Дар Хатлон велосипедрони 46-сола аз бархӯрд бо мошин ҳалок шуд

0


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар қисмати ҷануби кишвар ба иллати беэҳтиётии ронанда велосипедрони 46-сола ба ҳалокат расид.




Аз дафтари матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ронандаи автомобили «Опел Астра» Меҳриддин Раҳимови 22-сола ҳангоми ҳаракат дар қаламрави деҳаи Анварободи ноҳияи Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи автомобил набаромада, велосипедрон Маҳмадалӣ Раҳимови 46-соларо зер мекунад. Аз ҷароҳатҳои бардошта велосипедрон дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд.



Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 8 садамаи нақлиётӣ рух дод, ки бар асри он 2 нафар фавтида, 7 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштананд. Тибқи маълумоти раёсат, ҳафтаи сипаришуда дар кишвар 42 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 6 нафар ҳалок ва 55 нафар ҷароҳат гирифтаанд.


Солженитсин аз олам даргузашт

0


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Александр Солженитсин, адиби маъруфи рус ва барандаи


ҷ


оизаи Нобел бар асари маризии дил дар синни 90-солаг


ӣ


аз дунё даргузашт. Моҳҳои ахир Александр Солженитсин мариз буд ва аммо бо ву


ҷ


уди ин, ҳамроҳи хонумаш куллиёташ иборат аз 30


ҷ


илдро таҳия мекард. Дмитрий Медведев, раиси


ҷ


умҳури Русия ба пайвандони нависанда изҳори ҳамдард


ӣ


кард.




Александр Солженитсин баъд аз нашри қиссаи аввалинаш «Як р


ӯ


зи Иван Денисович» дар ма


ҷ


аллаи «Новий мир» дар соли 1962 маъруф шуд.


Ӯ


ҳамчунин муаллифи асарҳои зиёде, аз


ҷ


умла, «Архипелаг ГУЛАГ, «Чархи Сурх», «Чаҳордаҳуми август» мебошад.

 

Соли 1970


ӯ


барандаи


ҷ


оизаи Нобел дар бахши адабиёт гардид. Александр Солженитсин баъди ихро


ҷ


аз Иттиҳоди Ш


ӯ


рав


ӣ


дар ИМА мезист ва фақат соли 1994 имкон ёфт, ки дубора ба ватан баргардад.





 


Дар Хуҷанд намоишгоҳи маҳсулот ва дастовардҳои ҷавонони Конибодом баргузор шуд

0


Хуҷанд. 4-уми август ОИ «Азия-Плюс» – Дар назди Марккази ҷавонони шаҳри Хуҷанд рӯзи щанбеи ҳафтаи гузшта намоишгоҳи маҳсулоти ҷавонони ноҳияи Конибодом баргузор шуд. Мудири шӯъбаи ташкилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом Хуршед Холматов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба Хуҷанд намояндагони ҷавонони шаш ҷамоатҳои ноҳияи Конибодом омаданд.




«Дар намоишгоҳ маҳсулоти чеварон ва ҳунармандони халқӣ намоиш дода шуд, – гуфт ӯ. – Ҳамчунин ба аҳолии шаҳри Хуҷанд бо нархҳои нисбатан арзон маҳсулоти кишоварзӣ пешкаш гардида, мусобиқоти варзишӣ ва консерт низ доир шуд».



Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчӯбаи Рӯзҳои ҷавонон чунин намоишгоҳҳо ҳар ҳафта дар Хуҷанд баргузор мешаванд. Пеш аз конибодомиҳо намояндагони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов низ дар маркази вилоят ба ҳамин монанд намоишгоҳ барпо карда буданд.


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба давраи нимниҳоии Ҷоми даъвати Осиё роҳ ёфт

0


Душанбе. 04-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии саввуми гурӯҳии Ҷоми даъвати Осиё бо ҳисоби 4 бар 0 бар дастаи Афғонистон пирӯз гардида, ба давраи нимниҳоии мусобиқот роҳ ёфт. Дар сомонаи расмии Конфедератсияи футболи Осиё хабар дода мешавад, ки се тӯбро ба дарвозаи ҳарифон Юсуф Рабиев ва як тӯби дигарро Давронҷон Тӯхтасунов ворид сохтаанд.




Ҳамин тавр, Тоҷикистон аз се бозӣ панҷ хол ба даст оварда, дар гурӯҳи худ мақоми дуввумро соҳиб гашт. Ҷои аввал дар ин гурӯҳ бо 7 хол насиби соҳибони майдон – футболбозони Ҳиндустон гардид, ки дар вохӯрии саввум бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омаданд. Ҳарифи дастаи Тоҷикистон дар бозии нимниҳоӣ дар вохӯрии Дастаҳои Мянма ва Кореяи Шимолӣ муайян мешавад.



