хадамоти махсуси Афғонистон дар мавриди мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ба кор шурӯъ кард.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари намояндагии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, дар семинар 15 нафар намояндагони милиса, гумрукчиён ва марзбонони афғон малакаҳои мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддирро меомӯзанд.




           

«Ба сифати омӯзгорону мураббиён кормандони Раёсати мубориза бар зидди маводи нашъаовари Вазорати адлияи Амрико (


DEA


) ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон интихоб шудаанд», – изҳор дошт манбаъ.




           

Ба иттилои сарчашма, тамоми хароҷоти баргузории тренинг бар дӯши намояндагии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон вогузор шудааст.


Дар таъхир афтодани иҷрои парвозҳо ба хатсайрҳои Русия терминали байнулмилалии якуми Хуҷанд гунаҳкор нест, – К.Аҳмедов

0


Хуҷанд. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таъхир афтодани парвозҳо ба хатсайрҳои Русия рӯзҳои ахир терминали байнулмилалии Хуҷанд гунаҳкор нест.

 

Директори терминали якуми Ҷамъияти саҳомии кушоди «Нурафшон» Карим Аҳмедов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки шаби 7-ум ба 8-уми август парвози ҳавопаймо ба хатсайри «Хуҷанд-Маскав», ки онро Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷикэйр» ба ӯҳда дорад, ба таъхир афтодааст. «Ҳудуди 170 нафар мусофирон шабро дар толори интизорӣ рӯз карданд, – гуфт ӯ. – Намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ ба онҳо эътиборе надода, бо хӯрок таъмин накарданд ва иллати боздошти парвози ҳавопайморо ҳам касе ба онҳо шарҳ надод».




Чунин ҳолат 8-уми август зимни парвози ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд Санкт-Петербург низ рух дод, ки парвози он аз соати 7-и субҳ то 7-и бегоҳ мавқуф гузошта шуд ва ин парвоз низ ба дӯши корхонаи «Тоҷик Эйр» вогузор гашта буд.



«Мусофирон ба роҳбарияти терминал арзу шикоят бурданд, вале гап сари он аст, ки мо ба иҷрои парвозҳои ҳавопаймоҳои мусофирбар масъул нестем, инро бояд ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба анҷом расонанд, – гуфт К.Аҳмедов. – Дар навбати худ, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сатҳи хизматрасониро баланд намоем ва бо дарназардошти ба таъхир афтодани парвозҳо мо дар терминал утоқҳои шустушӯӣ омода сохтем, то мусофирон аз он бемалол истифода баранд».



Аз терминал ҳамчунин иттилоъ доданд, ки парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия низ гоҳ-гоҳ ба таъхир меафтанд, вале ин он қадр назаррас нест.


 

Дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Эрон ба кор шурӯъ кард

0


Мавҷуда Ҳасанова




Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳи молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Эрону Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.



Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ҳамоиш беш аз 35 нафар намояндагони корхонаҳои истеҳсолии музофоти Мозандарони Эрон ва ҳудуди 500 намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон иштирок доранд. Интизор меравад, ки дар ҳамоиш як қатор шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.



Дар мусоҳиба бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» муовини устондори Мозандарон ва сарпарасти намоишгоҳ Аҳмади Ҷамшедӣ зикр кард, ки соҳибкорони музофоти Эрон омодаанд, ба рушди иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд.



Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи ихтисосии музофоти Мозандарони Эрон ифтитоҳ гардид. Ин нахустин намоишгоҳи истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон дар Тоҷикистон аст, ки майдони намоишгоҳ беш аз 700 метри мураббаъро ишғол мекунад.





Дар намоишгоҳ ба тамошобинон маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшт, чой, рустаниҳои доруворӣ, таҷҳизоти бандубаст, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти аз пластмасса сохташуда ва намунаҳои таҷҳизоту лавозимоти дафтари корӣ ва ороиши меъмории биноҳо пешкаш мегарданд. Намоишгоҳ то 14-уми август идома хоҳад ёфт.





Ёдрас мекунем, ки музофоти Мозандарон асосан бо истеҳсоли шоливу гандум ва меваҳои ситрусӣ (апелсин) маъруф гашта, дар он ҷо минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад ва бахши сайёҳӣ рушд ёфтааст. Мозандарон бо Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст.




Дар ноҳияи Турсунзода бар асари беэҳтиётии ронанда роҳгузари 13-сола ба ҳалокат расид

0


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Турсунзода бар асари беэҳтиётии ронанда роҳгузари 13-сола ба ҳалокат расид.




Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар роҳи мошингарди самти деҳаи Ленинизм ронандаи автомобили «Опел Вектра» Суматулло Сафаров аз ӯҳдаи удораи мошин набаромада, роҳгузари ноболиғ Рустам Ашӯровро пахш мекунад. Аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.