Қобили зикр аст, ки айни замон Юсуф Рабиев бо 7 тӯби задаи худ, пешсафи нишонзанҳои беҳтарини ин мусобиқот аст.


Дар Тоҷикистон коршиносони Чин имконоти истихроҷ ва коркарди нуриҳои фосфориро меомӯзанд

0


Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс – Ҷанде қабл дар мулоқоти намояндагони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ширкати «ЮНАН ФОСФАТ КЕМИКАЛС ГРУПП»-и Чин масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои минбаъда дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуданд.




Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ширкати чиноӣ яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи нуриҳои минералӣ дар Чин мебошад.



«Намояндагони ширкат бо мушкилоти норасоии нуриҳои минералӣ дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ шинос гаштанд», – гуфт Н.Додобоев. Роҳбари ҳайати намояндагони Чин Ли Яоджи изҳор доштааст, ки онҳо ҷиҳати омӯзиши вазъи таъмини кишоварзон бо нуриҳои фосфорӣ ва имконоти истеҳсолу коркарди он ба кишвари мо омадаанд.



Намояндагони вазорати кишоварзии Тоҷикистон таъкид сохтанд, ки «бо назардошти талаботи зиёди соҳаи кишоварзии кишвар ба нуриҳои минералӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истихроҷу коркарди фосфор дар Тоҷикистон мувофиқи мақсад аст».



Зикр гардид, ки ҳаҷми фосфоре, ки дар заводи кимиёи Ёвон истеҳсол мегардад, ҳамагӣ 30 фоизи талаботи кишоварзони ҷумҳуриро қонеъ месозад.


Қарзи аҳолии шаҳри Кӯлоб аз ҶСШК «Кӯлобгаз» ба 870000 сомонӣ расидааст

0


Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-«Хатлон-пресс» – Таи се соли ахир қарзи аҳолии шаҳри К


ӯ


лоб аз


Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди (ҶСШК)


«К


ӯ


лобгаз» ба 870000 сомон


ӣ


расидааст.




Хайрулло Ҳабибуллоев, сардори муассисаи мазкур дар ин бора ба «Хатлон-пресс» иттилоъ дод.


Ӯ


аз


ҷ


умла афзуд: «алҳол ба шаҳр 6000 кубометр газ дар як шабонар


ӯ


з интиқол дода мешавад. Ин барои таъмини хонаҳои баландошёна масраф мегардад. Шур


ӯ


ъ аз 2 июн бошад интиқоли газ ба маҳаллаҳои Борбад ва ш. Шоҳин бо сабаби корҳои сохтмон


ӣ


барои насби ҳисобкунакҳои газ


ӣ


батамом қатъ карда шуд.»




 

Манбаъ инчунин қайд кард, ки дар 1 моҳ, даҳ р


ӯ


з гази таби


ӣ


ба корхонаи «Хишти К


ӯ


лоб» интиқол дода мешавад. Гуфта мешавад баъди ба пурраг


ӣ


аз кор баромадани кони гази «Хо


ҷ


а-Сартез» сокинон газро аз кони Бештентаки ноҳияи Бал


ҷ


увон мегиранд.




 

Хотиррасон менамоем, соли 2005 баъди истифодаи нодуруст, кони гази «Хо


ҷ


а-Сартез» батамом аз кор баромад. То он дам ҳамар


ӯ


за ба шаҳр 65000 кубометр гази табии интиқол дода мешуд. Ҳамакнун

 

ширкати амрикоии «Тетис Петролиум Лимитед» тасмим дорад бо мувофиқа бо ҳук


ӯ


мати


ҷ


умҳур


ӣ


баҳри таъмир ва барқарорсозии конҳои гази Бал


ҷ


увон ва «Хо


ҷ


а- Сартез» 10 миллион доллари амрико


ӣ


масраф созад.


Комиссияи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб 10 гектар замини бекорхобидаро ошкор сохт

0


Кӯлоб. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб пас аз санҷиши истифодаи замини 12 корхонаву ташкилот ҳудуди


10 гектар

замини бекорхобидро ошкор сохт, ки акнун ба фонди замини шаҳр дохил карда мешаванд.




Ба иттилои раиси шаҳр Ҳомид Абдуллоев, дар маҷмӯъ санҷиши 43 корхонаву муассиса ба нақша гирифта шудааст. «Дар замонҳои гуногун ин иншоот хусусӣ карда шуда буданд ва соҳибони нав заминҳои гирду атрофи онро низ моли худ ҳисобиданд, – идома дод ӯ. – Ин мухолифи қонунгузории ҷумҳурӣ буда, айни замон дар корхонае, ки коргари зиёде надорад, майдони якчанд гектар замин ҳеҷ зарурате надорад».



Мавсуф зикр кард, ки комиссия дар корхонаи «Пахтаи Кӯлоб

1,5 гектар

, дар корхони равғанкашии ширкати «Мармариён»

0,7 гектар

, дар муасссисаи нақлиётии рақами 52

2 гектар

, дар колоннаи сайёри механиконидашудаи сохтмонӣ –

4 гектар

, дар Раёсати сохтмони манзили зист –

4 гектар

ва дигар корхонаву муассисоти хурд заминҳои бекорхобидаро ошкор сохт. Корхонаҳои номбурда дар соҳили рӯдхонаи Яхсу ҷойгир шудаанд ва заминҳои он мувофиқи таъинот истифода намешуданд.



Мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ, санҷиши пурраи заминҳои корхонаву муассисот аз 100 то

150 гектар

заминҳои бекорхобидаро ошкор хоҳад сохт. «Ин заминҳо ба мардум барои сохтмони манзили зист дода мешаванд», – гуфт Ҳ.Абдуллоев ва афзуд, ки пеш аз ҳама, қитъаи замин ба коргарони ин муассисот, ки дар набати гирифтани замин дар мақомоти иҷроия сабт гаштаанд ва сипас ба дигар навбатгирифтагон дода мешавад.


Тоҷикистон дар таъсиси маркази мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ширкат хоҳад варзид

0




         



Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сомонаи ҳукумати Русия иттилоъ медиҳад, ки Русия ният дорад, ҷиҳати таъсиси Маркази мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва психотропӣ дар Осиёи Марказӣ бо як қатор давлатҳо созишнома ба имзо расонад.



Лоиҳаи созишномаро сарвазири Русия омода сохта, он барои баррасӣ ба сарвари давлат Медведев пешниҳод шудааст.



Интизор меравад, ки созишнома аз ҷониби Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба имзо хоҳад расид.


Додситонии Хатлон ба сохтмончиёни нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар пардохти музди меҳнаташон кӯмак кард

0


Қӯрғонтеппа. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Додситони шӯъбаи назорати умумии додситонии вилояти Хатлон Абдулмаҷид Содиқов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки 250 нафар сохтмончиёни нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» дар бораи саривақт напардохтани музди меҳнат ба прокуратура муроҷиат карданд.




Ба қавли додситон, дар натиҷаи баргузории тафтишот маълум шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони иншооти энергетикии Осиёи Миёна» (Среднеазиатский гидроэнергострой) ба коргарон аз пардохти музди меҳнат ба маблағи 1 миллиону 430 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст.



«Тибқи нишондоди додситонӣ 28-уми июли соли равон қисме аз ин қарз ба маблағи 103 ҳазору 947 сомонӣ пардохта шуд ва раҳбарияти корхона ваъда доданд, ки дар моҳи август қарзи музди меҳнат пурра пардохта хоҳад шуд», – гуфт додситон.



Мавсуф таъкид сохт, ки овозаҳои танҳо ба коргарони рус пардохтани музди меҳнат асоси воқеӣ надоранд ва корхона аз коргарони рус низ дар пардохти музди меҳнат қарздор аст.


Тоҷикистон се нафар шаҳрванди дар пайгарди қонунӣ қарордоштаро ба Ӯзбекистон медиҳад

0



             

Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар посгоҳи сарҳадии «Бародарӣ»-и шаҳри Турсунзода маросими аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон ба ҳамтоҳои ӯзбек додани се нафар шаҳрванди дар пайгарди қонунии ин кишвар қарордошта баргузор мешавад.




Аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иқдоми мазкур дар мулоқоти пешбинишудаи мақомоти Тоҷикистон бо мақомоти Кумитаи ҳифзи сарҳади назди Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон сурат хоҳад гирифт.



«Интизор меравад, ки дар мулоқот масоили ҳамкории хадамоти марзбонии кишварҳо баррасӣ хоҳанд шуд», – изҳор дошт манбаъ.



Нисбт ба се нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон сарчашма зикр кард, ки онҳо дар қаламрави кишварашон як қатор ҷиноёт содир намуда, ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд.



«Иқдоми мазкур аз нияти неки мо дарак медиҳад», – афзуд сарчашма. Дар доираи вохӯрӣ ҳамчунин вохӯрии рафиқонаи дастаҳои футболи мақомоти марзбонии кишварҳо таҳти шиори «Дӯстии бидуни марз» низ доир мегардад.