Бино ба иттилои манбаъ, ҳафтаи гузашта аксари садамаҳои нақлиётӣ бар асари бо суръати баланд рондани автомобил рух додаанд. Ҳафтаи супаришуда дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба қайд гирфта шуд, ки бар асари он 23 нафар ба ҳалокат расида, 53 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

 





 

Ширкати чиноии «Зи Экс Ҷой Инвест» дар бахши истихроҷи уран бо Тоҷикистон ҳамкорӣ карданист

0


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати чиноии «Зи Экс Ҷой Инвест» дар бахши истихроҷ ва омӯзиши захираҳои маъдани уран бо Тоҷикистон ҳамкорӣ карданист.




Ахир ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин роҳбари ширкат Горден Ян аз фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ширкаташ омода аст барои корҳои ҷустуҷӯӣ ва омӯзиши уран дар Тоҷикистон

 

ҳамкорӣ намояд. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки чунин нақша баъди Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар

 

ба миён омад. «Дар паём ба таври возеҳу равшан зарурати истихроҷ ва истифодаи захираҳои фаровони урани Тоҷикистон ба миён гузошта шуд», – афзуд Горден Ян.



Мавриди зикр аст, ки «Зи Экс Ҷой Инвест» аз ҷумлаи бонуфузтарин ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва энергетикаи атомӣ

 

ба шумор меравад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Осетияи Ҷанубӣ: рӯзи саввуми ҷанг

0



           

Душанбе. 11-уми август. – Бар тибқи иттилоъи мақомоти Гур


ҷ


истон, ин кишвар нер


ӯ


ҳояшро аз манотиқи таҳти контроли Русия дар


ҷ


умҳурии Осетияи


Ҷ


ануб


ӣ


берун мекашад.




Аммо низомиёни Русия мег


ӯ


янд, ки нер


ӯ


ҳои Гур


ҷ


истон ҳамоно дар ин


ҷ


умҳурии


ҷ


удоихоҳ ҳастанд ва вазъият ҳамоно пурташанну


ҷ


боқ


ӣ


мемонад. Дар айни замон, тибқи гузоришҳо, Русия киштиҳои


ҷ


ангии худро дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳ мустақар намуда бандарҳои обии Гур


ҷ


истонро дар муҳосира қарор додааст.




 


          

Мақомоти Гур


ҷ


истон мег


ӯ


янд, ки нер


ӯ


ҳои онҳо аксар манотиқи


ҷ


умҳурии Осетияи


Ҷ


анубиро тарк кардаанд. Аз р


ӯ


зи


ҷ


умъа ба ин тараф ин минтақа ба маҳалли даргириҳои шадиди миёни нер


ӯ


ҳои Русия ва Гур


ҷ


истон табдил ёфтааст. Хабаргузориҳо бо нақли қавл аз дабири Ш


ӯ


рои амнияти миллии Гур


ҷ


истон Александр Ломая гузориш медиҳанд, ки нер


ӯ


ҳои гур


ҷ


ӣ


“тақрибан кулли манотиқи Осетияи


Ҷ


анубиро бо нияти нек ва хоҳиши хатми муқовиматҳои низом


ӣ


” тарк кардаанд. Дар ҳамин ҳол, фармондеҳони низомии Русия дар Осетияи


Ҷ


ануб


ӣ


мег


ӯ


янд, ки нер


ӯ


ҳои гур


ҷ


ӣ


, т


ӯ


пхона ва зиреҳп


ӯ


шҳои онҳо ҳамоно дар хоки Осетия боқ


ӣ


монда, вазъиятро бештар муташанни


ҷ


мекунанд.




 


          

Вазорати дифои Русия мег


ӯ


яд, ки артиши онҳо тақрибан кулли манотиқи


ҷ


умҳурии


ҷ


удоихоҳро таҳти контроли худ нигоҳ медорад.




 


          

Даргириҳои шадиди миёни нер


ӯ


ҳои Гур


ҷ


истону Русия шоми 8-уми август баъди таҳо


ҷ


уми нер


ӯ


ҳои гур


ҷ


ӣ


барои зери назорат даровардани минтақаи Осетияи


Ҷ


ануб


ӣ


сар зад. Дар навбати худ Русия бо ирсоли тонкҳову нер


ӯ


ҳои низомияш аз


ҷ


умҳурии Осетияи Шимол


ӣ


ва бомборони манотиқи таҳти контроли Гур


ҷ


истон посух дод.




 


          

Дар ҳамин ҳол, Гур


ҷ


истон иддаъо дорад, ки Русия 10 000 нер


ӯ


ҳои иловагиро ба Осетияи


Ҷ


ануб


ӣ


ва Абхозистон сафарбар намуд.




 


          

Абхозистон яке дигар аз


ҷ


умҳуриҳои


ҷ


удоихоҳ дар ҳайъати Гур


ҷ


истон мебошад, ки баъди низоъҳои к


ӯ


тоҳмуддати солҳои 90-уми асри гузашта талаби истиқлолиятро пеш оварда буд.




 


          

Тибқи гузоришҳо, Русия ҳамчунин киштиҳои


ҷ


ангии нер


ӯ


ҳои дарёиаш дар Баҳри Сиёҳ, ба шумули як мушакандози баҳрии “Маскав”-ро дар бандарҳои обии Гур


ҷ


истон мустақар кардааст, ки садди роҳи интиқоли муҳиммоти


ҷ


анг


ӣ


ба нер


ӯ


ҳои гур


ҷ


ӣ


мешавад.




 


          

Р


ӯ


зи шанбе Гур


ҷ


истон ба Русия пешниҳоди оташбас ва бозгардони кулли нер


ӯ


ҳоро ба мавқеъҳои пешаз


ҷ


анг


ӣ


пеш гузошт, аммо Маскав гуфтааст, ки чунин як паём ба дасти мақомоти ин кишвар нарасидааст.




 


          

Р


ӯ


зи якшанбе нер


ӯ


ҳои Русия мавқеъҳои низомии гур


ҷ


иро дар атрофи шаҳри Тифлис, пойтахти Гур


ҷ


истон, мавриди бомбборон қарор доданд. Дар ҳамин ҳол, дар Тифлис бо пахши баёнияи вижае тавассути телевизиони Гур


ҷ


истон раиси порлумон Давид Бакрадзе гуфт, ки Русия дар андешаи ҳамла болои шаҳри Зугдидии ин кишвар мебошад, ки дар марз бо Абхозистон


ҷ


ойгир аст: “Тибқи иттилоъи дақиқ ва муътамади мо, дар чанд соати оянда қувваҳои мусаллаҳи Русия ба


ҷ


ониби шаҳри Зугдид


ӣ


ҳамлаҳое ба роҳ хоҳанд монд”.




 


          

Ро


ҷ


еъ ба талафони


ҷ


он


ӣ


то имр


ӯ


з иттилоъи зидду нақиз нашр мешавад. Манобеъи рус


ӣ


мег


ӯ


янд, ки дар даргириҳои 3 р


ӯ


зи гузашта 1500 нафар


ҷ


они худро аз даст додаанд.




 


          

Ҳарду


ҷ


ониб ҳам таъйид мекунанд, ки аксар қурбониҳои ин ҳамлаҳо сокинони ғайринизомии Осетияи


Ҷ


ануб


ӣ


мебошанд. Гур


ҷ


истон Русияро барои бомбборони сохтмонҳои истиқомат


ӣ


дар ҳадди ақалл шаҳрҳои гур


ҷ


ии Пот


ӣ


ва Гор


ӣ


гунаҳгор карда, иддаъо мекунад, ки дар ин


ҷ


о даҳҳо ҳазор нафар


ҷ


он додаанд ва хисороти зиёд ба миён омадааст.




 


          

Дар ҳамин ҳол, р


ӯ


зи шанбе сафири Русия Виталий Чуркин зимни суханрониаш дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк гуфт, ки кишвари вай амдан даст ба нобудсозии ҳадафҳои мулк


ӣ


назадааст: “Мо ҳеч манотиқи берун аз хоки Осетияи


Ҷ


анубиро даст назадем, мо ин корро накардем. Ва чизи дигар, албатта, ин аст, ки мо афроди мулкиро ҳадаф қарор надодаем. Дар сурати ба миён омадани хисороти


ҷ


он


ӣ


, ки аз он намешавад сарфи назар кард, мо, албатта, амиқан мутаассиф мешавем. Он


ҷ


о ҳеч даргирие нест. Чанд гузорише ро


ҷ


еъ ба бомбборонҳо дар беруни хоки Осетияи


Ҷ


ануб


ӣ


р


ӯ


и даст аст ва, агар ҳам буд, ин ҳама дар чаҳорч


ӯ


би амалиёти кумак ба посдорони сулҳ мебошад. Он


ҷ


о фаъъолиятҳои низомии гур


ҷ


иҳо бо кумаки берун аз хоки Осетияи


Ҷ


ануб


ӣ


ба мушоҳида мерасад”.




 


          

Раис


ҷ


умҳури Гур


ҷ


истон Михаил Саакашвил


ӣ


Русияро барои к


ӯ


шиши ба ҳам задани


ҷ


араёнҳои демократии ин кишвар танқид кард. Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин, нахуствазири Русия, ки шоми шанбе вориди Осетияи Шимол


ӣ


гардид, гуфт, ки Гур


ҷ


истон


ҷ


ӯ


ёи “мо


ҷ


ароҳои хунин” мебошад. Зимни суханрониаш дар Владикавказ, Путин ба мавз


ӯ


ъи талоши узвияти Гур


ҷ


истон дар паймони низомии NАТО муро


ҷ


иъат ва бори дигар мухолифати Маскавро дар ин замина таъкид кард.


СММ ба 12 кишвари аз бӯҳрони ғизоӣ зарардида 30 млн. доллари амрикоӣ маблағи иловагӣ ҷудо мекунад

0


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба 12 кишвари аз бӯҳрони ғизоӣ зарардида 30 млн. доллари амрикоӣ маблағи иловагӣ ҷудо мекунад.




Тибқи хабари маркази иттилооти СММ, ҳафтаи гузашта қарор шудааст, аз ҳисоби Фонди Марказии пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи созмон ба 12 кишвари аз бӯҳрони ғизоӣ зарардида – Тоҷикистон, Ҷибути, Эритрея, Кения, Буркина-Фасо, Бурунди, Лесото, Мадагаскар, Нигер, Покистон, Йемен ва Зимбабве боз 30 млн. доллари амрикоӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда шавад.



«Ба иллати хушксолӣ, ҳосили ночиз, афзоиши нархи маводи озуқа ва сӯзишворӣ миллионҳо нафар аҳолии ин кишварҳо дар ҳоли фақру нодорӣ қарор доранд», – изҳор доштааст муовини дабири кулл оид ба масоили гуманитарӣ Ҷон Холмс.



Соли равон аз фонди марказии пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ба ин мақсад 60 млн. доллари амрикоӣ ихтисос дода шуда, то ахири сол боз 12 млн. доллари амрикоӣ ҷудо карда мешавад.



Соли 2005 Фонди гардиши ҳолатҳои фавқулодда ба Фонди марказии пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи созмон табдил дода шуда, то имрӯз ҷиҳати табиқи лоиҳаҳои пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар 62 кишвари ҷаҳон 900 миллион доллари амрикоӣ маблағ равона сохтааст. Фонди мазкур бо сармояи оинномавии 500 млн. доллари амрикоӣ аз ҳисоби

 

маблағҳои воридии ихтиёриён афзоиш меёбад ва ба он ҳам кишварҳои узв ва ҳам бахши хусусиву шахсони алоҳида саҳмгузор шуда метавонанд.


Коргардони маъруфи Русия С.Говорухин оид ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон филм таҳия намуд

0


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Хабарнигории РИА «Новости»-и Русия иттилоъ медиҳад, ки коргардони филмҳои мустанад ва нависандаи рус Сергей Говорухин таҳти унвони «Ҳеҷ кас, ба ҷуз мо» оид ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон филм таҳия намуд.




Бино ба иттилои манбаъ, коргардон филмро дар озмуни фестивали кинои Русия «Равзана ба Аврупо» пешкаш хоҳад кард.



«Филм дар муддати се сол наворбардорӣ шуд, зеро ман таҷрибаи кофӣ ҳам надоштаму ҳама вазифаҳо – муаллифи бадеӣ, коргардон ва продюсериро ба дӯши худ гирифтам», – гуфтааст С.Говорухин. – Филм ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст, зеро кам касон дар бораи он маълумоти саҳеҳу зарурӣ доранд, ҳарчанд дар он набардҳо дивизияи 201-уми Русия низ иштирок дошт».



Филм дар шаҳри Маскав, Қрим ва лаҳзаҳои ҷангии он дар кӯҳҳои Тоҷикистон наворбардорӣ карда шудаанд. Коргардон зикр кардааст, ки ҷиҳати ба воқеият наздик будани филм кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Дар филм ба ҷуз ҳунармандони касбӣ ҳамчунин афсарони нерӯҳои низомии иктишофии рус низ нақш бозидаанд.


Бозии финалии Ҷоми даъвати Осиё 13-уми август баргузор мегардад

0


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Қувваозмоӣ барои ҷои саввум ва бозии финалии Ҷоми даъвати Осиё, ки бояд дирӯз баргузор мешуданд, рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар варзишгоҳи «Амбедкар»-и Деҳлӣ доир хоҳанд шуд.




Аз федератсияи футболи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳолати майдони бозии варзишгоҳи шаҳри Ҳайдаробод ба талабот ҷавобгӯ набудааст ва аз ин рӯ, қарор шудааст, бозиҳо дар Деҳлӣ баргузор шаванд. Майдони варзишии Ҳайдарободро боронҳои пай дар пай ба харобӣ расониданд.



«Рӯзи чоршанбе дар бозии аввал барои ҷои саввум дастаҳои футболи Кореяи Шимолӣ ва Мянма бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд ва сипас дастаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бозии финалӣ ғолиби мусобиқотро муайян хоҳанд кард», – изҳор дошт манбаъ.